Wednesday, September 10, 2008

Independence & Rudaki

Истиклол ва Рудакй

Ин чустор вижаи Asia-Plus навишта шудааст

Зохиран дар гузашта чашни истиклол шукухи бештаре дошт. Садои карнову духули он ба гунае ба гуши дуруфтодагоне чун мо хам мерасид. Селе аз хамзабонону хамкавмони бурунмарзй равонаи Душанбе мешуданд, дам аз ягонагию човидонагии ин ягонагй мезаданд ва бо худ губори Точикистону кулборе аз умеду орзухоро ба армугон меоварданд. Аммо имсол аз шуру шавки чашн хабаре набуд. Яъне ба гушу чашми мо нарасид. Оё чашни истиклол ба чизи пешипоуфтодае табдил шуда ё ранчи мардум тайи соли гузашта аз ахамияти он костааст?

Ё шояд дарки ин вокеъият жарфтар шудааст, ки бо гузашти 17 соли тамом мо хамчунон дар орзуи истиклоли ростин хастем? Чун вожаи баланду мукаддаси истиклол бори сангине дорад, ки хануз ба таври боиставу шоиста ба шонахои мо науфтодааст. Магар касе метавонад хилофи ин мавзуъро собит кунад, ки Точикистон хамчунон дар бисёре аз масоил дастнигар ва дахоннигари бегонагон аст? Шояд ин сарнавишти хамаи кишвархои хурду камзур бошад. Аз бахти бад, тайи 17 соли истиклоли намодин Точикистон дар миёни хамин даста аз кишвархо чойгохи собите ёфту реша давонд. Дар натича аз истиклол ба унвони як баландпарвозй ва орзуи дур тачлил мекунем; ба умеди рузе, ки он орзу ба вукуъ бипайвандад.

Истиклоли ростини мо замоне таъмин ва тазмин хохад шуд, ки Точикистон битавонад бидуни хеч нигаронй ва дагдага, ба курии чашми хасудон, неругохи Рогунро бисозад, марзхоро аз мин бизудояд ва бо таъйини дакики худуди сарзамини мо посдори тамомияти арзии кишвар бошад, дар мавриди масоили дарунию берунй беъибо мавзеъгирй кунад ва ба чизе гайр аз манофеъи миллии худ наандешад, карзхои хоричиро батамом бипардозад, то вобаста ба иродаи ниходхои молии байнулмилалй намонад, дар баробари якояки шахрвандони кишвар масъулияти тамому комили хофизи хукукро бипазирад. Дар вокеъ, мустакил касест, ки вазифаашро худаш барои худаш таъйин мекунад. Таъмину тазмини истиклол, хамон гуна ки бармеояд, вазифаи сангинест ва барномарезии дакику хисобшуда мехохад. Заминасози он пеш аз хама истиклоли иктисодист. Танхо замоне фалак бар вифки муроди мо хохад чархид, ки аз чайби худамон харч кунем ва муттакй ба кумаки ёрони дурузаи озманд набошем.

Барои кишваре чун Точикистон, ки мушкилоти иктисодиаш шухраи офок шудааст, баргузории чашну чашнворахои муфассал барозанда нест. Аз ин ру, хуб аст, ки имсол чашни истиклоли мо хиракунанда набуд. Ва аслан бехтар аст, ки барои муддате Точикистон баргузории хар навъ чашну барномаи пурхазинаро мутаваккиф (мораториум) кунад. Барои намуна, пардабардорй аз тандис (мучассама)-и нави Абуъабдуллохи Рудакй дар фосилаи андаке аз тандиси кадимитари у дар баробари Донишгохи Кишоварзй ва баргузории чашнхо ба ифтихори солрузи таваллуди шоъир бо вазъи кунунии кишвар ва мардум чандон созгор нест.

Барои тачлил аз шоъири баруманд сазовортар буд, ки бо хазинаи камтаре осори у ба чандин забон мунташир шавад, то сухани устод беш аз пеш дунё ва замонахоро дарнавардад ва аз суи дигар, дар рушди забони вомондаи мо ва касби истиклоли фархангии мо ёрй кунад. Аз дидгохи фархангй низ ин носозгорй равшан аст: акнун ки забони Рудакй дар холи низор аст ва хатти Рудакй дар сарзамини у хор аст, насби мучассамаи тозае аз устод чй дардеро даво мекунад? Бо донистани осори Рудакист, ки арчи лозим ба Одам-уш-шуъаро гузошта хохад шуд, на бо зиёрати мучассамаи у. Ва номгузории сол ба номи ину он, ки боб шудааст, маъмулан хазинахои хангуфтеро дарбар дорад, ки суди андаке ба бор меоварад. Сарфи танхо бахше аз ин маблагхо дар тарххои фархангии решайи заминасози истиклоли фархангии мо хохад буд ва дар ростои касби истиклоли иктисодй низ андаке таъсир хохад гузошт.

Акс аз торнамои bbcpersian.com

4 comments:

Anonymous said...

Ба фикрам, новобаста аз холати иктисоди, иваз шудани боги марказии пойтахт ба номи Устод ва гузоштани мучассамаи у ба чои мучассамаи Ленин лоики дастгирист!
Сарфи бехуда дар чумхури зиедаст, вале ин амал дигар!

Anonymous said...

Бехтар буд Рудакиро бо асархояш мешинохтем ва ба забони у арч мегузоштем. Мучассамаи у чи даркор? Мо як мучассамаи Рудакй доштем, ки хеч кас бехтар аз он наметавонад Рудакие дигар бисозад. Бехтар буд Фирдавсиро ба хошияи шахр намерондем ва Фирдавсиро ба чои Ленин менишондем. Сарфачуи хам мешуд ва Фирдавсй хам ба макоми баландаш бармегашт.

Собир

Anonymous said...

Салом Дарюш,

Маро бубахшед ки забони точики бад медонам–хеле вакт аст ки ман дар Точикстон будам.

Хеле лутф кардед агар ба ин торнамае ки дарбораи фасоди Рахмон сар задед.

Anonymous said...

Аслан гуфтан мумкин аст, ки чашни 1150 солагии Рудакиро на, балки чашни Эмомалиро гузаронид ин хукумати фасодкорон. Гуё Рудакиро низ Эмомали тавлид намудаву вай махз ба "шарофати" у шеър гуфта хазор сол пеш...
Барои як дилхушии дусоатаи Эмомали 6 млн сомони сарф шуд, зиёда аз 500 нафар духти точик расман ба катори "раккосахо" дохил гардид пас аз тайёрии зиёда аз 6 моха. Тамаллуккорони родиову телевизиони сад дар сад дуруггуй чунон серкор буданд, ки ба натичахои бадастовардаи онхо мебоист ахсан гуфт: дар давоми якчанд руз зиёда аз 100 интервью-и супориши тайёр кардан кори сахл нест. Нафареро дар Панчакент пурсида истодаанду, шахсе дигаре низ мехохад фикрри худро баён кунад, аммо ба у руирост мегуянд, баромади Шуморо мо ба накша нагирифтаем ва суханхои Шуморо пешаки мо нашнида. Ин ба болои он, ки хамаи интервью -хо аз нуги сузани чандин тамаллуккори дигар мегузарад.
Дар давоми як мохи охир анкариби 30 нафар шахрванд дар натичаи садамаи наклиёти ба он дунё рехлат намуд, вале дар ин бора ягон маротиб хабаре нашунидаем аз садову симои хукумати...