Tuesday, August 25, 2009

Ascetic Tricks

Чилвахои зохидона

Дар яке аз торнигорхои мазхабй омадааст:

«Бидонед, ки Худои мутаъол мардуми букаламунсифатро душман дорад; яъне мардуме, ки хар дакикаву хар соъат ба як ранг хастанд ва садокат дар онхо вучуд надорад.»

Аммо шуморе аз букаламунсифатон, дар вокеъ, шумори касире аз онхо, хамоно бо барафроштани парчами мазхаб имруза ба худ ранге тоза задаанд ва чилвае мутафовит, чи басо мутазодд бо чилваи пешини худ ихтиёр кардаанд.

Яке-ду руз пеш аз дусте хоста будам, ки аз як устоди сохибкитоб дар Точикистон тафсиру таърифи ойини риндию чавонмардиро чуё шавад. 15 дакика садои он сохибкитобро, ки борхо дар ин бора рисолахо навиштаву чоп кардааст, бароям фиристод. Аммо пеш аз ирсоли садо гуфт, ки матлаб магзи малмусе надорад, то танхо хамон тиккаро бароям бифиристад. Пас аз ду-се дакикаи пахши навор садокати каломи дустамро дарёфтам.

Инсоне, ки дар гузашта талош мекард ойини риндиро ба унвони навъе исён дар баробари мазхаб ба хурди сардамдорони низоми кумунистй дихад, акнун ба зур мекушад хамон ойинро ба унвони шевае аз тачаллии диндорию мазхабгаройи муъаррифй кунад. Ба ин мегуянд, аз чола ба чох уфтодан. Ё ифроту тафрит (две крайности), ки аз Миёнгини Заррин (эътидол) беибо убур кардаву ба нихояте дигар расидааст. Дуст доштам он фарди сохибкитоб рубаруям бошад, ки бо хифзи адабу эхтиром ба у бигуям: На ба он шуриии шурй, на ба ин бенамакй. Мо ки шуморо хуб мешиносем, устод. Мо ки бо андешахои шумо ба хубй ошно будем. Холо чи чизе боъис шуда, ки тагйири 180-дарачайи дар мавзеъи шумо иттифок биуфтад?

Албатта, агар тагйир маъкул бошад, ба масобехи пуёйи ва такомул аст. Аммо тагйире, ки савор бар боди замона бошад, маъмулан номаъкул аст. Масалан, ин байти Хофизро, ки мегуяд:

Зохидон, к-ин чилва дар мехробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд

мо хамеша ба унвони намунае аз такбех ё сарзаниши зохидони риёкор мешинохтем. Акнун, ки ин фарди сохибкитоб бо тагйири замона ё дар вокеъ, вижагихои макон аз як гуша ба гушае дигар частааст, мегуяд, манзури Хофиз аслан ва абадан интикод аз зохидон набудааст, чунки зохидон хамвора поксиришт будаанд. Манзури Хофиз аз «он кори дигар» на коре хилоф, балки корхои риндонаву чавонмардонае будааст, ки зохидон ба дур аз минбару мехроб анчом медодаанд.

«Косаи догтар аз ош» ба ин нагуянд, ки ба чй ё кй бигуянд?

Руз ба руз ва беш аз пеш эхсос мешавад, ки чомеъаи ба нисбат равшанфикри Точикистон ру ба сарзамини ибхомоти мовароуттабиъа мегузорад, бидуни ин ки далели муткану устуворе барои ру тофтан аз сарзамини илму дониши аклонй дошта бошад. Гусастагии якбора ва бемукаддима аз дониш ва такрори тутивори суханони авом аз суи хавос марзи миёни ому хосро аз миён бурдааст ва бо чунин неруи «равшанфикр»-е ояндаи равшане барои ин чомеъа намебинам.

2 comments:

Адаш Истад said...

Дориюш!

Ман чунин олимонро кариб хар руз дар шабакахои телевизиони Точикистон мебинам. Ва дар ин бобат сад дар сад бо шумо хамфикр хастам. Онхо миллатро ба суи кучаи бунбаст рахнамои мекунанд.

D said...

Дакикан, окои Истади гиромй. Эй кош садои аклоният аз ин пуписахои кудакона ва чохилона натарсад ва хамвора гуррандатар аз пеш баланд шавад ва нагзорад, ки чахони кучаки мо ба зулмати садахои миёна баргардад.