Friday, May 15, 2009

“They Wanted to Zap Us”

«Хостанд моро бимиронанд»

همين موضوع به دبيره پارسی

Порахое аз суханони Махмуди Давлатободй – нависандаи саршиноси Эрон дар нишасти шоъирону адибони хомии Мирхусейни Мусавй (номзади макоми раёсати чумхурии Эрон), ки асри дируз эрод шуд, андешабарангез аст.

Давлатободй бо таъкид руи ин нукта, ки аз каси бахусусе дар интихоботи карибулвукуъи хусравии Эрон химоят намекунад, гуфт:

«Ман наомадаам барои касе таблиг кунам, чаро ки инкора нестам. Агар чизе хам ба зехнам расида, дар матбуъот баён кардаам. Факат мехохам муруре дошта бошам бар давроне, ки дар он ба тарзи музоъафе пир шудем, яъне моро пир карданд ва хостанд, ки бимиронанд. Ва ин пеш аз он ки аз назари ман амре трожик (фачеъ) бошад, як суол аст.»

Давлатободй, дар холе ки бугзи гулуяш ошкор буд, гуфт:

«Мо дар кучо зиндагй мекунем? Чи муносибате бо якдигар дорем? Чанд солест, ки шудаем «миллати Эрон». Каблан «уммат» будем. Холо хам дар айни ин ки «миллати Эрон»-ем, бахше аз «уммати мухаммадй» хам хастем. Вале ин чи гуна миллатест, ки дар он хеч гуна муносиботи инсонии фимобайн баркарор нест ва факат дар остонаи интихобот аст, ки хак дорем ба унвони миллат матрах шавем ва дар чое чамъ шавем ва ахёнан харфе бизанем.»

Махмуди Давлатободй бо садою баёне гарро афзуд:

«Ман нависандаи мамлакати шумо хастам. Маъмулан ба муносибат барномахои фархангии телевизюнро нигох мекунам. Ва вакте ки дуктур Мухсини Парвиз ба унвони муъовини вазири иршод (ва фарханги исломй) дар он сухбат мекунад, бештар диккат мекунам. Дар охирин гуфтугуи у, ки бо окои Хайдарй дар телевизюн анчом шуд, вакте аз вай пурсиданд, ки чи гуна мумкин аст, ки маъдуди афроде бар тамоми нависандагону шоъирон ва мухаккикону андешамандони ин мамлакат ишроф (бартарй) дошта бошанд, у аввал посух дод, ки мо бояд ин бахсро чои дигаре матрах кунем. Вале баъд гуфт, ки мо бар асоси Ойинномаи Инкилоби Фархангй дар мавриди китоб тасмим мегирем.»

Давлатободй эътирози худро ба ин казия чунин баён кард:

«Аз назари ман, инкилоби фархангй икдоме гайриконунй будааст ва ба хеч вачх машруъият надорад. Ман ба Конуни Асосии Чумхурии Исломии Эрон раъй додам ва танхо он конунро мепазирам ва осори адабию фархангии мо бояд бар асоси хамин конун мавриди казоват карор бигирад. Пои ин казоват хам меистам. Инкилоби фархангй, ки шайхи он дуктур Суруш буд, таклиде музхик аз амре сахиф буд, ки дар Чин анчом шуда буд. Он инкилоби фархангй домани яке аз чехрахои муъосири чахонро барои хамеша лаккадор кард; яъне марде, ки мардуми примитиви кишвареро ба дунёи бузург муъаррифй кард, бо он инкилоб дар Чин ба лакка (дог)-е сиёх дучор шуд. Бино бар ин, таклид аз он инкилоб таклид аз як шаноъат (зиштй) буд.»

Ин нависандаи баном хитоб ба макомот гуфт:

«Ман ба масъулини иршод (-и исломй) мегуям, ки он ойиннома на конуният дорад ва на машруъият. Мо Конуни Асосй дорем. Он инкилоби фархангй боъис шуд, то чомеъаи фархангии Эрон аз магз тихй (холй) шавад.»

Давлатободй афзуд:

«Шумо аламдор (парчамдор)-и рафтори шанеъ (зишт)-е шудед, ки боъис шуд бехтарин фарзандони ин мамлакат бигзоранду бираванд, то шумо шеъри Мавлоноро хифз кунед ва ба мо тахвил бидихед ва ба мо тахвил бидихед ва тахвил бидихед ва боз хам тахвил бидихед.»

Давлатободй бо ишора ба интихобот эълом дошт:

«Ман ба касе раъй медихам, ки аз тамоми эрониёни фархехтае, ки аз ин кишвар берун ронда шуданд, иъодаи хайсият кунад (эътиборашонро баркарор кунад) ва ба касе раъй медихам, ки ба инсичоми миллй муътакид бошад. Моро нисбат ба хам гариба кардаанд. Агар касе, ки ин ситод моли уст, чунин кобилияте дорад, аз раъй додан ба у пушаймон нахохем шуд. Масъала ашхос нестанд. Масъала як миллат аст. Миллат дорад аз баракати рафтори окоён ба чони хам меуфтад. Мамлакатдорй, яъне мардумро нигах доштан. Захм задан ба мардум ва тоби захмро овардан аз суи мардум бояд то ба хол хавсалаи окоёнро хам сар бурда бошад. Шумо бо чи мархаме метавонед ба ин захмхо илтиём бибахшед?»

Мутмаиннан, ба пурсиши Махмуди Давлатободй фармонравои хамноми у ва лагомдори низом посухе надодаанд. Аммо нафси ин ки чунин пурсишхои кубанда чун зарбахои чаккуш (болга) бар сару сурати режими чумхурии исломй мерезанд, нишони бедорй ва пуёии "миллат" ё "уммат" аст.

Дакикан хамин суханон ва пурсишхое сангинтар аз инро метавон аз сардамдорони режими Точикистон кард ва виждони мардумро ба чолиш кашид, ки чи гуна метавон бо ин хукумату хукуматдорй сар кард. Аммо адои ин суханон пеш аз хама як фарди равшанфикр мехохад. Равшанфикре, ки дар айни хол равшанзамир бошад. Равшанзамире, ки дар айни хол далер бошад. Боке нест. Хохем дошт. Он руз хам дар рох аст.

Акс аз торнамои dowlatabadi.com

2 comments:

FONUS said...

Dariushi farzona,

hastand, be shak, hastand, ammo ehtiyoj ast, ki onhoro poband va rubahmisoj gardonidaast. Maghshoi onhoro ehyoi dubora meboyad.

Fonus

D said...

Комилан мувофикам, Фонуси равшанзамир.