Tuesday, May 26, 2009

Welcome to Saudi Arabia!

Ахлан ва сахлан!

Ураххиби бикум фи-л-Мамлакат-ул-Ъарабият-ус-Суъудия! Ба Арабистони Саъудй, бузургтарин кишвари нимчазираи араб, махди ислому чойгохи мукаддастарин шахрхои ин ойин, ба сарзамини харамайни-ш-шарифайн, ба бузургтарин кишвари содиркунандаи нафти чахон ва аз наздиктарин муттахидони Иёлоти Муттахидаи Омрико хуш омадед. Ба кишваре, ки ахолии дорояш хавсалаи кори сиёхро надоранд ва аз хорич муздур меоваранд, то корхои содаро барояшон анчом диханд.

То ин чои тавсифи мо аз Арабистон навмедкунанда набуд. Дар вокеъ, солиёна милюнхо тан ранчи сафар ба ин кишварро ба чон мепазиранд, то ба хокбуси Маккаву Мадина мушарраф шаванд. Ва бо ин милюнхо тан милёрдхо дулор ба ин пора аз сахрои араб сарозер мешавад ва тадричан сахроро ба боге пуррангу пуроб мубаддал мекунад. Арабхо мустахакканд, ки хамаруза даххо бор ба Мухаммаду оли Мухаммад салавот бифиристанд, ки сахрояшонро ба гулистон табдил кардаанд.

Хичрат ба хостгохи солшумории хичрй

Карор аст ба зудй ду хазор тан аз хаммеханони мо ба чамъи сокинони Арабистон бипайванданд ва аз неъмати зиндагй дар хостгохи ислом бахравар шаванд. Хабаргузорихои дуру наздик аз чараёни сафари Хамроххон Зарифй – вазири хоричаи Точикистон ба Арабистон ин навидро мунташир карданд, ки таи чанд мохи оянда садхо тан аз мухочирони бозгаштаи бекори точик метавонанд рахли гурбати худро дар Арабистон биафкананд.

Русияву Казокистон, ки дар ин рузхо бо бухрони молии фарогир дасту панча нарм мекунанд, аз боз пазируфтани шумори бисёре аз мухочирони кории точик маъзуранд. Дар натича микдори пуле, ки аз хорич ба Точикистон ворез мешуд, кохиш ёфт ва макомот мутаваччех шуданд, ки барои хаммеханони бекори мо бояд чои коре мухайё кард, то заминаи ошубе ичтимоъй фарохам нашавад. Чун хамеша чашми макомот аз даруни кишвар ба берун лагзид ва халли муъамморо ин бор дар Арабистон чустанд.

Албатта, ин мавзуъ чандон тоза нест. Мохи нувомбр (ноябр)-и соли гузашта буд, ки вазорати кишвар ё дохилаи Точикистон хабари дархости Арабистон мабнй бар фиристодани 2000 мухочири корй ба он кишварро эълом кард. Гуфта мешуд, ки арабхо ба мардони точик барои ронандагй ва ба занони точик барои хидматкорй дар хонахояшон ниёз доранд. Диловар Шоматов, аз кормандони вазорати кор, дар гуфтугу бо родю Озодй гуфта буд:

«Ин масъала ҳал шудагӣ аст, фақат фиристодани одамон мондааст. Касе мехоҳад, марҳамат, ба хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунад».

Баргардони «хал шудагй аст» дар баёни он око чизе ба монанди «сиди, не рыпайся» ба забони русй буд. Чун шуморе аз фаъъолони сиёсию ичтимоъй ва мазхабй ба ин мавзуъ эътироз карда буданд.

Вокеъиятхои хичрат

Дар хамон рузхо Маъсуми Мухаммадрачаб аз кавли Шайх Муслихиддин дар Хучанд чунин гузориш дода буд:

«Зан, ки рафт, фасодкориву ҳама корҳо мешавад. Ман дар Маккаи Мукаррама, дар Ҷидда, дар Риёз будам… Он занҳое, ки аз Бангладеш, Ҳиндустон ва аз кишварҳои пешрафтаи Малайзияву Индонезия дар онҷо кор мекунанд, духтарони 18–25-сола, ҳамин қадар хор ҳастанд, он қадар ҳаққи паст доранд ки… Мебаранд, кор мефармоянд, дигар муомилаҳоша гуфта намешавад… Индонезиву малайзиягиҳо занҳоро мебаранд, ба хонаҳои арабҳо тақсим мекунанд, вале вай ягон ҳуқуқ надорад. Танҳо кор мекунад, ҳомиладор, ки шуд, бароварда гусел мекунанд…»

Мешавад суханони шайхро ба махаки санчишу арзёбй зад ва дарёфт, ки ин хам сухани наве нест.

Дар тобистони соли 2004 буд, ки созмони Дидбони Хукуки Башар гузорише зери унвони «Бахракашй ва озори коргарони мухочир дар Арабистони Саъудй» чоп кард ва дар он табли расвоии Арабистонро навохт.

Бино ба он гузориш, коргарони хоричй дар он кишвар хамаруза бо хатари шиканча шудан ва додани эътирофоти дуругин ва хатто бо хатари хатки номус рубаруанд. Хоричихое, ки ба хар далеле дар он кишвар боздошт мешаванд, хакки тамос бо намояндагихои диплумотики кишварашонро надоранд ва шиканча мешаванд, то эътирофномахоеро имзо кунанд, ки забонашро намефахманд.

Дар ин гузориш аз чанд мавриди эъдоми хоричихо дар чубахои дор ёд шудааст. Хешовандони он коргарони хоричй танхо пас аз катли онхо аз сарнавишти талхашон огох шудаанд. Соро Витсун (Sarah Whitson), мудири омили Дидбони Хукуки Башар дар умури Ховари Миёна ва шимоли Офрико гуфта буд, ки шумори курбониёни аъмоли макомоти саъудй бештар аз теъдоди курбониёни бегунохи амалиёти теруристй аст.

Дар идомаи суханони Соро Витсун омадааст:

«Мо мардону занонеро дидем, ки дар шароите хамонанди шароити бардагй зиндагй мекарданд. Бо кашфи хар як аз ин мавридхо бехтар мутаваччех мешудем, ки макомоти саъудй азияту озори муназзами коргарони хоричиро нодида мегиранд.»

"Обистании гайриконунй"

Бино ба хамин гузориши Дидбони Хукуки Башар, худуди 300 зан аз Хиндустону Сри Лонкову Филипин 12 соъат дар руз, шаш руз дар хафта, бемористонхои Чиддаро тамиз мекардаанд. Дар поёни рузи корй онхо ба як хобгохи пуродам мунтакил мешуданд, ки дар хар утоки кучакаш 14 зан канори хам мехобиданд. Дари утокхо аз берун баста мешуд ва занхо ичоза надоштанд берун бираванд. Онхо мачбур буданд то поёни муддати эътибори карордодашон, ки ду ё сесола буд, ин шароитро тахаммул кунанд. Дар ин миён чахор тан аз занхо шикоят кардаанд, ки мавриди тачовуз ба номус тавассути корфармоёни арабашон карор гирифтаанд. Додгоххои Арабистон занхои обистанро барои «обистании гайриконунй» зиндонй кардаанд ва суроги мардхои мутачовизро нагирифтаанд.

Вобаста ба неруи бегона

Як севуми чамъияти 27-милюнии Арабистонро коргарони хоричй ташкил медиханд. Сарфи назар аз сиёсати «саъудисозй» ё Saudiization-и давлати салтанатии Арабистон саноеъи ин кишвар хамчунон ба воридоти коргарони хоричй вобаста аст. 95 дарсади коргарони бахши хусусии Арабистон хоричианд, чун чавонони саъудй, ки маъмулан аз хонаводахои дороанд, майл надоранд дасташонро ба гарду хоки сохтмонсозй ва полоишгоххои нафт бизананд ва тарчех медиханд бекор бимонанд. Дар натича, бино ба додахои Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико(CIA), худуди 9 дарсади чамъияти чавону миёнсоли Арабистон бекоранд. Аммо манзур аз «чамъияти мустаъидди кор» дар он кишвари суннатй танхо мардонанд. Занхо ба шумор намеоянд.

Занхо дар ин кишвар то хамин чанд сол пеш шиноснома хам надоштанд ва дар саршуморихои он ба хисоб намеомаданд. Дар нахустин интихоботи шурохои шахр, ки соли 2005 баргузор шуд, танхо мардхо раъй доданд. Аммо нисфи аъзои шурохои шахрро хам, ба монанди мачлиси миллй, низоми салтанатии Арабистон таъйин мекунад.

Арабистон як кишвари нафтист ва иктисоди он руи хубоби нафтй устувор аст. 80 дарсади будчаи давлатии онро даромадхои нафтй ташкил медихад ва сукути бахои нафт дар дахаи 1990 боъис шуд, ки иктисоди Арабистон ба хок бинишинад. Ба дунболи он корфармоёни араб тарчех доданд шумори бештари кори хоричии арзонро вориди кишвар кунанд, чун чамъияти махаллй хозир нест дар баробари дастмузди поин барояшон кор кунад. Имруза худуди нух милюн хоричй дар ин кишвар сукно гузидаанд, ки голибашон аз Хинду Покистону Банглодешу Филипин хастанд.

Дар тозатарин баррасии Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико (CIA) аз вазъияти коргарони хоричй дар Арабистон мехонем:

«Бештари коргароне, ки ба Арабистони Саъудй мухочират мекунанд, асолатан аз чануб ва чануби шарки Осиёанд. Онхо маъмулан мавриди бардагии гайриихтиёрй карор мегиранд ва ба таври чисмию чинсй озор мебинанд, дастмуздашон пардохт намешавад, махбус мешаванд ва корфармоён шиносномахояшон мусодира мекунанд, ба гунае, ки онхо озодии рафту омад дар кишварро надошта бошанд; ба вижа коргарони хонагй осебпазиранд, чун онхо дар хонахо махбус мешаванд ва имкон надоранд аз касе кумак бихоханд.»

Бино ба хамин санад, ба Арабистони Саъудй хамасола садхо кудаки ничериёйи, яманй, покистонй, афгон, молиёйи ва судонй кочок мешаванд, то дар хиёбонхо гадойи кунанд; хамчунин гузориш шудааст, ки бархе аз занони ничериёйи барои бахракашии чинсии тичорй ба Арабистон кочок шудаанд.

Бардафурушии мудерн

Пас аз хондани ин додахо хабари мухочирати кории 2000 шахрванди Точикистон ба Арабистон хабари шуме ба назар мерасад. Бародарам Ботур Косимй дар яке аз навиштахои худ аз он нохушнуд аст, ки давлати мо барои мукобила бо ходисахои табиъии ахир аз кишвархои хамсоя ёрй хостааст ва «душмани шумораи яки Точикистон» хам тамасхуромез ба ин дархост посух додааст.

Бо Ботур мувофикам ва тангдастии давлат дар рафъи паёмадхои як ходисаи табиъиро нангин медонам. Вале гадойи аз давлати палиду манхусе чун Арабистонро нангинтар мебинам. Вуруди 2000 муздури точик ба хоки он кишвар огози хатки номуси миллати точик дар он сарзамин аст. Бегонагии забонй ва фархангй бо арабхо заминасози бадбахтихои точикон дар он сомон хохад буд ва мухри нангу нафратро хар чи мухкамтар бар пешонии давлати мо хохад кубид.

Гадоии тамомъайёри макомоти точик аз арабхои саъудй дар заминаи энержй хам ошкор буд. Дар холе ки макомоти араб аланан нишон медоданд, ки моил ба баррасии мавзуъи сармоягузорй дар арсаи энержии Точикистон нестанд, сарварони мо бо чидду чахд ваъдахои газофе медоданду талош мекарданд сели динори арабиро ба кишвар равона кунанд. Гофил аз ин ки арабхо дусти Омрикоанд ва агар бихоханд суде хосил кунанд, бояд дастикам суди хаштракамй бошад, на шашракамй.

Дустии Омрико бо Арабистон хам рози нихоне нест. Пайвандгари ин дустй нафт аст. Ва хатто номи ширкати давлатии нафти Арабистон, ки соли 1980 тавассути давлати он кишвар харидорй шуд, хамчунон ArAmCo (Arab-American Company) аст. Ва то замони бурузи нооромихо, ки чахонро дар худ балъид, то соли 2003, Омрико дар Арабистон пойгохи низомии густардае дошт. Ин ки Омрико аз накзи хукуки башар дар Арабистон забон барбастааст, ба суде бармегардад, ки Вошингтун аз карордодхои нафтиаш аз ин кишвар дарёфт мекунад.

Тавофуки Зарифй бо шахзодахои араб дар бораи фиристодани 2000 точик ба Арабистонро навъе бардафурушии мудерн медонам. Дар гузашта бардахоро аз хар навъу миллате дар бозорхои вижа мехариданд. Акнун ин иттифок пушти мизхои гуфтушунуди диплумотик меуфтад. Дар ин руйдоди бахусус Точикистон дар накши бардафуруш ва Арабистон ба унвони бардадор хуб чилва карданд.

Мо факат хафт милюн танем. Ва давлате, ки аз мо намояндагй мекунад, нишон додааст, ки тавоноии нигахдорй аз хафт милюн танро надорад ва хатто мувофик аст, ки моро ба кишвархои дигар ба кимати ночизе бифурушад. 600 дулоре, ки дар Арабистон карор аст ба точикхо бидиханд, бахши ночизе аз пулест, ки як араби нодор мохиёна дарёфт мекунад. Аз ин ру худи арабхо хозир нестанд он шуглро бипазиранд. Пас номи он шуглро чи чизе мешавад гузошт гайр аз гадоию бардагй?

Оё давлат хозир аст масъулияти хамаи балохоеро, ки карор аст ба сари хаммеханони мо дар сарзамини араб биёяд, бипазирад? Оё дар ин бора хам санади вижае имзо шудааст?

Давлате, ки натавонист барои мардуми худ дар даруни кишвар шугл биофаринаду кор эчод кунад, давлате, ки мардуми худро ба хоричихо фурухт, дигар давлати миллй ба шумор намеояд. Ё бояд аз худ давлате миллй бисозад ё аз дарун бисузад ва ба давлате миллй мачоли зухур дихад.

"Мамлакат-ул-Ъарабият-ут-Точикия!"

Ва агар мачоли зухур ба давлате мардумй дода нашавад ё давлати кунунй хую хилкати бардаворашро бознигарй накунад, фардо бисёр дер хохад шуд. Фиристодани неруи корй ба кишвари вопасмондаи зехние чун Арабистон фардо барои ин давлат мушкилоти басо бузургтарро ба бор хохад овард.

Он чи то кунун аз андешаи сангвораии арабй дар шакли вахобияту салафия вориди кишвари мо шуда, он гох нахустин гулхои бахор, ё дар вокеъ, нахустин баргхои зарди поиз (тирамох) хохад буд.

Бегумон шуморе аз ин бардагони мудерн дар миёни бисоти сафари худ хиёлоти захрогини иртичоъи арабиро низ бо худ ба Точикистон хоханд овард ва салафияву вахобият Точикистонро ба сутух хохад овард. Ин иттифокест, ки бо кишвархое чун Индунезй ва Молдив уфтод.

То кунун хеч макоми араби саъудй ба хеч фарди бегонае кумак накардааст, магар ин ки тафаккури барбаронаи уро бипазирад ва дар хайъати як вахобй бозофаринй шавад. Шояд он вакт макомоти мо мачбур бишаванд бигуянд: "Ураххиби бикум фи-л-Мамлакат-ул-Ъарабият-ут-Точикия!"

Дар акс: Малик Абдуллох, фармонравои Арабистони Саъудй ва сарвари давлате, ки борхо дар арсаи байнулмилалй муттахам ба фасод шудааст. Зимнан, бар пояи чадвале, ки мачаллаи Economist чоп карда, кишвари ин око нухумин кишвари худкомаи чахон аст. Зохиран Economist ба ин муттахиди Омрико хеле лутф карда, вагарна истеъдоди кашида шудан ба макоми нахустро хам дорад.

2 comments:

Botur Kosimi said...

Бародари азиз, Дориюш!

Ин гузориши хеле дакику пурраву пажухишшудаатон боиси ахсант аст. Зиёд чизхоро аз корбари ва навиштахои шумо меомузем ва ба ин хотир хеле минатдорем аз фаъолияти пурсамаратон. Саломат бошед. Дар хизмати шумоем.

Зимнан, бо шумо хамфикрам, ки рафтани Точикон ба мардикории арабхои сауд пайомадхои зишт хохад дошт, вале он шояд бехтар аз шароити зисту муносибати манфуру сартарошидахои русия аст. Афсус, ки ин системаи давлатдории имрузаи Точикистон тавони бунёди корхонахои саноативу кишоварзи барои таъмини чойи кори ба мардуми кишварро надорад ва аксарият чораи дигарро ба чуз аз мухочирати кори намебинанд. Умедворем, ки холатро дигар кардан рузе насибамон гардад.

Худо мададгор!
Ботур Косими

D said...

Бародари арчманд, Ботур,

Мамнун аз изхори назар ва дидгохи лутфомезатон. Поянда бошед.

Комилан мувофикам, ки рохкор ё рохи халли бисёре дар пеши худ намебинем ва бардагии мудерн ё мардикорй осонтарин файсалаи мумкин аст. Аммо эй кош хамеша дунболи осонтарин рохкор намегаштем ва магзи худро ба чолиш мекашидем, то рохкорхои сахттаре хам бароямон осон шавад. Ва аз миёни худуди 200 кишвари чахон баргузидани Арабистони Саъудй, ки аз диди ман, дар зумраи бадтарин кишвархои чахон аст, шояд барои яке-ду сол мушкилгушои давлат шавад, аммо дар оянда хам сари ин давлатро хохад хурд, хам сари миллатро.

Ба умеди рузхои равшантар,
Д