Tuesday, May 10, 2011

Using Borrowings in Persian

Корбурди вомвожаҳо дар порсӣ

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Яке аз расонаҳои байнулмилалӣ як навиштаи манро дар гӯшае аз торнамо (сайт)-и худ мунташир кардааст. Ман аз ин амал истиқбол мекунам, бавижа агар имкони изҳори назар вуҷуд дошта бошад, то аз маҳдудаи дӯстону наздикону ҳамандешони худам берун биёям ва ба дидгоҳҳое гӯш диҳам, ки гоҳ сад дарсад хилофи дидгоҳу тасаввури ман ҳастанд.

Агар медонистам, ки қарор аст он мақола дар як расонаи интернетӣ мунташир шавад, мутмаиннан коре дигар мекардам ва матлабро ба гунае дигар менавиштам. Хабар надоштам ва шояд ҳам хуб буд, ки хабар надоштам, то дидгоҳҳои мухотабон маро ғофилгир кунад. Баъдан дарёфтам, ки кӯтоҳӣ аз ман аст. Дар бисёре аз мавридҳо тавзеҳи вожаҳои ноошно ё камтар ошно фаромӯшам шуда буд ва набояд мешуд.

Ҳамаи дидгоҳҳо эътирозӣ набуданд. Дӯстоне бо лутфу марҳамат аз навиштаи ноқобил тақдир карданд, аммо шуморе аз хонандагони матлаб ба сутӯҳ омада буданд, чун мафҳуми бисёре аз вожаҳо барояшон ноошно буд. Касе бо номи “Ориёӣ аз Суғд” навишта буд:

“Дориюш! Номи зебои форсиро баргузидӣ! Забони покизаи форсиро бо вожаҳои арабии сомӣ мисли ту касе шояд олуда насозад!”

Такондиҳанда буд ин паём. Чун ҳаргиз тасаввури ман ин набуд, ки навиштаҳоям саршор аз вожаҳои ноошнои тозӣ (арабӣ) аст. Аммо, ба худам фикр кардам, агар бо талошу фишор бар зеҳнам “ҳамаи навиштаҳоям оганда аз вожаҳо ва чамҳои порсӣ будӣ, чи касе омоҷи маро дарёфтӣ?” Он ҳангом водор ба боз кардани қавсайн пас аз ҳар вожае мешудам, ки барои ҳар чашме озоранда аст, ва мухлил (халаловар)-и зеҳну идрок. Ва аслан, ифроту тафрит (две крайности – рус.)-ро дар ҳеч заминае писандида намедонам. Иттифоқан, хушо ба ҳоли мо, ки забони арабиро дами даст дорем ва метавонем бо корбурди он вожасозӣ кунем. Ин на бад-он маъност, ки порсӣ оҷиз аз тавлиди вожаҳои тоза аст. Ба ҳеч рӯй. Дуруст бар хилофи ин бовари ғалат, порсӣ аз вожасозтарин забонҳои ҷаҳон аст, агар маҷолаш бидиҳанд. Аммо вуҷуди забони тозӣ (арабӣ) барои порсӣ ҳам судманд аст. Чаро?

Забони инглисӣ ҳамарӯза даҳҳо ва гоҳ садҳо вожаи тоза мепазирад ва Фарҳанги Оксфурд ҳамасола дигарбора мунташир мешавад; обистани вожаҳо ва истилоҳоти тоза. Бахши қобили таваҷҷуҳе аз вожаҳои тозаворид дар забони инглисӣ асолати инглисӣ надоранд, балки реша дар юнонию лотин доранд. Барои намуна, барои як инглисӣ осонтар набуд, ки ба ҷои oculist-и лотин “eye healer” ё “eye doctor”-ро ба кор бибарад (ба маънои “чашмпизишк”)? Мусалламан, мафҳумтар аст, аммо мумкин аст шунавандаро банохудогоҳ ба олами физикӣ ва малмусе бибарад, ки дар он “eye” (чашм) маъноҳои фаровони дигар ҳам дорад, дар ҳоле ки вожаи вомӣ (қарзӣ) ё бегонаи “oculist” як мафҳум бештар надорад ва мустақиман хиёлу тасаввури шунавандаю хонандаро ба тахтаи ҳарфҳои дурушту айнакҳои кулуфту зумухт (дағал)-и чашмпизишк мебарад. Яъне вожаҳои вомӣ забонро ғанитар мекунанд ва бар бори маъноии забон меафзоянд. Дақиқан ҳамин нақши забони лотин барои инглисиро тайи садҳо сол забони тозӣ (арабӣ) барои порсӣ бозӣ карда ва натиҷааш ҳам бисёр судманд будааст.

Аммо мантиқи вом (қарз) гирифтани вожа дар забони пешрафтае чун инглисӣ мутафовит аст. Барои намуна, вожаи “компютер” (computer) решаи инглисӣ надорад ва аз computare-и лотин ба маънои “шумурдан” меояд. Агар инглисиҳо мехостанд онро ба як вожаи инглисии ноб табдил кунанд, шакли он “counter” мешуд. Дар ҳоле ки “counter” ба маънои “шуморанда” ё “дастгоҳи шуморанда” (кунтур) мафҳум ва корбурди дигаре дорад. Аз ин рӯ инглисиҳо бо пазируфтани вожаи лотини computare барои сохтани вожаҳои compute, computing, computer бар бори маъноии забонашон афзудаанд, на танҳо бар бори вожагонӣ (луғавӣ)-и он. Яъне дар забони инглисӣ ба ҳеч рӯй наметавон ба ҷои computer чизе ба монанди counter гуфт ё онро ҷойгузин кард. Ҳар кадом аз ин ду вожа ҷой ва корбурди худро доранд, бо ин ки маънии таҳтуллафзии ҳар ду яксон аст.

Аммо дар забони порсӣ (чи дар Осиёи Миёна ва чи дар Эрону Афғонистон) фаровонанд вожаҳое, ки бар бори маъноии забон чизе намеафзоянд, балки бори вожагонӣ (луғавӣ)-и изофӣ ҳастанд. Ба монанди “азияту озор”, ки “азият”-и арабӣ дар он дақиқан маънои “озор”-и порсиро дорад ва чизе ба мазмуни иборат намеафзояд. Ба монанди он иборатҳои бисёре дорем, чун “ҳақорату хорӣ”, “шарофату номус”, “далерию шуҷоъат”, “лаёқату сазоворӣ”, “хурофоту хушкабоварӣ”, “ҷалолу зебоӣ” ва ғайра, ки ҳама таркибҳое аз вожаҳои ҳаммаънои порсию арабӣ ҳастанд, аммо вожаҳои бегонаи он мафҳуми тозаеро вориди забон накардаанд, балки такрори ҳамон мафҳуми порсианд.

Аз ин рӯ корбурди вожаҳои бегона, чи арабию чи русиро беҳуда ва хилофи иззати забони модаримон намедонам; агар он вожаҳо бар бори маъноии забон меафзоянд ва онро ғанитар мекунанд. Вале агар он вожаи вомӣ (қарзӣ) дар забони ман муъодиле дорад ва ниёзе ба ҳузури он дар забони ман нест, метавон аз он сарфи назар кард. Ин мавзӯъро дар ногуфтаҳои баъдӣ мешавад пайгирӣ кард.

1 comment:

Фаррух Ҷаббориён said...

Дариюши гиромӣ,

Мақолаи хеле хуб навиштаед, дастатон дард набинад. Алалхусус, ин ҷумлаи шумо хеле писандам омад: "Аммо, ба худам фикр кардам, агар бо талошу фишор бар зеҳнам “ҳамаи навиштаҳоям оганда аз вожаҳо ва чамҳои порсӣ будӣ, чи касе омоҷи маро дарёфтӣ?” "

Боз ҳам сад дар сад тарафдори ин хулосаи шумоям: "Аз ин рӯ корбурди вожаҳои бегона, чи арабию чи русиро беҳуда ва хилофи иззати забони модаримон намедонам; агар он вожаҳо бар бори маъноии забон меафзоянд ва онро ғанитар мекунанд. Вале агар он вожаи вомӣ (қарзӣ) дар забони ман муъодиле дорад ва ниёзе ба ҳузури он дар забони ман нест, метавон аз он сарфи назар кард."

Аз ин хотир, як чизро қайд карданиам. Нависандаи ин ё он китоб, аз аввал то охири он, бояд аз як синоними калимаҳо истифода барад. Масалан, ӯ дар навишти "carrot" наметавонад, дар як ҷо "сабзӣ", дар ҷои дигар "бехӣ" ва дар ҷои дигараш "зардак" нависад. Ҳамаи ҷумлаҳое ки меорад, бояд ба ҳамдигар мувофиқ бошанд. Худи ҳамин гуна, расонаҳо низ бояд дар навишти мақолаҳо аз калимаҳое бояд истифода баранд, ки ба ҳамдигар мувофиқ бошанд. Аз ин рӯ муҳаррирон фаъолият доранд. Мутаасифона, дар баъзе расонаҳо мо шоҳиди он мегардем, ки як мақола аз дигараш батамом фарқ мекунад; ҳам аз ҷиҳати ҷумлабандӣ ва ҳам аз ҷиҳати синонимҳо. Хонандаи оддиро дарфаҳм рафтани баъзе аз ин ҷумлаҳо кори осон нест. Дар бораи забони илмӣ бошад, ин гапи дигар. Онро хонандаи оддӣ намехонад. Муваффақ бошед!