Friday, May 06, 2011

'Amu' Never Dies

Амӯ ҳаргиз намемирад

“Амак” садояш мекардам ва бамаротиб азизтар аз амӯҳоям буд. Аз солҳои аввали ғурбат, ки баргаштам “амак” “амӯ” шуда буд, ба гӯиши роиҷ дар Эрон. Аммо амӯи ман ҳамон марди фарзона, пурдониш, фурӯтан, бозаковат, хушмашраб ва бузургворе буд, ки буд. Дар даврони кӯдакӣ мояи шигифтиҳову ҳаваси ман; ҳамеша дӯст дошам, ки бузург шавам ва мисли ӯ рӯи мизам даҳҳо китобро бичинам ва муддате пушти он девори китоб пинҳон бимонам ва китобҳои тозаеро аз ҷаъбаи донишам берун бикашаму тақдим кунам.

Боймуҳаммад Боев барои ман намунаи як инсони комил буд ва аз нахустин устодонам. Аз ҳафтсолагӣ тарғибам мекард, ки ҳар рӯз 10 адад аз вожаҳои “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ро ҳамроҳ бо байтҳои намунааш фаро бигирам. Мегуфт: “Агар ҳар рӯз 10 луғати нав ёд бигирӣ, пас аз 10 рӯз 100 калима ва дар як моҳ 300 калимаи тоза омӯхтаӣ ва забонат беш аз пеш сайқал ёфтааст.” Субҳҳо ба давидану варзиш вомедошт ва дар ҳоле, ки вазнаҳои сангинро баланд мекард, мегуфт: “Тарбияти бадан ба рушди мағзат ҳам кумак мекунад”. Китобхонааш ганҷинаи бебаҳое буд, ки аз он ҳар бор китоберо бароям вом медод, то бихонаму пас бидиҳам.

Ба ҳамшогирдиҳоям бо ифтихор мегуфтам: “Калон шавам, “психолог” мешавам.” Кӯдакони дигар тасаввуре аз ин вожа надоштанд ва аз ман мехостанд тавзеҳ диҳам, ки “психолог”, яъне чӣ. Мегуфтам: “Психолог одамест, ки ба ту нигоҳ мекунад ва мефаҳмад, ки дар мағзат чи фикрҳое дорӣ, чи мехоҳӣ, чи бояд бикунӣ ва чи кор набояд бикунӣ. Психолог одами нағз аст. Психолог амаки ман аст”.

Ин орзуи ман фақат як хобу хиёли кӯдакона набуд. Аз кӯдакӣ дар миёни навиштаҳои равоншинохтии амӯ мегаштам ва ҳар чи гирам меуфтод, мехондам; ҳеч намефаҳмидам, аммо мехондам, то шояд чизе ба мағзам роҳ ёбад ва мисли амӯ шавам. Маҷаллаҳои кӯчаки равоншиносӣ ба забони русӣ, ки аз Маскав барояшон меомад, лаҳзаҳои кӯдакии маро пур карда буд. Аз худи ӯ мехостам, ки бароям мафҳумҳоро тавзеҳ диҳад. Ӯ бо камоли майл ва бо ҳавсала ин корро мекард. Соли 1983 буд, ки китоби устодаш Шалва Амонашвилиро ба дастам дод; китобе нафис бо номи ҷаззоби “Здравствуйте, дети!”, ки ба омӯзгорон наҳваи бархурд бо шогирдонашонро таълим медод ва ин ки бо чи шигирду шеваҳои тозае донишмӯзонро ба фаро гирифтани дониш ташвиқ кунанд. Бо гӯш додан ба суҳбатҳои амӯ ва бо хондани китоб худ ба худ он омӯзаҳоро бо шеваҳои омӯзишии муъаллимони мактабамон муқоиса мекардам ва мушоҳидаҳоямро ба амӯ таъриф мекардам ва нуқоти заъфу қуввати иддаъоҳоямро аз ӯ мешунидам.

Мантиқро бароям меомӯзонд. Достони кӯдаконае навишта будам, ки дар таркибаш ҷумлае бад-ин шарҳ буд: “Кӯдаки навзод печида дар қундоқ меларзид ва дандонҳояш ба ҳам мехурд”. Амӯ зимни ташвиқи фаровон дар гӯшае аз дафтарам навишта буд: “Кӯдаки навзод ва дандон?!!”

Роҳнамоиҳои амӯ дар авони кӯдакиам ба андозае муассир ва фарогир буд, ки наметавон дар ин мухтасар якояки онҳоро зикр кард. Гузашта аз омӯзаҳое, ки аз забонаш шунидаву аз навиштаҳояш фаро гирифта будам, рафтору маниши амӯ бароям мактабе дигар буд. Бо ин ҳама дониши фарох ҳаргиз дар ӯ нишоне аз худситоӣ набуд. Дар маҳфилҳо ба поси бузургон сукут мекард, аммо то забон ба гуфтор мегушуд, ҳамнишинонаш мабҳути қудрати каломаш мешуданд.

Зиндагии хонаводагии ӯ бароям омӯзандатар буд; то кунун ҳеч зиндагии муштаракеро хуштар аз зиндагии ӯву ҳамсараш (хоҳарбузургам) надидаам. Зиндагии онҳо баёнгари беҳтарин намунаи ҳамхонии як завҷ ва арҷу эҳтироми зану шавҳар ба якдигар буд ва исрори ҳеч як сари ақидаи худаш мушоҳида намешуд. Тафоҳуми мутлақ дар хонавода сайтара дошт. Баҳсҳои хонаводагӣ ҳамааш атрофи масъалаҳои рӯзгор набуд. Дар ин баҳсҳо тозатарин китобҳову ниҳлаҳои андешагӣ ва филмҳо баррасӣ мешуд, нукоти забону адабиёт мӯшикофона таҳлил мешуд, муқоиса бо ҷомеъаҳои дигар сурат мегирифт, баёнҳову ибороти тоза зикр мешуд... Баҳсҳои ширине буд, ки дӯст доштам то бениҳоят идома дошта бошад. Гурезгоҳе буд аз ибтизолоти рӯзгор ба фазилатҳо ва дар конуни он амӯи Боймуҳаммад хуш медурахшид.

Бузургтар ҳам ки шудам, амӯро ба унвони марҷаъ мешинохтам ва муъодилаҳои зиндагии ноҳамворамро бо ӯ тарҳ мекардаму аз ӯ роҳнамоӣ мехостам. Ва ҳар бор имонам ба қудрати мантиқи ӯ қавитар мешуд ва андарзҳои ӯро ба гӯши як шогирд мешунуфтаму мепазируфтам.

Реҳлати ӯ боварам намешавад, аз бас ногаҳонӣ ва такондиҳанда буд ва аз бас амӯ ҷавон буд. Аз роҳ мерасидам, ки рӯи гармашро бибинам, аммо то расидам, турбати гармашро дидам ва шарҳа-шарҳа диламро, ки аз ғусса берун мерехт. Ба ҳасби тасодуф ё зарурат инсонҳои бузург ҳузурашонро дареғ медоранду шитобон атои дунёро ба лиқояш мебахшанд. Аммо ҳаргиз фикр намекардам амӯ ба ин зудӣ биравад. Интизор доштам аз ӯ хиради бештаре фаро бигирем, ки кони хирад буд ва дар ҳоли интишори китобҳои нав. Тоза ба рифоҳи андаке даст ёфта буд, пас аз он ҳама ранҷи рӯзгори сахт. Ва тоза мехост андаке биоромад, ки ба оромиши ҳамешагӣ расид.

Рафту будани азизашро хотира кард; хотираҳои судманди ҷовидона, ки ҳаргиз намемирад.

2 comments:

Anonymous said...

Дориюши гироми, дуруд!
Худованд амуи донишманду фурутани шуморо биомурзад.Вокеан зиндаги ачиб аст,ки хамвора инсонхои хубу хушхуй, онхое,ки хамвора манофеашон ба соири одамон мерасадро аз миёни мо мерабояд.Аммо номи ин гуна одамхо хамеша дар чаридаи таьрихи оламу одам сабт хохад шуд.Равонашона Худованд шод бигардонад.
Илтимоси дуо
Фирдавс

D said...

Фирдавси гиромӣ, дуруду сипос аз суханони некатон. Поянда бошед.