На 9 (39%)
Оре 13 (56%)
Шояд 0 (0%)
Намедонам 1 (4%)
Votes so far: 23
Poll closed
Дар бораи назарсанчии ин хафта аз дусти беноме дар Точикистон паёми зерро дарёфт кардем:
«Тархи думболадор аслан барои мо, ки сафхаи шуморо як бор боз намуда ва зуд интернетамонро хомуш намуда онро мутолиа менамоем, писанд нест.
Аз ин ру хохиш мекунем, сомонаро дар шакли аввалаш баргардонед! Барои камбагалон!»
У дар идома тавзех дод:
«Дар Точикистон хастам ва интернете дорам, ки соаташ як долари амрикоиро ташкил медихад. Шояд 1 долар соате барои шумо хандаовар, аммо барои мо дардовар аст. Барои ин субх ман тамоми сафхахои интернетиро дар муддати дах дакика боз мекунам ва зуд интерентамро хомуш менамоям ва о сафхахаои бозшударо мутолиа мекунам. Ташаккур!»
На, дусти азиз. Хеч хам хандаовар нест ва ба ростй, як дулор дар соъат барои мо хам гарон тамом мешавад. Дар Бохтарзамин интизор меравад Интернет хатталимкон арзонтар ё хатто дар чойхое ройгон шавад, ба монанди дигар мояхточи зиндагй чун об. Ва касе хозир нест дар хонааш дар киболи як соъат истифода аз Интернет як пунд ё хатто як дулор бипардозад. Кимати Интернетро дар ин чо мохона хисоб мекунанд, ки ба маротиб арзонтар аст.
Ба хар хол, ба ин дуст дар Точикистон кавл дода будам, ки барои тархи сафхаи Як Дарвеш рохи севуме пайдо кунам, ки хам лаъл ба даст ояду хам ёр наранчад. Ва зохиран пайдо шуд. Аз ин ба баъд матолиби тозаи Як Дарвеш дар шакли комил барои чанд руз бокй мемонад ва танхо бо интишори яке-дуто матлаби тоза «дунболадор» мешавад; яъне руи сафхаи аслй танхо унвон ва чанд чумлаи нахусти матлаби кухнаро хохед дид. Хамон иттифоке, ки бо матлаби "Писаре эронй..." уфтод. Аммо ин иттифок замоне меуфтад, ки хамаи хамрохони Як Дарвеш дар Точикистон фурсати хондани тозатарин матлаб руи сафхаи аслиро дошта бошанд.
Сипос аз хамрохитон,
Як Дарвеш
2 comments:
ташаккури зиёд бародари азиз! Ин пешниход кобили кабул аст. Зеро ман хар сахар як бор ба сафхаи шумо сар мезанам.
Ташаккур!
Поянда бошед, Беноми гиромй! Пузиш аз ин ки Беном хитоб мекунам, чун номи худро нанавиштед.
Бо арч,
ЯД
Post a Comment