Thursday, April 23, 2009

The Nation’s Leader Passes Away

Рахбари миллат даргузашт

Порахое аз ёдворахо
1994-2009


Ба ёди устод Тохири Абдулчаббор

Хамчунон аз канори чоддае пургубор дар бахши навсохти хошияи Техрон фароз меравам. Гарди симони чодда дар дарзи кафшхову шерозаи шалворам менишинад. Дар остонаи вурудии сохтмоне чахортабака кафшхову шалворамро метаконаму меафшонам.

Аз ин чо метавон тамоми шахри Техронро руи кафи даст дид, ки дар миёни анбухе аз бетуну охан пушти пардаи захим (гафс)-и губор такрибан нопайдост. Дар ин махалли баланд сохтмони маскунии баланде хаст, ки махалли икомати мухочирони баландмакоми точик аст ва дар баландтарин маком ё табакаи он Устод зиндагй мекунад. Бар хилофи дигар хамрохони баландмакомаш Устод танхост.

Дар утоки нишемани як хонаи духоба пушти як мизи анбошта бо китобхои катуру бузург Устод бовикору сарбаланд нишастааст ва аз пушти пардаи сигор ба ман нигох мекунаду лабханде мезанад ва мепурсад:

- Кучохо мегардй, эй писар?

Мочарохои парерузу дирузу имрузамро барояш таъриф мекунам ва барномахои фардоямро бо у дар миён мегузорам. Аз гузаштахо мегуем. Аз Душанбеву саргардонихо. Устод ошкоро хурсанд аст, ки чон ба саломат бурдаам.

Чуёи холаш мешавам. Мегуяд, «Лаззоти фалсафа»-и Вил Дуронти омрикоиро мехонаду сер намешавад. Забони шевову баёни расои Аббоси Зарёб – мутарчими порсии ин китоб мафтунаш кардааст. Ва бештар аз он мантики каломи худи Вил Дуронт. Устод китобро варак мезанад ва сарсарй фасле аз онро бармегузинаду мехонад:

- Табиъат, ончунон ки гумон мекунем, бохуш нест. Бидуни шак, мо кавданй (аблахй)-и бенихояти худро аз хамин модарбузург ба ирс бурдаем.

Ва боз ба ман ру меораду намунахое аз кавдании башариро аз торихи муъосири худамон бозгу мекунад. Аз суханхояш нами ашк меояд ва буи чигари сухта. Ва мегуяд, дарего, ки ин хамаро дар бораи миллате мегуем, ки дар гузашта нигини дурахшони тамаддуни чахонй буда. Ин бор китоби хачими Arnold Toynbee (торихнигори барчастаи бритониёйи) “A Study of History” ё «Мутолеъаи торих»-ро боз мекунад ва порахоеро аз зухуру сукути импротурихо бароям мехонад ва аз азамати импротурихои эронй дар гузашта ва аз ин ки сиришти тамаддун ва фарханги мардумони гайриэронии бисёре дар Ховари Миёна, Осиёи Миёна ва Осиёи Хурд (Туркия) хам эронист. Ва боз ба имрузи нагуни мо бармегардад.

Дафтари кучакаш пур аз вожахои ноошнои инглисист. Рузномаи Tehran Times-ро мурур мекунад, порахоеро бо садои баланд мехонад ва мани забоннафахм банди хайрат мемонам, ки Устод кай ва дар кучо забони инглисиро фаро гирифтааст.

Китоберо аз у вом мегираму аз хузури муборакаш мураххас мешавам. Устод таъкид мекунад:

- То метавонй, бихон. Хатман имруз на, фардо ба дардат хохад хурд. Бахсхои бехудаи сиёсиро канор гузор. Бихон.

***

Хилму мехрубонй ва бештар аз хама сухбатхои хирадмандонаи Устод муътодам кардааст. Боз хам суроги он хонаи баландро мегирам. Ин бор бо дустони дигар. Канори хам «Дар имтидоди шаб»-ро барои садумин бор тамошо мекунем, латифа мегуему механдем ва ба фармудахои гаронбори Устод гуш фаро медихем.

***

Ранги Устод ин бор зард аст. Мегуяд, захми меъда азияташ мекунад. Аз У мепурсам, хурданй чи мехохад. Мегуяд, хеч, хама чиз дар хона хаст. Пинхонй аз фурушгох ширу панир меоварам. Худам хам сармо хурдаам. Фикр мекунам сармое сабук бошад.

Аммо пас аз шом табуларзи шадид амонам намедихад. Устод исрор мекунад, ки дар хонааш бимонам ва се пату (курпа)-ро руи рахтхобам меандозад.

Дар хилоли табуларз аз утоки Устод садои заччаи уро мешунавам, ки дандонхояшро фишурда ва нолаи чонкох мекашад. Бегумон дарди захми меъдаи Устод сахттар аз табуларзи ман аст. Ба по мехезам. Замин даври сарам мечархаду дубора ба рахт меандозадам.

- Ширро бинуш, то сард нашуда.

Овози бами Устод аз хобам бедор мекунад. Соъат хафти бомдод аст. Аз даруни финчони доги шир бухори гарм дар фазо пахш мешавад. Устод канори болинам нишастаасту холпурсй мекунад. Мегуям, ба маротиб бехтар шудаам, аммо шармандаи лутфи Устодам. Мегуям, шунидам чи кадр дардатон зур буд, лозим набуд захмати овардани ширро бикашед. Мегуяд, дарди захми меъдааш фуру нишаста ва маъмулан шабхо буруз мекунад.

***

Устод бароям тачассуми Техрон шудааст. Хафтае нест, ки яке-ду бор сурогашро нагирам ва аз суханони пурбораш файз набарам. Ва ман танхо нестам. Дустони азизе чун Бехрузу Ахмадшоху Хуршед хам пайваста канори Устоданд. Ин мард ин хамаро кай ва чи гуна фаро гирифта?

***

Акнун ифтихори хамкорй бо Устодро дорам. Хар ду дар бахши бурунмарзии Садои Эрон барномахои русй месозем. Устодро ин чо хама «окои дуктур» садо мекунанд ва хама, бидуни истисно аз дониши бекарони русии у бахра мегиранд.

Сарохати калом ва бепардагуии Устод ин чо хам машхуд аст. Раиси чадиди бахшамон окои Маликй як охунди дастор-ба-сар аст. Маликй ба утоки кории кучаки ману Устод сар мезанад ва мепурсад:

- Окои дуктур, холатон чи тур аст?

Устод бо лахни шухй мегуяд:

- Хубем, хочй око. Аммо фазои ин чо бисёр хастакунанда аст. Намешавад, ки як дастгохи забти савт ин чо насб кунед ва чанд навори Гугушро гузоред, ки соъоти корамон хамрох бо хушию фарогат бошад?

Маликй музиёна табассумеро руи лабхояш чаррохй карду мустакиман ба утоки Хушдил (раиси барномахои Урупову Омрико) рафт ва суханони Устодро ба у мунтакил кард. Албатта, бо обу ранги охундй. Пас аз чанд руз узри Устодро хостанд.

Бузургвори мо хаме ба абруяш наоварду афсурда хам нашуд, аммо дубора дар чахордевории хонааш гир кард.Ва ин бор дар хона осори сирилликро ба дабираи порсй баргардон мекард. Аммо шугли доимиашро хатто барои як руз канор нагзошт: андухтани сармояи дониш. Устодро хамеша пушти деворхои китоб дар холи мутолеъа мебинам.

***

Солхо гузашт. Техрон дар замхарири хотиротам хушкид, аммо тасвири Устоди азизу бовикору пок хар чи барчастатар мешавад. Дигар танхо садои Бузургвор аст, ки аз гушии телефун гушхои пажмони моро навозиш мекунад. Симои гарми у пушти девори баланди китобхояш дар тасаввур мавч мезанад. Дар хар расонаи чахоние, ки кор мекунам, дунболи бахонае мегардам, то садову кудрати мантики Устод ба гушу хуши одамони бештаре бирасад. Ба замона нафрин мегуям, ки мурокиби Бузургвори мо нест. Сифлапарварии чархро, ки мову шумо кашф накардаем.

Сабаб мапурс, ки чарх аз чи сифлапарвар шуд
Ки комбахшии уро бахона бесабабист (Хофиз)

Як байти дигари Хофиз хам гуё шохиди холи Устод аст:

Хофиз, калами шохи чахон муксими ризк аст
Аз бахри маъишат макун андешаи ботил

Устод касест, ки харгиз ба хотири ризку рузию маъишат андешаи ботил намекунад ва рохи каж намеравад. Агар сиришти нопоке дошт, бо ин дарёи донише, ки дорад, метавонист виждону усулашро канор бигзораду ба бартарин макомхо бирасад. Сари баландаш хамвора баланд бод!

***

Ландан. Бомдоди сешанбе, 21 оврил. Телефуни хамрохамро аз зери болишт берун мекашам, то занги соъати шаммотаро хомуш кунам. Паёме дорам. Аз азизе дурдаст: “Ustad Tahir passed away… Sorry for the bitter news.” Кутоху кушанда, аммо на дур аз интизор.

Яке-ду руз пеш аз он вучудамро вохимаи даргузашти Устод фаро гирифта буд ва соъати 4-и бомдод пушти сари хам шуморахои дустонам дар Душанбеву Хучанду Панчакату Аштро мечидам ва суроги Устодро мегирифтам. Хамсари андухгини Устод дар Ашт бароям гуфт, ки эшон тавони сухбат карданро надоранд... Дустон хам гуфтанд, ки дигар умеде нест. Мехостам барои ду руз хам ки шуда, дар поёни хафта ба дидори Устод бирасам. Аммо Устод ачала доштанд ва дар хамон огози хафта морову чархи бадсиголро падруд гуфтанд.

Телевизюни Би Би Си мехост дар бораи Устод чизхое бигуям. Гичу манг будам ва намедонам дар он мусохибаи зиндаи 3-дакикайи чихо гуфтам. Хар чи гуфтам, арзиши як рузи зиндагии хамосаии Устодро надошт.

Фардои он рузи шум чакомаи ноберо аз Бехрузи Забехуллохи азиз хондам, ки табуларзи шабхои техрониро бароям пас овард ва ба ёди рузхои гамгусорй бо Устоду Бехрузу Ахмадшоху Хуршед дар Техрон уфтодам ва бароям холати гарибе даст дод, ки баёнаш макдур нест:

Марде ба вусъати хамаи рузгор рафт
Накши бахор мондаву буи бахор рафт

Гуйи барои мову ту дигар бахор нест
Ин растахез омаду он растагор рафт

Он рухи устувор чу он кухи пойдор
Танхо гузошт миллати беихтиёр,рафт

Андухи у ба шонаи як духтари латиф
Тобути у ба гушаи танги диёр рафт

Ай кош хамнишини ту будам тамоми умр
Сард аст зиндаги агарат гамгусор рафт

Имруз рузи мотами як кавми гофил аст
Озодмарди рушану иззатмадор рафт

Марде,ки бо замонаи рокид ситез кард
Аз чабри ин замонаи бебандубор рафт

Хар руз доги тоза ба дил мерасад зи дуст
Кофиладори силсилаи догдор рафт

Падруд, ай муаллими озодагони кавм
Химматбаланду нодираи рузгор рафт

***

Фаришта буд? На. Инсоне буд канори инсонхои дигар бо сириште бартар аз фариштагоне, ки хануз ба дидорашон нарасидаем ва акнун хамрохони уянд ва аз хамсиришту хамтабори худ бехтар аз мо мурокибат мекунанд.

Дар замоне хато ва маконе хатотар ба дунё омад. Аммо дурусттар аз у наметавон зист. Замоне ба дунё омад, ки тудахо гала-гала магзшуйи мешуданду дасту дил аз решахои хешу пеши худ мешустанду бебозгашт ба бегонагон мепайвастанд. Аммо замону макони хато хам уро хамранги чамоъат накард. Замона бо у насохт, у хам харгиз бо замона насохт, балки ба чои он замонаро сохт.

Рузгоре буд, ки у мегуфт «Точикистон як кишвари мустакил, демукротик ва хукукбунёд аст» ва мавриди хандахариши дастачамъии намояндагони порлумон вокеъ мешуд. Дуруст як сол пас аз он хамин чумла чойгузини моддаи якуми Конуни Асосй шуд, аммо танхо пас аз он ки чумхурихои мустакилли дигари шуравй лошаи иттиходи пешинро тикка-пора мекарданд ва аз он танхо устухон бокй монда буду бас.

Чашму зехни дурбину дурандеши у пайваста роху чохро аз хам тамйиз медод, забони шевову баёни салиси у бо садое котеъу бурранда моро аз суду зиёни тасмимхо хушдор медоду огох мекард. Садои Устод, чи дар майдон ва чи аз пушти «микрофуни 6», чун тегаи кухе баланд абрхои тираву торро медарид ва мустакиман бо виждони шунавандагонаш сухбат мекард. Аз авони навчавонй суханронихои Устодро аз наворфурушихо мехаридам ва аз баёни у илхом мегирифтам ва аз кудрати мантики у шигифтзада мешудам. Ин садо то замоне баланду танинандоз буд, ки садои тонку туп гуши виждонро пора кард ва кишвар ба дасти бевиждонию бевиждонон уфтод.

Дар хамон тазохуроти 59-руза одамоне буданд, ки гайбат ё набуди Устодро нишони «хиёнат»-и у ба «ормон»-хои миллй медонистанд. Хамон афрод акнун ба осудагй руи курсии вазорату ваколатхо нишастаанд, аммо Устод харгиз ба ин хорию хиффат тан надод.

Дар чараёни он тазохурот, ки сарогози чанг буд, аз Устод пурсида будам, ки чаро канори рахбарони чунбиш нест. Бисёр кутоху муфид посух дод: «Буи хун меояд» ва пушт карду рафт. Бо вукуъи руйдодхои пасин ба мантики вахшуронаи Устод имон овардам.

Ва чи хуб шуд, ки Устод ба даххо курсие, ки пешкашаш карда буданд, нанишаст. Чун чойгохи у кошонаи дили хазорон фарди худшинос аст. У ба хостахои умдаи худ расид: ба забони порсй макоми расмй дод, хуввияти порсй (точикй)-ро дар замири хазорон тан зинда кард, ба Точикистон конуни истиклолашро дод ва ба бозмондагонаш як чахон суханону навиштахои хирадбор ба чо гузошт, ки шояд вукуъи бузургтарин хостаи уро хам муяссар кунад: рушди фарханг ва иртикои сатхи саводу дониши мардум ва бунёди як чомеъаи маданй.

«То метавонй, бихон. Хатман имруз на, фардо ба дардат хохад хурд. Бахсхои бехудаи сиёсиро канор гузор. Бихон.»

Ба руи чашм, Устоди поку мутаххар. Ва ба хотири шодмонии равонат. Ва ба хотири эхёи Растохез.

6 comments:

Ramin said...

خیلی قشنگ و زیبا نوشته اید. جای اندوح است که دولت تاجیکستان (تا آن جایی که من می دانم) لب از لب باز نکرد.

روحشان شاد باد!

Хеле қашангу зебо навиштаед. Ҷойи андӯҳ аст, ки давлати Тоҷикистон (то он ҷое, ки ман медонам) лаб аз лаб боз накард.

Рӯҳашон шод бод!

Anonymous said...

Бародари чон Ромин, давлати Точикистон ин ману шумо хастем. Ун давлате, ки шумо дар назар доред чуръаташон барои садо баровардан намерасад. Унхо мунтазиранд, ки чанобашон чи мегуяд...

D said...

رامين فرزانه

قربان لطفت. اما از دولتمردان کنونی چيزی بيشتر از اين را هم توقع نداشتيم

با بی نام گرامی موافقم که اين دولت نماينده ما و شما نيست، بلکه خود ما مجبوريم از خود نمايندگی کنيم. رهبر ملت درگذشت، اما آرمان های او در هزاران سينه ديگر زنده است که به اميد پروردگار، به فرا رسيدن فصل شادی خواهد انجاميد

پاينده باشيد

Ромини фарзона,

Курбони лутфат. Аммо аз давлатмардони кунунй чизе бештар аз инро хам таваккуъ надоштем.

Бо Беноми гиромй мувофикам, ки ин давлат намояндаи мову шумо нест, балки худи мо мачбурем аз худ намояндагй кунем. Рахбари миллат даргузашт, аммо ормонхои у дар хазорон синаи дигар зинда аст, ки ба умеди Парвардигор, ба фаро расидани фасли шодй хохад анчомид.

Поянда бошед.

Anonymous said...

Худо рахматаш кунад, ки бо андухи гарони миллат зери хок хуфта

Ramin said...
This comment has been removed by the author.
Ramin said...

بی شک رستاخیز تاجیکستان دوباره می آید.

Бе шак растохези Тоҷикистон дубора меояд.