Saturday, January 19, 2008

Cons and Pros of Regionalism. Part 2 (Persian Cyrillic)

Бахши нахуст ин ҷост

Нависанда: АЕ

6. Чанде пеш дар Кумитаи ТВ бахсе буд бар сари ин ки забони адабй ёд бигирем ва аз лахча ва гуишхои худ бипархезем. Ман он чо ибрози назар кардам ва аз масъулон хостам гуиши мардумро дар ТВ сонсур накунанд. Мо гохе авкот мебинем, ки хатто донишмандони адабиён наметавонанд ба равонй дар ТВ сухбат кунанд. Сабаб ин аст, ки онхо дар миёни лахчахои махалли зуд ва забони, ба истилох, адабй рохгум задаанд ва ба нахчир табдил шудаанд ва аз хар ду бенасиб мондаанд ва хамин мушкил лукнати забон ичод кардааст.

Аслан бояд онҳоро озод гузошт. Агар ҳар яке аз мо ба маҳаллоти гуногуни Тоҷикистон биравем ва мардуми бумиро бибинем, аз лаҳҷа ё гӯиши асили онҳо (ҳар гӯише набошад) лаззат мебарем. Вале ин баҳси маҳал дар Душанбе гармтар аст. Шеваҳои асили маҳаллӣ дигар дар пушти пардаи уқдаҳо (комплексҳо) гум шудаанд ва чун ҳамаи мардум аз лаҳҷаи худ шарм карда ва ба тадриҷ дур шуда ва ба омӯхтани забони сохтаи адабӣ шеваҳои худро хароб кардаанд. Ин вазъ ҳамаро гунг кардааст. Пас бояд иҷоза дод ҳар кас ба лаҳҷаи худ суҳбат кунад. Забони сохта ва ҷаълии адабии ҳозираи тоҷик дигар ба дард намехурад! Бигзор мардум аз шеваҳои асили ҳамдигар огоҳ шаванд, омӯзанд ва ҳамдигарро ба тадриҷ хоҳанд фаҳмид. Як сабаби ҷанги дохилӣ нафаҳмӣ аст. Чун мо ҳама лаҳҷа ва гӯишҳои худро аз ҳамдигар пинҳон медоштем ва мехостем адабӣ сухан кунем ва ин табдил ба чизи зиште мешуд ва афроди дигар маҳаллотро мутанаффир мекард.

7. Ҳар яке аз мо маҳалле худро дӯст дорем ва ин ҳаққи мост. Ҳамон гуна ки миллати худро дӯст дорем, сарзамини паҳновари Эронро дӯст дорем ва ҳамин тавр русто ва гузар ва хиёбон ва хона ва дар ниҳоят аҳли хонавода ва падару модари худро бар дигарон тарҷеҳ медиҳем. Ин бахше аз худпарастӣ дар батни одамӣ ҳаст. Ва чун миллати худро дӯст медорем, чаро маҳалли худро дӯст надорем?

Аммо ба ёд бояд дошт, ки ҳар яки мо дар баробари хона ва хонаводаи худ ба ҳамсоя ва ҳамин тавр ба ҳамрустоӣ ва ҳамдиёр, ҳамшаҳрӣ, ҳаммиллат... як навъ таъаҳҳуде дорем.

Мо ҳарчанд дар хонаи худ ҳастем, аммо наметавонем он қадар баланд фарёд занем, ки ҳамсоя бедор шавад, дуруст? Пас бояд ҳаққи ҳамсояро низ бидонем ва арҷ гузорем.

Ҳамин тавр бояд бо маҳаллоти дигар бархурд кард. Чун мо ҳама аз як кишвар ҳастем ва манофеъ ё мол ё дороиҳое ҳаст, ки барои ҳамаи мо муштарак аст. Пас мо аз дастурхон аз миқдоре, ки барои мо лозим аст набояд бештар нон бардорем, ки дигарон аз он маҳрум шаванд. Бар ҳамин асл бояд қавонине вазъ кард, ки тибқи онҳо касе натавонад беш аз он чи барои ӯ таъйин шуда, бистонад. Ва афроди ҳар маҳале худашон маҳалгароёни худро дар миёни худашон танбеҳ кунанд. Дар воқеъ, агар мо системе доштем, ки ҳама бар асли як тест ё озмоише мисли TOEFL дар давлат ба кор гумошта шаванд, пас ҳама чиз мунсифона, одилона ва ҳар касе ҷои худро ба дурустӣ хошад ёфт ва касе имкони кумаки олуда ба фасод ба ҳамшаҳрии худро нахоҳад дошт.

Барои расидан ба ин гуна аҳдоф бояд огоҳии умумӣ дошта бошем. Мо ҳанӯз як ҷомеъаи комил нестем. Чи тавр метавонем огоҳӣ ва афкори умумӣ дошта бошем? Агар бадиҳои маҳалгароӣ дар афкори умумӣ ба шеваи дурусттаре матраҳ шавад, на ба шеваи Раҳмониён, ин бадиҳо аз миён хоҳад рафт.

AE

No comments: