Thursday, March 11, 2010

Let's Gladden Rudaki

Рӯдакиро шод кунем

(Дар ҳошияи навиштори «Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад»-и Умеди Ҷайҳонӣ)

Имрӯз тибқи ваъда ба баррасии навиштаи хуби Умеди Ҷайҳонӣ мепардозем, ки ҳанӯз ба сар нарасидааст ва Умеди гиромӣ дар ҳоли тадвини бахши ниҳоии он ҳастанд, то дар шакли як навиштори ҷомеъ дар нашрияҳои Тоҷикистон чоп шавад.

Барои эъҷози калом талош мекунам ба нукоте бипардозам, ки дар бахши дувуми ин матлаб омада; бахше, ки ҳовии пешниҳодҳое бас писандида дар мавриди забони корбурдии мову шумост. Мусалламан, тасаввури ман ин аст, ки хонандаи Як Дарвеш дидгоҳҳои ноқобили манро пас аз хондани навиштори Умеди Ҷайҳонӣ мурур хоҳад кард, то асли мавзӯъро дарёбад.

Умеди Ҷайҳонӣ «Шоҳнома»-ро ба зоднома ва “Тоҷикон”-ро ба шиносномаи мо монанд кардааст, ки ташбеҳест бисёр баҷо. Чун яке ба решаҳои мову тамаддуни мо пардохта ва дигарӣ сарнавишти кунунии моро тавсиф мекунад. Дар ин миён ҷои гузарнома (загран. паспорт) холист, ки ба бовари ман, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавист, ки дар ҳар гӯша аз ҷаҳон дари дили бегонагонро ҳам ба рӯи мо мегушояд (ва зимнан, пурфурӯштарин китоби шеър ба забони инглисӣ дар Омрикост). Танҳо ба шарти он ки ин гузарнома дар дастамон (яъне каломи Мавлавӣ дар қалбу зеҳнамон) бошад.

Умеди гиромӣ бадурустӣ забони моро набераи забони порсӣ медонад, ки бино ба арзёбии ман, манзур “порсии бостон” аст. Чун ҳамин имрӯз ҳам забони аксарияти мардуми Тоҷикистон чизе ба ҷуз порсӣ нест. Номи расмӣ моҳияти чизеро тағйир намедиҳад ва бештар барои худфиребӣ ва мардумфиребӣ аз сӯи сиёсатмардон ба кор меравад. Шояд шуморе ба иштибоҳ он нуктаро иддаъои ҷудоии забони мо аз забони порсӣ талаққӣ кунанд, ки мутмаиннам манзури Умед набудааст. Аз ин рӯ шояд бо афзудани сифати “бостонӣ” дар паи “порсӣ” битавон ин сӯитафоҳумро рафъ кард.

Яке аз муҳимтарин нукоти навиштори Умеди Ҷайҳонӣ ба шарҳи зер баён шудааст: “Баррасии номгузории ниҳодҳои кишвардории Тоҷикистон чунин натиҷа медиҳад, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, монанди ному нишони расмияш, танҳо 85 сол аз пешинаи 2500-солаи кишвардории мардуми тоҷикро бозтоб медиҳад.” Ва аз устод Шакурӣ нақли қавл шуда, ки “дар забони форсӣ вожаҳое чун кишвар, устон, шаҳристон, деҳистон, анҷуман, девон, додгоҳ, додгустарӣ, додситонӣ ва ҳазорони дигар ҳар кадоме гӯё як санади таъриханд, ки аз гаҳи бостон дар миёни мардуми тоҷик вуҷуд доштани мафҳумҳои муҳимми кишвардорӣ ва тамаддуни олиро гувоҳӣ медиҳанд”. Ин нукта мағзи матлаб аст ва таваҷҷуҳи жарфу дақиқи масъулони амрро мехоҳад.

Рӯйкарди кунунии сардамдорони кишвар ба мақулаи забон ба рафтори подшоҳе мемонад, ки ёдаш рафтааст дар ганҷина чи миқдор зару сими фаровон дорад ва худро маҷбур ба дарюзагарию гадоӣ медонад. Вожаҳое аз қабили “суд”, “судя”, “прокурор”, “прокуратура”... чунон тасаввуреро эҷод мекунанд, ки мо дар торихамон ҳаргиз вожаи “дод”-ро нашунида будем ва аз додрасу додгоҳу додвару додситон ҳаргиз хабар надоштем, то русҳо ба додамон расиданду ин мафҳумҳоро барои мо ба армуғон оварданд. Ки тасаввурест ғалат ва ношӣ аз зеҳни истикборзадаву бардахӯёна ва худношинос.

Умеди Ҷайҳонӣ дар тасвири воқеъияти талхи имрӯз мегӯяд: “Аз он пешинаи кишвардории чандҳазорсола бо ҳама девону дафтару истилоҳоти кишвардорӣ ва тамаддуни олӣ дар забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ асаре нест.” Аммо ин воқеъиятро метавон бо андаке пайкори фарҳангӣ ширин кард ва навиштори Умед ҳамин ҳадафро дорад. Ба қавли Саъдӣ:

Куҳан ҷомаи хеш оростан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.

Талхтар ин ки саворони қудрат ба дараҷае аз худбохтагӣ суқут кардаанд, ки “додгоҳ”-у «додрас»-у «додситон»-у ғайраро бегона медонанд ва “суд”-у “судя”-ву “прокурор” барояшон худитар аст. Агар китоби дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ро, ки дар замони шӯравӣ чоп шуда буд, бо заррабин ҳам бигардед, аз истилоҳоти мавриди алоқаи онҳо нишоне намеёбад. Дар ҳоле ки “додгоҳ”-у «додрас»-у «додситон» аз беху бун порсӣ (тоҷикӣ) аст ва дар ҳамаи фарҳангҳо қобили радёбист. Пас мантиқ нест, ки мавзеъи давлатмардони моро таъйин мекунад, балки худбохтагӣ, кавдании забонӣ ё забоннафаҳмӣ ва фармонбардории ирсӣ аз бегонагон аст, ки онҳоро дар он сӯи сангар ва алайҳи забони мо қарор додааст.

Тақрибан ҳамаи пешниҳодҳои Умеди Ҷайҳонӣ барои ҷойгузинии истилоҳоти кишвардориро меписандам. Аммо изҳори назари яке аз хонандагони Як Дарвеш, ки ба ҷои Конститутсия (сарқонун) “бундод”-ро пешниҳод кард, ба назари ман, писандидатар аз “ойиннома” аст. “Бун” ба маънои реша ё поя ва “дод” ба маънои қонун, ки зомини додгарист, гузинае ба маротиб беҳтар аз вожаи ғариби “сарқонун” аст. Гузашта аз ин, бо истифода аз ин вожа метавон сифати “бундодӣ”-ро ҳам сохт ва аз шарри истилоҳи носуфтаи “конститутсионӣ” роҳат шуд (масалан, қонуни бундодӣ).

“Ойиннома”, бо ин ки дар адабиёту торихи мо роиҷ будааст, мавридҳои бештари корбурд дорад ва вижаи як мафҳум нест. Ойиннома метавонад мутаъаллиқ ба як ширкат ё созмон ё ҳизб ҳам бошад. Дар ҳоле ки “бундод” метавонад мухтасси як мафҳуми воҳид бошад, ки аз шартҳои истилоҳсозӣ барои риштаҳои тахассусист. Ба вижа забонҳои пешрафтаи фарангӣ дар ин замина бисёр комгоранд ва барои истилоҳоти илмию ҳуқуқишон вожаҳоеро сохтаанд, ки танҳо як мавриди корбурд ва як мафҳум дорад, то диққати калом ҳифз шавад. Аз сӯи дигар, сохтани сифати “конститутсионӣ” бо иборати “ойинномаи кишвардорӣ” шуданӣ нест.

Корбурди вожаи “анҷуман” ба ҷои “маҷлис” (палатаи порлумон) ҳам бисёр пешниҳоди хуб аст ва моро аз сардаргумӣ дар талаффузи истилоҳоти масхарае монанди “Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ” ва “ду маҷлиси Маҷлиси Олӣ” наҷот медиҳад. Аммо дар ин маврид ҳам маҳдудияти ёдшуда (таккорбурдӣ будани истилоҳ ё як корбурди воҳид доштани он) монеъ аз пазириши бечунучарои ин пешниҳод мешавад. Чун вожаи “анҷуман” имрӯза ҳам корбурди густардае дорад ва аз ҷумла ба “ассотсиатсия” ё “ҷамъият” маъмулан “анҷуман” ҳам мегӯянд. Яке аз се шохаи ҳукумат наметавонад номе дошта бошад, ки садҳо ниҳоди дигар ҳам доранд, ҳатто агар ба он пасванду сифат биафзоем.

Пешниҳоде, ки ҳамин ҳоло ба зеҳнам мерасад (ва шояд ин ҳам ниҳоӣ набошад), вожаи “ҷарга” аст, ки вожаест порсӣ ва акнун дар забони пашту корбурди фаровоне дорад (Луи ҷирга, вулуси ҷирга...). “Луғатномаи Деҳхудо” ҳам онро порсӣ медонад ва дар тавзеҳаш аз фарҳангҳои дигар чунин нақл мекунад:

Ҷарга – ҳалқа задан ва саф кашидани мардум ва ҳайвоноти дигар (Бурҳон); саф кашидани анбӯҳи мардум (Ғиёс-ул-луғот); ҳалқа, ҳавза, ҷарға, маҷмаъ, ҷамоъат, маҳфил...

Сарвари ҷаргаи шоҳони ҷаҳон, шоҳи Наҷаф
Сафдари маъракаи шердилон, шери Худо (аз Онандроҷ).

Фикр мекунам, истифода аз “ҷарга” ба ҷои “маҷлис” (Ҷаргаи Намояндагон, Ҷаргаи Миллӣ) муносиб бошад. Ҳамхонии он бо истилоҳоти мушобеҳ дар Афғонистон низ омили дилгармкунандаест.

Барои ҷойгузинии вожаи “Маҷлис” ба маънои порлумон ман ҳам ба тарафдорӣ аз “Меҳистон” раъй медиҳам, ки бино ба “Луғатномаи Деҳхудо”, “маҷлисе буд, ки подшоҳони Ашконӣ барои идораи умури мамлакат бо аъзои он машварат мекарданд”. Ҷолиб ин ҷост, ки Меҳистони ашконӣ ҳам ду ҷарга (палата) дошт: маҷлиси хонаводагӣ аз зумраи мардони хонаводаи салтанат ва маҷлиси муташаккил аз мардони пиру озмуда ва рӯҳониёни баландпояи қавми порт. Таркиби вожа ҳам ки мафҳум аст ва бунвожаи он (“меҳ”) дар порсии навин ҳам ба маънои “бузургтар” ва “бартар” корбурд дорад. Яъне “меҳистон” дорои пешинаи торихист ва арҷаҳтару беҳтар аз ҳар пешниҳоди дигар аст, чун гӯёи суннатҳои кишвардории мост. Ба “раиси порлумон” ҳам мешавад гуфт “меҳтар” чун ба ростӣ мақомаш меҳтару бартар аз дигар намояндагони Меҳистон аст.

Бо пешниҳоди Умеди Ҷайҳонӣ барои вожаи ҷойгузини “президент” мувофиқам. “Кишвардор” пешинае торихӣ дорад ва бо маънои “президент” ҳам созгор аст. Истилоҳи тозии “раиси ҷумҳур” як иборат аст, на як вожа ва дар шигифтам, ки чаро то кунун касе дар Эрон ба фикри тағйири он науфтодааст. Гузашта аз ин, “раис” метавонад дар раъси ҳар ниҳоди дигаре ҳам бошад. Аз ҷумла “раиси колхоз”.

Дар гузашта ба ин пиндор будам, ки ба ҷои “президент” аз вожаи “хусрав” кор бигирем. Аммо бо таваҷҷуҳ ба нуктае, ки қаблан ҳам зикр шуд (таккорбурдӣ будани истилоҳ), “хусрав” муносиб нест, чун он вижаи тоҷдорон будааст, ки гунае аз кишвардоронанд. Истилоҳи паштуи “вулусмашар” (ولسمشر) барои “президент” ҳам таркибе ҳамонанди “кишвардор” дорад.

Ин андешаҳоро шитобон навиштам, то хулфи ваъда накарда бошам. Бегумон, бар сари ҳар нуктаи он мешавад боз ҳам баҳс кард ва ба бароянди беҳтаре расид.

9 comments:

Набиюллоҳи Суннатй said...

Андеша ва пешниҳоди олӣ. Аммо маҳол аст, ки ин ҳукумати «конститутсиюнӣ» чунин машварати олиро ба кор бигирад. Чун ин ҷо худкомагон зиёданд.

Anonymous said...

درورد به آقای رجبیان عزیز
ببخشید من طی ایمیلی چند سوال از شما پرسیدم که البته این ایمیلم مربوط به یکی دو هفته قبل است.
چون وبلاگتان حدود دو هفته بروز نشد با خودم گفتم احتمالا سرتان شلوغ است. خوشحال مشوم به آن سه سوال جواب بدهید .
قربان شما ، محمدحسین
( بابت کامنت بیربط به متن هم عذرخواهی میکنم )

D said...

محمد حسين گرامی، درود بر شما

پوزش از ديرکرد بی شرمانه. به راستی، برای مدتی از اينترنت و رايانه دور بودم و پيام شما را همچنان در ميان ده ها پيام ديگر از عزطزان می بينم که به تدريج دارم به يکايکشان پاسخ می دهم. تلاش می کنم در زودترين فرصت پاسخ پرسش های شما را نيز بدهم، محمدحسين فرزانه

با ارج
د

Anonymous said...

قربان محبت شما بروم آقای رجبیان عزیز . از اینکه همیشه ی خدا مزاحم شما می شوم پوزش میخواهم
محمدحسین

D said...

دوست خوبم محمد حسين جان. برای پرسش نخستت لطفاً به پيوند زير سر بزن، ببين به دردت خواهد خورد يا نه:

http://architect-tj.com/tojiki/

2. راستی، تارنمايی را نديدم که متن آهنگ های تاجيکی را منتشر کند. اگر به چشمم خورد، خواهم گفت. ولی اگر چيز بخصوصی هست که متوجه نمی‌شوی، بفرما. شايد بتوانم کمکت کنم.

3. در پارسی محاوره‌ای تاجيکستان "را" شکل‌های گوناگون دارد، اما شکل‌های اصلی آن "اَ" يا "ره" در جنوب و "اَ" يا "يه" در شمال است. برای نمونه، "کتابه گيريد" (شمال)؛ "کتابه بگيرين" (جنوب) و "خدايه می‌شناسی؟" (شمال)، "خداره می‌شناسی؟" (جنوب).

اما اگر می‌خواهی آهنگ‌های تهرانی را به سيريليک برگردان کنی، همان "رو" بهتر است. چون آنانی که به موسيقی تهرانی (ايرانی) علاقه دارند، با "رو" آشنااند.

کامروا باشی، دوستم

Умед Ҷайҳонӣ said...

Дуруд бар бузургвор Дориюш ва ҳамандешону ҳамдилонамон бод!
Хушнудам, ки навишторам хушатон омадааст ва сипосгузорам, ки назари худро бо ман дар миён гузоштаед.
Нахуст бояд гӯям ки Дориюш ба дурустӣ дарёфтаанд, ки манзури ман аз “забони порсӣ” дар он пора аз матн “порсии бостон” аст. Афзун бар ин забони мо фарзанди порсии миёна низ хаст, ки худ фарзанди порсии бостон буд.
Дар бораи ҷойгузинии вожаҳои “суд”, “судя”, “прокурор”, “прокуратура” бо муъодилҳои порсияшон “додрас”, “додгоҳ”, “додвар”, “додситон” дар бахши севуми навиштор баҳсе муфассал хоҳем кард.
Аз вожаи пешниҳодии "бундод" маро ҳам хуш омадааст. Вожаест зебо ва зоё. Шояд аз он битавон хӯшавожаҳое низ сохт. Аммо ин вожа барои мардум чандон ошно нест ва маънии дигареро ба ёд меорад. Чунин вожае бо ҳамин рехт аз гаҳи бостон дар забонамон буда ва ҳамон аст, ки имрӯз “бунёд” ва “бунлод” гӯем, ки бозмонда аз порсии миёнаи “*bun-dād” ва порсии бостони “*budna-dāti-” аст. “Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ” маънии "бун"-ро “поя, асос, шолуда, асл” оварда, ки ҳануз ҳам дар маънии “реша, беху бун” корбурд дорад. Аммо "дод" имрӯз дигар маънии аслияшро, ки "қонун" буд, тақрибан аз даст дода (дар порсии миёна ҷояшро вожаи “ойин” ва дар форсии нав “қонун” гирифтааст) ва бештар дар маънии “адлу адолат” ба кор меравад. Ҳамин маънист, ки дар истилоҳоти “додрас”, “додгоҳ”, “додвар”, “додситон” ҳувайдост. Аз ин рӯ “бундод”-ро ҷойгузини “қонуни асосӣ” кардан душвортар ба назар мерасад. Шоёни ёдоварист ки қонуни асосии Покистонро “Ойини Покистон” мегӯянд. Дигар ин санади асосии ширкату созмону ҳизбро маъмулан “асоснома” меноманд.
Дар бораи корбурди вожаи “анҷуман” ман бар ин назарам, ки нахуст бояд дид, ки ҳар вожае дар забони худамон чӣ маъние дошта ва сипас бингарем, ки ба дигар забонҳо чигуна тарҷума шудааст. Нахустин маънии “анҷуман” “ҳамоиш” буда умуман ва “ҳамоиши сарону меҳтарон” хусусан. Мушобеҳи он дар санскрит “sanjamana” аст ва ҷолиб аст ки “сенат” (аз лотинии «senātus» ва бозмонда аз «senex» ба маънии «пирамард») низ ҳамин маъниро дорад, яъне “ҳамоишу шӯрои пирону меҳтарон”. Яке аз ду маҷлиси Ашкониёнро ҳам “Маҳиштен Анҷуман” мехонданд ва “маҳишт” аз порсии бостони “mahišta-“ аст ба маънии “бузург” ва “меҳ” бозмонда аз он аст. Аммо “ассотсиатсия” ва “ҷамъият” вомвожаҳое ҳастанд, ки дар замони нав ҳамчун муъодили “анҷуман” ба кор рафтаанд. То 15-20 сол пеш “съезд”-ро ҳам (хусусан съездҳои КПСС-ро) “анҷуман” тарҷума мекарданд. Аммо ҷирга (ҷарга/ҷарға) вомвожаест туркӣ-муғулӣ ва “вулус” низ ҳам, ки бозмонда аз “улус” аст.
Шоду пирӯз бошед!

D said...

Умеди гиромй. Дуруду сипоси дигарбора.
Дар мавриди "бундод" ҳамчунон бар ин боварам, ки муносибтар аз ойин аст. Дақиқан ба ҳамон далеле, ки фармудед: дар миёни мардум роиҷ нест. Constitution ҳам дар миёни мардум роиҷ набуд ва вақте аз як забони мурда берун омаду дар забонҳои зинда ба кор рафт, танҳо як мавриди истифода дошт ва дорад. Корбурди "бундод" ҳам метавонад ҳамин ҳолатро дошта бошад. Ҳамреша будани он бо вожаи "бунёд" ҳам монеъе нест. Ҳастанд вожаҳое, ки дар гузашта як ҷӯр талаффуз мешуданд, аммо рафта-рафта шоха-шоха шуданд ва ҳар талаффузе маънои вижаи худро пайдо кард. Ба монанди "биҳишт" (vahišta), ки дар порсии бостон ба маънои "беҳтарин" буд, акнун ба маънои "ҷаннат" аст ва вожаи навтари "беҳтарин", ки аз ҳамон реша бармеояд, ҷои онро гирифтааст.

Дар мавриди "ҷарга" мутаваҷҷеҳ набудам, ки муғулист. Сипос аз тазаккур. Манзурам аз ишора ба "вулус"-и пашту танҳо муқоисаи маъноӣ буд. Аммо "анҷуман"-ро ҳамчунон таккорбурдӣ намедонам. Ҳарчанд дар ин мавриди бахусус метавон аз таккорбурдӣ набудани истилоҳ сарфи назар кард, чун "анҷуман" ба танҳоӣ ба кор намеравад (барои намунаи "Анҷумани Намояндагон").

Ва сипос аз ёдоварии “Маҳиштен Анҷуман”-и Ашкониён. Дуруст аст, mahišta дар порсии бостон ба маънои бузургтарин будааст (ба монанди беҳ ва биҳишт) ва бо вожаи "maha"-и сонскрит ва ҳиндии муъосир ва "mega"-и юнонӣ ва ҳамреша аст.

Умед Ҷайҳонӣ said...

Дуруду сипос бар бузургвор Дориюш!
Шумо рост мегӯед, ки мардумошно будан яке аз муҳимтарин шартҳо дар вожагузинӣ аст. Дареғо, ки мардумамон бо забонаш чандон ошно нест, вагарна ҳазорон дурру гавҳари дарёи забони порсӣ аз нодонии забонварон зери об намемонду хасе ҷояшонро намегирифт...
Пештар ҳам гуфта будам, ки аз вожаи “бундод” хушам меояд. “Луғатномаи Деҳхудо” “бундод”-ро исми мураккабе ба маънии “бунёд; бунлод; асос; асли ҳар чизе” овардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин маъниҳо ва азбаски Қонуни Асосӣ олитарин санади ҳуқуқӣ ва роҳнамое барои танзими дигар қонунҳо дар ҳар кишваре ҳаст, ин санадро маҷозан метавон “Бундод” номид. Онгоҳ Суди конститутсиониро мешуд “Додгоҳи бундодӣ” номид...
Ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба маънии “анҷуман” ин вожаро метавон исми хосс барои маҷлиси қонунгузор интихоб кард. Чунон ки порлумон дар Эрон “Маҷлиси Шӯрои Исломӣ” ва дар Афғонистон “Шӯрои Миллӣ” ном дорад. (Маҷлиси Шӯрои Милии Афғонистон ду бахш дорад: яке “Вулусӣ ҷирга” ва дигаре “Мишрону ҷирга”, ки номҳое паштуниянд ва аввалӣ “Маҷлиси намояндагон” ва дувумӣ “Маҷлиси мӯйсафедон (ё бузургон)” маънӣ доранд). Инро ҳам бояд гуфт, ки маҷлиси дубахшӣ хосси кишварҳои федеролист ва кишвари моро ҳамон як маҷлис бас буд ва мешуд онро кутоҳу зебо "Анҷумани Намояндагон" ё “Меҳанҷуман” номид, ки муоъдили порсии истилоҳи “Маҷлиси Олӣ” метавонад буд.
Мардумошно набудан ҳам ба назарам аз он мушкилоте нест, ки осон нашаванд. Бист сол пеш вожаҳое чун ҷумҳурӣ, донишгоҳ, ҳавопаймо ва садҳо дигарро ками касон медонистанд, аммо акнун ҳама медонанд. Рост аст, ки мардумро намешавад водор кард то вожаҳои навро ёд гиранд. Аммо корбурди ин вожаҳо дар коргузории расмии кишвар ва такрори рӯзафзунашон дар расонаҳои ҳамагонӣ ин истилоҳотро дар гӯшу ҳуши мардум ҷойгир хоҳад кард. Аз яҳудиён хушам меояд, ки забони мурдаи дуҳазорсоларо зиндаву зоё карданд. Шояд мо ҳам тавонем чанд вожаеро зиндаву зоё кунем...
Шоду пирӯз бошед!

D said...

Ҳамнавоям, Умеди фарзона. Комилан дуруст аст. Вожаҳои "артиш"-у "сипаҳбуд"-у "падофанд"-у ғайра ҳам ба ҳамин шева дар Эрон зинда шуданд ва аз бас дар забони рӯзмарра такрор шуданд, сари забонҳо уфтоданд ва акнун барои хоссу ом ошноянд. Ҳатман шуданист. Мушкиле нест, ки осон нашавад.