(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Гуфтаниҳо зиёд аст дар ин қафасаи танги ногуфтаҳо ва шояд бояд аз масъулони арҷманди “Нигоҳ” хост, ки фазои фарохтареро бо гӯшаноме дақиқтар дар назар бигиранд, то бишавад мавзӯъотеро матраҳ кард, ки мустақиман бо ҳувияти тоҷикон сарукор доранду метавонанд ояндасоз бошанд.
Гурӯҳи фейсбукии “Забони порсӣ” бо тарҳу баррасии мавзӯъоти марбут ба забони расмии Тоҷикистон бо решаи мафҳумҳои “ҳувият” ва “худшиносӣ” сарукор дорад, ки пойбасти ҳар давлати муқтадир ва комгор аст. Баҳсҳои ин гурӯҳ ин рӯзҳо доғ аст. Барои намуна, рӯзе, ки хабари зарурати дониши забони расмӣ барои коршиносони идораҳои давлатӣ мунташир шуд, яке аз аъзои ин гурӯҳ навишт:
“Ба ёди маталаке уфтодам, ки як духтар намедонист бо кадом як аз ду номзади билқувва (потенсиалӣ)-аш издивоҷ кунад: якумаш сарватманд буду дувумаш хуб мерақсид. Ва модари духтар пурсид: “Оё он сарватманд наметавонад рақсиданро ҳам ёд бигирад?..” Оё мутахассиси кордон, агар забони расмии мамлакаташро ёд бигирад, зараре дорад? Стенли Фишери омрикоӣ, ки яке аз беҳтарин иқтисоддонҳои ҷаҳон аст, вақте раиси Бонки Исроил мансуб шуд, забони ибриро ёд гирифт. Намурд-ку!”
Ин изҳори назар мавҷе аз дидгоҳҳоро дар пай дошт ва бори дигар баҳс бар сари зарурати бозгашт ба хатти порсӣ барои танзиму густариши забони расмии Тоҷикистон дар гирифт.
Ва аммо чаро бояд ба хатти порсӣ баргардем? Бозгашт ба хатти порсӣ барои мардуми Тоҷикистон чи мазийятҳое дорад? Дар посух ба ин пурсишҳо селе аз посухҳо сарозер шуд, ки порае аз онҳоро дар зер мулоҳиза мекунед. Ин посухҳои кӯтоҳ, ки ҳомили чандин мақола маънову мазмун аст (ва беҳтар он аст, ки асли онҳо дар таркиби дидгоҳҳои дигар хонда шавад), ба аъзои гурӯҳи маҷозии “Забони порсӣ”, аз ҷумла Макси Муллоқанд, Салими Аюбзод, Умеди Ҷайҳонӣ, Исфандиёри Одина, Эҳсони Зарвон, Сироҷиддини Толиб, Тоҳири Сафар ва ин нависанда таъаллуқ дорад:
Теъдоди мақолаҳои форсӣ дар Wikipedia: ба хатти форсӣ 128.000 адад; ба хатти сириллик 9000.
Натоиҷи ҷустуҷӯ аз тариқи Google: "Худомӯзи забони фаронсавӣ": форсӣ- 811.000 сафҳа, сириллик – 0; "Худомӯзи физик(а)": форсӣ - 667.000 сафҳа, сириллик - 2. "Назарияи нисбият": форсӣ – 207.000 сафҳа, сириллик – 58; "Бозори молӣ": форсӣ - 11.600.000 сафҳа, сириллик -26.000; "Фарҳанги исломӣ": форсӣ - 21.600.000 сафҳа, сириллик – 733.000; "Ҳуқуқи башар": форсӣ - 6.280.000 сафҳа, сириллик – 280.000.
Забони порсӣ ба хатти порсӣ (бино ба омори чанд сол пеш, ки БиБиСи эълом карда буд) чаҳорумин забон дар Интернет аст. Яъне мову шумо сад соли дигар ҳам ба хатти сириллик матлаб бинависему дар Интернет ҷой диҳем, боз ҳам ба гарди хатти порсӣ намерасем. Ҳатто забони русӣ ба андозаи форсӣ дар Интернет матлаб надорад. Пас дари воқеъӣ ба ҷаҳони иттилоъот барои мову шумо, ки забонамон форсисту хаттамон нест, кадом яке аст?
Пириллик (порсии сириллик) барои тоҷикон бузургтарин садд (девор) дар баробари ҷаҳони нав аст. Вазъияти Интернет ба хатти пириллик ва муқоисаи он бо форсӣ тасвири равшане ба даст медиҳад. Пириллик боъис шудааст, ки тоҷикҳо, бо ин ки ба яке аз роиҷтарин забонҳои минтақа ва ҷаҳон суҳбат мекунанд, ба иттилоъот ниёзманд бошанд. Китобҳое ҳам ки ба пириллик мунташир мешавад, қобили муқоиса бо ҳазорон ҷилд китоби наве нест, ки ба забони мо ва ба хатти порсӣ чоп мешавад. Пас пириллик на танҳо боъиси пешрафти мо нест, ки монеъ аз пешрафти мо ҳам шуда ва моро дар як ҷазираи хушк қарор додааст.
Бархе мегӯянд, ки хатти тоҷикӣ ва хатти русӣ «як хат аст – ҳардуяш сириллик…», ки гӯё бо донистани хатти сириллик худбахуд метавон русиро ҳам фаро гирифт, ки дуруст нест. Хатти муғулӣ низ сириллик аст. Оё ҳар тоҷике бо ҳамин хатти сириллик забони муғулиро хонда ва фаҳмида метавонад? Ё хатти забони узбакӣ лотинӣ аст. Оё ҳар узбаке гуфтаҳои Юлий Сезар ё Шекспир ё Адам Смитро хонда ва фаҳмида метавонад?
Пайванди миёни хатти пириллик ва забони русӣ дуруст ба монанди пайванди шохи гов бо каллапоча аст. Агар касе бо хондани хатти русӣ забони русиро ҳам фаро мегирифт, ҳеч як аз муҳоҷирони мо дар Русия дучори шох кашидани русҳо намешуд. Пириллик ғуддаи саратонист дар пайкари миллати мо, ки онро ба табоҳӣ кашондааст.
Дар Тоҷикистон ба хатти пириллик солона чанд китоб нашр мешавад? Ва агар ба хатти порсӣ бармегаштем, имкони хондани чанд китобро медоштем? Магар Ҳофиз, Хайём, Фирдавсӣ ё Саъдӣ ба хатти пириллик менавиштанд? Агар натавонем чакомаи асили Рӯдакиро бихонем, оё ҳақ дорем худро тоҷику порс биномем? Бовар кунед, агар Рӯдакӣ зинда мебуд, аз аҳволи имрӯзаи мо хун мегирйист. Чи метавон гуфт, вақте ки як вазир ё омӯзгори мадраса як ҷумлаи модарии худро наметавонад дуруст баён кунад?! Вая вай кунем вай мешавад... Барои ҳамин ваямон вай шудааст ва аз ваям вайтар мешавад! Эй вой ба вайгӯии мо... Роҳи наҷот хатти порсист!
Дониш замоне зиёд мешавад, ки маънӣ дақиқ баён гардад. Барои ин забони тавоно ва беғалат даркор аст. Омӯзиш бо забони ғалат ва парешону тарҷумазада дониши ҳақиқӣ нахоҳад дод, магар ин ки ба забони русӣ омӯзиш бигирем. Шиносоӣ бо хатти форсӣ ва истифода аз сарчашмаҳои фаровоне, ки дар ин дабира ҳастанд, ҳам забон ва ҳам дониши бачаҳои моро зиёд хоҳад кард.
Афзоиши сатҳи саводи мардумони Осиёи Миёна дар давраи шӯравӣ бештар натиҷаи низоми нави омӯзиш дар замони шӯравӣ буд, то натиҷаи тағйири хат. Агар ҳамон хатти форсӣ ҳам дар ин низом истифода мешуд, мардум босавод мешуданд.
Агар фарзанди навзод медоштед ва модараш ҳам шири софу поку ғании мураккаб аз витоминҳоро медошт ва шуморо як нафар тавсия медод ё маҷбур мекард, ки шири сунъиро ба навзод бидиҳед беҳтар аст, зеро ину он дорад, кадомашро ихтиёр мекардед? Аввалиро, ки тану ҷону рӯҳи фарзандро солиму қавӣ мекунад ё дуввумиро, ки фақат шиками фарзандро сер мекунад? Интихоб миёни хатти форсӣ ва пириллик ҳамин аст.
Бозгашт ба хатти порсӣ ба масобаи амали ҷарроҳиест, ки ҳарчанд дардовар аст, аммо зарурӣ ва ногузир аст. Дар сурате, ки ин амал анҷом нашавад, ҷони ин миллати беморро хатари марг таҳдид мекунад. Албатта, ин амал бидуни захм ва бидуни беҳушии муваққат наметавонад бошад, аммо базудӣ пас аз амал ҳоли бемор беҳтар хоҳад шуд ва ин ҳама дарди ҷонкоҳ, ки ӯро солҳо азият медод, аз баданаш рахт бар хоҳад баст. Пас бояд интихоб кунед: мехоҳед ҷарроҳӣ кунед ва зинда бимонед ё накунеду батадриҷ бимиред?
Чанде дигар аз корбарони гурӯҳи «Забони порсӣ» дар Facebook дар посух ба биме, ки бархе дар мавриди рушди ифротгароии исломӣ дар сурати бозгашт ба хатти порсӣ медиҳанд, мегӯянд:
Оё истифода аз хатти сирилик мардумро ба пайравони масеҳияти уртудукс табдил кард? Ё ҳар касе, ки ба хатти лотин нависад, котулик мешавад? Арабҳои масеҳӣ аз хатти арабӣ истифода мекунанду то ҳоло "имон наовардаанд".
Бозгашт ба хатти порсӣ ва дастрасӣ ба осори тарҷумашудаи зиёд дар Эрон тоҷиконро аз хатароти исломгароии ифротӣ дар воқеъ наҷот медиҳад.
Саранҷом Макси Муллоқанд, ҳаммеҳани бурунмарзии мо, бо қиёсе мантиқӣ ва риёзӣ лубби матлабро баён кард:
“Соҳиби як дуккони мутавассити баққолӣ ду-се ҳазор ному нарху ҷои колои гуногунро дар ёд дорад. Барои гирифтани гувоҳиномаи ронандагӣ одам бояд беш аз 120 нишони роҳнамоиро ёд бигирад. Барои дастрасӣ ба як дунё китобу иттилоъоти дигар ба забони форсӣ барои мо кофист, ки 32 дона ҳарфи форсиро биомӯзем”.
Сию ду дона ҳарфе, ки роҳи тоҷикон ба ҷаҳоне аз додаҳо ва иттилоъотро хоҳад гушуд ва моро вориди асри нав хоҳад кард; ҳампову ҳамсанги миллатҳо ва тамаддунҳои пешрафтаи ҷаҳон. Ё мешавад бо ҳамин 35 ҳарфи рустабори юнониасос дар миёни фаромӯшшудагони даҳр хуспиду мурд. Интихоб бо мост.
No comments:
Post a Comment