Monday, October 08, 2012

Pyrillic Orthographic Lapses

"Улампик" ё "Олимпиада"?

Мақолаи Муҳибуллоҳи Қурбон, рӯзноманигори варзида ва саршиноси кишвар, ки бо номи “Улампик”-и Би-Би-Сӣ” дар торнамо (сайт)-и nahzat.tj мунташир шуд, қобили таваҷҷуҳи ҳамаи ононест, ки бо забон сарукор доранд, на танҳо “Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ”, ки мухотаби он ҷустор аст. Ман бишшахса ҷиҳати суханони оқои Қурбони гиромиро рӯёрӯи худам эҳсос мекардам ва аз ин ки мехостам дар баробари ҳар ҷумлаи он посухе ба ҳузури бузургвор бирасонам, ки намешуд, доштам нафасгир мешудам. Тасмим бар ин шуд, ки посухи он навиштаро дар ҷусторе фарогир бидиҳам, бо умеди ин ки ба манзари киёи Қурбон ва бузургони Кумитаи забон ва истилоҳот бирасад.

Нигаронии нависандаи он матлаб комилан баҷост: дар имлои мо бесарусомонӣ бедод мекунад; бархе чун киёи Қурбон “компутер” менависанду бархе дар банди “компютер” мондаанд ва гурӯҳе ҳам ба “роёна” рӯ овардаанд; шуморе чун эшон “оҷонсӣ” менависанду ъиддае “ожонсӣ” ва вафодорон ба имлои шӯравӣ муҳкам ба “агентӣ” часпидаанд, ки мабодо биравад (ба монанди хабаргузории “Ховар”-и мавриди истиноди оқои Қурбон, ки дар торнамои худ номашро “Агентии Миллии Иттилоотии Тоҷикистон” ҳиҷҷӣ кардааст). Бегумон, ҳарҷу марҷе сахт дар ҷараён аст ва дар он миёна забони порсии Фарорӯд даступо мезанад. Ин бесарусомониро ҳеч поёне ҷуз гузор ба хатти модаримон (алифбои порсӣ) нахоҳад буд. Ба ин нукта пасонтар бармегардем.

Далели ҳарҷу марҷи имлоиро ҳам оқои Қурбон бахубӣ шарҳ додааст: “Дар матбуоти ҳукуматӣ... агар таваҷҷӯҳи бештар кунем, мебинем, ки онҳо асосан ба шакли даврони Шӯравӣ такя мезананд ва шакли ба он замон наздикро истифода мекунанд: Москва, Штатҳои Муттаҳида, Хитой ва монанди инҳо”. Пас яке аз гиреҳҳо гушуда шуд. Ононе, ки “Москва, Штатҳои Муттаҳида, Хитой ва монанди инҳо” менависанд, пайрави имлои шӯравианд, ки имлои таҳмилӣ бар забони модарии мост ва илзоман бо имлои модарии мо наздикие надорад. Кофист, ки ъиборати “Штатҳои Муттаҳида”-ро дар таркиби як ғазали Ҳофиз ё Саъдӣ ё Ҷомӣ ё Мавлавӣ ё Аҳмади Дониш ё Садриддин Ъайнӣ фарз кунед ва бо авзони порсӣ бисанҷеду дарёбед, ки оё ин ъиборат бо торупӯди забони мо ҳамхонӣ дорад ё метавонад дошта бошад ё на. Ва ҳамин санҷишро бо “Иёлоти Муттаҳида” анҷом диҳед. Посухро худбахуд дар хоҳед ёфт. Ъабдулхолиқи Набавӣ дар бораи раванде, ки ба ин бесарусомонии имлоӣ анҷомид, дар мақолаи “Баҳсҳои ъилмӣ ва мафкуравӣ оид ба забони тоҷикӣ дар солҳои 20-ум” менависад: “Мутаассифона, ин кор минбаъд вобаста ба сиёсати саросар шӯравикунонӣ ва русикунонӣ, аз сода ба одӣ кардани забон гузаштан, пойбанди тарҷумазадагӣ шудан ва табдили нави алифбо аз лотинӣ ба кирилӣ оқибатҳои нохуше овард” (“Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо”, Душанбе, Ирфон, 2007, с. 35). Баҳсе, ки Муҳибуллоҳи Қурбон гушудаанд, марбут ба ҳамон “оқибатҳои нохуш” мешавад.

Афсӯсмандона, оқои Қурбон аз ҳамон оғози навиштор мушкилро ҷои дигар дидаанд, ки менависанд: “Агар гӯем, ки сарчашмаи чунин чанднависӣ Радиои «Озодӣ», BBC- и тоҷикӣ ва ду-се нашрияи мустақиланд, хатое намеравад, вале имрӯз таҷовузи зиёд дар навиштаҳои ВВС аст”.

“Таҷовуз” ба маънии “даргузаштан аз ҳадд” аст. Оё пойбандӣ ба ҳадди порсиро бояд “таҷовуз” биномем ё гузаштан аз ҳадди порсиро? Ҳоло чи фарқе мекунад, ки он ҳаддро дар замони шӯравӣ шикастаанд ё имрӯз? “Шӯравӣ” будан оё моро аз гуноҳи таҷовуз ба ҳадду ҳудуди забони модаримон табреа (сафед) мекунад? Итминони комил дорам, ки оқои Қурбон ҳам бахубӣ огоҳанд, ки таҷовуз дар имлои мо дар замони шӯравӣ иттифоқ уфтода ва ин бесарусомонии имлоӣ шӯравизода (ба ъиборате дигар, ҳаромзода) аст ва худӣ нест. Пеш аз ин ки Рус ба мо дастур диҳад, ки “Маскав”-ро “Москва” биномему бинависем, номи пойтахти кунунии он сарзамин дар забони порсӣ ҳамин “Маскав” будааст. Ҳоло чаро бояд пойбанди он дастури носавоб (ва он таҷовузи фоҳиш) бимонем ва истеъмори забонии бегонаро ҳамчунон пазиро бошем?

Дар воқеъ, Муҳибуллоҳи Қурбон ангушт рӯи мушкиле гузоштааст, ки захме дерина аст ва пруфессур Ъабдуннабии Сатторзода дар тавсифи он навишта буд: ”Содагароиҳову соданависиҳои онҳо оқибат моро ба саросар одигароиву одинависӣ, нормаҷӯиҳояшон ба фаромӯшии муҳимтарин суннатҳои урфию расмӣ ва иқтибосгароию иқтибосгириҳояшон аз забонҳои бегона тақрибан ба барҳам задани табиати асили овозӣ, имлоӣ, савтӣ ва қолибҳои зотии калимасозиву ҷумлабандиҳо расонд”. Манзур дақиқан ҳамон тадохулҳои “овозӣ, имлоӣ, савтӣ”-и мавриди назари оқои Қурбон аст, ки дар ъаҳди шӯравӣ мутаҷовизона (бо дасти зӯр) ба забони мо таҳмил шуд.

Посухи пурсишҳои мо дар намунаҳое нуҳуфтааст, ки пеш аз таҷовузи овоию имлоии рус бар забони мо дида мешавад. Яке аз онҳо нишони давлатии “Ҷумҳурии Иҷтимоъии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон” аст, ки то соли 1929 муътабар буд. Ин ъиборат номи расмии “Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон” дар таркиби он нишон аст, ки ба хатти порсист. Шиъори маъруфи “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!” дар ҳошияи ситораи ин нишон ба шакли “Пролеторҳои ҳамаи ҷаҳон, як шавед!” омадааст. Таваҷҷуҳи хонандагонро ба ҳиҷои поёнии вожаи “пролетОр” ҷалб мекунам, ки ҳатто дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз табдил ба “пролетАр” нашуда буд. Зеро вижагиҳои савтии забони порсӣ (забони модарии мо) тақозо мекард, ки он “а”-и фарангӣ ба шакли “о”-и порсӣ имло шавад. Ва ин иттифоқест, ки ҳамвора дар забони порсии имрӯз ҳам меуфтад ва бархе баиштибоҳ онро “бегонагароӣ” талаққӣ мекунанд, дар ҳоле ки мухолифат бо он ъайни бегонагароӣ ва тақлид аз имлои бегона аст.
Ҳоло чи шуда, ки он вожа дар имлои мо бояд ба шакли “пролетАр” ҳиҷҷӣ шавад? Оё чизе ғайр аз таҷовузи имлои русӣ ба бисоту дору надори забони мост? Ва тоза, ин як намуна аз ъаҳди кумунистист; аз давроне, ки паёми омехтагии ҳар чи бештари забони порсӣ бо забони русиро ба ҳамроҳ дошт.

Ҳар чи ъақибтар меравем, намунаҳо дар таҳкими “Улампики БиБиСӣ” бештар мешавад. Дар яке аз навиштаҳои марбутаи ахирам ғазалеро аз Аҳмади Дониш намуна оварда будам, ки матлаъи он ва порае аз тавзеҳотро бозгӯ мекунам:

“Потии порисӣ, он сарвқади зуҳраҷабин,
Дар табассум сӯи доман зи даҳан гул мерехт...

Ин ғазал дар тавсифи Оделино Потӣ (Adelina Patti), овозхони уперои фаронсавии садаи 19 аст, ба қалами Аҳмади Дониши бухороӣ, ки соли 1897 даргузашт... Ғазалест порсӣ, ки метавонист дар ҳар як аз шаҳрҳои паҳнаи порсигӯ суруда шуда бошад.

Аммо дар сарзамини наводагони Аҳмади Дониш, ки акнун мову шумо бошандагонаш ҳастем, агар бихоҳанд аз овозхоне Потӣ (Adelina Patti) ном тавсиф бикунанд, ҳатман русмаобона ӯро «Патти» хоҳанд номид ва шаҳрашро на «Порис», балки «Париж» ъунвон хоҳанд кард. Оё ин тафовут танҳо дар сарзамини наводагони Аҳмади Дониш падид омада? Бале. Чаро? Чун порсӣ дар сарзамини Аҳмади Дониш дастхуши сарнавишт шуд ва аз колбуди худӣ ба колбуде бегона ворез шуд. Ин иттифоқе буд, ки батадриҷ уфтод, аммо муассир буд. Ба гунае, ки акнун агар “Порис”-ро ба шеваи Аҳмади Дониш ба забон оваред, бо ҳаҷмае густарда дучор хоҳед омад, аз сӯи наводагони Аҳмади Дониш, ки муътақиданд, падарбузург иштибоҳ мекарда ва тарзи дурусти имлову талаффузи номи пойтахти Фаронса ҳамонест, ки русҳо гӯянд: Париж”. Аммо, дар воқеъ, наводагони Аҳмади Дониш ҳастанд, ки ҳанҷору торупӯди забони порсиро нодида гирифтаанд, на воруна. Имрӯза ҳамаи порсигӯёни порсихони ҷаҳон Paris-ро “Порис” ва Patti-ро “Потӣ” менависанду мехонанд ва ғайр аз онро ғалат медонанд.

Вожаҳое роиҷ аз ҷумлаи намунаҳои боризест, ки собит мекунад, имлои Би-Би-Сӣ дар пайравӣ аз қоъидаҳои забони модарии мост ва имлои расмии Тоҷикистон башиддат мухолифи рӯҳу равони забони ин диёр аст. Вожаи “тотор”-ро бигирем, ки имрӯза бахши аслии номи ҷумҳурие худмухтор дар Русия аст: Тотористон. Русҳо онро ба шакли “Татарстан” менависанд, мураккаб аз вожаи “тотор” ва пасванди маконии порсии “-истон”. Оё ба хотири имлои русии ин вожа мову шумо ҳам бояд онро аз ин ба баъд “Татарстан” бинависем ва на “Тотористон”? Пас бо ин байти Манучеҳрӣ чи кунем, ки мегӯяд:

Ҳам гавҳари тан дорӣ, ҳам гавҳари нисбат,
Мушк аст дар онҷо ки бувад оҳуи тотор.
Ё ин шоҳбайти Саъдӣ, ки гӯяд:
Ъуд месӯзад ё гул медамад дар бӯстон?
Дӯстон, ё корвони мушки тотор омадаст?

Агар ин “тотор”-ҳоро табдил ба “татар” кунем, чи бар сари ин абёти заррин хоҳад омад? Ҳар он чи хоҳад омад, ҳамон мусибатест, ки бо тағйири алифбо бар сари порсии Фарорӯд омадааст. Дарки ин мавзӯъ муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст, то бишавад ин мушкилро ҳал кард ва аз доми бало раст.

Бо гузор аз намунаҳои торихӣ, ки собит мекунад, “Улампики Би-Би-Сӣ” дуруст аст ва “Олимпиада”-и оқои Қурбон ғалат, ба қоъидаҳои овоии забонамон бипардозем ва бибинем, ки қоъидаҳои ин забони ҳазоронсола бо кадом як ҳамхонии бештар дорад.

Барои дуруст шикофтани мавзӯъ як вожаро намуна меоварем, ки дар торнамои Би-Би-Сӣ ба шакли порсӣ ва дар бисёре дигар аз расонаҳои Тоҷикистон ба шакли русӣ имло мешавад: Убомо – Обама. Бо ин ки ин вожа асолати русӣ надорад, мо бояд имлои русии онро бипазирем? Оё ин истидлол мантиқист? Ҳатто агар ин вожа асолати русӣ дошта бошад, оё барои мо ин ҳақиқат равшан шудааст, ки забони модарии мо дорои қоъидаҳои савтии хосси худаш аст ва ба ъунвони гӯишварони ин забон ночор аз риъояти он қоъидаҳо ҳастем?

Дар забони порсӣ фишор (зада; ударение) пайваста рӯи ҳиҷои охири вожа меуфтад: макта́б, Муҳамма́д, манора́, маъру́ф, макту́б, маҳбу́б... Ҳамин вожаҳоро, ки асолати ъарабӣ доранд, дар забони ъарабӣ ба гунае дигар талаффуз мекунанд ва фишори он рӯи ҳиҷои пеш аз охир меуфтад: ма́ктаб, Муҳа́ммад, мано́ра, ма́ъруф, ма́ктуб, ма́ҳбуб... Яъне дар гузашта ҳам мо вомвожаҳоеро пазируфтаем, аммо ҳамаи онҳоро бо қоъидаҳои овоии забони модаримон ҳамоҳангу ҳамхон кардаем ва ба дунболи талаффузе ғайр аз порсӣ нарафтаем. Пас фишор (зада)-и Obama дар забони порсӣ бояд рӯи ҳиҷои охир биуфтад: Обама́, на Оба́ма.

Вале оё ин ҳам дуруст аст? На, ин ҳам ғалат аст.

Садои “о” дар забони порсӣ ҳамвора дароз аст ва садои “а” ҳамвора кӯтоҳ (Аз инҷост, ки намешавад “а”-и аввали Obа́ma-ро кашид, чун дар порсӣ “а”-и кашидаву дароз вуҷуд надорад). Агар номи раисиҷумҳурии Омрикоро ба шакли “Обама” ҳиҷҷӣ кунем, маҷбурем ҳам “о”-и онро зиёдӣ аз ҳад бибуррем ва ҳам “а”-и аввали онро беш аз ҳад бикашем, ки ҳар ду хилофи қоъидаҳои савтии порсӣ аст. “Обама” ба ҳамин шакли роиҷ дар расонаҳои Тоҷикистон чизе шабеҳи ъиборати “ъолама” дар забони мо мешавад, ки “о”-и дароз ва дуто “а”-и кӯтоҳ дорад. Ё агар фақат ба ҳиҷои нахусти он таваҷҷуҳ дошта бошем, он бояд шабеҳи вожаи “об” дар забони мо талаффуз шавад, ки аз асли он вожаву талаффуз фарсангҳо дур аст. Чун “о” дар вожаи “об” дароз аст ва “о”-и лотин дар нависагардонии мо ҳамеша кӯтоҳ буда ва ҳаст. Аз инҷост, ки “Сократ” дар забони мо “Суқрот” шуда ва “Платон” - “Афлотун”. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин вижагии савтӣ Obama дар забони мо ба шакли “Убомо” навишта ва талаффуз мешавад ва ин танҳо шакли дурусти порсии он аст.

Дар воқеъ, бо пофишорӣ рӯи имлои ғалати “Обама” мо чандин қоъидаи забонамонро зери по кардаем:
  1. Дарозии садои “о” дар забонамонро нодида гирифтаем;
  2. Кӯтоҳии “а” дар забонамонро нодида гирифтаем;
  3. Уфтодани фишор рӯи ҳиҷои охири вожа дар забонамонро нодида гирифтаем.
Ва танҳо далели ҳамаи ин нодида гирифтанҳо ин аст, ки мехоҳем пойбанди имлову талаффузи русӣ бимонем. Оё ин истидлол то чи андоза пазируфтанӣ ва мантиқист? Чаро савтиёти порсӣ бояд қурбонии русиписандии мо шавад, дар ҳоле ки ҳамзабонони мо ҳамчунон пойбанди савтиёти порсӣ мондаанд? Бино ба савтиёти забони модарии мо (фориғ аз диктаи забони русӣ) шакли дурусти имлои он ном “Убомо” аст, на “Обама” ; бо як "у"- кӯтоҳ ва ду "о"-и кашида, ки бо вижагиҳои овоии забони мо ҳамхонии тамому камол дорад.

Танҳо далели ин сардаргумӣ ҳамин алифбои таҳмилист, ки “о”-и порсиро бо “о”-и русӣ яке донист. Тафовути ин ду садо дар ду забон ба андозаест, ки бар пояи он ба ҳангоми гуфтор ба забони русӣ мешавад “лаҳҷаи тоҷикӣ”-и тарафро мушаххас кард. Ононе, ки бо савтиёти русӣ бахубӣ ошноянд, медонанд, ки байни «Кто ты такой?» , ки як тоҷик талаффуз мекунад ва «Кто ты такой?», ки як рус мегӯяд, тафовути бисёрест. Тоҷике, ки “о”-и русиро порсӣ фарз кунад, онро дарозтару кашидатар талаффуз мекунад. Дар ҳоле ки дар забони русӣ “о” як садои кӯтоҳи батамом мутафовит аст ва ба “у”-и кӯтоҳи порсӣ монандии бештар дорад. Аз инҷост, ки “Убомо́”-и мо “Оба́ма”-и онҳост.

Дар хилоли даҳаи 1920-и мелодӣ равшанфикрони ин марзубум бар сари тағйири алифбо баҳсу ҷидоли фаровоне доштаанд. Зери фишори воқеъиятҳои он рӯзгор бисёре ба ин натиҷаи нохушоянду фаҷеъ расиданд, ки дабираи порсиро тарк кунанд ва ба алифбои лотин бипайванданд. Аммо дидгоҳи ҳамаи соҳибназарони тоҷик, бидуни истисно, ин буд, ки садои “о” дар алифбои лотини тоҷикӣ бояд шакли “а”-ро дошта бошад. Абулқосими Лоҳутӣ дар мақолаи “Дар гирди лоиҳаи алифбои нави тоҷикӣ” (“Раҳбари дониш”, 1928, шумораҳои 1 ва 2) ъаломати “а”-ро барои садои “о”-и порсӣ ва “ә”-ро барои “а”-и порсӣ пешниҳод карда буд. Ба ҳамон шевае, ки дар алифбои озарӣ пазируфта шуд. Лоҳутӣ ҷумлаи “Хатти тоҷикӣ барои ҳар овоз як ҳарф дорад”-ро бо алифбои пешниҳодиаш чунин навишта буд: Xәtte Taçiki bәraye hәr avaz yәk hәrf darәd.

Мирзо Фатҳъалӣ Охундов, аз пешгомони тағйири алифбо ҳам ҳаводори чунин нависагардонӣ буд. Ва ҳам Фитрати Самарқандӣ, ки то дергоҳ бар сари “а” ба ҷои “о” пофишорӣ кард. Аммо чун фишори Маскав зӯртар буд, пешниҳоди (дар воқеъ, дастури) як забоншиноси рус бо номи пруфессур Олексондр Семйунуф (Александр Семёнов) пазируфта шуд. Дар воқеъ, Семйунуф танҳо касе буд, ки исрор дошт “о”-ро ба ҷои “а” бипазирем. Вагарна ҳамаи тоҷикҳо пеш аз дахолати ин донишвари рус “о”-ро ба хатти лотин ба шакли “а”имло мекарданд. Рӯзномаҳои “Бухорои Шариф” ва ҳатто “Тоҷикистони Сурх” ъунвони худро ба хатти лотин ба шакли “Bukhara-i Sharif” ва “Tajikistan-i Surx” ҳиҷҷӣ мекарданд. Аммо як рӯз аз Маскав дастур омад, ки аз ин ба баъд “а”-ро “о” бинависед. Ва мо то кунун пойбанди он дастури импротурии Сурх ҳастем, бо ин ки аз импротурӣ танҳо хотироте боқӣ мондааст.

Ҳоло ки ба алифбои барсохтаи он импротурӣ тан додаем, бояд мувозиби савтиёти забонамон бошем, то дар ин сардаргумии хаттӣ ба яғмо наравад. Агар қарор аст, ки “тоҷик” ба хатти лотин Tajik бошаду “Тоҷикистон” Tajikistan, “Бадахшон” Badakhshan-у “Хатлон” Khatlan, “Зарафшон” Zarafshan-у “Теҳрон” Tehran, пас Obama-и лотиннигор ба алифбои пириллики мо ҳамон “Убомо” мешавад. Ба ҳамон шеваи куҳан, ки “Гиппократ” (Hippocrates)-ро “Буқрот” кардаву canon-ро “қонун”, Rome-ро “Рум”-у Ionian-ро “Юнон”.

Бо таваҷҷуҳ ба тавзеҳоте, ки ъарз шуд, шояд ин муъаммо ҳал шуда бошад, ки чаро дар БиБиСии форсӣ medal-ро “медол” менависанд. Чун “медал” бо имлои забони мо ҳамхонӣ надорад ва бегона аст. Ҳар он кас ки “медал” менависад, вижагиҳои савтии забони модарии моро бо лагад задааст. Танҳо имлои дурусти он вожа ба порсӣ ҳамонест, ки дар торнамои БиБиСӣ омадааст: медол.

Ва ҳоло мерасем ба сарвақти вожаи “Улампик”, ки зоҳиран мағзи достон аст. Ин вожа баромада аз номи кӯҳи Olympos дар Юнони бостон аст, ки беш аз 2500 сол пеш маҳалли мусобиқаҳои варзишии ҷаҳони бостон буд, ки имрӯза ба он “улампик” гӯянд. Ин вожа пас аз гузори чандин қарн аз роҳи фаронсавӣ ба забони порсӣ баргашт. “О”-и лотин садое кӯтоҳ аст, ки ба забони мо ҳамвора ба шакли “у” баргардон мешавад. Модарбузурги ман аз забони русӣ ду вожа балад буду дар забони рӯзмаррааш ба кор мебурд: “тулку” ва “пурусту”, ки порсишудаи ҳамон «только» ва «просто»-и русист. Аз диди забоншинохтӣ ҳам “о”-и лотин ва русӣ бо “у”-и кӯтоҳи порсӣ ҳамхонӣ дорад ва ба ҳеч рӯй шабеҳи “о”-и порсӣ нест. Агар пеши худатон ин ду вожаи русиро бо “о”-и тоҷикӣ талаффуз кунед, шояд тафовути фоҳиши байни садои “о”-и русӣ ва “о”-и порсиро дарёбед. “О”-и русӣ гирдтару бастатар аст, дар ҳоле ки “о”-и порсӣ баробари “а”-и лотин аст: бозу кашида.

“А” дар вожаи “улампик” баргардони “y” (ё i) дар забони фаронсавӣ аст, ки ҳамвора дуруст ба гунаи “а”-и порсӣ талаффуз мешавад. Аз инҷост, ки тамоми порсигӯёни ҷаҳон (чи дар Эрону чи Афғонистон) “Улампик”-ро ба ҳамин шакл пазируфтаанд: المپیک. Ҳоло интихоб бо мост, ки оё мехоҳем тоҷикона ва бо пайравӣ аз вижагиҳои савтии забонамон, ки ҳамзабононамон риъоят мекунанд, “улампик” бигӯему бинависем ё ба шеваи русҳое, ки чанд сабоҳе бар мо ҳукумат кардаанд ва бо пушти по задан ба вижагиҳои савтии забонамон “Олимпиада”-ро тарҷеҳ диҳем.
Шакке дар ин нест, ки рӯзе-рӯзгоре мо, порсигӯёни Осиёи Марказӣ, ба дабира (алифбо)-и худ боз хоҳем гашт. Чун:

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш

аз бадеҳиёти рӯзгор аст. Ҳамин ҳоло ҳам бисёре аз ҳаммеҳанони мо сари худ ба алифбои худӣ баргаштаанд ва порсӣ менависанду порсӣ мехонанд. Фардо ки ҳамагон хостанд ба хатти худӣ баргарданд, дар имлои вожаҳое аз ин даст гирифтор нахоҳанд монд? Имлои “олимпиада” ба ҳамин шакли мавриди писанди мухолифони “улампик” ба хатти порсӣ آلم پیده “олимпияда” имло мешавад, ки бо савтиёти забони мо кӯчактарин ҳамхонӣ надорад. Чун “о”-и аввал бояд кашидатар талаффуз шавад ва фишор (зада) рӯи ҳиҷои охир намеуфтад (ки худбахуд садои “а”-и аввал дар “пиада”-ро табдил ба “ё” мекунад: олимпиёда. Шабеҳи “ъолими пиёда” عالم پیاده, ки аз мафҳуми вожа ҳам дур асту ҳам ғалатандоз.

Эроди дигари оқои Қурбони гиромӣ мутаваҷҷеҳи корбурди “Шонгҳой”-и порсӣ ба ҷои  “Шанхай”-и русист. Бо таваҷҷуҳ ба тавзеҳоте, ки дар бораи ҳамхонии “о”-и порсӣ бо “а”-и лотин дода шуд, бояд равшан шуда бошад, ки чаро дар забони мо “Шанхай”-и русӣ “Шонгҳой” талаффуз ва имло мешавад. Афзун бар ин, равшан аст, ки забони русӣ фоқиди садои “ҳ” аст, аз ин рӯ аз талаффузи “Шонгҳой” ба шакли дуруст қосир аст. Аммо мову шумо, ки “ҳ” дорем, чаро бояд маҷбур ба тақлид аз имлои русӣ ва талаффузи “х” ба ҷои “ҳ” бошем? Чаро шаҳреро, ки бошандагонаш “Шонгҳой” меноманд ва дар забони мо ҳам чунин марсум шуда, ба шеваи русҳо ва ба хотири талаффузи онон “Шанхай” биномем? Оё ҳеч далели забоншинохтӣ ҳаст, ки ин лагади мо ба савтиёти модариро тавҷеҳ кунад?

Ҳеч далеле нест. Ҷуз ин ки мо бо имлои русӣ хӯ гирифтаем. Имлое, ки аз ъумраш 50 сол ҳам намегузарад ва мехоҳад бо торихи 1300-солаи порсии навин нерӯозмоӣ кунад. Кадом арҷаҳтар аст? Порсие, ки бо хоку оби ин сомон даромехта ё имлову забоне, ки бархе тасмим гирифтаанд бар ин хоку об мехкӯб кунанд?

Ҳеч пешниҳоде ба Кумитаи забону истилоҳот надорам, ҷуз ин ки заминаи гузор ба алифбои порсиро фароҳам кунад. Бо “улампик” навиштани “Олимпиада” ин мушкил ҳал нахоҳад шуд ; ҳатто бо риъояти савтиёти порсӣ дар дабира (алифбо)-и пириллик. Ҷудоии мо аз хатти модарӣ ҳамонанди ҷудоии дарахт аз реша аст ва саранҷоми он чизе ҷуз марг нест. Агар баростӣ хостори боландагии фарҳаргамон дар хостгоҳи забони порсӣ (Осиёи Марказӣ) ҳастем, чорае ҷуз бозгашт ба хатти модарӣ (алифбои порсӣ) надорем. Дар ин давраи сарнавиштсоз аз донишвари фарҳехтае чун Додихудои Саймуддин ва Кумитаи забону истилоҳот интизоре, ки меравад, чизе ҷуз ин нест, ки зимни ройзанӣ бо доноёни амр заминаи гузори миллат ба алифбои худашро фароҳам кунанд, то ин баҳсҳои бесарутаҳ дар бораи имлои ину он вожа ба фарҷоми ниҳоӣ бирасад. Ва ин хостаест, ки шодравони равшангуҳар Муҳаммадҷони Шакурӣ то вопасин рӯзҳои зиндагиаш бар он таъкид дошт.

No comments: