Guftugui khubu navori jolibe shudaast. Ofarin Doriyush! Az taloshhoi arzandai shumo bahri Vatan va millat hamesha siposguzorem.
Zimnan, nazaratonro pursidani budam, ki vaqti hamkori bo chunin rasonahoi khabari bo guishi Porsii Ironi yo Tojiki suhbat kunem behtar ast? Dark kardan mumkin ast, ki barodaroni Ironi ba lahjai adabii mo shavqi ziyod zohir namekunand, garchande dar lahjai khudashon kambudihoi bisyor oshkor ast.
Bisyor guftahoi jolib oidi Nawruz dar Tojikiston. Va umedvorem, ki in guftahoi ba gushu dili tamomi forsizabononi jahon roh meyoband va kishvari moro niz hamchun makoni in idi Buzurg Nawruz paziroi kunand.
Khonum Googoosh dar yak musohibai tozai khud guft, ki chand Nawruzro dar Dubai guzaronidaast ammo Nawruzi Eronro az hama beshtar dust medorad chun Nawruz moli mardumi forsizabon va sharq hast. Oyo shumo medoned khonum Googoosh kai Malikai Nawruzi diyori Tojikon meshuda boshad?
Ботури гиромӣ, зоҳиран натавонистаам ҳадафамро бадурустӣ баён кунам, ки боз ҳам паёми қаблитонро такрор кардаед. Суҳбат аз “намунаи беҳтарини гӯиши забони бузургамон” нест. Манзурам гӯиши меъёр аст, ки имрӯза хушбахтона ё бадбахтона, бино ба далелҳои равшану маълум гӯиши теҳронӣ гӯиши меъёри порсӣ арзёбӣ мешавад. Аммо ин ки мегӯед, “бояд тоҷикӣ ҳарф занем, набояд теҳронӣ ҳарф занем!” ҳолии ман намешавад. Яъне мантиқи “бояд!”-ҳо ва “набояд!”-ҳо дар заминаи фарҳангӣ корсоз нест. Ва дуруст ҳам нест. Ва ҳеч як аз мо ҳам ҳаққи судури як чунин дастурро надорем. Аслан ба ман чӣ ки шумо ба чи гӯише суҳбат мекунед? Ва ҳамин тавр баръакс. Ғурури беҳудаи “гӯиши ман беҳтар аст!” саранҷоме ҷуз инзивогароӣ надорад. Ҳамон гуна ки дар паёми қаблӣ ҳам гуфтам, такрор мекунам, ки бартар донистани гӯиши зодгоҳи худ нишонае аз маҳалгароист, ки ман онро шоистаи як равшанфикр намедонам. Алоқаву меҳр ба гӯиши модарӣ як чизи табиъист, аммо бартар донистани он ё таҳмили он бар дигарон аз завоҳири ҳисси носавоби маҳалгароист. Беҳтар аст ин ҳассосиятро дар мавриди афроде ба харҷ диҳем, ки забони бегонаро бар забони модарӣ тарҷеҳ медиҳанд. Агар манзури мо даст ёфтан ба иттиҳод аст, бояд аз занҷири маҳаллу гӯишҳо раҳо шавем ва ҳамаи гӯишҳои порсиро ҳамсон бидонем ва дар баробари ҳеч гӯише аз гӯишҳои бешумори забонамон (ки забони порсист, на тоҷикӣ) ҷабҳа нагирем. Шумо ҳам ҳатман ба ҳамон гӯише ҳарф мезанед, ки бароятон роҳаттар аст.
Аммо муҳимтар аз ҳама зоҳири гӯишҳо ва чигунагии талаффузи вожаҳо нест. Муҳим он аст, ки бо он гӯишу талаффуз мову шумо чи фикреро баён мекунем ва чи андешаи тозае тавлид мекунем. Имрӯза “забони адабии ҳозираи тоҷик” дар заминаи тавлиди андешаи нав ақим ё нозо шудааст. Чун забоне маснӯъист ва ҳанӯз дар чанги асароти русӣ (чи хатту чи дастур) даступо мезанад. Забонамонро бояд аз ин занҷирҳо раҳо кунем. Вагарна порсӣ ҳама ҷо порсист: чи дар Суғду Исфаҳон, чи дар Сарандебу Бангола.
9 comments:
Хеле хуб, аммо чаро хафт шинро фаромуш карди. Дар Ирони имруз хафт шин нест, аммо дар Точикистон хафт шин хамеша вучуд дорад!
Мамнунам, Беноми гиромй. Талош кардам гуфтахоям баёнгари вокеъиятхои мавчуд бошад, на навиштахо ё хостахо. Дар Точикистон на хафт син ва на хафт шин акнун хеле роич нест. Дар гузашта хафт шин хам доштем ва дар ин бора дар мусохибаам бо телевизюни Би-Би-Си чизхое гуфтам. Наврузатон пируз бод!
Guftugui khubu navori jolibe shudaast. Ofarin Doriyush! Az taloshhoi arzandai shumo bahri Vatan va millat hamesha siposguzorem.
Zimnan, nazaratonro pursidani budam, ki vaqti hamkori bo chunin rasonahoi khabari bo guishi Porsii Ironi yo Tojiki suhbat kunem behtar ast? Dark kardan mumkin ast, ki barodaroni Ironi ba lahjai adabii mo shavqi ziyod zohir namekunand, garchande dar lahjai khudashon kambudihoi bisyor oshkor ast.
Komyob boshed!
-- BK
Ботури гиромй, дуруду сипос.
Назари калбии ман дар бораи пурсишатон ин аст: хар он чи боъиси тафкику чудоии миллати азими порсигу мешавад, бароям хушоянд нест. Мухим забон аст, на гуиши он. Тасаввур кунед, ки аз як кулобй бихохед хатман ба гуиши хучандй сухбат кунад ё баръакс, ки кори дурусте нест. Гуиши техронй хам, ки имруза гуиши меъёри порсй дар Эрон ва берун аз он шуда, барои ман чойгохи гуиши кулобй ё хучандй ё самаркандй ё кулобй ё хиротиро дорад. Ва агар касе хам тарчех дихад ба гуиши машхадй ё исфахонй ё хиротй ё мазорй сухбат кунад, боз хам мушкиле надорам. Гуишхо намоёнгари махалхоанд ва махалгаройи бемории ичтимоъии чомеъахое чун Точикистон аст. Аммо мухим он аст, ки дидгоххоятонро ба чи гуише рохаттар баён мекунед. аз ин ру хурда гирифтан аз гуиши ину он паёми мусбате намедихад.
Дидам, ки зери бахси тулониамон дар бораи зуроварй ва нозуроварй назаре дигар гузоштаед. Сипос. Мехонамаш ва боз хам бо хам ба гуфтугу хохем нишаст.
Бокй, соле пур аз шодй пеши ру дошта бошед.
Salom Doriush,
Bisyor guftahoi jolib oidi Nawruz dar Tojikiston. Va umedvorem, ki in guftahoi ba gushu dili tamomi forsizabononi jahon roh meyoband va kishvari moro niz hamchun makoni in idi Buzurg Nawruz paziroi kunand.
Khonum Googoosh dar yak musohibai tozai khud guft, ki chand Nawruzro dar Dubai guzaronidaast ammo Nawruzi Eronro az hama beshtar dust medorad chun Nawruz moli mardumi forsizabon va sharq hast. Oyo shumo medoned khonum Googoosh kai Malikai Nawruzi diyori Tojikon meshuda boshad?
Anon 2
Дуруд бар Anon 2.
Сипос аз лутфатон.
Гугуш хатто пеш аз ин ки аз чанги макомоти Эрон рахо шавад, шахсан ба нависандаи ин сатрхо гуфта буд, ки мехохад пеш аз хама дар Точикистон кунсерт баргузор кунад. Аз хуручи Гугуш аз Эрон такрибан 10 сол мегузарад, аммо ба чуз аз шоеъаи сафари Гугуш ба Точикистон дигар чизе ба гуш намерасад. Шунидам, ки Гугуш нигарони наздикии макомоти Чумхурии Исломй бо Точикистон аст ва бим дорад, ки шояд хангоми сафараш иттифоке биуфтад. Аммо бовар дорам, ки рузе ин нигаронй бартараф хохад шуд.
Сипос барои посухатон, Дориюши арҷманд!
Аз таҷрибаи шахсиам мегуям, ки Форсии Теҳронӣ намунаи беҳтарини гуиши из забони бузург нест. Ман фикр мекунам, ки бародарони Иронӣ агар бо мо ҳамсуҳбат шаванд аз гуиши расмии худашон, ки ба онҳо роҳаттар аст, истифода кунанд боке нест. Вале, мо аз лаҳҷаи Форсии Тоҷикии адабии худ вақти суҳбат бо дустони Ирониву Афғону дигарон набояд даст кашем ва ба гуиши онҳо бигаравем. Форсии тоҷикӣ намунаи хубе ҳам аст, соддаву фаҳмову зебост, вале он маҳдуд гаштааст ва бояд бо дигар лаҳҷаҳои расмии кишварҳои ҳамзабон бештар ҳамоҳанг гардад ва инкишоф ёбад.
Зимнан, гуиши Истаравшанӣ аз Хуҷандиву Кулобӣ ба Форсии Тоҷикии адабии мо наздиктар ба назар менамояд. Ин барои маълумот. :-)
Пирузиҳо насибатон бод!
Ботур
Ботури гиромӣ, зоҳиран натавонистаам ҳадафамро бадурустӣ баён кунам, ки боз ҳам паёми қаблитонро такрор кардаед. Суҳбат аз “намунаи беҳтарини гӯиши забони бузургамон” нест. Манзурам гӯиши меъёр аст, ки имрӯза хушбахтона ё бадбахтона, бино ба далелҳои равшану маълум гӯиши теҳронӣ гӯиши меъёри порсӣ арзёбӣ мешавад. Аммо ин ки мегӯед, “бояд тоҷикӣ ҳарф занем, набояд теҳронӣ ҳарф занем!” ҳолии ман намешавад. Яъне мантиқи “бояд!”-ҳо ва “набояд!”-ҳо дар заминаи фарҳангӣ корсоз нест. Ва дуруст ҳам нест. Ва ҳеч як аз мо ҳам ҳаққи судури як чунин дастурро надорем. Аслан ба ман чӣ ки шумо ба чи гӯише суҳбат мекунед? Ва ҳамин тавр баръакс. Ғурури беҳудаи “гӯиши ман беҳтар аст!” саранҷоме ҷуз инзивогароӣ надорад. Ҳамон гуна ки дар паёми қаблӣ ҳам гуфтам, такрор мекунам, ки бартар донистани гӯиши зодгоҳи худ нишонае аз маҳалгароист, ки ман онро шоистаи як равшанфикр намедонам. Алоқаву меҳр ба гӯиши модарӣ як чизи табиъист, аммо бартар донистани он ё таҳмили он бар дигарон аз завоҳири ҳисси носавоби маҳалгароист. Беҳтар аст ин ҳассосиятро дар мавриди афроде ба харҷ диҳем, ки забони бегонаро бар забони модарӣ тарҷеҳ медиҳанд. Агар манзури мо даст ёфтан ба иттиҳод аст, бояд аз занҷири маҳаллу гӯишҳо раҳо шавем ва ҳамаи гӯишҳои порсиро ҳамсон бидонем ва дар баробари ҳеч гӯише аз гӯишҳои бешумори забонамон (ки забони порсист, на тоҷикӣ) ҷабҳа нагирем. Шумо ҳам ҳатман ба ҳамон гӯише ҳарф мезанед, ки бароятон роҳаттар аст.
Аммо муҳимтар аз ҳама зоҳири гӯишҳо ва чигунагии талаффузи вожаҳо нест. Муҳим он аст, ки бо он гӯишу талаффуз мову шумо чи фикреро баён мекунем ва чи андешаи тозае тавлид мекунем. Имрӯза “забони адабии ҳозираи тоҷик” дар заминаи тавлиди андешаи нав ақим ё нозо шудааст. Чун забоне маснӯъист ва ҳанӯз дар чанги асароти русӣ (чи хатту чи дастур) даступо мезанад. Забонамонро бояд аз ин занҷирҳо раҳо кунем. Вагарна порсӣ ҳама ҷо порсист: чи дар Суғду Исфаҳон, чи дар Сарандебу Бангола.
Салом бародар!
Инҷо такрори фикрҳоро намебинам. Мақсади гуфтор он аст, ки мо Тоҷикон вақти суҳбат бо бародарон аз Ирону Хуросон набояд аз гуиши порсӣ тоҷикии адабии худ парҳез намоем. Албатта, муҳим он аст, ки ҳамгироии порсизабонон рушд дошта бошад ва гуишҳои гуногун ба ҳам наздиктар гарданд, вале гуиши теҳронӣ беҳтарин намунае нест, ки ҳама зуд ба он бигаравем. Танҳо ба хотири он, ки гуиши теҳронӣ дар Ирон меъёр гаштааст оё мо ҳам бидуни назардошти бартариҳои (ҳатто камтар бошад ҳам) лаҳҷаи худ онро қабул фармоем? Дар асарҳои фарҳангиву фалсафии бузургонамон ва донишмандони гуногуни дунё истифодаи вожаи насиҳатӣ-машваратии "бояд"-ро фаровон метавон дарёфт намуд. Зиқ нашавед, ин гуна гуфтор фақат маънои дастур доданро надорад ва ман ҳам чизеро ба шумо фармудан лоиқи худ намебинам, балки ҳамчун дуст инҷо андеша ва маслиҳати худро пешниҳод дорам.
Хуб, агар маро медидед дар телевизиони Тоҷикистон бо лаҳҷаи маҳаллии аштӣ ё гармӣ суҳбат кардан, магар мегуфтед, ки "ба ман чӣ ки шумо ба чи гӯише суҳбат мекунед"? Мо дар бораи манфиати умумимиллӣ ва умумизабонӣ суҳбат дорем, на фахру фасонӣ аз гуиши маҳаллии худ. Дар зодгоҳи ман Истаравшан мардум бо лаҳҷаи наздиктар ба адабии порсии тоҷикӣ гап задан ба фарқ аз лаҳҷаи хуҷандиву кулобӣ ин аз мушоҳидаҳои табии шахсиам аст ва онро бо назари маҳдуди маҳалгароӣ дидан нашояд. Агар зодаи Кулоб ё Хуҷанд мебудам ҳам, он чӣ ҳақиқат аст мегуфтам. Ҳар сухану амали мо аз миллатдустӣ аст.
Баҳарҳол, аз гуфтори шумо оид ба ҷойгоҳи Навруз дар Тоҷикистон хушҳол будам ва аз ҳар тарзе, ки баён доштани андешаҳоятон бо он ба шумо писандтару роҳаттар аст, пуштибонӣ мекунам. Ин эрод ба нуқтаи ночизе аз баромади шумо буд. Шояд беҳтар аст, ки ҳоло бо шабакаҳои Ирониву мардуми он, ки аксарияти порсизабононро ташкил медиҳанд, бо гуишашон гуфтугузор намоем ва дар як вақт барои бархурди гуишҳо ва биноан, рушди порсии умумӣ кушиш намоем.
Пирузӣ насибатон!
БК
Post a Comment