Wednesday, February 11, 2009

Iran & Its Revolution

Эрон ва инкилобаш

вижаи Asia-Plus

Сй сол пеш Эрон сахнаи руйдоде буд, ки дар торихи чахон собика надошт. Низоме подшохй дар авчи кудрату тавоноии худ тавассути чунбиши анбухи мардумй сарнагун шуд, шохи он фирорро бар карор тарчех дод ва рахбари рухонии инкилоби мардумй бидуни мумонеъате пас аз 16 сол табъид по ба хоки сарзаминаш гузошт ва бо истикболи гулгулаосои мардуми кишвараш рубару шуд.

Инкилобе, ки баъдан бо номи Инкилоби Исломии Эрон мусаммо шуд, бархоста аз кишрхо ва бовархои мухталифи мардуми ин сарзамин буд ва дар торихи башарият пас аз инкилобхои Фаронса ва Русия севумин инкилоби бузурги чахон ба шумор меояд.

Бо гузашти се даха аз Инкилоби исломй шояд битавон “Инкилоби Сафед”-и Мухаммадризо Пахлавй –подшохи пешини Эронро аз мухимтарин заминахои инкилоби исломии он кишвар донист, ки дар соли 1962 огоз шуд. Шох инкилоби худро “сапед” номид, бо ин хиёл, ки дар чараёни он катрае хун рехта нахохад шуд. Аммо фарчоми он барнома инкилоби дигаре шуд, огушта ба ранги сурхи хун.

Мухаммадризо Пахлавй мехост аз рохи ислохоти ичтимоъию иктисодии шитобзада дар дарозмуддат Эронро ба як кудрати иктисодй ва санъатии чахон табдил кунад. Аммо лозимаи ин тахаввулот ислохоти арзй (заминй) хам буд, ки бисёре аз нухбагон (элита)-и он давронро аз кудрату нуфузи пешинашон махрум кард. Дар натичаи ин тарх бисёре аз мардуме, ки дар гузашта порае аз заминро ичора мекарданд, сохиби он замин шуданд.
Бахши дигари “Инкилоби Сафед” марбут ба занон мешуд ва онхоро ба тахсилу омузиш ташвик мекард ва ба занон хакки раъй додан дар интихобот ва интихоб шудан ба макомхои давлатиро медод. Микдори зиёде аз сармояи хосил аз фуруши нафт дар чорчуби ин барнома дар заминаи омузишу парвариш ворез шуд ва “сипоххои саводомузй” шакл гирифтанд, ки ба рустохо мерафтанд ва шумори афроди босаводро бештар мекарданд.
Яке дигар аз тахаввулоти хосил аз “Инкилоби Сафед” истихдом (ба кор гирифтан)-и намояндагони акаллияти динии бахой дар идороти давлатй буд.

Хамаи барномахои чадиди шох Оятуллох Рухуллохи Хумайнй, яке аз саршиностарин рухониюни кишварро, ки дар шахри мазхабии Кум зиндагй ва тадрис мекард, барошуфт. Ӯ бо истифода аз карехаи тахсинбарангези суханвариаш мардуми одй, мухолифони рухонй ва хатто гайримазхабии шохро гирди хам овард ва дар поёни бахори соли 1963 зимни як суханронй давлатро махкум кард. Оятуллохро боздошт карданд, аммо мавчи хурушони химояти мардумй боъис шуд, ки пас аз муддате кутох у ба озодй баргардад ва бедиранг дубора ба такбеху накухиши шоху давлат бипардозад. Пас аз ду мавриди дигари боздошт, дар мохи нувомбр (ноябр)-и соли 1964 Хумайнй нахуст ба Туркия ва сипас ба шахри Начафи Ирок табъид шуд.

Вай таи муддати икоматаш дар Начаф назарияи сиёсии худро шакл дод ва китоби “Хукумати исломй”-ро мунташир кард ва барои нахустин бор дидгохи “вилояти факех”-ро ба миён овард. Бино ба ин дидгох, дар садри давлат бояд як факех ё хукукдони исломй карор бигирад ва миллату давлатро рохнамой кунад.

Давлати подшохии Эрон дар мукобила бо пайкори лафзии Хумайнй дар рузномахо матолиберо алайхи у мунташир кард ва алоики чинсию хисси механдустии Оятуллохро зери суол бурд. Ин маколахо дар огози соли 1978 туфоне аз эътирозоти мардумиро барангехт.

Дар хамин давра буд, ки Саддом Хусейн аз подшохи Эрон хост, то ба у ичоза дихад, ки душмани сарсахташро бикушад. Посухи шох манфй буд. Ба бовари у, кушта шудани Хумайнй метавонист уро ба макоми шахид бирасонад ва ба ошуби бештаре дар кишвар бианчомад.

Дар мохи уктубр (октябр)-и соли 1978 Хумайнй ба дехкадае дар Фаронса табъид шуд ва махалли зисти худро ба конуни гирдихамоихои фаъолони сиёсии Эрон ва намояндагони матбуъоти Гарб табдил кард. Суханронихои Хумайнй дар хамон чо забт мешуд ва аз роххои мухталиф ба Эрон рох меёфт ва заминаи тугёни мардумй дар мохи жонвие (январ)-и 1979-ро фарохам мекард. Дар миёнаи хамон мох буд, ки Мухаммадризошох ва шахбону Фарах ба бахонаи сафаре кутох кишварро тарк карданд. Сафаре, ки харгиз ба сар нарасид.

Рузи якуми феврие (феврал)-и 1979 Хумайнй ба Эрон баргашт ва пас аз ду мох дар паи анчоми як хамапурсй таъсиси Чумхурии Исломии Эронро эълом кард ва худаш дар макоми “вилояти факех” нишаст.

Идомаи инкилоби исломй бо мочарохои ишголи Сафорати Омрико дар Техрон ва хамлаи Саддом Хусейн ба Эрон гирех хурд, ки кишварро барои солхои мадид гирифтори бухрони фарогире кард ва ба инзивои Эрон дар арсаи байнулмилалй мунчар шуд. Аммо яке аз бадтарин пасларзахои инкилоб чорй шудани дарёе аз хуни мухолифони он ва баъдан хатто хаводорони сарсахти пешини он буд. Хамсангарони пешин бо хам душман шуданд ва гуруххои гайримазхабии салтанатситез аз давлату давлатдорй ронда шуданд. Созмони Мучохидини Халк, ки аз муттахидони пурчуши Хумайнй дар огози инкилоб буд, аз Эрон фирор кард ва ба бузургтарин чабхаи мухолифи режими исломй табдил шуд.

Афзун бар ин, инкилоби исломй ва чанги Эрону Ирок боъиси “фирори магзхо” шуд. Дар натича, хазорон тан аз бехтарин коршиносону донишварони Эрон имруза дар миёни анбухи эрониёни бурунмарзианд.

Аммо бахши азиме аз мероси “Инкилоби Сафед”-и шох побарчо монд. Аз чумла хакки мушорикати занон дар интихобот, ки мояи хашми Хумайнй дар дахаи 1960 буд, бетагйир монд.

Тахаввулоте, ки дар зиндагии занони Эрон дар паи инкилоби исломй вокеъ шуд, аз шигифтангезтарин паёмадхои он инкилоб аст. Аз як су, занон бисёре аз хукуки ичтимоъии худро аз даст доданд ва дар огоз ба хошия ронда шуданд ва дубора зери чодар рафтанд. Аммо аз суи дигар, алокаи занон ба омузишу парвариш ва мушорикат дар умури ичтимоъй ва мизони огохии онхо аз хукукашон ба таври худчуш афзоиш ёфт ва онхоро ба фаъъолтарин кишри чомеъа табдил кард. Ба гунае, ки соли гузашта рухониюни Эрон изхори нигаронй карданд, ки дарсади донишчуёни зани донишгоххо ба маротиб бештар аз дарсади донишчуёни мард аст. Хамакнун 65 дарсади донишчуёни Эрон зан хастанд. Ин бад-он маъност, ки дар оянда афроди шогил дар идорахои давлатй хам бештар зан хоханд буд ва бархе аз мухофизакорони Эрон ин падидаро хатаре ба пояхои хукумати исломй медонанд.

Падидахои мусбати дигаре, ки таи 30 соли ахир дар Эрон мушохида мешавад, ба тартиби зер аст: шумори афроди босавод аз зери 50% ба 77% расид; бисёре аз манотики рустой ба барк ва омузишу парвариш дастрасй ёфтанд; мизони маргумири навзодон аз 104 маврид дар хазор тан ба худуди 37 маврид дар хазор тан кохиш ёфт; мизони зоду валад хам поин омад ва миёнгини тули умр аз 55 ба 70 сол афзоиш ёфт.

Аммо аз суи дигар дар зарфи хамин сй сол даромади кишри миёнаи чомеъа ва шароити зиндагии онхо уфт кард; мавзуъи хичоби исломии ичбории занон хамчунон мояи нохушнудии ба вижа духтарони чавони эронист; занон шуморе аз фурсатхои шуглй, аз чумла хакки козй ё додрас буданро аз даст доданд; мардум мачбуранд чанд шугл дошта бошанд, то таъмини маъош кунанд; саноеъ ба сармоягузорй ниёзи мубрам дорад; инзивои Эрон дар арсаи байнулмилалй боъиси бурузи бухронхои иктисодй шудааст; харчанд дастрасй ба мадрасахо осонтар шуда, аммо кайфияти тадрис дар мадрасахо бадтар аз гузашта арзёбй мешавад ва китобхои дарсй шадидан бори идеулужик ва мазхабй дорад.

Аммо чизе, ки бисёре аз хаводорони Чумхурии Исломй бехтарин дастоварди инкилоб медонанд, тахкими истиклоли Эрон аст. Ба бовари онхо, пеш аз инкилоб шох маъмури ичрои дастурхои Омрико дар кишвар буд. Пас аз инкилоб Эрон дар хайбати мухолифи сарсахт ва мухтори танхо абаркудрати чахон зохир шуд ва накшахои Омрико дар минтакаро накш бар об кард.

Он чи мусаллам аст, ин аст, ки чомеъаи Эрон як чомеъаи пуё ва чуянда аст. Эрони исломии имруз аз Эрони исломии бадви инкилоб сахт мутафовит аст. Бо ин ки конунхо хамон аст, ки буд, рафтору ханчори чомеъа пайваста дар холи тагйиру тахаввули дарунист ва роххоеро барои тоза кардани худ пайдо мекунад. Ба назар мерасад, дар бархе аз кишвархо, аз чумла Точикистон, конунхо пешрафтатар аз чомеъа аст. Аммо дар Эрон чомеъа пешгомтар аз конунхои кухани кишвар аст.

5 comments:

mohammad hoseyn said...

ин навиштор бо диде хеле мусбат ба инктдоби 1979 нигох кард , хеле мусбат !!

D said...

محمد حسين گرامی

خرسند خواهم شد اگر ديدگاهتان را بيشتر توضيح دهيد

mohammad hoseyn said...

Дуруд окои рачабиёни азиз .

Ба назари ман , дар бораи масоъили кабл аз инкилоб баъзе вокиъятхо ногуфта монд

ба ин масъала ишора нашуд ки рухониюн чигуна мардумро ба сахна кишонданд.бо ваъдахои вохй ва пуч ки нишонгари бесаводйи ваъдадихандагон буд . Онхо хазорон аибу ишкол ба шох бастанд , вале пас аз инкилоб хичкадом аз он аибхо рафъ нашуд . Онхо муътакид буданд ки шох вобаста ба бегонагон буд , аммо оё худашон тавонистанд пас аз сй сол лоф задан истиклолро бароямон ба армагон биёваранд ? онхо мегуфтанд пули нафт ба чиби бегонагон меравад , оё алъон ба чиби худамон меравад ? Мегуфтанд чаро шох ба тангдастон расидаги намекунад , магар алъон шахси аввали мамликат огохие аз фурудастон дорад?

Ишора нашуд ки тафаккури охундхо марбут ба асри хачар мебошад.бовар мекунед ки охундхо хатто бо вуруди мошини рахтшуйи ба ирон мухолиф буданд? Онхо бо тархи кунтурули чамъият мухолиф буданд.ба тагйири соъати расмйи кишвар дар огози бахор мухолиф буданд .


Рушди огохйи занон ва афзойиши шумори босаводон хам , натичаи фаъъолиятхои давронни пахлавй буд ки пас аз инкилоб намоён шуд .масалан ду конуни " хонавода " ва " химоят аз хонавода " ки гоме дар чахати ихкоки хукуки занон буд ва рухониюн боз хам онро гаири дини хонданд .паикор бо бесаводи хам баъдан ба нихзати саводомузи тагйири ном дод .

Ин инкилоб ба назари ман огушта ба ранги сурхи хун набуд . Худи масъулони ч.и хам муътакиданд ки барои ин инкилоб хазинахои зиёде сурат нагирифт . Онхо бар ин боварвнд ки имони мардум инкилоб ро ба пирузй расонд .вз диди ман барои хунун номида шудани як инкилоб бояд шумори кушташудагони он зиёд бошад вале дар инкилоби исломи чунин нашуд . Масалан дар шахри ман бишина се нафр кушта шуданд . Аз суи дигар ба унвони як чавони ирони аз худам мепурсам ки оё вокиъан шох наметавонист тазохуркунандагонро саркуб кунад . Оё у наметавонист аз вуруди оятуллох хумаини чилавгири кунад . Пас он артиши ба он азимат чаро коре накард . Назари шахсии ман ин аст ки шох хост аз кушту куштор чилавгиги кунад . Намедонам шояд ман иштибох мекунам . Хамчунин мо бо ин инкилоб пасрафт кардем чун муште одами бесавод бар мо хоким шуданд .

D said...

درود بر محمد حسين گرامی

از توجهتان به مطلب ناقابل و اظهار نظر در باره آن بسيار سپاسگزارم. ضمنا دبيره سيريليک را به نحو احسنت فرا گرفته ايد که جای شادباش و آفرين دارد.

من تلاش کردم اين مطلب را بسيار کوتاه بنويسم و به مهمترين موارد آن دوره اشاره کنم، بدون داوری در باره درستی يا نادرستی انديشه اين يا آن کس. هدف به هيچ روی دفاع از انقلاب اسلامی يا مخالفت با آن نبوده است. از اين که چنين برداشتی را القا کرده ام، پوزش می خواهم. ولی آن نوشته بيانگر انديشه من نبود، بلکه شرح حقايقی است که در دسترس هست، با مقايسه برد و باخت های هر دو دوره.

ولی اگر انديشه شخص مرا می پرسيد، من با بسياری از نکاتی که اشاره کرده ايد، موافقم. شکی در اين نيست که شاه می توانست خمينی را بکشد (به اين موضوع در جستار هم اشاره شده). اما شاه ترجيح داد خمينی را با ارج و احترام به ترکيه بدرقه کند و خرج زندگی او در ترکيه را هم دولت پادشاهی ايران می پرداخت. شاه از قاطعيت يک سياستمدار ورزيده برخوردار نبود.

بيشتر کارهايی که شاه انجام داده است، به راستی تحسين برانگيز است و بی گمان پيشرفت جامعه ايران تا حد زيادی مديون انقلاب سپيد شاه است.

اما نقش خود جامعه را هم نمی توان ناديده گرفت. اختناق اسلامی که در کشورهايی می تواند مردم را به حالت خمودگی در بيارد، در ايران مردم را بيدارتر کرد و عليه سياست های دولت برآشفت. مردم بيشتر از دولت در تغيير سيمای کشور از هر راه – چه سياست و چه ادب و هنر – سهيم بودند و هستند.

حکومت شاه برای ايران خدماتی به مراتب بيشتر از رژيم اسلامی کرده است. اما کوتاهی شاه گسستگی او از واقعيت و همان گونه که اشاره شد، عدم قاطعيت در پيشبرد برنامه هايش بود.

آنجا که گفتم انقلاب اسلامی به رنگ سرخ خون آغشته شد، منظور تنها سرآغاز انقلاب نبود که با بی ميلی شاه برای سرکوب مسلمانان عجين شد. با وجود اين، تعدادی هرچند اندک در تظاهرات و گردهمايی ها کشته شدند. اما پس از آمدن خمينی به ايران بود که پاکسازی "عناصر نامطلوب" آغاز گرفت و صدها و هزاران تن زير ساطور پيشوای نوين رفتند.


Дуруд бар Мухаммадхусейни гиромй.

Аз таваччухатон ба матлаби нокобил ва изхори назар дар бораи он бисёр сипосгузорам. Зимнан, дабираи сирилликро ба нахви ахсант фаро гирифтаед, ки чои шодбошу офарин дорад.

Ман талош кардам ин матлабро бисёр кутох бинависам ва ба мухимтарин мавориди он давра ишора кунам, бидуни доварй дар бораи дурустй ё нодурустии андешаи ин ё он кас. Хадаф ба хеч руй дифоъ аз инкилоби исломй ё мухолифат бо он набудааст. Аз ин ки чунин бардоштеро илко кардаам, пузиш мехохам. Вале он навишта баёнгари андешаи ман набуд, балки шархи хакоикест, ки дар дастрас хаст, бо мукоисаи бурду бохтхои хар ду давра.

Вале агар андешаи шахси маро мепурсед, ман бо бисёре аз нукоте, ки ишора кардаем, мувофикам. Шакке дар ин нест, ки Шох метавонист Хумайниро бикушад. (Ба ин мавзуъ дар чустор хам ишора шуда). Аммо ба чои он Шох тарчех дод Хумайниро бо арчу эхтиром ба Туркия бадрака кунад ва харчи зиндагии у дар Туркияро хам давлати подшохии Эрон мепардохт. Шох аз котеъияти як сиёсатмадори варзида бархурдор набуд.

Бештари корхое, ки Шох анчом додааст, ба ростй тахсинбарангез аст ва бегумон пешрафти чомеъаи Эрон то хадди зиёде мадюни Инкилоби Сапеди Шох аст.

Аммо накши худи чомеъаро хам наметавон нодида гирифт. Ихтиноки исломй, ки дар кишвархое метавонад мардумро ба холати хамудагй дарбиёрад, дар Эрон мардумро бедортар кард ва алайхи сиёсатхои давлат барошуфт. Мардум бештар аз давлат дар тагйири симои кишвар – чи сиёсат ва чи адабу хунар – сахим буданду хастанд.

Хукумати Шох барои Эрон хадамоте ба маротиб бештар аз режими исломй кардааст. Аммо кутохии Шох гусастагии у аз вокеъият ва, хамон гуна ки ишора шуд, адами котеъият дар пешбурди барномахояш буд.

Он чо ки гуфтам, инкилоби исломй ба ранги сурхи хун огушта шуд, манзур танхо сарогози инкилоб набуд, ки бо бемайлии Шох барои саркуби мусалмонон ачин шуд. Бо вучуди ин, теъдоде харчанд андак дар тазохуроту гирдихамоихо кушта шуданд. Аммо пас аз омадани Хумайнй ба Эрон буд, ки поксозии «аносири номатлуб» огоз гирифт ва садхову хазорон тан зери сотури пешвои навин рафтанд. Ба ин мавзуъ хам дар навишта ишораи кутохе шудааст.

mohammad hoseyn said...

آقای رجبیان عزیز !
سپاس از مهر بیکران شما . من همیشه عاشق خوش مشربی شما بودم . از پاسختان هم ممنونم . نوشته های شما خیلی ارزشمند است . من از طرفداران شاه نیستم و اگر در زمانه ی او میزیستم شاید به جرگه ی مخالفان او می پیوستم . ولی اکنون می گویم که او با توجه به اوضاع و احوال آنچه از دستش ساخته بود ، برای ایران انجام داد و نظم و انظباط خوبی به کشور بخشید و با الآنی ها قابل سنجش نیست .
باز هم سپاس