Агар бархе аз хуруфро намебинед, кулли матнро руи барномаи Microsoft Word пиёда кунед, ки маъмулан чавоб медихад.
Посух ба АЕ
Cons and Pros of Regionalism. Part 1
Cons and Pros of Regionalism. Part 2
"Intelligentsia" Accelerates National Meltdown
Ҳамин кӯҳҳои зебо метавонад аз далоили ҷудоиву ноогоҳии мо аз ҳамдигар бошад. Вале ёдамон наравад, ки акнун дар садаи 21-и мелодӣ зиндагӣ мекунем.
Бо сипос аз AE ба хотири қудрати мантиқе, ки дар матлабаш ба намоиш гузоштааст. Аммо ман дар бораи нукоти калидии он дидгоҳҳое дигар дорам, ки ин ҷо бо шумо дар миён мегузорам.
Махал/минтақагароӣ падидаест, ки ҷанбаҳои гуногун дорад ва онро метавон дар арсаҳои сиёсӣ (дохилӣ ва байнулмилалӣ), иҷтимоъӣ, ҳунарӣ, адабӣ ва ҳатто меъморӣ (минтақагароии интиқодии мухолифи ҷаҳонӣ шудани ҳунари меъморӣ) дид.
Маҳалгароии сиёсии дохилӣ
Вале баҳси мо бештар рӯи паёмадҳои маҳалгароии сиёсии дохилист, ки барои ҳар миллате падидае вайронгар ба шумор меояд. Маҳалгароии сиёсӣ, ки бо ҳамсозиву ҳамзистии як миллат инод ва мунофот дорад ва муътақид аст, ки оҳоди он миллат ҳамсони ҳам нестанд. Аз ин рӯ, ба эътиқоди ин даста аз маҳалгароён, бо намояндагони маҳалҳои муъайяне бояд рафторе дигаргуна дошт ва дар воқеъ, барои онҳо як навъ табъиз қоил шуд. Ин навъи маҳалгароӣ - бар хилофи минтақагароии ҳунарию адабию меъморӣ, ки метавонад сарчашмаи илҳом ва ибтикороти тоза ва танаввуъи фарҳангӣ бошад - бисёр мухарриб аст ва ба шоха-шоха шудани як миллати воҳид ва дар мавориде ба чандпорагии як кишвари воҳид бианҷомад. Пас аз ин навъи маҳалгароӣ бояд, то тавоне дар рамақ бокист, парҳез кард.
Маҳалгароии бештари афроде, ки дар Тоҷикистон равшанфикр маҳсуб мешаванд, аз ҳамин навъ аст. Баҳсҳое, ки ин азизон (ошкору пӯшида) матраҳ мекунанд, ҳич кадом халлоқияти моро таҳрик намекунад ё ба кавли AE, рақобати солимро ба миён намеоварад. Чун ҳар кадом дар пайи касби қудрати бештар барои эъмоли истибдоди бештар бар дигарист. Ҳар кадом ба наҳве он дигариро бегонае медонад, ки тасодуфан забони ӯро балад аст. Ё ба таъбири Мавлоно, агар ӯро “ҳамзабон” ҳам бидонад, “ҳамдил”-и худ намедонад.
Маҳалгароён чӣ мехоҳанд?
Маҳалгароёни мавриди баҳси мо, бо ин ки аз ҳамдигар безоранд, шояд дар воқеъ хостори иншиъоб ё порагии сиёсии кишвар набошанд. Вагарна барои чи касе қудратнамоӣ хоҳанд кард? Ба кӣ зӯр хоҳанд гуфт? Аммо онҳо ба яқин мехоҳанд, ки ҳарфи аввалу охир ҳамоно бо намояндагони маҳалли онҳо ё маҳалҳои наздиктар ба он бошад. Мехоҳанд маҳалҳои дигар ба онҳо арҷи бештар бигзоранд. Ба иборате содатар, мехоҳанд сардамдори кишвар бошанд. Бо ин ки сиришти ин маҳалгароӣ сиёсист, завоҳири он дар ҳамаи заминаҳои дигар ҳам ҳувайдост. Чун агар арсаи сиёсӣ таҳти тасаллути як маҳалли хос даромад, мантиқи маҳалгароӣ ҳукм мекунад, ки ҳамаи арсаҳои дигарро ҳам бояд қабза кард. Маҳалгароӣ, ки аз нафси инсоне ибтидоӣ сарчашма мегирад, барои худ ҳадду ҳудуд намешиносад.
Аз ин рӯ имрӯза мо шоҳиди задухурди беморгунаи маҳалгароҳо дар арсаи адабиёт ҳастем, бидуни ин ки ҳич як аз тарафҳои ин даргирии лафзӣ чизи тозае барои адабиёти низори мо дошта бошанд.
Рӯзноманигорони мубтало
Ин маҳалгароӣ рӯзноманигорони зиёдеро мубтало кардааст, ки бахши тоҷикии родю Озодӣ дар Прог боризтарин намунаи он аст. Ба гунае, ки Мирзои Салимпур пушти саҳнаи родю мусоҳибаи худ бо Ҷӯрабеки Муродро “гуфтугӯи тамаддунҳо” меномад. Ва ба дурустие, ки AE таъкид мекунад, ин навъи маҳалгароӣ шеваест барои баёни аҷзу нотавониҳо, рашку ҳасодатҳо. Куҷои ин хусусиёти нописандида солиму созанда аст? Инҳо аз вижагиҳои ҷавомеъи ибтидоист ва барозандаи як инсони дар ҳоли рушд нест. Пас ин навъи маҳалгароӣ, бар хилофи иддаъои AE, роҳи моро ба сӯи камолу шукуфоӣ ҳамвор намекунад ва сазовори истеҳзову тамасхур аст. Бояд маҳалгароёни тоҷик аз рафтору гуфторашон ба шиддат шарманда бошанд.
Маҳалгаро миллигаро нест
Дигар ин ки суҳбати ин афрод аз миллату миллатдорӣ хандадору бемантиқ аст. Кунҳу муҳтавои маҳалгароӣ бо сиришти миллигароӣ мунофот дорад ва созгор нест. Ҳич маҳалгарое ба ҳадди кофӣ кишварашро дӯст надорад, чун ҳаргиз он кишвар барояш тасвире комил надоштааст. Ӯ Тоҷикистонро ҳамеша пора-пора дидааст ва тахайюлаш қодир нест он пораҳоро ба ҳам оварад. Бад-ин ҷиҳат мо дар Тоҷикистони ҳафтмилюнӣ порлумони думаҷлиса дорем. Танҳо ангезаи ташкили Маҷлиси улёву суфло ирзоъи нафси маҳалгароён буд. Чун ғолибан маҳалгароён ҳаводори федеросиюн ё кунфедеросиюн ҳастанд, ба ҳамон далеле, ки зикр шуд: нотавонӣ дар тасаввури якпорчагии кишварашон.
Пас маҳалгароён мухолифи миллигароён ҳастанд ва наметавон аз маҳалгароӣ ба суди миллат ва якпорчагии он кор гирифт. Чун дар ниҳоят онҳо ҳаргиз дастовардҳои худашонро мутаъаллиқ ба кулли миллат нахоҳанд донист. Барои онҳо миҳан дар маҳдудаи қишлоқашон хулоса мешавад ва миллат ҳамон мардуми қишлоқашон аст. Дар сурати тақвияти маҳалгароён мавзӯъи ҷудоии маҳалҳо ва порагии расмии кишвар ҳатман матраҳ хоҳад шуд.
Маҳалгароӣ ва маҳалдӯстӣ
Аз AE-и гиромӣ интизор ин аст, ки миёни маҳалгароӣ ва маҳалдӯстӣ хатти мушаххасе бикашад. Табъан, ҳар касе зодгоҳашро дӯст дорад, ки як падидаи ғаризист ва шояд “маҳалдӯстӣ” барои он номи муносибтаре бошад. Ин ба монанди тафовути миёни истилоҳоти “миллигароӣ” (nationalism) ва “бартариманишии миллӣ” (chauvinism) аст.
Як миллигарои маъмуливу муътадил ба фикри саркӯби миллатҳои дигар ва эъмоли қудрат бар онҳо нест. Ӯ ба миҳан ва миллаташ арҷ мегузорад ва барои шукуфоии он мекӯшад ва дар айни ҳол роғиб аст, ки миллаташ бо милали дигар ҳамзистии мусолиматомез дошта бошад, то заминаи рушди миллату миҳанаш фароҳам шавад. Аммо як шувинист муътақид аст, ки танҳо миллати ӯ сазовори имтиёзоту ҳуқуқест, ки миллатҳои дигар набояд дошта бошанд, чун ба пиндори ӯ, миллати ӯ бартар аз милали дигар аст ва мустаҳаққи сардамдорӣ бар миллатҳои дигар. Натиҷаи талошҳои миллигароҳои муътадил кишваре хоҳад буд ба монанди Бритониё. Ва бароянди кӯшишҳои шувинистҳои тундрав, дар сурати касби қудрат, фоҷеъаи Олмони фошистӣ хоҳад буд.
Дар намунаи Тоҷикистон мо бо миллигароҳову шувинистҳо сарукор надорем. Яке аз авомили гирифториҳои Тоҷикистон дар минтақа набуди миллигароӣ ва сардаргумӣ дар таъйини ҳуввияти миллист, ки боъиси шукуфоии маҳалгароӣ шудааст. Аммо тафовути миёни як маҳалдӯсти муътадил ва як маҳалгарои ифротӣ ҳамон тафовутест, ки миёни як миллигарои миёнарав ва як шувинисти тундрав мушоҳида мешавад.
Пас ҳаргиз нашояд ба умеди маҳалгароён буд. Беҳтар он аст, ки дар таҳкими ҳисси миллигароии муътадил бикӯшем, то шояд оҳиста-оҳиста маҳалгароён ҳам мутаваҷҷеҳи иштибоҳи бузурги худ шаванду ба ҷамъи миллигароён бипайванданд.
No comments:
Post a Comment