Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад...
(посух ба пурсишҳои торнамои "Кимиёи саъодат")
- Яке аз масоиле, ки дар утоқи (фейсбукии) “Забони порсӣ” бештар матраҳ ва миёни аъзо перомуни он баҳсу ҷадалҳои зиёд сурат мегирад, зарурати гузор ба хатти порсӣ аст. Аз изҳори назари бархе ҳаммиҳанони азизамон чунин бармеояд, ки онон фикр мекунанд, ин кор дар мавқеи кунунӣ аз зарурате чандоне бархӯрдор нест. Ва дигар он ки чунин ангошта мешавад, ки гӯи ҳамин фардо қарор аст ҳама даст аз хатти кирил ва ба таъбири шумо пирилик бардоранд ва субҳи худро бо хатти форсӣ оғоз кунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш мешавад, ба ин ду масъала рӯшноӣ меафкандед. Аввал дар бораи зарурати ин гузор барои порсиёни Тоҷикистон, ва дигар, перомуни ин ки агар қарор бар ин шавад, ки ба хатти ниёкони худ бигузарем, ин гузор чӣ гуна ва чӣ муддат замонеро дарбар хоҳад гирифт.
- Дуруд бар Шумо ва сипос аз таваҷҷуҳатон ба муҳимтарин пурсиши пешорӯи тоҷикон ва Тоҷикистон: забон. Бисёре аз ҳаммеҳанон шояд ин суханони манро муболиғаомез ва ҳатто иғроқомез арзёбӣ кунанд, аммо баростӣ мавзӯъи забон имрӯза муҳимтарин муъзалест, ки дар камини мо нишастааст. Ба қавли Саъдӣ:
Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чи донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.
Муддатест, ки он калидро ганҷуронаш гум кардаанд ва дигар ба ганҷина моро роҳе нест. Аз ин рӯ забони бастаи мо маҷол намедиҳад, ки он ганҷи нуҳуфта барои ҷаҳониён бидурахшад ва дигарбора рӯдакиҳову фирдавсиҳову синоҳову мавлавиҳо биофаринад.
Забон танҳо василаи баён нест, балки шоҳрагест байни андеша ва баён. Забон мафҳумҳоро ба зеҳн месупорад, онҳоро малмус ва фаҳмиданӣ мекунад, дар деги зеҳн меҷӯшад ва дар қолиби андешаи бикр баён мешавад. Он андеша метавонад аз ҳар ҷинсе бошад: адабӣ, ҳунарӣ, фалсафӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, физикӣ, риёзӣ... Тамоми ин андешаҳо ба як забони дурусту мукаммал ниёз доранд. Тавлиди ин андешаҳоро метавон танҳо бо забоне анҷом дод, ки шерозаҳояш аз ҳам нагусаста бошанд, сарусомоне дошта бошад, мафҳумҳо барояш гунг набошанд ва зери бори вожаҳои ҳаммаъно ва гоҳ бемаъно ва аз фарти камбуди вожаҳо барои мафҳумҳои тоза ба ҳолати сакарот нарасида бошад.
Мо бо як таноқузи нодир дар торихи забоншиносии ҷаҳон сарукор дорем. Забони мо, ки имрӯз расман истилоҳи сиёсии “тоҷикӣ” барояш боб шудааст, забони навпою каммояе нест ва аз ғаною дороиҳои он гӯши фалакро кар кардаем. Забоне, ки барои мардумони дигар манбаъи вожасозию мафҳумофаринӣ буд, имрӯз канори ҷоддаи рӯзгор кашкӯли гадоӣ ба гардан андохта ва худро дар баробари забонҳои навпой хору муҳтоҷу нотавон мебинад.
Ин дар ҳолест, ки мо медонем калиди гумшудаи дари ганҷ куҷост. Медонем, ки ҳамзабонони дигари мо ганҷурони қобилтаре будаанду калидро ҳифз кардаанд. Он калид чизе ба ҷуз хатти порсӣ нест, ки ҳамроҳ бо забони порсии навин падид омад ва ин забону алифбо побапои ҳам роҳи дарозеро паймуданду то ба мо расиданд. То замоне ки алифбои порсӣ (рӯҳ) дар ҷилди забони порсӣ (пайкар) буд, забони мо зинда буд, зоянда буд, мояи рашку ҳайрати ҷаҳониён буд. Ҳамин ки алифбои порсӣ (рӯҳ) аз колбуди забони мо (пайкар) рахт барбаст ва иддае талош карданд рӯҳе маснӯъӣ (хатҳои лотину сириллик) бар он бидаманд, забон аз по уфтод. Нигоҳе ба пешинаи адабии мо дар ду сӯи сангари замонӣ (алифбоҳои порсӣ ва нопорсӣ) манзурамро равшантар мекунад.
Ҳифзи рӯҳи забонамон (хатти порсӣ) танҳо барои адабиёти порсӣ ҳаётӣ набуд. Забони модарӣ оғоз ва пояи ҳамаи донишҳои дигар аст. Барои намуна, Холид Ҳусейнӣ, ҳамзабони мо аз Афғонистон, акнун пурфурӯштарин китобҳо ба забони инглисиро менависад. Ҳарчанд ӯ зодаву парвардаи Афғонистон аст ва нахустин забоне, ки мафҳумҳоро ба зеҳни ӯ супурда, ҳамин забони порсист, аммо порсии дуруст ба хатти худӣ. Ё Атиқи Раҳимӣ, як тоҷики дигар аз Афғонистон аст, ки достони “Санги сабур”-аш ба забони фаронсавӣ соли 2008 ҷоизаи Гункури Фаронсаро бурд ва ӯро ба унвони беҳтарин нависандаи фаронсавӣ шинохтанд. Яъне ононе, ки забони порсиро, чуноне ки бояду шояд, фаро гирифта буданд, дар расидан ба баландтарин қуллаҳои забонҳои ғайр ҳам мушкиле надоштанд. Ҳаққо, ки “ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, Донистани сад забон-ш осон гардад”.
Дар заминаҳои ахтаршиносию илми роёнаию пизишкию иқтисод ҳам ҳамзабонони мо аз Эрону Афғонистон гӯи сибқатро аз фарангиҳо мерабоянд. Чун хишти аввалро меъмор рост чида ва он хишти аввал чизе ба ҷуз забон нест. Забон аст, ки роҳи донишҳои дигарро ба зеҳну шуъур ҳамвор мекунад. Забон аст, ки бори фарҳангии пешиниёнро ба имрӯзиён мунтақил мекунад.
Бузургтарин мусибате, ки ба сари порсиёни Варорӯд омад, чизе ҷуз гум шудани ҳамон калиди дари ганҷи соҳибҳунар набуд. Бо гум шудани он калид (хатти порсӣ) дигар аз ганҷе хабаре нест. Дар ҷомеъаи мо буҳрони андеша бедод мекунад. Боризтарин намудори буҳрони андеша бозори китоби Тоҷикистон аст, ки шояд дар даврони аморати Бухоро ҳам ба ин андоза касод набуд (хатти порсӣ фақри фарҳангии аморатро ҷуброн мекард). Ғуддаи саратонии ин вазъият хатти пириллик (порсии сириллик) аст, ки роҳи моро ба сӯи андешаи дирӯзу имрӯз батамом баста ва ояндаи моро тира кардааст. Бо ин хатти қотирӣ, ки на русисту на порсӣ, на дониши комили русӣ насибамон мешавад ва на ба забони модарии худ тасаллут пайдо мекунем. Аз ин ҷост, ки кӯчактарин нуфузи забону адабиёти Рӯдакӣ то Аҳмади Дониш ба забони имрӯзии мо бисёре аз ҳаммеҳанони моро озурда мекунад, ки “чаро ин қадар эронӣ гап мезанед?” Ғофил аз ин ки бо чизе, ки хӯ гирифтаанд, тоҷикӣ (порсӣ) нест, балки бегона (русӣ, узбакӣ) аст. Имрӯза дар кадом муҳовараи хиёбонӣ ба “ҷавҳарфурӯш”-е, ки Саъдӣ дар мисроъи боло овардааст, “ҷавҳарфурӯш” мегӯянд? “Ювелир” роиҷтарин муъодили он аст ва агар “ҷавҳарфурӯш”-ро ба кор бибаред, ҳатман шумо ҳам муттаҳам ба “эронигӯӣ” мешавед. Ва ҳамин афроде, ки порсигӯёни Тоҷикистонро ба “эронигӯӣ” муттаҳам мекунанд, бештар аз ҳама санги Саъдиро ба сина мекӯбанду иддаъои тасоҳуб ба ному осори ӯ мекунанд; раги гарданашон танҳо ба ҳангоми иддаъоҳои пӯчу фахрфурӯшӣ баланд мешавад, дар ҳоле ки дар бисотамон чизе надорем, ки бозори имрӯзро биорояд.
Кӯтоҳсухан, танҳо роҳи пешрафти чи фарҳангӣ ва чи иқтисодию илмӣ дар Тоҷикистон бозгашт ба хатти худӣ, яъне хатти порсӣ ва фаро гирифтани забони порсии меъёр аст. Мухотаби офаридаҳои мо ба хатти пириллик имрӯза камтар аз 10 милюн нафар аст. Дар сурати бозгашт ба хатти порсӣ ин рақам болиғ бар 200 милюн хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, дастрасӣ ба фаровардаҳои зеҳнии порсигӯён дар саросари ҷаҳон мизони огоҳиҳои моро даҳчандон боло хоҳад бурд. Аз диди иқтисодӣ ҳам ниёзе ба тарҷума (-и ғолибан ғалат)-и осори хориҷӣ ба порсӣ намемонад, чун ҳамаи онҳо то кунун ба порсӣ баргардон шудаанд. Рози муваффақияти фарҳангии тоҷикони Афғонистон ҳам, ки бо вуҷуди вайрониҳои густардаи ношӣ аз ҷанг, ҳамчунон қодир ба тавлиди фикр ҳастанд, ҳамин ҳифзи хатти порсист. Ҳеч равшанфикри афғоне вуҷуд надорад, ки аз осори мунташира дар Эрон баҳра набурда бошад. Гузашта аз он, китобҳои порсӣ акнун дар саросари ҷаҳон, бавижа Омрикову Урупо ҳам мунташир мешаванд ва бозори китоби порсӣ пурравнақтар аз пеш аст. Муқоисаи манобеъи маҷозӣ (интернетӣ) ба хатҳои пириллик ва порсӣ кӯчактарин шакке намегузорад, ки ҳарчи зудтар бояд мардум бо ин хат ошно шаванд ва аз ин баҳри дониши фаваронӣ баҳра бибаранд. Ман дар аҷабам, ки чаро бо ин ҳама об дар кӯза мо ташаналабон мегардем. Оё мумонеъат аз дастрасии мардуми ташна ба ин ҳама оби фарҳангӣ ҷурме бузург нест?
Ба ҳар рӯй, ҳар инсони оқиле бо мушоҳида ва муқоиса хоҳад дарёфт, ки танҳо роҳи пешрафти тоҷикон бозгашт ба хатти худашон аст. Роҳи дигаре ҳам ҳаст: дур рехтани пешинаи порсӣ ва паноҳ бурдан ба оғӯши забону фарҳанги русӣ. Яъне ҳатто агар мо забони русиро ба ҳадди камол бидонем, боз ҳам беҳтар аз вазъяити кунунии шутурмурғист. Аммо дар он сурат дигар ба таври комил ба торих хоҳем пайваст ва дар баданаи фарҳангу тамаддуни рус таҳлил хоҳем рафт. Дуруст ба монанди мисриҳо, ки бо пазириши забони арабӣ араб шуданд ва пайвандашон бо мисриҳои бостон дар ҳадди як достони торихист.
Вале агар тобеъи ҳукми ақлу мантиқ бошем, роҳе ҷуз бозгашт ба хатти порсӣ пешорӯи мо нест. Шояд афроде, ки бо хатти порсӣ ошно нестанд, аз ин натиҷагирӣ биҳаросанд. Бо ин ки русҳои шӯравӣ собит карданд, ки метавонанд дар тӯли 10 сол ду бор хатти тоҷикҳоро иваз кунанд (1929 ва 1939), такрори он таҷрубаи истибдодӣ ҷоиз нест. Гузор ба хатти порсӣ бояд тадриҷӣ бошад. Барои 5 то 10 сол ҳар ду хатти порсию пириллик метавонанд ҳамзистӣ дошта бошанд ва оҳиста-оҳиста бо хатти бегона видоъ кунему хатти худиро ба таври комил бипазирем. Тайи ин муддат бояд дарсҳои алифбои порсӣ аз клоси 1 то поёни таҳсил дар мадорису донишгоҳҳо ҷиддитар анҷом бигирад ва тамоми расонаҳо ба корзори тадриси алифбои порсӣ бипайванданд. Дар ин замина бегумон мешавад аз кумаки Эрону Афғонистон сирфан барои тадриси хатти порсӣ баҳра гирифт. Афзун бар ин, созмонҳои фарҳангии порсигӯёни бурунмарзӣ борҳо барои мусоъидат ба гузори Тоҷикистон ба хатти порсӣ изҳори алоқа кардаанд, ки онро ҳам мешавад роҳандозӣ кард... Ин барномаҳоро мешавад дар сурате пиёда кард, ки давлати Тоҷикистон тасмим бигирад бо анҷоми иқдоме торихӣ сатри зарринеро дар торихи кишвар аз худ ба ёдгор гузорад.
Дар сурати идомаи пойбандии давлат ба сиёсати русмеҳваронааш ҷомеъаи маданӣ бояд вориди кор шавад ва ин иқдомро тайи мароҳиле анҷом диҳад. Ташреҳи имтиёзоти гузор ба хатти порсӣ дар миёни оҳоди ҷомеъа (аз тариқи расонаҳо, Интернет, суҳбатҳо ва нишастҳо), баргузории давраҳои омӯзиши алифбои порсӣ дар миёни аъзои хонавода, дӯстону наздикон, маҳаллаҳо ва аз тариқи Интернет, тавзеъи китобҳои омӯзишӣ ва адабии порсӣ дар миёни порсигӯёни Тоҷикистону Узбакистон аз ҷумлаи иқдомотест, ки ҷомеъаи маданӣ метавонад аз пасаш барояд. Дар мавриди тавзеъи китобҳои порсӣ ҳам анҷуманҳои фарҳангии эронӣ дар дохил ва хориҷ аз Эрон изҳори омодагӣ ба ироаи кумак кардаанд. Лозим ба таъкид аст, ки китобҳои ин корзор бояд сирфан омӯзишию адабию илмӣ бошанд, то ҳассосиятҳои эътиқодию ақидатии гурӯҳҳои ҳокими ҳеч як аз кишварҳои минтақаро барнаангезанд.
Бархе аз доираҳои ҳоким нигаронанд, ки гӯё гузор ба хатти порсӣ ба густариши ифротгароии мазҳабӣ мусоъидат хоҳад кард. Дар ҳоле ки таъассуб зоидаи надонистан аст, на донистан. Танҳо роҳи мубориза бо таъассуб дар Тоҷикистон ҳам гузор ба хатти порсӣ хоҳад буд. Имрӯза густариши таъассуботи мазҳабӣ дар миёни порсигӯёни Осиёи Миёна фузунӣ гирифта, то порсигӯёни дигар. Далели он ҳам гароиши ҷавонони нохонда ва ноогоҳ ба ниҳлаҳои мазҳабии ифротист.
Зимнан, бо истилоҳи “алифбои арабиасос” ҳам, ки дар давраи шӯравӣ боб шуда буд, мувофиқ нестам. Чун алифбои порсӣ тавассути порсигӯён барои забони порсӣ халқ шуда буд ва дар воқеъ, арабҳо буданд, ки порае аз вижагиҳои хатти порсӣ (аз қабили нуқтаҳову зеру забар)-ро дар хатти худ низ ба кор бурданд. Агар танҳо ба далели решаи ин хат онро “арабиасос” биномем, дар ин сурат хатти арабҳо ҳам бояд “финиқиасос” ва хатти русҳо “юнониасос” унвон шавад. Сарчашмаи ҳамаи ин хатҳо ҳам якест ва эҷоди истилоҳ барои ин алифбоҳоро сахттар мекунад. Номи дурусти алифбои мо ҳамон алифбои порсист.
Бо ин ҳама пургӯӣ ҳаққи матлаб адо нашуд ва танҳо ба порае аз имтиёзоти ношӣ аз бозгашт ба алифбои порсӣ ишора кардам. Дар фурсатҳои дигар мешавад ба мавридҳои дигар пардохт ва якояки онҳоро бо ҳавсала мӯшикофӣ кард.
No comments:
Post a Comment