Wednesday, January 05, 2011

US Cables on Rahman's Cronyism & Khayrullaev's Alcohol-sodden Lunch

Мушоҳидоти сафир аз майгусории вазир

(вежаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

Дар ду санади дигари Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Душанбе, ки тайи солҳои 2006 ва 2007 ба Вошингтун мухобира шудааст, шоҳиди ду навъи касби иттилоъ аз сӯи диплумотҳои омрикоӣ ҳастем. Дар санади нахуст сафири Омрико иттилоъоти дастиаввалро аз шахси вазири дифоъ мегирад, ки ба гуфтаи Ричорд Ҳугланд, ба андозае маст шуда буд, ки аз салосати баёну равонии ду пояш маҳрум монда буд ва дар воҳимаи барканорӣ ба сар мебурд ва шиъорҳои фаровоне дар бораи сиёсатҳои хориҷии Тоҷикистон сар медод. Дар санади дувум кордори сафорат иттилоъро аз мақоми гумноме дар вазорати кишвар (умури дохила) дарёфт кардааст, ки он ҳам эътибори Тоҷикистонро то ҳадди зиёде лаккадор мекунад.

Ин санадҳо, ки дар поёни соли мелодии гузашта тавассути торнамои Викиликс ҷаҳонӣ шуд, акнун ба забони форсӣ ба таваҷҷуҳи хонандагони ҳафтаномаи “Нигоҳ” ҳавола мешавад:

Телегрофҳои Сафорати Иёлоти Муттаҳида: Наҳори шаробогин ба беҳбуди равобити низомии Омрико бо Тоҷикистон мусоъидат кард

Сешанбе, 01.08.2006, 12:12
МАҲРАМОНА БАХШИ 01 АЗ 02 ДУШАНБЕ 001464
SIPDIS
SIPDIS
STATE FOR SCA/CEN, EUR/RUS, EUR/CARC, PM, S/P
EO 12958 DECL: 8/1/2016
TAGS PGOV, PREL, MARR, GG, RS">RS, TI
МАВЗӮЪ: ВАЗИРИ КУҲНАКОРИ ДИФОЪИ ТОҶИКИСТОН АЗ НОТУ (NATO) ВА ГУРҶИСТОН УҚДАИ РӮҲӢ ДОРАД
ДУШАНБЕ 00001464 001.2 OF 002
ДАСТАБАНДИШУДА ТАВАССУТИ: Ричорд Э. Ҳугланд (Richard E. Hoagland), Сафир, Сафорати Душанбе, Вазорати хориҷа.
САБАБ: 1.4 (b), (d)

1. (C) ФИШУРДА: Рӯзи 1 ут (август) сафир беш аз се соъат як зиёфати наҳори рӯбарӯ бо Шеръалӣ Хайруллоев – вазири дифоъи Тоҷикистонро таҳаммул кард. Гузашта аз суҳбатҳои куллӣ, вазир ба хотири сатҳи дур аз интизори ҳамкориҳои низомӣ пӯзиш хост; борҳо НОТУ (NATO), Гурҷистон ва Соокошвилиро башиддат кӯбид ва қотеъона изҳор дошт, ки Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бояд ба як блуки низомӣ табдил шавад, то НОТУ-ро сари ҷояш бинишонад. Дар поёни наҳори оғушта дар шароб вазир баёну пои равон надошт. Ба гумони мо, Раисиҷумҳур Раҳмонов ба вазир дастур додааст, ки ин наҳори падрудиро созмон диҳад. Ҳарчанд ин зиёфат аз чандин ҷиҳат ғайриъодӣ буд, мо муътақидем, ки он кумак кард то хишти дигаре бар девори муносибатҳои низомии Омрико ва Тоҷикистон қарор бигирад. ПОЁНИ ФИШУРДА.

2. (C) Вазири дифоъ Хайруллоев ба хотири “сӯитафоҳумҳо ва фурсатҳои аздастрафта” дар равобити низомии Омрико ва Тоҷикистон дар гузашта чанд бор пӯзиш хост. Вай борҳо бо қотеъият гуфт, ки интизор дорад равобит [-и низомӣ] рушди тадриҷӣ ва пурборе дошта бошад. Вай гуфт, акнун мутаваҷҷеҳ шудааст, ки Тоҷикистон бояд чанд шарики ҳамсанг дошта бошад, то рушд кунад, на танҳо як шарик [Русия].

3. (C) Вазир Хайруллоев борҳо ба мавзӯъи НОТУ ва Гурҷистон баргашт. Вай батакрор пурсид: “Кишваре чун Гурҷистон ба чи дарди НОТУ мехурад? Ҳатто Паймони Варшав бозандагонро ба суфуфи худ роҳ намедод!” Ӯ пурсид, ки оё НОТУ иқтисоди берамақи Гурҷистонро беҳбуд хоҳад бахшид. Вай суол кард, ки чаро Иёлоти Муттаҳида “нози ноболиғ”-е чун Раисиҷумҳур Соокошвилиро мехарад. Вай таъкид кард, танҳо тавзеҳи мумкин талош барои “ангушт андохтан дар чашми Маскав” аст. Ӯ афзуд: “Вақте ки Столин Ҷумҳурии Сусиёлистии Гурҷистонро бунёд ниҳод, Абхозистону Иристон (Осетия)-и Ҷанубиро ҳам ба онҳо дод, чун гурҷиҳо батанҳоӣ андозаи “як лаккаи магас” буданд”. Вай муддаъӣ шуд: “Бидуни Абхозистону Иристони Ҷанубӣ Гурҷистон умеди бақо надорад”.

4. (C) Хайруллоев довталабона ин андешаро матраҳ кард, ки Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой “бо як севуми ҷамъияти ҷаҳон” бояд ба як блуки низомӣ табдил шавад, то НОТУ-ро сари ҷояш бинишонад. Сафир пурсид, ки чаро Русия ва ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин НОТУ-ро ба чашми душман мебинанд. Хайруллоев аз ҷояш баланд шуду эълом дошт: “Вақте ки Паймони Варшав аз ҳам пошид, мусалламан, як блуки дигар барои тасаллут бар ҷаҳон қад алам кард. Ин мантиқи торихист. Акнун замони муқобила бо НОТУ фаро расидааст.”
ФАЗО

5. (C) Ин зиёфати наҳор дар утоқи ғизохурии шахсии вазир Хайруллоев дар канори дафтари шахсии тозатаъмираш анҷом гирифт. Вай таъкид кард, ки нудратан (бисёр кам) дар дафтари шахсиаш аз меҳмонон пазироӣ мекунад ва бавежа ин ки танҳо як сафири дигар пеш аз ин дар утоқи ғизохурии шахсии ӯ меҳмон шудааст – Максим Пешков, сафири пешини Русия.

6. (C) Сафир ҳисоби нӯшбодҳоро пас аз даҳ қадаҳ гум кард. Қадаҳи хурди ӯ вудко (водка) дошт. Қадаҳи бузурги тӯбгунаи вазир лабрез аз скотч буд. Дар лаҳазоти поёнии зиёфат вазир дигар баёни равон надошт ва наметавонист чанд қадами росту муҳкам бигзорад. Бо вуҷуди ин, вақте ки сафир бо меҳрубонӣ мехост рафъи заҳмат кунад, вазир исрор кард, ки мехоҳад “утоқҳои махфӣ”-и вазоратхонаро нишон диҳад. Ҳар як аз “утоқҳои махфӣ” сирфан як утоқи кунфронси дигаре буд, бо сабадҳои бузурги гули тоза ва боз ҳам давре дигар аз нӯшбодҳо оғоз гирифт.

ТАВЗЕҲ

6. (C) Ин иттифоқи аҷибу ғариб бисёр ҷолиб буд, чун равобити низомии Омрико ва Тоҷикистон ба таври физоянда рӯ ба беҳбуд аст; бавежа муносибот бо Горди Миллӣ ва ҳамчунин бо вазорати дифоъи рӯ ба Русия. Хайруллоев ҳамчунон ин мавзӯъро равшан мекунад, ки монданаш дар мақоми вазорат вобаста ба лутфи Раисиҷумҳур Раҳмонов аст ва мумкин аст пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи нувомбр (ноябр) барканор шавад. Бо ин ки майгусории ӯ намунае аз наҳваи кори афсарони куҳнакори шӯравии пешин байни ҳам аст, ҳузури як меҳмони омрикоӣ дар он бисёр ғайриъодӣ буд ва то андозае нишони арҷу эҳтиром буд. Мо таъаҷҷуб нахоҳем кард, агар Раисиҷумҳур Раҳмонов ба Хайруллоев дастур дода бошад, ки “барои сафири озими бозгашт як коре бикун”. Вале мо намедонем, ки оё ин наҳор навъе зиёфати видоъи як вазири куҳнакори амниятӣ ҳам буд, ки фикр мекунад рӯзҳои башуморе дар ин мақомаш хоҳад монд. Ҳар чи буду набуд, дидани Хайруллоеви маст зери мизаш барои мо дилпазир буд. ПОЁНИ ТАВЗЕҲ. ҲУГЛАНД (HOAGLAND)

***

Телегрофҳои Сафорати Иёлоти Муттаҳида: Раисиҷумҳури Тоҷикистон афсари баландпояи мубориза бо қочоқи маводди мухадирро барканор кард

Панҷшанбе, 04.10.2007, 15:52
МАҲРАМОНА ДУШАНБЕ 001420
SIPDIS
SIPDIS
STATE FOR SCA/CEN
EO 12958 DECL: 10/4/2017
TAGS PREL, PGOV, SNAR, TI
МАВЗӮЪ: РАИСИҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН МАҚОМИ БАЛАНДПОЯИ МУБОРИЗА БО МАВОДДИ МУХАДИРРО БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАЙГАРДИ ҚОНУНИИ ХЕШОВАНДАШ БАРКАНОР КАРД
ДАСТАБАНДИШУДА ТАВАССУТИ: Том Ҳушек (Tom Hushek), кордори сафорат, a.i., Exec, Вазорати хориҷа.
САБАБ: 1.4 (b), (c), (d)

1. (S) Фишурда: Раисиҷумҳур Раҳмон як афсари баландпояи мубориза бо маводди мухаддирро, ки бар пайгарди қонунии як хешованди дури ӯ ва саргурд (майор)-и Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ (яъне КГБ) пофишорӣ мекард, аз мақомаш канор гузошт. [Он саргурди амниятӣ] ҳангоми интиқоли ҳеруин дар як мошини давлатӣ боздошт шуда буд. XXXXXXXXXXXX Поёни фишурда.

2. (S) Мақоми сафорат аз як манбаъ дар Вазорати дохила дарёфт, ки XXXXXXXXXXXX Раисиҷумҳур Раҳмон XXXXXXXXXXXX-ро шахсан аз мақомаш канор гузоштааст. Ин барканорӣ натиҷаи ҷилавгирӣ аз ҳаракати як мошини Вазорати амният дар ҷануби Тоҷикистон аз сӯи пулиси XXXXXXXXXXXX иттифоқ уфтод. Худрав (мошин) ҳомили ҳудуди 60 кг ҳеруин буд. Мошинро афсарони Вазорати амният меронданд, ки якеашон аз хешовандони дури Раисиҷумҳур Раҳмон аст. Ин севумин мавриди боздошти кормандони Вазорати амният ба хотири ҳамлу нақли маводди мухаддир дар мошинҳои давлатӣ тайи як соли гузашта буд. XXXXXXXXXXXX мусиррона хостори таъқиби қонунии ҳамаи афсарони ҳозир дар худрав, аз ҷумла хушованди раисиҷумҳур, шуд. Гуфта мешавад, ки барканории XXXXXXXXXXXX аз мақомаш натиҷаи ҳамин талошҳои ӯ буд. Гузориш шудааст, ки вазири кишвар (дохила) бо раисиҷумҳур XXXXXXXXXXXX дидор дошт ва аз ӯ хост, ки XXXXXXXXXXXX-ро дар мақомаш нигаҳ дорад, аммо ин дархост асаре надошт.

3. (S) Ин танҳо мавриди дахолати мустақими раисиҷумҳур барои барканории як мақоми баландпоя ҷиҳати ҳимоят аз хешовандонаш дар баробари таъқиб барои ҳамдастӣ дар қочоқи маводди мухаддир буд, ки мо медонем. Вале ин намунае аз суннати мудохила дар сатҳи болост, ки шакл гирифтааст ва гоҳ барои ҳимоят аз аъзои дастаҳои созмонёфтаи ҷиноӣ, ки дар қочоқи маводди мухаддир, пулшӯӣ ва зиёдаситонӣ дар Тоҷикистон даст доранд, аз Кумисиюни зидди маводди мухаддири раёсати ҷумҳурӣ истифода мешавад.

4. (S) XXXXXXXXXXXX дар раъси корсозтарин созмони мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон қарор дошт. Бахши интизомии созмони вай ҳамасола ба андозаи Ожонси Кунтрули Маводди Мухаддир ҳеруин кашф ва мусодира мекард. XXXXXXXXXXXX тайи даҳ соли ахир ин мақомро дошт ва аз эътибори як афсари интизомии босалоҳият, нисбатан ғайрифосид ва мутаъаҳҳид бархурдор буд. XXXXXXXXXXXX XXXXXXXXXXXX

5. (S) Тавзеҳ: XXXXXXXXXXXX рӯи ду мин по гузошт: вай борҳо афсарони Кумитаи давлатии амниятро, ки машғули қочоқи маводди мухаддир буданд, боздошт кард ва сипас суроғи яке аз хешовандони раисиҷумҳурро гирифт. Ҳар афсари мутаъаҳҳиде чун XXXXXXXXXXXX, ки бихоҳад парвандаҳои марбут ба қочоқи маводди мухадирро то раддаҳои болои наздик ба раёсати ҷумҳурӣ пайгирӣ кунад, рӯи ҳамин замини минкоришуда қадам мегузорад. Ин рухдод нишон медиҳад, ки мақомоти баландпоя осебпазиранд ва дар сурати эҷоди нороҳатии раисиҷумҳур ё даст задан ба манфиъатҳои хонадони ӯ метавонанд барканор шаванд. Ин рухдод ҳамчунин зарурати мудохилаи фарохтар ва жарфтари мо дар амри мубориза бо маводди мухадирро барҷаста мекунад; ҳамкории мо набояд бисёр ба афроде вобаста бошад, ки метавонанд ба таври ногаҳонӣ нопадид шаванд. Поёни тавзеҳ. ҲУШЕК (HUSHEK)

2 comments:

Anonymous said...

Charo ismi on kormandi Vazoratro Wikileaks pushidaast? afsus, ismash khele jolib mebud...

Homayun Farnejad said...

فکر نمی کنم که ویکی لیکس نام های آن افراد را پنهان کرده باشد. ویکی لیکس هر چیزی را منتشر می کند. احتمالاً این کار فردی است که اطلاع را فاش کرد.

Фикр намекунам ки Викиликс номҳои он афродро пинҳон карда бошад. Викиликс ҳар чизеро мунташир мекунад. Эҳтимолан кори фарде аст, ки иттилоъро фош кард.