Чи гуна забонамонро бозёбем?
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Дар баҳсҳое, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Забони порсӣ” идома дорад, таҷрубаи яҳудиҳо дар эҳёи забони ибрӣ, ки аз садаи дувуми мелодӣ то садаи 19 забони тақрибан мурдае буд ва танҳо дар навиштаҳои мазҳабию расмӣ корбурд дошт, бисёр омӯзанда тавсиф шуд. Сарфи назар аз бархурде, ки бо Исроилу сиёсатҳояш дорем, ин таҷруба омӯзанда аст; омӯзанда барои миллатҳое, ки ҷиҳати эҳё ва ҳифзи забонашон бо мушкилоти фаровони асри нав дасту панҷа нарм мекунанд. Аз миёни ҳудуди 7000 забоне, ки дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ҳар ду ҳафта яке мемирад ва забонҳое ҳам вуҷуд доранд, ки як гӯишвар бештар надоранд. Ҳарчанд забони мо ба он марҳилаи ҷонкоҳ нарасидааст, мо ҳам дар зумраи милале ҳастем, ки бояд илоҷи воқеъаро пеш аз вуқӯъ биандешему пиёда кунем.
Агар хатти мо порсӣ буд, нигарониамон дар ин замина шиддати камтаре медошт. Дар ҳоле ки хатти сириллик дарахти тануманди забони моро дар маъбари кушандаи хазон қарор додааст ва оби мо ҳамчунон дар кӯза мондаву мо гирди ҷаҳон мегардем.
Ва аммо забони ибрӣ. Чи омилҳое буданд, ки боъиси растохезу боззоди ин забони куҳан шуданд? Ҳарчанд забони ибрӣ ҳаргиз ба таври комил мунқариз нашуда буд, аммо доираи корбурди он, ки дар канисаву мактабҳои мазҳабӣ хулоса мешуд, ба андозае маҳдуд буд, ки вожаҳои одию рӯзмаррае чун “дучарха”, “арӯсак”, “дастмол”, “рӯзнома”, “сарбоз” ва садҳо мафҳуми дигар дар забони ибрӣ баробаре надоштанд. Ба қавли Сесил Рут (Cecil Roth), торихнигори яҳудитабори бритониёӣ, “қабл аз Бен-Яҳудо яҳудиҳо метавонистанд ибрӣ суҳбат кунанд, аммо пас аз ӯ суҳбат карданд”.
Элизер Бен-Яҳудо (Eliezer Ben-Yehuda) боъис ва бонии растохези забони ибрии навин буд, ки рӯзи 13 уктубри соли 1881 бо дӯстонаш қарор гузошт сирфан ба забони ибрӣ суҳбат кунанд; яъне ибриро аз каниса ба дафтару дуккону ошпазхонаву утоқи нишеману хиёбон бибаранд. Он рӯзро оғози раванди растохези забони ибрӣ медонанд.
Бен-Яҳудо соли 1858 дар Белорус ба дунё омад, ки он замон порае аз сарзамини импротурии Русия буд. Падару модараш мехостанд, ки ӯ хохом (рӯҳонии яҳудӣ) шавад. Дар натиҷа Бен-Яҳудо дар синни 12-солагӣ бо бахши азиме аз адабиёти мазҳабии яҳудӣ ошно шуд. Вале рафта-рафта таваҷҷуҳи Бен-Яҳудо ба улуми дунявӣ ва бавижа пизишкӣ ва забонҳо бештар шуд. Ӯ ба забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ ва русӣ тасаллут дошт ва дар риштаи пизишкӣ таҳсил мекард. Аммо пизишк ҳам нашуд. Бемории сил, ки саранҷом боъиси маргаш шуд, ӯро аз идомаи таҳсил дар Порис боздошт.
Соли 1877 Русияи тезорӣ алайҳи импротурии Усмонӣ эъломи ҷанг кард, то ба истиқлоли Булғористон мусоъидат кунад. Саранҷом Булғористон мустақил шуд. Ин рӯйдод шояд бештарин таъсирро бар ҷаҳонбинӣ ва худшиносии Бен-Яҳудо гузошта бошад. Дар паи растохези фарҳангии юнониён ва итолиёиҳо, ки пуштвонаи торихии ғанию азиме доштанд, истиқлоли булғориҳо бидуни он бунмоя Бен-Яҳудоро ба андешаи растохези миллати яҳуд водошт. Аммо ӯ мутаваҷҷеҳи парокандагии яҳудиҳо буд, ки дар кишварҳои гуногун ба забонҳои гуногун такаллум мекарданд, дар ҳоле ки забони воҳид лозимаи инсиҷоми як миллат аст. Аз он замон ба баъд бо худ паймон баст, ки зиндагиашро вақфи эҳёи забони ибрӣ кунад.
Элизер Бен-Яҳудо соли 1878 ба Фаластин сафар кард ва таҷрубиёте забонӣ анҷом дод. Вай дар кӯчаву хиёбонҳои Фаластин бо яҳудиҳо ба забони ибрӣ суҳбат мекард ва хурсанд буд, ки мухотабонаш, ҳарчанд шикаставу баста ва бо иштибоҳҳои фаровон, ба забони ибрӣ посух медиҳанд. Ҳар кадом гӯиши хосси худро дошт, ки гоҳ дарки мафҳумро сахт мекард. Аммо Бен-Яҳудо мутмаин буд, ки метавон бо даромехтани ин гӯишҳо ба як забони меъёр даст ёфт. Вай барои пиёда кардани барномаи худ чанд барнома тарҳрезӣ карда буд, ки муҳимтаринашон “Ибрӣ дар хона”, “Ибрӣ дар мадраса” ва “Вожаҳо, вожаҳо, вожаҳо” буд. Яъне вай марҳилаҳои тадовули забони ибрӣ дар хона ва мадрасаро мушаххас карда буд ва тавлиди вожаҳои тозаро аз ниёзҳои мубрами забони ибрӣ медонист.
Вақте писараш Иттамар Бен-Авӣ ба дунё омад, ҳамсарашро водошт, ки бо фарзандашон танҳо ба забони ибрӣ суҳбат кунад ва Иттамар нахустин кӯдаке маҳсуб мешавад, ки забони модариаш ибрии навин будааст. Аммо дар ҷараёни гуфтугӯҳои рӯзмарра ба забони ибрӣ Бен-Яҳудо дарёфт, ки бисёре аз мафҳумҳои нав дар забони ибрӣ муъодил надоранд. Ин буд, ки худи ӯ бо омӯзиши ҳирфаии илми забоншиносӣ шурӯъ ба вожасозӣ кард ва вожаҳои навро дар дафтарчае менавишт. Он дафтарча баъдан табдил ба нахустин фарҳанги забони ибрии навин шуд.
Бен-Яҳудо мухолифони бешуморе дошт, ки бархе талоши ӯро беҳуда медонистанд ва шуморе ҳам корбурди як забони муқаддас барои ниёзҳои рӯзмарраро ҳаром арзёбӣ мекарданд. Вай барои посух гуфтан ба ин мухолифатҳо ва ҷиҳати интишори дидгоҳҳояш соли 1884 рӯзномаи “Hatzvi”-ро таъсис кард. Интишори рӯзномаҳои ибрӣ дар Урупо падидаи тозае буд ва ба даҳаи 1850 бармегашт. Ва рӯзномаҳо ғолибан мавзӯъот ва вожагони маҳдуде доштанд. Аммо рӯзномаи Бен-Яҳудо аз рӯйдодҳои маҳаллию ҷаҳонӣ гирифта то хабарҳои марбут ба муд, саргармиҳо ва вазъи обу ҳаворо ҳам дарбар мегирифт. Ҳадафи Бен-Яҳудо ин буд, ки тавоноиҳои забони ибрии навин дар баёни мафҳумҳои мухталифро собит кунад. Аммо ин тавоноиҳо ҳамчунон маҳдуд буданд ва мафҳумҳои нав ба вожаҳои нав ниёз доштанд. Бен-Яҳудо барои ҳалли ин муъзал дар ҳар шумораи рӯзномааш вожаномакҳое чоп мекард, ҳовии вожаҳои нав барои мафҳумҳои нав, то дар миёни аҳолии яҳудӣ марсум шавад.
Ба манзури тадовуми вожасозию вожапардозӣ ва пахши вожаҳои нав дар миёни яҳудиёни ҷаҳон Элизер Бен-Яҳудо ва ҳамроҳонаш дар моҳи десомбр (декабр)-и соли 1890 Шӯрои Забони Ибрӣ (Va’ad HaLaschon)-ро созмон доданд, ки имрӯз ҳам бо номи Фарҳангистони Забони Ибрӣ вуҷуд дорад ва истилоҳоти тозаро барои яҳудиёни ҷаҳон таъйид ва мунташир мекунад.
Дар паи талошҳои Элизер Бен-Яҳудо ва ҳамраъёнаш забони ибрӣ дар миёни яҳудиҳои Фаластин по гирифту ҷо уфтод. Ба гунае, ки дар шаҳрҳои мухталиф корзори “Яҳудӣ, ибрӣ бигӯ!” роҳ уфтод, ки яҳудиҳоро ба такаллум ба забони ибрӣ вомедошт. Соли 1913, вақте ки гурӯҳе аз олмониҳои яҳудитабор дар Фаластин мехостанд як муассисаи омӯзишии муҳандисӣ ба забони олмонӣ роҳ биандозанд, эътирозоти густардае дар гирифт, ки бо номи “Ҷанги забонҳо” сабти торих шудааст. Яҳудиҳое, ки забони ибриро нишони шомиху шохиси ҳувияти худ медонистанд, олмониҳои яҳудитаборро водоштанд, ки дарсҳои муассисаро ба забони ибрӣ доир кунанд. Бад-ин гуна нахустин муаасисаи текнулужик ба забони ибрӣ бо номи Technion созмон ёфт.
Саранҷоми талошҳои Элизер Бен-Яҳудо ва ҳамраъёнаш ин буд, ки мақомоти бритониёии Фаластин рӯзи 29 нувомбр (ноябр)-и соли 1922 забони ибриро ба унвони забони расмии яҳудиҳои муқими Фаластин ба расмият шинохтанд. Фароянди растохези забони ибрӣ ба сар расид ва орзуи дерини Бен-Яҳудо бароварда шуд. Ва гӯё маъмурияти зиндагиаш анҷом шуда бошад, Бен-Яҳудо як моҳ баъд аз он аз бемории сил, ки аз дербоз озораш медод, даргузашт.
Барои шукуфоии забони мо ниёзе ба ин ҳама пайкор нест. Бозгашт ба хатти порсӣ басанда аст, ки дубора рӯди хурӯшони забони порсиро дар хостгоҳаш равон кунад.
No comments:
Post a Comment