Wednesday, February 04, 2009

When Walls Collapse…

Вакте ки деворхо фуру мерезанд

Фасли марги бузургон дар Точикистон бедод мекунад. Ва мо, кавми мурдапарвар, танхо пас аз тахаммули бохту зоеъот ба андеша менишинем, ки чи бузурге хузурашро аз мо дарег доштааст. Кучи Наримон Бакозода, Боймухаммад Ниёзй ва Мухаммадзамони Солех, яке пас аз дигарй, дар синахои хазорон тан лаккахои нав ва дар лабхои садхо тани дигар марсияи алам кошт.

Шуморе аз дустон дар зодбуми мо озурдаанд, ки чаро Як Дарвеш дар бобати ин бузургони рафта сухане ба миён намеоварад. На ин ки Як Дарвеш хаводорони бешуморе дошта бошад ё суханаш кадри арзан вазне дошта бошад. Манзур дустони муштараки мову рафтагонанд, ки шояд сукути Як Дарвешро хамл ба бемехрй кардаанд, шояд хам чизи дигар.

Як Дарвеш дар гушаи эътикоф барои якояки азизони рафта дуъо мекунад ва бар равонашон офарин мефиристад, ки хар кадом ба гунае тушаи охирати дархури худро фарохам карда буданд ва хасрате аз ин бобат нест.

Аммо хамон гуна ки дар посух ба дусте навиштам, замоне бар ман мегузарад, ки аз шархаш очизам. Ангор, ба таъбири Фуруг, дастхоямро дар богча коштаам, аммо хануз сабз нашудаанд ва парастуе дар гавдии чавхаролуди ангуштонам хануз тухме нагзоштааст. Дар интизори инсичоми эхсосу мантик нишаста будам, то агар харфе барои гуфтан дошта бошам, хонандае хам пайдо кунад. Аммо маълум нест, ки ба он инсичоми матлуб даст ёфта бошам, то матлаб адо шавад. Эхсоси халаъ ва тухй будан хамчунон гиребонгирам аст.

Вале бо итоъати тамом аз суннати нописанди мурдапарварй бо деркарде нобахшуданй чизхоеро хохам гуфт, ки бояд дастикам ду хафта пеш мегуфтам; замоне ки Азроил хануз гуи сабкатро аз мо нарубуда буд.

Аз миёни рафтагон бо Мухаммадзамони Солех ифтихори хамнишинию хамгапй доштам. Пеш аз ошнойи уро хамзоди зохирии Салмони Рушдй медонистам, аз бас ба якдигар шабохати сурй доштанд. Солех хам саргарми ковиш андар виждону имони худ буд ва хамин ковишхо буд, ки моро ба хам овард. Чанд бархурди мухтасар дар толору долонхои фархангй ва сухбатхои сарипойи. Сипас ташрифи у ба дафтари Барномаи Инсоншиносии Огохон дар Душанбе, ки махалли корам буд. Устодро Рудакии Бехдин хамрохй мекард, ки солхо пас аз он ба таври фачеъе шодравон шуд ва акнун дар олами пиндори мо хар ду шояд зери сояи дарахте дар бихишт дидорхоро тоза мекунанд.

Рудакй ва устод мехостанд созмонеро бо номи «Маздаясно» рох андозанд ва комгор хам шуданд. Хар як аз мизигирдхои «Маздаясно» дар он даврон барои худ руйдоде бехамто буд. Порахое аз он нишастхо ба забони русй дар родю Душанбе пахш мешуд ва Мухаммадзамони Солех аз сохибназарони аслии бахсхо буд.

Замон гузашту талхтар шуд. Пайвандхо чои худро ба офандхо ва бастагихо чои худро ба гусастагихо доданд. Солхо баъд дар гурбатистон шунидам, ки устод Солех аз он созмони валангоршудаву бахсхояш дигар дили хуше надорад ва суннатро бар бидъат ричхон нихода ва мисли милюнхо тани дигар аз хамкавмонаш дар чанги душворихои рузгор дасту по мезанад. Аммо дарег, ки дигар роххои мо бо хам гирех нахурд ва бахт ёрам набуд, ки аз наздик чуёи холу сиголи устод шавам.

Давраи хамбудй бо Мухаммадзамони Солех давраи нишоти ошнойи бо инсоне ростин ва пуё буд. Такаллубе дар эхсосоти урёни у, ки аз забонаш таровиш мекард, намедидам. Дар огоз вонамуд хам намекард, ки ба ман кучактарин арче дошта бошад. Пиндошти у аз ман хамоне буд, ки акнун хам шояд бисёре дошта бошанд: як мукаллиди худписанди «эрониён», ки бо кач кардани лабу забон калимоти кулумба-сулумбаро ба забон меораду фазлфурушй мекунад. У бо гуиши ширини масчохй маро накухиш мекард, ки «чи ниёзе буд лахчаатро тагйир дихй?» Ман хам тавзехе намедодам, ки конеъаш кунад.

Аммо дустии мо чавона мезад ва рузе часорат ба харч додаму достонгунаеро аз навиштахоям барояш хондам. Солех, дар холе ки пушти мизи сапеде дар хаёти кахвахонаи Хонаи Синемо нишаста буд, бо тахаммули тамом ба ман гуш дод ва то ба тахи достон расидам, даст руи шонаам гузошту тамчиде кард, ки шояд ин чо натавонам ба шакли ростинаш бозгу кунам. Чун он хам ховии пусткандагуихои устод буд. Вале лубби каломаш ин буд: «Аз ин ба баъд хар галате, ки бикунй, нодида хохам гирифт, чун ту хак дорй... Ин гуиш хакки халоли туст ва хохиш мекунам сарзанишхои каблии маро фаромуш кун...»

Шунидани тавсифе ончунонй аз нависандаи тозапардозу хушбаёне чун Солех бароям як чахон маъно дошт. Аммо аз он хушхолтар будам, ки танхо мавриди ихтилофи мо бад-ин гуна рафъ шуд.

Бо рафтани нависандаи «Девори Хуросон», метавон гуфт, пораи бузурге аз девори насри точик хам фуру рехт ва киссахои бешуморе ногуфта монд. Пеш аз у мо, гумшудагони сарнавишт, ки хатту забонамон таътил шуда, «Ардавироф»-ро чи медонистем ва аз «кобуси Кобус» чи хабаре доштем ва «сарви Кошмар» дар кадом гушаи хиёли мо сабз мешуд?

Мухаммадзамони Солех харгиз аз кандуков намонд, то замоне ки калбаш бевафойи карду аз тапидан монд. Тафаххуси у дар гузаштаи пурбори миллат ва диди жарфи у ба имрузи низори мо дар миёни нависандагони муъосири кишвар бехамто буд ва агар умр мачолаш медод, бегумон дурри фаровонтареро месуфт. Вале дурре суфтатар ниходи поку беолоиши худи у буд, ки дар андак пайкаре хулул мекунад. Ва ин гавхар хам аз ангуштарии фарханги точик галтиду рафт. Зуд рафт. Бо шитоб рафт. Бо фишори рузгор аз сахна хорич шуд ва пас аз 58 сол дурахшиш дар замини намноки Масчох орамид. Аммо дар дидаву дилхои мо монд.

ПС: Акс армугонест аз дусти арчмандам Мунаввари Мунавварзод, ки аз дустони шодравон Мухаммадзамони Солех низ буд.

1 comment:

Anonymous said...

Вокиъан, Мухаммадзамони Солех девори адабиёти точик буд.

Акнун кй достони "Малкушон"-ро барои мо ва мардуми чахон хохад навишт? Кй достони Куруши Бузургро, онгуна ки лозим аст, барои насли ниммурдаи мо ва наслихои оянда хохад навишт?

Афсус, хазорон афсус...

Safdar