Сухани рӯз мутаъаллиқ ба Шукурҷон Зуҳуров, раиси нави Маҷлиси Намояндагон аст:
«Муддати 18 соли ахир дар паҳлӯи президенти мӯҳтарам ва дар вазифаҳои мухталиф дар ҳукумат кор кардам. Ва мо солҳои бисёр вазнинро пушти сар кардем. Ҳолатҳои бисёр мушкил ва вазнин ҳам шахсан ба сари ман омаданд. Аммо ҳамавақт пуштибонӣ , дастгирӣ ва ғамхории ин шахсиятро эҳсос мекардам ва аз маслиҳату машварати вай бархӯрдор будам, ки то имрӯз расидем».
Софу пӯстканда баён шудааст, ки маҷлис тобеъи ҳукумати иҷроия аст ва оқои Зуҳуров аз роҳи «18 сол» хидмат ба «президенти муҳтарам» «то ба имрӯз» расидааст.
Агар оқои Зуҳуров аз ин ба баъд ҳам ба «президенти муҳтарам» ба таври бояду шояд хидмат кунад, пас аз панҷ соли дигар аҷаб нест, ки ба монанди салафаш Сайдулло Хайруллоев дар курсии роҳати Маҷлиси Миллӣ ором бигирад.
Намоиши "истиқлол"-и шохаҳои иҷроия ва қонунгузории Тоҷикистон дар нишасти дирӯзи маҷлис маҳшар буд. Ба вижа пас аз он ки раҳбар интихоботи «90 дарсадӣ»-ро “шаффофу демукротик” унвон кард.
1 comment:
Ман медонистам, ки рахбарони Точикистон хамеша дуруг мегуянд вале
ингуна ошкор ва бешармона дуруг гуфтанашонро бори аввал дидам.
Post a Comment