Monday, June 27, 2011

Ask Dadajan Whatever You Please

Мубоҳисаи бархат бо Додоҷони Атоуллоҳ

Торнамои русизабони toptj.com гӯшаеро ба кунфронсҳои бархат (онлайн)-и худ ихтисос додааст ва муддаъист, ки ин гӯша орӣ аз теғи сонсур хоҳад буд ва трибуни озодест барои баёни андешаҳо аз ҳар равияву ниҳлаи фикрӣ. Бибинему таъриф кунем.

Нахустин меҳмони ин гӯша Додоҷони Атоуллоҳ, раҳбари ҷунбиши иҷтимоъию сиёсии “Ватандор” аст. Торнамои ёдшуда дар муъаррифии ӯ менависад:

“Мавзеъгирии ӯ арзёбиҳои башиддат мутаноқизеро бармеангезад; аз шефтагии самимона гирифта то барошуфтагии хасмона.

Чаро Д. Атоуллоҳ ҳудуди 20 сол аст, ки алайҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори назар мекунад?

Оё Тоҷикистон обистани инқилоб аст?

Оё боди шӯришҳои ҷаҳони араб ба сӯи Помир мевазад?

“Ватандор” устура аст ё як нерӯи ростин?

Додоҷони Атоуллоҳ кист? Муборизи танҳои роҳи додгарию додварзӣ ё як сиёсатмадори баландпарвоз бо хиёли расидан ба қудрат?

Д. Атоуллоҳ ва Э. Раҳмон дар дидори маҳрамонаашон дар бораи чи чизҳое суҳбат карда буданд?”

Торнамои toptj.com дар идома менависад, ки то рӯзи 14 жуие (июл) мунтазири дарёфти пурсишҳои корбарон хоҳад буд. Посух ба пурсишҳо рӯзи 17 жуие (июл) мунташир хоҳад шуд.

No comments: