Friday, January 18, 2008

Cons and Pros of Regionalism. Part 1 (Persian Cyrillic)

Имруз матлабе дарёфт шуд бас тулонй, аммо чолиб, дар идомаи бахсе, ки зери матлаби рузи 09.01.2008 "Intelligentsia" Accelerates National Meltdown (Cyrillic Persian) чараён дорад. Талош мекунам ин маколаро, ки бо имзои AE фиристода шуда, дар ду бахш ба таври мустакил мунташир кунам. Албатта, бар сари нукоте аз он метавон бахс кард, ки сари фурсат ин корро хохем кард. Бо пузиш аз ин ки дастгохи мавриди корбурди имрузам хуруфи точикй надошт. Матни он аз лотин ба сириллик баргардонда шудааст. Инак, бахши нахусти он:

Нависанда:AE

Хеле ачиб!

Чанд точик дар бораи махалгарои дар Точикистон сухбат мекунанд, масъала масъалаи Точикистон аст, ба хич инглис ё русе иртибот надорад, вале инхо хай доранд ба инглисй бахс мекунанд. Хамин худ нишон медихад, ки мо забони хамдигарро дар вокеъ намефахмем!

Дар мавриди махал/минтакагарои дар Точикистон:

1. Ин як падидаи ичтимоъи аст, ки ангезахо ва авомили сиёсй ва иктисодй ва фархангй дорад. Ин вокеъиятест, ки бояд аз рохи илмй ё чомеъашиносй ба он расидагй шавад. Бахсу баррасихои олуда ба эхсосот даркор нест.

2. Махалгарои бояд эътироф шавад ва бояд кушид, ки аз он ба суди миллат истифода шавад. Яъне агар ракобати зишту ахриманона ба ракобати солим табдил шавад, хамаи махаллот дар нихоят суд хоханд бурд.

3. Зимнан, дар канори махалгарои масоили дигаре хам хаст, ки бояд баррасй шаванд! Масалан, мо табакагарои дорем: як силсила эшонхо ва хочахо ва турахо ва сайидхои навпо имруз дар чомеъа хечемуни (гегемония) доранд. Мо имруз як силсила «Хуччоч» дорем, ки хама чо бологузар хастанд, харчанд маълум нест аз чи рохе ба хач рафтаанд, аз рохи Хиндустон ё Туркистон. Гурухи, ба истилох, «равшанфикрон»-и исломй меболанд, ки дар хиндуизм системи кастхо хаст ва ислом дини баробарй ва бародарист. Аммо ин сайидхо ва эшонхо ва хочахо, ки дар Эрон ва Осиёи Миёна хечемунй доранд, магар хамон брахминхои исломй нестанд, ки бедалел мардум дасти онхоро мебусанд? Чаро хич чомеъашиносе инхоро намеомузад? Чаро рузноманигоре инхоро намегуяд? Магар аз хамон огози ислом мардуми гайриараб ба номи «маволй» мавриди табъиз карор нагирифтаанд? Магар аз хамон огоз мардум ба мусалмон, зиммй ва кофар таксим ва табъиз нашудаанд?

4. Аз назари шахсии ман, дар вокеъ, бахсхое, ки дар бораи махалгарои дар нашрияхои Точикистон ахиран матрах мешаванд, хадафашон халли масъала нест! Хадаф аз ин бахсхо дар вокеъ баёни заъфхои нависандагон аст. Рахмониён (ман уро намешиносам) хич пешниходе барои халли мушкили махалгарои накарда ва танхо коре, ки карда, гилаву гилагузорй карда, ки пешохангони адабиёт хамвора аз шимол будаанд ва гуё ин амр бидуни шоистагии ин афрод сурат гирифтааст! Ин гуфтор дар холест, ки хич далеле наёварда, ки хунари, масалан, шоъирии Лоик ё Гулназар ё Бозор Собир ё хар каси дигар дар чи сатх аст. Ба ин далел химояти Адолат аз Рахмониён ба назари ман бемантик аст!

5. Дар мавриди Суруди миллй хам гароишхои махалгароёна вучуд дорад. Бибинед, танхо Суруди миллии мо нест, ки дар шароити бади солхои 1990 офарида шуд! Парчам, герб (орм) ва дигар нишонхои мо, Конуни Асосй ва хатто давлате, ки холо дорем, моли хамон замонаи ноамнй ва бесуботист. Пас чаро бояд танхо Суруди миллй иваз шавад? Чаро бояд дар мавриди дигар чизхо хомуш монд? Оё барои ин нест, ки сарояндаи он аз махалли мо нест? Зеро ман дар хич як аз ин маколот нахондам, ки сабаби бад будани Суруди миллии кунунй чист. Хич касе аз ин чанобон баррасии хунарии тахлили ин шеърро анчом надода ва заъфу кубхи онро нагуфт. Факат хамин ки «Мо ин сурудро дуст намедорем!» Тамом, вассалом! Магар дар дунё чизхое, ки шумо дуст надоред, кам аст? Адолат-бону, масалан, дар дифоъ аз Рахмониён мегуяд: Мо аз ин бехтар метавонем суруди миллй бисароем! Лутфан аввал бисароед ва нишон бидихед, ки метавонед. Хавои дахон лозим нест!

Ба назари ман, агар фурсат барои тагйири Суруди миллй фаро расида, пас фурсат барои тагйири парчаму нишони миллй хам фаро расида. Фурсат барои тагйири номи Точикистон (ба Хуросон) хам фаро расида. Фурсат барои тагйири режими кунунй хам фаро расида, ки то имруз коре барои пешрафти мардум накардааст! Бояд раиси чумхурии чадид, шахрдори чадид, порлумони чадид... дошта бошем. Албатта, аз тагйири суруд чизе ба даст намеояд, вале...

Дигар ин ки агар мардуми як минтака дар шеър ва адабиёт пешдаст хастанд, ба хотири ин нест, ки онхо ба ин гуна макомхо таъйин шудаанд. Дар шеър ва хунар макомеро намешавад таъйин кард ва ба ин далел, махалгарои хам наметавонад вучуд дошта бошад. Агар вучуд дошта бошад, осебе ба хич кас намерасад, чун суруд пул, мол, дорои нест, ба вижа дар Точикистон! Аммо таъйини макомоти сиёсй бар асли махал, ки масъалаи догтаре дар Точикистон аст, чаро матрах намешавад? Тайи 15 соли ахир садхо мутахассиси хуб рафтанд, чун аз кор дур карда шуданд. Ва хар чупоне чои онхоро гирифт. Ва мо имруз як инжинери дурусту хисобии барк надорем! Чаро ин мавзуъ баррасй намешавад?

Дар нашрияхои Точикистон хатто манипулатсия (дасткорй) хам ба назар мерасад. Масалан, рузноманигор, барои ин ки миёни шуъаро ихтилоф ичод кунад, меравад ва аз Каноъат мепурсад, ки «назари Шумо ба шеъри Гулназар ба унвони Суруди миллй чист?» Ё мегуяд, ки «шеъри Бозор бехтар аст», ки инхо амдан ба ихтилоф тахрик кардани шуъарост! Херо бихохем-нахохем, дуто шоъир мисли дуто меъмор ва дуто журнолист, бо хам ракобати хунарй доранд ва тахрики онхо дар нихоят аз ракобати хунарй ба душманй мебарад.

Хаминро метавон дар мавриди Адолат ва Хуршеди Атовулло хам гуфт. Агар ман биравам ва аз Адолат назар пурсам, ки «рузномаи Хуршед чи тур» ё баръакс, ва онхо ин назархоро бихонанд, ба хусус агар интикодй бошанд, ду руз тул накашида душмани чони хам хоханд шуд. Ва агар ин чурй идома бидихем, ба чони хам хоханд уфтод.

Дунбола дорад

No comments: