Нашрияи гумноме дар Омрико бо номи Сан Диего рӯзи 18 жонвийе аз рӯзи сахти мардуми Тоҷикистон дар сармои қаҳратуни имсол хабар дод. Ба гуфтаи Роман Кожевников, хабарнигори Руйтерз, милюнҳо тан аз сокинони Тоҷикистон рӯзи одинаи гузашта талош карданд аз сардтарин рӯзи кишвар дар торихи чанд даҳаи ахир ҷони саломат ба дар оваранд. Кожевников дар таърифи Тоҷикистон менависад: “кишвари фақрзадае дар шимоли Афғонистон”.
Хабарнигори Руйтерз меафзояд, ки сармои сӯзноки 20 дараҷа зери сифр мақомоти кишварро ғофилгир кардааст, ки дар натиҷа барқу обу гоз саҳмиябандӣ шудааст.
Аммо телевизиюни давлатии Тоҷикистон чанде пеш дар яке аз музҳиктарин баёнияҳои худ гуфт: “: Ҳамон гуна ки сарвари кишварамон пешбинӣ карда буданд, зимистони имсол бисёр сахт омад”.
Дар каромоти сарвари кишвар шакке нест. Ва аммо шигифто, ки ин ваҳйи мунзал ва огоҳии муқаддамотии сарвари кишвар боъис нашуд, ки кишвар омодагии рӯёрӯӣ бо сарморо дошта бошад. Ба қавли як дӯстам, сарвари кишвар фаромӯш кардааст, ки фолбинӣ бино ба тасмими худи ӯ дар кишвар мамнӯъ эълом шудааст. Ман гуфтам, шояд эшон барои ҷуброни камии дастмузде, ки дарёфт мекунад, ба таври поравақт дар созмони ҳавошиносӣ ҳам истихдом шудааст.
Як дӯсти дигар манро мутаваҷҷеҳи ин нуктаи хандадор кард, ки ба гуфтаи гӯяндагони садову симои Тоҷкистон, ҳавои кишвари мо ҳаргиз сард намешавад ва имрӯз ҳам ҳаво минуси 15 дараҷа ГАРМ аст! Шояд ба умеди ин ки ин вожаи матлубу зебо дилу кошонаи сарди мардумро гарм кунад. Ва ё шояд ба хотири ин ки хонаи афроде, ки Тоҷикистонро мисли як хонаи маврусӣ қабза кардаанд, воқеъан ҳам гарм аст. Ва манзур аз Душанбе фақат хонаҳои ҳамин навкисаҳост.
Имрӯзҳо агар ҳатто бадтарин мусибатҳои заминиву осмонӣ бар сари Тоҷикистон бирезад, лаҳни “хушбинона” ва дар воқеъ иғфолгаронаи Садову Симо иваз нахоҳад шуд. Мисли тафсири телевизиюни давлатӣ дар бораи оташсӯзӣ дар Донишгоҳи пизишкӣ. Дар ҳоле ки устодону донишҷӯён ба махрубаи сӯхтаи донишгоҳ нигоҳ мекарданду ашк мерехтанд, муфассири “хушбин” аз муъҷизаи малакутӣ мужда медод. Ба гуфтаи ӯ, “Ин як муъҷизаи боварнакарданӣ буд, ки дар бузургтарин сӯхторе, ки то кунун дар Душанбе рух додааст, китобхонаи донишгоҳ осеб надидааст.” Ёди муфассир рафт зикр кунад, ки ташноби табақаи яки донишгоҳ ҳам беосеб мондааст.
Ва ин бор ҳам, дар ҳоле ки мардум дар мазиқа мондаанду аз сармо нои лаб гушудан надоранд, Садову Симо ин хушбиниро ба мардум илқо мекунад, ки “Мардуми шарифи Тоҷикистон бо бурдборӣ мушкилоти сармову зимистонро пушти сар карда истодаанд.”
Вале ин сармо нест, ки бар лабони мардум муҳри хомӯшӣ задааст. Муми ин муҳр чунон сахту муҳкам аст, ки офтоби тамуз ҳам тавони гушудани онро надорад. Зоҳиран барои бахши аъзами мардум тарси зиллатбор қавитар аз ҳар ҳисси дигар аст. Мутмаиннам, ҳамин ҳоло ҳам агар аз мардуми хиёбон бипурсӣ, ки чи ҳол доранд, хоҳанд гуфт: “Худоро шукр, нағз аст.” Вале фақат Худову худи он бечора медонанд, ки дар дили ӯ чи хунобае ҷорист.
Боз ҳам хабарнигори хориҷии Руйтер аст, ки аз пушти кӯҳҳои Тоҷикистон ба саросари ҷаҳон хабар медиҳад, ки дамои ҳаво дар хонааш дар Душанбе ҳафт дараҷа зери сифр аст ва ин ки барқ дар берун аз Душанбе танҳо барои ду соъат ҷирабандӣ шудааст: як соъат субҳу як соъат шаб. Он ҳам дар кишваре, ки аз бузургтарин манобеъи обӣ дар минтақа бархурдор аст ва Садову Симои он ҳамарӯза пур аз хабарҳои марбути ба сохтмони ин ё он нирӯгоҳ аст. Як бонуи тоҷик ба хабарнигори Руйтерз гуфта, ки қасд дорад ба зудӣ бо шавҳараш Тоҷикистонро барои ҳамеша тарк кунад. Аслан шигифтангез нест.
Тоҷикистон натавонистааст тайи давраи истиқлол бо Узбакистон бар сари қимати гоз ба ифоқа бирасад. Ба гунае, ки Узбакистон ҳар рӯзе, ки ҳавсала кард (маъмулан зимистонҳо) аз ҳамсояи бенавои ҷанубиаш дар изои гози табиъӣ пули бештар мехоҳад. Ва ин бор Узбакистон бидуни мувофиқати Тоҷикистон қимати ҳазор метри мукаъаб гозро, ки қаблан байни 100 то 115 дулор буд, ба 145 дулор афзоиш дод. Ва Тоҷикистон боз ҳам сокит аст, бидуни ин ки бипурсад далели ин афзоиши ногаҳонии қимат чист. Дар ҳоле ки Туркманистон, ки мехост бо Эрон ҳамин бозиро анҷом диҳад ва интиқоли гоз ба бархе аз манотиқи шимоли Эронро мутаваққиф кард, тираш хок хурд ва акнун дар мавқеъияти ногуворе қарор дорад. Давлати Эрон эълом кард, ки музокирот дар бораи афзоиши қимати гоз танҳо замоне баргузор хоҳад шуд, ки Туркманистон интиқоли гозро аз сар бигирад.
Вақте бо воқеъиятҳои талхи Тоҷикистон ошно мешавӣ, ки аз 16 соли пеш тафовути андаке дорад, таъаҷҷуб мекунӣ, ки чи гуна як рӯзноманигор метавонад ин мавзӯъҳоро муҳим талаққӣ накунаду канор гузорад ва баҳсҳои муғризонаи пучеро дар бораи Суруди милливу амсолиҳум, ки дар ҳар сурате натиҷаи малмуси мусбат ба даст нахоҳад дод, роҳ биандозад. Як омили он ҳамон муҳри тарс бар рӯи лабҳост, ки рӯзноманигорон ҳам ба он тан додаанд. Вале он муҳр бояд шикаста шавад, чун сукути хабарнигор дар баробари мусибатҳои мардумаш ба масобеҳи хиёнат аст. Омили дигар ин аст, ки матбуъот ва расонаҳо дар кишварҳои дигар ба сиёсатҳои давлат самту сӯ медиҳанд, дар ҳоле ки матбуъот дар кишвари мо ба абзори давлат табдил шуда, то давлат ба василаи он афкори умумиро самту сӯ бидиҳад.
Аз ин рӯ, нигарон набошед, ҳаво дар Душанбе минуси 15 дараҷа ГАРМ аст, сарвари кишварамон аз муддатҳо пеш ин сарморо пешгӯӣ карда буданд, насӯхтани китобхонаи Донишгоҳи пизишкӣ бузургтарин муъҷиза буд, мардум бурдборона зимистонро мегузаронанд... Пас мо аз азизтарин бандагони худоему дар беҳтарин шароити мумкин ба сар мебарем!.. Чи орзуи ширине! Вале метавон бо иттифоқи ҳам, бо шикастани муҳри сукут ва тарҳи хунсардонаи мушкилот ва талош барои ҳалли онҳо то ҳадде ба ин орзу даст ёбем.
1 comment:
Аз хакикати талхе мегуйи ки хатто хонданаш ехсоси сарди медихад. Имруз як гуфгуи муфассал доштам дар ин бора ки аз родиои замона пахш шуд. Холо ки инхоро мехонам, дарк мекнад ки чи кадар сахт аст то харфи дили мардумро ба гущи касоне бирасони ки тавони кумак доранд.
Борхо ба ин фикр кардам ки донишчуёни тиб пас аз ин сухтор дар кучохо ба дарсхои худ идома медихандб аммо фикри ин ки зану марди точик бо кудакони сармозада ва шиками нимасер дар чи холанд маро бештар азият мекунад.
Дар Узбакистон хам вазь бехтар нест, мардум дар опортмонхо хам сандали равшан кардаанд. Рохи халле барои худ пайдо кардаанд. Аммо кош давлатхо ва равшанфикрони мо низ ба рохи хале мерасиданд ки муносиби замони худ бошад.
Фикри ин ки мо точикон дорем ба чои пеш рафтан ба гузашта бармегардем, маро бисёр андешаманд карда ва худи ман низ ханиз ба рохи халле нарасидаам.
Вокеан, бояд чи кор кард?
Post a Comment