Ахиран Мехдии Каррубй – аз номзадхои муътариз ба натичахои интихоботи Эрон бо ирсоли номае ба Акбар Хошимии Рафсанчонй – раиси Мачлиси Хубрагон хостори тахкики шоеъот дар бораи тачовуз ба духтарону писарон дар боздоштгоххо шуд.
Вай дар ин нома аз чумла навиштааст:
«Иддае аз афроди боздоштшуда матрах намудаанд, ки бархе афрод ба духтарони боздоштй бо шиддате тачовуз намудаанд, ки мунчар ба эчоди чарохот ва порагй дар системи таносулии онон гардидааст. Аз суи дигар, афроде ба писархои чавони зиндонй бо холате вахшиёна тачовуз кардаанд, ба тавре, ки бархе дучори афсурдагй ва мушкилоти чиддии рухию чисмй гардидаанд ва дар кунчи хонахои худ хазидаанд.»
Матни зер навиштаи торнигори «Мулло Хасанй» аст, ки ба хамин мавзуъ ихтисос дорад.
***
Ду ракъат тачовузи чинсй
به دبيرۀ پارسی
Агарчи тачовузи чинсй ба зиндониён ва боздоштшудагон мавзуъи тозае нест, вале ин ки аз он ба унвони хурд кардани шахсияти зиндонй ва эътирофгирй истифода шавад ва табдил ба як шева ва рохкори мукобила бо мухолифон гардад, вокеъан як мусибат аст.
Ман хамеша ин нуктаро гуфтаам, ки катлу чурму чиноят дар хама чо хаст ва мумкин аст аз хар одами одию маъмулй сар бизанад. Вале торих гувох аст, ки катлу чурму чинояте, ки ба номи мазхаб ва барои хушнудии Худо сурат мегирад, бисёр хавлноктар ва вахшиёнатар аст. Ин аст, ки дар номаи Мехдии Каррубй ба ин нукта ишора шуда, ки ба зиндониёни чи марду чи зан ба сурати чамъй ончунон тачовуз мешавад, ки порагии андоми тахтонии онхоро дар пай доштааст.
Фикр накунед он мавчудоти инсоннамое, ки муртакиби чунин чиноятхое мешаванд, аз кураи Миррих омадаанд ё, масалан, аъзои Хизбуллохи Лубнон ва Хамос ва сарбозони рус хастанд, ки инчунин вахшиёна бо хамватанони мо рафтор мекунанд. Хайр, инхо хамон бародарони посдори (инкилоби исломии) худамон хастанд. Хамонхое, ки як ман риш доранд ва шабхои чумъа дуъои Кумайлашон тарк намешавад ва рузхои чумъа дар дуъои нудба ончунон дар фироки «Око» («имоми замон») гиря мекунанд, ки сураташон аз шиддати ашк хис мешавад. Инхо хамон касоне хастанд, ки мавкеъи мувочеха бо як хонуми бадхичоб, ки, масалан, русариаш каме аз хадди стондорд акибтар рафта, фавран сарашонро ба зер меандозанд ва «астагфуриллох» мегуянд. Касоне муртакиби ин тачовуз шудаанд, ки дар мохи рамазон руза мегиранд ва дар шабхои Ахё ба даргохи Худо зачча мезананд.
Албатта, намехохам бигуям, хар кас руза бигирад, хатман даст ба чунин чинояте мезанад. На, манзурам ин аст, ки он гох ки мазхабу шаръу ризои Худо ва намояндаи Худо пушти як чиноят карор мегирад, шиддати чиноят хавлноктар ва вахшиёнатар аст.
Инхо аз шигифтии торих ва эъчози тадохули дин дар сиёсату кудрат аст. Бидуни шак, бузургону рахбарони ин чиноятпешахо ба онхо чароги сабз медиханд, ки агарчи зинову лавот (хамчинсбозй)-у катл аз гунохони кабираанд, вале он чо ки пои хифзи низоми ислом ва вилояти факех ба миён меояд, хамаи ин корхо бар шумо халол ва балки вочиб мешавад. Лобуд ба инхо гуфтаанд: «Бигиред ин фалон-фалоншудахоро чунон тартибашонро бидихед, ки аз хичолат натавонанд аз хона берун биёянд ва дигар хаваси тазохуроту эътироз ба макоми шомихи вилоят (Хоманайи)-ро накунанд. Хисобй бизанед, бикунед, бикушед, то низом пойдор бимонад!»
8 comments:
Ин режим бидуни шак зиддиинсонист ва мардуми огохи Эрон рохе дигар чуз расидан ба пирузии худро интихоб нахохад кард. Аммо ончи маро бештар аз хама норохат месозад ин бетаваччухии равшанфикрони гафлатзадаи Точикистон ба руйдодхои Эрон, балки худи кишварашон аст.
Руйдодхои пешоинтихоботии Афгонистон ва рохандозии "мавчи обй" тавассути пуишгарон (мубаллигон)-и дуктур Абдуллох нишон аз таъсирпазирии мардуми он кишвар аз чунбиши чомеъаи мадании Эрон аст. Ва аз бедории пуёии мардуми Афгонистон гувохй медихад. Аммо ба ростй, Точикистон гуё дар сайёраи Хобу Хиёлу Рихват аст, ки аз бокии чахон хазорон соли нурй фосила дорад.
http://www.youtube.com/watch?v=izz0AjPaWK4&feature=related
it is difficult to believe in such horrible things...Allah will punish these animals...
F
Yet sadly it is true. I have met some of those victims personally and most of them are too ashamed to disclose their pain. And the aunt of a friend of mine had been raped before being executed since she was a virgin and the authorities didn't want her to ascend to heaven. This harmful and utterly barbarian ideology deserves termination. They should be punished here, in this world, by human mortals.
Нафрин бар ин шариати вахшиёна:
http://www.youtube.com/watch?v=c-PhRjfdpz0
Do not blame the Shari'a. All these things are very far from real Islam. The people who does such things are not Muslims, they have not religion, race, nation and culture....They are not humans, they are animals...
And it is very sad that such things are common everywhere in the world, even in the West.
I agree that in the West it is more easier to punish such animals, but anyway, it shows that the religion shouldnt be blamed for the things are done by some animals who call themselves the follower of those religions...
F
These atrocities are a part of Iran's Islamic law called sharia, no matter how much we detest them. And Western countries do not practice this kind of medieval punishments with their own people. They've left them in the past.
dustan e hamzaban e tajik! dorud! besyar barayam jaleb bud ke tavajjoh e shoma be akhbar e iran ra didam. man yeki az shaeran e iran hastam ke behamrah e dustanam talash darim ta ba javanan e hamzaban e tajik ertebat va ashnaei e bishtari dasgte bashim. khoshhal mishavam agar be weblog e man sar bezanid va peygham begozarid.
rezavahhab.blogfa.com
Post a Comment