Аз Наврузи пор то ин бахор
Навиштахои Наврузи гузаштаи Як Дарвешро мурур мекардам. Намедонистам чи гуна ин тазоддро барои худам таъбир кунам, ки соли гузашта рузхои наврузии ин торнигор чи андоза пурбор буд, бар хилофи рузхои холии имсол, ки чизи тозае руи сафха падид намеоварад. Ба вижа дар заминаи чусторхои наврузй кори Як Дарвеш ба нихояти дарюзагарию дарвешй кашида шуда. Ростй, холу хавои Навруз хануз суроги мо наомадааст ва маълум нест, ки то поёни ин айёми хуррам ба гарибон хам назаре хохад афканд ё на.
Нигохе ба соли ру ба поён хам чанге ба дил намезанад. Ин сол давлати Точикистонро ба унвони як кулохбардори гузаро дар арсаи байнулмилалй муъаррифй кард ва табли русвоии давлат дар додгоххои Бритониё навохта шуд, бо ин ки чайби додварону вакилони инглисй аз мурофеъоти миёни давлату мухолифони алюминиюмиаш пури пур шуд. Аммо хамзамон бо ин мурофеъоти шармовар чайби мардуми Точикистон холитар мешуд.
Оташи бухрони молии чахонй, ки гумон мерафт аз канори Точикистон бигзарад, саранчом домони кишвари моро хам гирифт. Хазорон тан аз мухочирони корие, ки зомини тадовуми зиндагии хонаводахояшон дар Точикистон буданд, сарафкандаву малул аз Русияву Казокистон баргаштанд, чун корхонахояшон ру ба заволанд.
Хонаводаи нахусти кишвар (Рахмон) даргири мочарои хунине шуд, ки шабохате – харчанд кучак – ба достони пур оби чашми Рустаму Сухроб дошт, бо тагйири накшу нисбати кахрамонони аслиаш. Шакки мардум дар бораи зинда ё мурда будани курбонии он разми пушидаву нангин барои муддати дарозе зехнхоро олуда нигах дошт.
Катлу камъи точикони бахтбаргашта дар Русия хамчунон бедод мекард ва тобути як бародари чавони сарбуридаамон дар сукути кишвари захзадаамон дафн шуд. Умедхо барои шикастани сукут ба хоки яъс нишаст.
Садои эътирози шуморе аз мардуми Бадахшон хам дар ханчарахо хафа шуд.
Узбакистон дар як монуври жеупулитик Точикистонро пушти по зад ва дар айни ин ки бозии дугонаашро идома медод, хам Русия ва хам Гарбро ба сари чашма ташна бурду ташна овард. Тарххои баландпарвозонаи энержии обии Точикистон руи дастхои ларзону хайрон монд.
Забони порсй дар хостгохи худ гарибтар шуд ва ба сомоне нарасид, то андешае тоза биофаринад.
Дар холе ки хамзабонони баноми мо дар Омрикову Урупо бехтарин чоизахои адабиро мебурданд (Холид Хусейнй ва Атик Рахимй), нависандагони мо хамчунон бар сари пайкари илхоми мурдаашон муя мекарданд.
Дар холе ки донишмандони чахони пешрафта дар Суис (Швейтсария) талош мекарданд рози офаринишро аз рохи бозофаринии сахнаи Инфичори Бузург дарёбанд, «магз»-хои мо саргарми макулахои ришу русарию хичобу бехичобй буданд. Ва соли мелодиамон ба руйдоде таъаллук гирифт, ки 1300 сол пеш иттифок уфтода, ангор рахбарй аз Имоми Аъзам шинохте дошта бошад. Эъломи ин сол намунаи боризест аз вопаснигарии давлату миллат, на оянданигарии мо.
Охирин нишонахои тачаддуду тамаддун хам барчида мешуд. Дар хамин чорчуб Рузи Зан табдил ба Рузи Модар шуд, ки ба маънои суннатисозии як мафхуму чашни мудерн ва дур андохтани перояи навгароёнаи он буд. Ва хар чи дар сарзамини мо иттифок меуфтод, чизе чуз намудхои тавхину тахкири зану модар набуд.
Як Рудакии дигар дар маърази тамошо дар маркази пойтахт нишаст, ки ангезааш чизе чуз махалгароии хирасаронаи зимомдорон набуд, то Рудакиро дар баробари Фирдавсй карор бидиханд, ки дар огози хукумати инхо ба хошияи шахр ронда шуда буд. Бо он хазина мешуд ашъори пири адаби порсиро ба забонхои гуногун чоп кард ва дар густардани огохй аз он кушид.
Танхо лахзахои дурахшиши Точикистон дар соли ру ба поён шояд пирузии Тахмина Ниёзова дар мусобикаи хунарии «Интервидение» ва медоли симини Рустам Абдуссаломов дар ракобатхои улампики Пекин буда бошад. Аммо лахзахои фарсоиши он бегумон бештар буд.
Мардум дар авкоти фарогат дар осмони Душанбе суроги номи «Аллох»-ро мегирифтанд ва аз абру дудхо тафсирхои мазхабй ироа медоданд ва руи барфи зимистон хам номхои муборакро ташхис медоданд. Хулоса, ба шиддат саргарми тахкику тафаххуси хурофоташон буданд. Ва бидуни далеле муваччах бо як шоеъа як шабро дар зери сакфи осмон субх карданд, то аз «заминларза»-и эхтимолй чон ба саломат бибаранд.
Дар ин миён Чингиз Айтматов рафту «манкуртхо»-и мо монданд. Манкуртхое, ки ба баракати ин нависандаи баном шинохтем.
Барномаи Мачаллаи Осиёи Миёнаи Би Би Си, ки вижаи порсигуёни минтакаи мо буд, таътил шуд, ба ин бахона, ки руйдодхои Точикистон дар телевизюн пушиши густардатаре хоханд дошт. Ин иддаъо аз хадди бахона чилавтар нарафт. Сафхаи «Точикистон»-и ин расонаи хабарии муътабар хам такхаттй (сириллик) шуд ва ба поваракии сафхаи нахусти торнамо рафт, то дигар ба чашми номусаллахи инсоне нарасад.
Бахши точикии родю Озодй хам дучори туфоне дарунй шуд ва микдоре аз ганди он бо берун рафтани яке-ду тан аз кормандони пурсарусадояш берун рехт ва эътибори ин расонаро дар миёни тудахо то хадде кохиш дод.
Соли ру ба поён родю Замонаро хам бо худ мебарад. Родю Замонаеро, ки бо номи Мехдии Чомй по гирифт ва бо рафтани у сиришташ хам то хадди зиёде зудуда шуд.
Пас руихамрафта соли гузаштаи эронй соли хуше набуд. На барои мо ва на барои ман. Соле буд пур аз гусастагихо, хастагихо, дарбастагихову сарбастагихо ва шикастагихо. Ин соли гучастакро гусел мекунам бо умеде, ки дигар наояд. Оре, умед хамчунон хаст. Умед ба равшаноие, ки умед аст Навруз ба армугон оварад.
Наврузи хамагй хучаставу фархунда бод. Гамхо дуру чашмхо пурнур.
Ин хам дуъои сари суфраи Навруз, ки мардум дар Эрон маъмулан ба забони тозй мехонанд. Порсии он баргардони як дусти хубам аст:
Чашму дилро биниш аз ту
Рузу шабро гардиш аз ту
Солу махро чархиш аз ту
Гохи Наврузу бахорон
Чони мо обод гардон
Холи моро шод гардон
2 comments:
Olijanob navishta shuda. Vokean, in aksro diruz Footballi TJK niz ba haysi aksi tabrikoti navruzi barguzida bud, ki dar Draft muntaziri fardo ast, to nashr bishavad.
Navruzi hamai mo muborak boshad,
Дарро бикушо, бахор дар пушти дар аст,
Ишку хавасу хумор дар пушти дар аст,
Як зилзилаи хисоби дар дидаву дил,
Як ошики бекарор дар пушти дар аст !
Post a Comment