Friday, January 29, 2010

Digital Battle

Пайкори диҷитол

به دبيرۀ پارسی

Рӯзе, ки дастгоҳи ОйПад (iPad) рӯнамоӣ шуд, аз дӯсте шунидам, ки мегуфт: “Хуб шуд шитоб накардам ва Киндел нахаридам. ОйПад бо имконоти бештару беҳтар вориди бозор шуда.”

Киндел (Kindle) номи китобхони диҷитол (рақамӣ)-и ширкати Омозун (Amazon) аст, ки дуруст ду сол пеш, дар моҳи январи 2008, вориди бозор шуд. ОйПад мушобеҳи мудернтари Киндел аст, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, 27 январ, ҷаласаи рӯнамоии он дар шаҳри Сан Фронсискуи Омрико шефтагони фанноварии навинро ба шаъаф овард.

Монандии Киндел ва ОйПад дар ҳамон китобхонии диҷитол хулоса мешавад. Ширкати Апел (Apple) талош кардааст имконоти бештареро ба дастгоҳи ҷадидаш биафзояд; ба монанди гаштугузор дар паҳнаи маҷозӣ (Интернет), дарёфт ва ирсоли паёмҳои электруникӣ ва аксу видеу, мусиқӣ ва бозиҳои роёнаӣ. ОйПад намое ҷаззобтар дорад, борику сабук аст ва аз зарфияте бештар аз ҳофизаи Киндел бархурдор аст. Ба гуфтаи Стив Ҷобз (Steve Jobs), раиси ширкати Апел, дастгоҳи ОйПад халаеро, ки миёни телефуни ҳушманд ва лаптоп (ноутбук) вуҷуд дошт, пур кардааст.

Аз ҳамин ҳоло бархе аз коршиносон даромади газоферо барои ширкати Апел пешгӯӣ кардаанд. Мойк Обромскӣ (Mike Abramsky), аз коршиносони умури бозаргонии Омрико, ҳадс мезанад, ки мизони фурӯши ОйПад дар як соли нахуст панҷ милюн адад хоҳад буд. Қимати дастгоҳи ОйПад дар ҳоли ҳозир марбут ба зарфияти ҳофизаи он аст ва аз 499 то 699 дулор аст.

Ширкати Апел нармафзорҳои вижаи худро савори ин дастгоҳ кардааст. Барои гӯш додан ба мусиқӣ бояд вориди кулексиюни мусиқии ОйТйун (iTune) шуд; барои хондани китобҳо китобфурӯшии диҷитоли ОйБукз (iBooks) таъсис шуда ва барои анҷоми корҳои идорию муҳосиботӣ мешавад нармафзори ОйВурк (iWork)-ро пиёда кард. Дар китобхонаи ОйПад китобҳое ёфт мешаванд, ки тавассути чаҳор интишороти умдаи Омрико мунташир шудаанд ва тарафи қарордоди ширкати Апел ҳастанд.

Ва аммо ОйПад бо ин ҳама имконот мунтақидони парупоқурсе ҳам дорад, ки ҳам номи дастгоҳро (ба далели маъниҳои мухталифе, ки дар забони инглисӣ дорад) ба сухра кашидаанд ва ҳам тавоноиҳои ин дастгоҳро. Ва гӯё азмашон росих аст, ки умеди ширкати Апелро ба яъс мубаддал кунанд. Афзун бар ин, ширкати жопунии Фуҷитсу (Fujitsu) муддаъӣ шудааст, ки дар соли 2002 дастгоҳеро бо ҳамин ном (ОйПад) тавлид карда буд ва молики ин ном онҳо ҳастанд.

Аммо аз ҷумлаи эродҳое, ки аз дастгоҳи ҷадиди Апел гирифта шуда, яке ин аст, ки дар ОйПад намешавад нармафзори Adobe Flash-ро ба кор гирифт, дар ҳоле ки бисёре аз наворҳои видеуӣ бо истифода аз ҳамин нармафзор пахш мешавад.

Ва ин воқеъият, ки дастгоҳи ОйПад дурбини аккосию филмбардорӣ надорад, аз нигоҳи мунтақидон, бар нуқоти заъфи ин дастгоҳ меафзояд. Дигар ин ки корти ҳофиза ё SIM-card-и ОйПад худвижа аст, бо ин ки андозаи дастгоҳ ба ҳадде бузург ҳаст, ки гунҷоиши корти ҳофизаи маъмулиро дошта бошад.

Вобастагии ОйПад ба ОйТйун барои пахши мусиқӣ ҳам аз ҷумлаи нуқоти заъфи дастгоҳ арзёбӣ мешавад. Масалан, агар шумо бихоҳед як оҳангро аз пойгоҳе дигар пахш кунед, муяссар нест. Мунтақидон ботрӣ (батарей)-и мунҳасир ба фарди ОйПад, бо қудрати даҳ соъат пахши паиҳам ва сафҳаи ҳассоси қодир ба ташхиси чанд ламс дар они воҳидро аз ҷумлаи нуқоти қуввати ОйПад медонанд. Аммо боз ҳам меафзоянд, ки сафҳаи ОйФун (iPhone) ҳам тавоноии ташхиси чанд ламс дар они воҳидро дорад ва ин мушаххаса дигар шигифтангез нест.

ОйПад ба унвони як китобхони диҷитол ҳам зери заррабин рафта ва ба бовари бархе аз донандагони фан, аз салафи худ - Киндел пешӣ нагирифтааст.

Бархе мегӯянд, ки ОйПад метавонад муштариёни вафодори худро пайдо кунад, аммо ба унвони як китобхони диҷитол Киндел аз вижагиҳои бартаре бархурдор аст. Тафовути умда миёни сафҳаҳои ду дастгоҳ аст. Сафҳаи намоиши ОйПад ҳамеша равшан аст ва нури он метавонад чашмони хонандаро зуд хаста кунад. Албатта, истифода аз як чунин дастгоҳе дар утоқе торик беҳтар аз Киндел аст, аммо дар соъоти рӯз истифода аз китобхони диҷитоли ОйПад метавонад тавонфарсо бошад. Дар ҳоле ки дастгоҳи Киндел худафрӯз нест ва аз ин лиҳоз ба сафҳаи рӯзнома ё китоб шабоҳати бештар дорад ва чашми хонандаро намеозорад.

Тафовути умдаи дигар дар китобфурӯшиҳои маҷозии ин дастгоҳҳост. ОйПад бойгонии қобили мулоҳизае аз китоб фароҳам овардааст, аммо шояд дар ҳоли ҳозир он бо бойгонии Омозун (Amazon) қобили муқоиса набошад. Омозун дар арзаи китоб бамаротиб озмудатар аз ширкати Апел аст. Афзун бар ин, истифода аз китобфурӯшии ОйПад дар ҳоли ҳозир ҳаққи инҳисории афроди муқими Омрикост ва ба дигар кишварҳои ҷаҳон таъмим наёфтааст. Албатта, пас аз моҳи март, ки дастгоҳи ОйПад вориди кишварҳои дигар ҳам шуд, шояд ин маҳдудият лағв шавад.

Ба ҳар рӯй, ОйПад ҳанӯз бисёр ҷавон аст ва сарнавишти он қобили пешгӯӣ нест.

Гузориши тасвирӣ:

Wednesday, January 27, 2010

Lack of Critical Thinking

Андар интиқод

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Дар ҷомеъаҳои суннатӣ, ҳамонанди ҷомеъаи Тоҷикистон, интиқод писандида нест ва чи басо, ки густохӣ ва беадабӣ арзёбӣ мешавад. Интиқод аз ҳар касе: аз устод, аз шогирд, аз зердасту забардаст, аз фарзанду аз волид ва ҳатто аз худ. Навъи охири интиқод, албатта, на нишони беадабӣ, балки намоёнгари заъфи инсон пиндошта мешавад. Дар натиҷа биниши мӯшикофонаи наққод (интиқодӣ) аз ҷомеъа рахт бармебандад ва ҷомеъа роҳро бо чоҳ иштибоҳ мегирад.

Тамошои саҳнаҳое аз баҳсу ҷадали намояндагони порлумони Бритониё бо нахуствазирашон барои намояндагони ҷомеъаҳои суннатӣ буҳтовар аст. Бисёре боварашон намешавад, ки чи гуна метавон раҳбари як қудрати ҷаҳониро ин гуна дар баробари дурбинҳо истинтоқ карду ба ҳар нуктаву ҷумлааш эрод гирифт. Ва он ҳам бо ҳаёҳӯю сарусадои дастаҷамъӣ. Нахуствазир маҷбур аст ба ҳамаи эродҳо бо диққати тамом гӯш диҳад ва агар қодир аст, аз дидгоҳҳо ва сиёсатҳояш дифоъ кунад. Ба ростӣ, чарха ё муҳаррики асосии сиёсати ин кишвар ҳамин интиқодҳои ошкори порлумонист. Ҳамин интиқодҳост, ки иштибоҳҳои давлатро ошкор мекунад ва ба он самту сӯ медиҳад.

Агар диди наққод вуҷуд намедошт, ҳеч навъ пешрафте дар ҷаҳон муяссар намешуд. Аз роҳи ҳамин интиқодҳост, ки ҷомеъа дар паи роҳи беҳтаре барои беҳзистӣ мегардад ва саранҷом онро меёбад.

Дар воқеъ, интиқоди созанда танҳо бадгӯӣ аз корномаи касе нест, балки зикри мунсифона ва воқеъбинонаи нукоти заъфу қуввати он фард аст ва ба манзури беҳбуди кор анҷом мегирад, на бо кинатӯзӣ. Аз ин рӯ интиқоди созанда на танҳо нишони бадҷинсӣ ё бадахлоқии интиқодгар нест, балки баёнгари диди борику ахлоқи шоиста ва афкори созандаи ӯст. Интиқоди созанда, яъне талош барои беҳбуди авзоъ.

Дар ҷомеъае, ки ба ин навъи интиқод маҷол намедиҳанд, афрод дар баробари ҳар навъ интиқоде осебпазир мешаванд. Яъне дигар намешавад аз ҳеч кору сухани ӯ эрод гирифт, чун интиқод сахт озораш медиҳаду боъиси ранҷиши ӯ мешавад. Ба пиндошти ӯ, интиқодгар мехоҳад ӯро хору забун кунад. Ин осебпазирӣ ба навбаи худ як навъ ошуфтагии шахсиятиро ба бор меоварад, ки дар илми равоншиносӣ ба он худшефтагӣ (нарциссизм – рус.) мегӯянд.

Афроди худшефта вақте ба ному мақоме мерасанд, беш аз пеш ба ҳар навъ интиқод ҳассос мешаванд ва танҳо интизори онҳо шунидани таърифу тамҷиди шахсашон аст. Ба онҳо ин эҳсоси пучу козиб даст медиҳад, ки аз ҳар навъ хато мубарро ҳастанд ва шахсияташон ба ниҳояти камол расидааст. Дар натиҷа худшефтагон ба худ иҷоза медиҳанд, ки дигаронро сахт бо тозиёнаи интиқод бикӯбанд, аммо на аз навъи созандааш. Интиқоде, ки аз даҳони худшефтагон садо медиҳад, ба ростӣ, бо қасди тавҳину таҳқир, бо баёне тунду зананда эрод мешавад. Чун аз диди онҳо, ҳама ноқисанду танҳо эшон комил ва бо афроди ноқис ҳар навъ рафтор равост.

Дар чунин ҷомеъае диди интиқодӣ мемирад. Ва марги диди интиқодӣ ба маънои рукуди зеҳни наққод аст. Яъне мардум бо шароити худ – сарфи назар аз ин ки чи навъ шароит аст – месозанду хӯ мегиранд ва фикри беҳбуди авзоъ ба зеҳнашон намеояд, чун барои беҳбуди авзоъ бояд нақд кард.

Аз ин рӯ ҳеч ҷомеъаи пешрафтае дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ки зеҳни наққод дар он пирӯз набошад. Ҳар он ки роҳи пешрафтро паймуда, ҳатман аз вазъияте, ки қаблан дошта, нохушнуд будааст ва ба перомуни худ бо диди интиқодӣ нигаристааст ва ба фикри чора уфтодааст.

Парвариши диди интиқодӣ аз хонавода оғоз мегирад.
Дар ҷомеъаҳои суннатӣ ин навъи дид ҳамвора саркӯб шудааст ва хислатҳои як бачаи хуб дар хонавода маъмулан “бачаи бечора”, “мазлум”, “фақир”, “сархам” ё “сарбазер” аст. Ҷолиб ин ҷост, ки дақиқан ҳамин хислатҳои як кӯдак дар кишварҳои пешрафта падару модар ва омӯзгоронро нигарон мекунад. Яъне гӯшагирию камҳарфии як кӯдак нишонаҳои навъе гирифтории равонӣ тасаввур мешавад ва ҳатман он кӯдакро ба як равонпизишк муъаррифӣ мекунанд ва ба муъолиҷааш мепардозанд. Кӯдаки солим дар ҷомеъае пешрафта кӯдаке пурҷунбуҷӯш, пурҳарф, пурпурсиш, пуриддаъо ва наққод аст.

Ояндаи кадом як аз ин ду кӯдак равшантар аст? Сархам ё сарфароз? Чун ба ҳар рӯй ҳамин кӯдаконанд, ки ҷомеъаи фардоро сархам ё сарфароз мекунанд.

Зиҳӣ диди интиқодӣ!

Thursday, January 21, 2010

Hayedeh, a Legendary Persian Diva

Хоида – авчи баландои садо

به دبیرۀ پارسی

Бист сол пас аз хомушй баландои садояш хамчунон ба гуш мерасад; садое, ки фосилаи наслхоро дарнавардид, то чое, ки чавонони имрузй хам ба фикри кашфи у уфтодаанд.

Хоида аз истисноитарин садохо дар торихи мусикии Эрон аст. Баландои садо, танаввуъи сабкхо ва таркиби мусикии суннатй ва имрузй ва хамкорй бо шоъирону охангсозони барчаста таронахои уро човидона кардааст.

Хоида номи хунарии Маъсумаи Дадаболо, мутаваллиди 21-фарвардини 1321 (10.04.1942) дар Техрон аст. У фаъъолияти хунарии худро дар сали 1347 (1968) аз родю Эрон бо таронае огоз кард, ки ба ногахон номашро бар сари забонхо андохт. Таронае ба номи «Озода», ки оханги онро Алии Тачвидй сохт ва шеърашро Рахии Муъайирй суруд. У хам дар барномаи «Гулхо», ки суннатитарин барномаи мусикии эронй буд, ширкат кард ва хам бо ичрои таронахои имрузй ва мардумписанд дар махофили хусусию умумй бо садо ва хузури бошукухе, ки дошт, дусторонашро ба шур меовард.

Инкилоби Эрон барои бисёре аз хунармандон, ба вижа хунармандони зан, даврони сукути дарозеро дар пай дошт. Магар онхое, ки Эрон куч карданд, то хунари худро ба чахониён ва эрониёни мухочири дигаре, ки аз кишвар ба Гарб омада буданд, арза кунанд.

Хоида яке ин хунармандон буд, ки чанд мохе пеш аз инкилоб рохии Ландан шуд ва дар соли 1361 (1982) барои идомаи кор ба Лус Ончелес рафт. Хунари у аз гарби Омрико ба миёни порсизабонон рох пайдо кард ва дар миёни онхо тарафдорони бисёр ёфт. Дар худи Эрон хам дусторонаш бесаброна чашмбарохи охангхои чадидаш буданд ва у харгиз онхоро ноумед намекард. Ин нобигаи овози Эрон, пеш аз он ки дар 30 дайи 1368 (20.01.1990) бар асари хамлаи калбй дар синни 47-солагй дар Колифурниё даргузарад, худуди 150 китъа тарона ва овоз дар сабкхои гуногун ба ёдгор гузошт.

Хоида бо ин корхои барчаста фосилаи наслхоро дар вокеъ дарнавардид ва дар миёни хамаи гуруххои синний тарафдор пайдо кард.

Пажмони Акбарзода, пионист ва рузноманигори 29-солаи эронии мукими Омстердом, худуди ду даха пас аз даргузашти Хоида барои ёфтани рози махбубияти у ба чустучуи тасвире рафта, ки дусторони Хоида аз у доранд. Дар вокеъ, ин амр нишонаест аз хамин таъсири жарфи у бар наслхо.

Барои Пажмони Акбарзода ангеза ва хисси шахсии худаш хам дар сохти ин мустанад накши бисёр мухимме ифо кардааст. У дар гуфтугуе бо ЧадидОнлойн шарх дод, ки садои Хоида чунон таъсире аз замони кудакй руи у гузошта, ки дар нихоят ба ин натича расид, ки бояд дар мукобил коре барои Хоида анчом дихад. Пеш аз он ки Эрон барои Пажмон ба танхо кишвари «вуруд мамнуъ» табдил шавад, аз Техрон то Лус Ончелес ба дунболи такмили позел (муъаммо)-хои достони зиндагии ин хонанда буда, алорагми хамаи беэътимодихо талош карда бо падидоварандагони осори Хоида дар саросари дунё ба гуфтугу бинишинад, соъатхо дар китобхонаи Кунгре нашриёти кадимиро чустучу кунад ва аксхову видеухои пароканда дар тамоми дунёро гирди хам оварад.

«Сухан аз Хоида» нигохест фишурда ба чанбахои гуногуни фаъъолиятхои ин хонанда, хамрох бо видеухо ва тасвирхои мунхасир ба фарде, ки баъзан хеч гох мунташир нашудаанд. Дар филм хамчунин бо бисёре аз шахсиятхое, ки дар фаъъолиятхои хунарии Хоида асар гузоштаанд, гуфтугу шудааст. Касоне, ки барояш тарона сохтаанд ё бо у наздик будаанд. Дар ин филм Фарахи Пахлавй, шахбонуи пешини Эрон хам аз хотироти худ аз Хоида сухан гуфтааст.

Филм ба забони порсй (бо зернависи инглисй) тахия шуда ва ба мувозоти баррасии фаъъолиятхои хунарии хонанда, ба фазои сиёсй-ичтимоъии Эрону эрониёни мухочир дар хар давра низ ишораи кутохе шудааст. Хамин чанба ва сухбатхои хамкорони наздики Хоида филмро, чудо аз баррасии чиддии осори як хонанда, ба бурише аз печидагихои чомеъаи Эрон табдил кардааст. Ба гуфтаи Пажмони Акбарзода, «фикр мекунам, яке аз нуктахои чолиби филм шояд хамин мавзуъ бошад, ки филм нишон медихад, он чи дар фазои сиёсй-ичтимоъии Эрони дахахои 1970 ва 1980 гузашта, чи гуна бар фаъъолиятхои хунармандоне чун Хоида таъсир мегузоштааст.»

Бархе аз мунтакидон Хоидаро аз бобати рахо кардани устодони мусикии суннатй ва барномаи «Гулхо» ва пайвастан ба чараёни мусикии поп маломат мекунанд, вале ба бовари созандаи мустанади «Сухан аз Хоида», фаъъолиятхои Хоида ва садои у, ки дар ибтидо дар заминаи мусикии эронй парвариш ёфта буд, боъиси афзуда шудани корхои чолибе ба мусикии попи Эрон шуд. Чи дар солхои пеш аз инкилоб бо таронахое чун «Савготй» ва «Бизан тор» ва чи дар табъид бо корхое хамчун «Шонахоят» ва «Эй ёри ман», ки шеъри он аз Мавлоност. «Кори хуб ироа карданд танхо ба маънои мондан дар колиби мусикии клоссики эронй нест.»

Мустанади «Сухан аз Хоида» тавассути шабакаи эрониёни мукими Хуланд мунташир шудааст ва барои огохии бештар аз ин мустанад метавонед ба торнамои ин филм мурочеъа кунед.

Агар дар Гарб ба сар мебаред ва ба суръати болои Интернет дастрасй доред, гузориши мусавварро инчо бибинед. Агар суръати Интернетатон кунд аст, инчоро фишор дихед.

Tuesday, January 19, 2010

Silence of The Lambs

Сукути интихоботӣ оғози суқут аст

(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)

Ҳамроҳхон Зарифӣ дар нишасти хабарии ахираш рӯи чанд “рози ошкор”-и мақулаи интихобот дар Тоҷикистон зарифона ангушт гузошт. Нукоти матраҳшуда дар суҳбатҳои вазири хориҷаро баихтисор меоварам; ҳамроҳ бо бардошти эҳтимолии як раъйдиҳанда дар қавсайн.

Оқои Зарифӣ таъкид кард, ки интихоботи маҷлис шаффофу одилона хоҳад буд ва аз давраҳои қаблии интихобот хеле фарқ хоҳад кард. (Пас давраҳои пешини интихобот шаффофу мунсифона набудааст ва ин бор мақомот дар паи тазмини шаффофияти он ҳастанд).

Вай гуфт, заминае, ки акнун вуҷуд дорад, ин имконро ба таври комил фароҳам кардааст (Яъне давлат дар гузашта нигарони нерӯҳои мухолифаш буд ва заминаро фароҳам намедид, аммо акнун дар баробари худ нерӯи ҷиддиеро намебинад, ки ба хотири он монеъ аз шаффофияти интихобот шавад).

Вазири хориҷа умедвор аст, ки мақомоти маҳаллӣ бо итоъат аз дастури раисиҷумҳур аз дахолат дар умури интихоботӣ парҳез хоҳанд кард (Пас ҳанӯз итминони сад-дарсад вуҷуд надорад, ки чунин мудохилае сурат нахоҳад гирифт).

Оқои Зарифӣ ин нукоти муҳимро бо раиси ҳайъати нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар миён гузошта ва шаффофияти интихоботро барои ӯ тазмин кардааст (Пас мухотаби аслӣ бегонагон ҳастанд, на мардуми кишвар).

Бардошти як раъйдиҳандаи фарзӣ аз суханони содиқонаи вазири хориҷа метавонад мутафовит бошад, аммо паёми зимние, ки аз изҳороти оқои Зарифӣ бармеояд, ба ростӣ аз мавҷудияти буҳроне дерина дар амри интихобот гувоҳӣ медиҳад. Давлате пас аз 18 сол султа ҳамчунон худро муваззаф мебинад, ки хориҷиёнро ба баргузории интихоботе шаффоф мутақоъид кунад. Ин бад-он маъност, ки худи давлат ҳам номунсифона будани давраҳои пешини интихоботро мепазирад. Вагарна ба ин суханони замонатбор ва дастури адами мудохилаи мақомот ниёзе набуд.

Аммо оё кадом як аз ин суханон ба гӯши мо тоза мерасад? Магар дар давраҳои қаблии интихобот ҳам аз ин замонатҳо батакрор нашунида будем? Бадқавлӣ паёмадҳои сангину саҳмгине дорад. Натиҷаи он ҳамин аст, ки мебинем: дигар на бегонагон ҳарфи моро ҷиддӣ мегиранду на худиҳо.

Панҷ ҳафта монда ба баргузории интихоботи саросарӣ фазои як кишвари солим, ки мегӯяд ҳашт ҳизби фаъъоли сиёсӣ дорад, бояд пурҷунбуҷӯшу пургуфтугӯ бошад. Бояд номзадҳо як лаҳза ором надошта бошанд ва барои ҷалби ороъ барномаҳои интихоботии ҷаззоб бинависанду ёргирӣ кунанд. Бояд дафтарҳои аҳзоб табдил ба канду (занбӯрхона)-ҳои сиёсӣ шавад, ки барои сохтани ояндае равшантар аз ҳамдигар сабқат бигиранд. Бояд чойхонаҳо маҳалли табодули назарҳои интихоботӣ миёни мардуми одӣ бошад. Бояд деворҳои шаҳрҳову рустоҳо пур аз баргаҳову шиъорҳои интихоботӣ бошад...

Ин фазо барои мо ҳам бегона набуд. Шӯру шавқи интихобот дар Тоҷикистон замоне мавҷ мезад, ки мардум ба қудрати иродаи худ имон доштанд. Бовар доштанд, ки сарнавишти сиёсишонро худашон рақам хоҳанд зад. Ин шӯру ҳаяҷон танҳо барои муддате кӯтоҳ давом овард ва зери наъраи тонку тӯп фурӯ нишаст ва ҳанӯз ҳам ки ҳанӯз аст, мо дар сӯги он рӯзҳои ҳушёрии сиёсӣ марсия менависем. Порлумони “муҳрбизан”-и имрӯзӣ, ки микруфуни шашумаш хомӯш шудааст, чашмандози рағбатангезе барои мушорикати мардум дар интихобот нест.

Бадтар он ки фазои интихоботии имсол мурдатар аз интихоботи гузашта аст. Яъне рафта-рафта мардум ва ҳатто аҳзоби сиёсии ғайриҳоким ба натиҷаи козибе расидаанд, ки хостаи онҳо ормонест, ки зери хок беҳ. Имон ба иродаи сиёсии мардум аз синаҳои мардум салб шудааст. Медонанд, ки фарқе намекунад рӯи баргаи раъй номи чи касеро хат бизананд; дар ниҳоят ҳамон номе, ки мақсуди ҳукком аст, хат хоҳад хурд. Аммо намедонанд, ки вокуниш ба қатли иродаи сиёсии мардум хомӯшӣ нест, балки баҳсу талоши фузунтар ва пурҳаяҷонтар аст.

Бемайлии мардум барои мушорикат дар барномаҳои сиёсие чун интихобот нишонаи бемории вахими як ҷомеъа аст. Дар кишваре, ки интихоботаш барои ирзоъи хотири хориҷиҳо баргузор мешавад, то сояи марҳамату лутфи онҳо кӯтоҳ нашавад, ҳаргиз авзоъ басомон нахоҳад шуд. Ҷомеъае, ки давлаташ ба хориҷиҳо итминон медиҳад, ки интихоботаш шаффоф хоҳад буд ва пас аз интихобот ҳам посухгӯи эътирозоти хориҷиҳост, мавҷуд аст, аммо зинда нест. Вагарна бояд давлатро дар баробари худ посухгӯ мекард; давлатро вомедошт, ки ба ӯ замонати шаффофият бидиҳад ва ба ваъдаҳои худ вафо кунад.

Ва саранҷом, давлате якдаст (мураккаб аз ҳаводорони як ҳизб) бо порлумоне якдаст ба инсоне якдаст мемонад. Ҳатто як дона ломп бо ду нерӯи мусбат равшан намешавад ва ҳатман ба нерӯи мусовии манфӣ ниёз дорад; чи бирасад ба давлате, ки мехоҳад ба ҷои ҳафт милюн нафар тасмим бигирад. Давлатҳое, ки ин қонуни физикиро дарёфтаанд, пойдоранд. Давлатҳое, ки ҳанӯз ба ин булуғи фикрӣ нарасидаанд, шамъҳои рӯ ба боданд.

Пас манфиъати ҳар давлате дар он аст, ки мардуми кишварашро ба мушорикат дар умури сиёсӣ ташвиқ кунад ва ба ҳеч рӯй монеъ аз бурузи мухолифатҳои сулҳомези сиёсӣ нашавад. Дидгоҳҳои фард-фарди мардуми кишварро бояд ба ҳисоб овард, чун ба қавли Иқбол, “миллат аз афрод меёбад низом”.

Tuesday, January 05, 2010

Mr Ahmadinejad, You're Not Welcome in Tajikistan!

Окои Ахмадинажод, ба Точикистон хуш наомадй!

Дидори Махмуди Ахмадинажод аз Точикистон дар холе сурат гирифт, ки ошубхои Эрон хамчунон шуълаваранд. Сахттарин бухрони кудрат дар Эрон, ки пас аз интихоботи тобистони гузашта дар гирифт, тайи шаш мохи ахир ин кишварро пайваста дар сархатти хабархои чахон хифз кардааст. Ва дар ин рузхо Ахмадинажод ба хар чои чахон биравад, пурсишборон хохад шуд ва пурсишхо умдатан дар бораи руйдодхои дохилии Эрон хоханд буд; ба чуз Точикистон ва чанд кишвари хамсони дигари минтака, ки пурсиш кардан ичоза мехохад.

Аммо барои чомеъаи хабарии бурунмарзй ин мавзуъ маъно надорад. Пурсидан ба монанди нафас кашидан хакки мусаллами як хабарнигор дар чомеъаи озод аст. Ба вижа агар чехраи сиёсие чун Ахмадинажод дами даст бошад. Раисчумхуре, ки дар тахлукаи начоти кудраташ аз катлу шиканчаи мухолифонаш пархез намекунад. Раисчумхуре, ки мардуми муътаризи кишварашро «хасу хошок» хонд ва аз куштани онхо дар мукаддастарин рузи шиъахо (Ошуро) хам даст боз надошт. Марде, ки боъис шуд эътибори мазхабии як чумхурии исломй пок зудуда шавад ва рухониёни муътабар аз он фосила бигиранд ва хукумат дар кабзаи сипохиён гирифтор монад. Марде, ки ба табдили Эрон ба Фаластине дигар муттахам мешавад. Раисчумхуре, ки интихоби дуборааш тавассути бисёре кудето (табаддулот) арзёбй мешавад.

Ин фурсати тилоии хабарй барои хабарнигорони точик дигар кай фарохам мешавад? Хабарнигорони точик метавонистанд бо тархи пурсишхои созгортар бо мантики замон сархатти бартарин хабаргузорихои чахонро ишгол кунанд.

Аммо шояд натавон бар хабарнигорон зиёдй хурда гирифт. Дар яке дигар аз бахсхоямон гуфта будем, ки дар кишвархои баста миёни мафхумхои «давлат» ва «миллат» тафовут намегузоранд. Пиндошти галати маъмурони давлатии Точикистон хам ин буд, ки тархи пурсишхои чолишангезу сахт аз мехмони давлат метавонад равобити байни ду кишварро хадшадор кунад. Дар холе ки Чорч Буши дувум занандатарин пурсишхоро дар кишвари муттахидаш Бритониё мешунид ва харгиз аз нахуствазири он кишвар дар ин маврид гилояе надошт. Чун ба хар руй медонист, ки расонахо гушбафармони давлат нестанд. Аммо дар кишвархои мо, аз бахти бад, матбуъот дар мавориди бисёре гушбафармони давлат мондааст.

Бехтарин намунаи чудоии мафхумхои «давлат» ва «миллат» аз якдигар Чумхурии Исломии Эрон аст. Руйдодхои ахир бавузух ошкор кард, ки миёни ин давлату миллат чи шикофи фарохе вучуд дорад. Аз ин ру нашояд, ки корхои ношоисти давлати Эронро ба хисоби миллати он бигзорем. Чанде пеш дар як матлаби чолиби хафтаномаи «Нигох» дар бораи тунели нофарчоми Анзоб накби «Истиклол» «гори эрониён» унвон шуда буд. Бо дарки хакикати чудоии «давлат» аз «миллат»-и Эрон «гори Чумхурии Исломй» метавонист унвони бехтаре барои тунели Анзоб бошад. Тунели Анзоб нишонаи боризи нотавонй ва бесарусомонии мудириятй дар Чумхурии Исломист. Маълум нест, ки боз чанд бори дигар ин тунел ифтитох хохад шуд, то саранчом мавриди бахрабардорй карор бигирад.

Бастани дахони хабарнигорон дар хузури Ахмадинажод вазъияти махуфу ногувори уро бехтар намекунад. Чи хабарнигорони Точикистон аз у пурсишхои муносиб кунанду чи накунанд, афкору кирдори Ахмадинажод сабти торих шудааст ва фарчоми у торик аст. У раисчумхури як низоми исломист, ки дар рузи суги Ошуро сугворонро ба гулула баст. Хатто режими шох Пахлавй дар рузи Ошурои соли 1978, ки замину замонро шиъорхои зиддисалтанатй меларзонд, фармони саркуби муътаризонашро надода буд. Аммо режими исломии Эрон рузи Ошурои ахирро бо хуни даххо тан муътариз олуд ва машруъияти худро беш аз пеш лаккадор кард.

Набуди пурсишхои газандаи хабарнигорони точик ин вокеъиятро хам тагйир намедихад, ки Чумхурии Исломй акнун ба Чумхурии Дуруг табдил шудааст; ба гунае, ки такрибан тамоми умури он бо такя ба истидлолхои чаранду дуруг анчом мегирад. Ба гуфтаи режими Ахмадинажод, Нидо Окосултонро хабарнигори Би Би Си дар Техрон куштааст ва катли хохарзодаи Мирхусейни Мусавиро худи Мусавй тархрезй кардааст ва теруристони муздур мардумро дар рузи Ошуро ба хоку хун кашидаанд ва аз ин даст дуругхои шохдори дигар.

Бо дидани тасвирхои видеуйи, ки мушаххасан нерухои давлатиро дар холи тирандозй ба самти мардуми бесилох нишон медихад, бо итминон мешавад гуфт, ки хатто худи Ахмадинажоду хамсангаронаш хам ба ин иттихомот бовар надоранд ва аз руи ночорй ба дуруг мутавассил шудаанд, то шояд бад-ин гуна монеъ аз падидории шахидони нав шаванд. Чумхурии Исломй, ки дар гузашта «шахидпарвар» буд, акнун аз номи «шахид» ларза ба андомаш меуфтад. Чун медонад, ки ёду номи шахидони навин теша бар решааш хохад зад. Аз ин ру дуругро танхо чораи кор медонад; гофил аз ин ки решаи дуруг кутох асту дер намепояд.

Касе ба Ахмадинажод дар Точикистон ин суханонро нагуфт, то бидонад, ки мо хам аз бадкорихояш дили хуше надорем. Кай дидй, ки дарюзагари ниёзманде ба фарди пулдор аз бадкорихояш гуфта бошад? Аммо бо фазое, ки Ахмадинажод барои кишвараш эчод кардааст, гумон намеравад, ки ниёзхои Точикистон тавассути давлати у бароварда шавад. Дардисархои у дахчанд бештар аст.

Бисёре муътакиданд, ки бо рехтани хуни ин хама бегунох Ахмадинажод дигар намояндаи машруъи Эрон нест ва танхо сухане, ки сазовораш аст, унвони ин навишта аст: Окои Ахмадинажод! Ба Точикистон хуш наомадй!

!آقای احمدی‌نژاد، به تاجيکستان خوش نيامدی

ديدار محمود احمدی‌نژاد از تاجيکستان در حالی صورت گرفت که شعلۀ آشوب‌های ايران همچنان مشتعل است. سخت‌ترين بحران قدرت در ايران که پس از انتخابات تابستان گذشته درگرفت، طی شش ماه اخير اين کشور را پيوسته در سرخط خبرهای جهان حفظ کرده‌است. و در اين روزها احمدی‌نژاد به هر جای جهان برود، پرسش‌باران خواهد شد و پرسش‌ها عمدتاً در بارۀ رويدادهای داخلی ايران خواهد بود؛ به جز تاجيکستان و چند کشور همسان ديگر منطقه که پرسش کردن اجازه می‌خواهد.

اما برای جامعۀ خبری برون‌مرزی اين موضوع معنا ندارد. پرسيدن به مانند نفس کشيدن حق مسلم يک خبرنگار در جامعۀ آزاد است. به ويژه اگر چهرۀ سياسی‌ای چون احمدی‌نژاد دم دست باشد. رئيس‌جمهوری که در تهلکۀ نجات قدرتش از قتل و شکنجۀ مخالفانش پرهيز نمی‌کند. رئيس‌جمهوری که مردم معترض کشورش را "خس و خاشاک" خواند و از کشتن آنها در مقدس‌ترين روز شيعه‌ها (عاشورا) هم دست باز نداشت. مردی که باعث شد اعتبار مذهبی يک جمهوری اسلامی پاک زدوده شود و روحانيان معتبر از آن فاصله بگيرند و حکومت در قبضۀ سپاهيان گرفتار ماند. مردی که به تبديل ايران به فلسطينی ديگر متهم می‌شود. رئيس‌جمهوری که انتخاب دوباره‌اش توسط بسياری کودتا ارزيابی می‌شود.

اين فرصت طلايی خبری برای خبرنگاران تاجيک ديگر کی فراهم می‌شود؟ خبرنگاران تاجيک می‌توانستند با طرح پرسش‌های سازگارتر با منطق زمان سرخط برترين خبرگزاری‌های جهان را اشغال کنند.

اما شايد نتوان بر خبرنگاران زيادی خرده گرفت. در يکی ديگر از بحث‌هايمان گفته بوديم که در کشورهای بستۀ مستبد ميان مفهوم‌های "دولت" و "ملت" تفاوت نمی‌گذارند. پنداشت غلط مأموران دولتی تاجيکستان هم اين بود که طرح پرسش‌های چالش‌انگيز و سخت از ميهمان دولت می‌تواند روابط بين دو کشور را خدشه‌دار کند. در حالی که جرج بوش دوم زننده‌ترين پرسش‌ها را در کشور متحدش بريتانيا می‌شنيد و هرگز از نخست‌وزير آن کشور در اين مورد گلايه‌ای نداشت. چون به هر روی، می‌دانست که رسانه‌ها گوش‌به‌فرمان دولت نيستند. اما در کشورهای ما، از بخت بد، مطبوعات در موارد بسياری گوش‌به‌فرمان دولت مانده‌است.

بهترين نمونۀ جدايی مفهوم‌های "دولت" و "ملت" از يکديگر، جمهوری اسلامی ايران است. رويدادهای اخير آشکار کرد که ميان اين دولت و ملت شکاف فراخی وجود دارد. از اين رو نشايد که کارهای ناشايست دولت ايران را به حساب ملت آن بگذاريم. چندی پيش در يک مطلب جالب هفته‌نامۀ "نگاه" در بارۀ تونل نافرجام انزاب (که سال‌هاست شرکت ايرانی "سابير" در حال احداث آن است) ، اين تونل "غار ايرانيان" عنوان شده بود. با درک حقيقت جدايی "دولت" از "ملت" ايران "غار جمهوری اسلامی" می‌توانست عنوان بهتری برای تونل انزاب باشد. تونل انزاب نشانۀ بارز ناتوانی و بی‌سروسامانی مديريتی در جمهوری اسلامی است. معلوم نيست که باز چند بار ديگر قرار است اين تونل افتتاح شود، تا سرانجام مورد بهره‌برداری قرار بگيرد.

بستن دهان خبرنگاران در حضور احمدی‌نژاد وضعيت مخوف و ناگوار او را بهتر نمی‌کند. چه خبرنگاران تاجيکستان از او پرسش‌های مناسب کنند و چه نکنند، افکار و کردار احمدی‌نژاد ثبت تاريخ شده‌است و فرجام او تاريک است. او رئيس‌جمهور يک نظام اسلامی است که در روز سوگ عاشورا سوگواران را به گلوله بست. حتا رژيم شاه پهلوی در روز عاشورای 1978 ميلادی که زمين و زمان را شعارهای ضدسلطنتی می‌لرزاند، فرمان سرکوب معترضانش را نداده بود. اما رژيم اسلامی ايران روز عاشورای اخير را با خون ده‌ها تن معترض آلود و مشروعيت خود را بيش از پيش لکه‌دار کرد.

نبود پرسش‌های گزندۀ خبرنگاران تاجيک اين واقعيت را هم تغيير نمی‌دهد که جمهوری اسلامی اکنون به "جمهوری دروغ" تبديل شده‌است؛ به گونه‌ای که تقريباً تمام امور آن با تکيه به استدلال‌های چرند و دروغ انجام می‌گيرد. به گفتۀ رژيم احمدی‌نژاد، ندا آقاسلطان را خبرنگار بی بی سی در تهران کشته‌است و قتل خواهرزادۀ ميرحسين موسوی را خود موسوی طرح‌ريزی کرده‌است و تروريستان مزدور، مردم را در روز عاشورا به خاک و خون کشيده‌اند و از اين دست دروغ‌های شاخدار ديگر.

با ديدن تصويرهای ويديويی که مشخصاً نيروهای دولتی را در حال نشانه رفتن و تيراندازی به سمت مردم بی‌سلاح نشان می‌دهد، با اطمينان می‌شود گفت که حتا خود احمدی‌نژاد و هم‌سنگرانش هم به اين اتهامات باور ندارند و از روی ناچاری به دروغ متوسل شده‌اند، تا شايد بدين گونه مانع از پديداری شهيدان نو شوند. جمهوری اسلامی که در گذشته "شهيدپرور" بود، اکنون از نام "شهيد" لرزه به اندامش می‌افتد. چون می‌داند که ياد و نام شهيدان نوين تيشه بر ريشه‌اش خواهد زد. از اين رو دروغ را تنها چارۀ کار می‌داند؛ غافل از اين که ريشۀ دروغ کوتاه است و دير نمی‌پايد.

کسی به احمدی‌نژاد در تاجيکستان اين سخنان را نگفت تا بداند که ما هم از بدکاری‌هايش دل خوشی نداريم. کی ديدی که دريوزه‌گری نيازمند به فردی پولدار از بدکاری‌هايش گفته باشد؟ اما با فضايی که احمدی‌نژاد برای کشورش ايجاد کرده، گمان نمی‌رود که نيازهای تاجيکستان توسط دولت او برآورده شود. دردسرهای او ده‌چند بيشتر است.

بسياری معتقدند که با ريختن خون اين همه بی‌گناه، احمدی‌نژاد ديگر نمايندۀ مشروع ايران نيست و تنها سخنی که سزاوارش است، عنوان اين نوشته است: آقای احمدی‌نژاد! به تاجيکستان خوش نيامدی!

Sunday, January 03, 2010

The Changing Face of Dushanbe

Чеҳраи нави Душанбе

04.12.2009 / 13 озари 1388 ҳ.х.
Гузориши тасвирӣ

به دبيرۀ پارسی

Ҳамин ҷо буд, канори ҳамин порк, ки акнун нардаи ҳифоз (решётка) надорад. Дарвозае баланд дошт, ки рӯ ба муҷассамаи баландтари Ленин боз мешуд. Ленини бовиқор, ки як даст ба пушту дасти дигар ба сӯи осмон моро ба сӯи ояндаи равшан, ки “кумунизм” меномиданд, ҳидоят мекард. Рӯи нимкатҳои даври ҳамон тандис (муҷассама) буд, ки бо дӯстону ҳамандешон менишастем ва аз ситамҳои ворисони Ленин гилоя мекардем ва роҳҳои муқобила бо онҳоро месанҷидем.

Ҳамин ҷо буд, онсӯтар аз тандиси Ленин, ки лаҳзаҳои шоду бесиёсати кӯдакимонро месохтем; рӯи сандалиҳои чархуфалакҳои танҳо “шаҳри бозӣ”-и шаҳри Душанбе. Ҳамин ҷо, пушти тандиси Ленин буд; зери дарахтони гашн (анбӯҳ)-и порк, ки шармгинона аз чашми дилбарон нигоҳ медуздидем.

Вале оё дақиқан ҳамин ҷо буд ё як зарра онсӯтар? Акнун танҳо метавон ҳадс зад. Чун дигар ҷои тандиси Ленин чизе ҷуз як мушт моса (рег) нест ва анбӯҳи дарахтони порк ва чархуфалакҳояш нопадид шудаанд. Рӯи сардари порк ба ҷои номи Ленин номи Рӯдакиро мехонем. Акнун ҷои дарахтҳо сонт ба сонт мушаххас шуда ва дуруст дар қалби порк муҷассамаи Рӯдакӣ зери тоқи нусрат худнамоӣ мекунад. Самти рости тандиси Одамушшуъаро, дар он сӯи ҳошияи порк, ки қаблан пушти дарахтҳо пинҳон буд, манзараи ғарибе шакл гирифта: уфуқи бозу паҳновар, ки дар миёнаи он “Қасри миллат” чун нигине тобнок медурахшад. Ин сохтмони бошукӯҳ ба сабки меъмории итолиёӣ дафтари нави раёсати ҷумҳурист, аммо ба далоиле ҳанӯз соҳибаш ба он ҷо нақли макон накардааст.

Таҳаввулоти мушобеҳе дар бахшҳои дигари шаҳр ҳам сурат гирифтааст. Сохтмонҳои куҳна зери хок рафтаанд ва биноҳои тоза дар ҷои онҳо рустаанд, ки бархешон таҳсинбарангез асту баъзешон – қурбонии салиқаи бад. Дар бисёре аз маворид сохтмонҳои куҳна фақат ҷома иваз кардаанд ва зоҳири бетунии шӯравишон шишаӣ шудааст, аммо даруни сохтмон бетағйир мондааст.

Ба ростӣ, тайи ду-се соли ахир Душанбе чеҳра иваз кардааст ва бисёре аз манотиқи шаҳрро ба сахтӣ метавон шинохт. Аммо осфолти сӯда ва ҳуфра (сӯрох)-ҳои фарохи ҷоддаҳо зоҳири оростаи шаҳрро махдуш мекунад. Ронандагӣ дар ин роҳҳо табдил ба хазандагӣ мешавад, то мабодо барҷастагии сатҳи роҳ ё санге ба зери мошин бихурад. Дар воқеъ, зербинои шаҳр тайи чандин даҳа аст, ки даст нахурда ва таъмиру тармими муфассал мехоҳад.

Оби шир (кран)-и хонаҳо, аммо, дигар мисли гузашта қаҳваӣ нест. Зоҳиран дастгоҳи полоиши об таъвиз шуда. Вале бо оғози фасли сармо барқ ҳамчунон қатъу васл мешавад, ки барои кишвари пуробе чун Тоҷикистон амри ғарибест.

Таъаддуд (бисёрӣ)-и худравҳои гаронқимати хориҷӣ ва антенҳои моҳвораии пушти бомҳо долли бар беҳбуди вазъияти иқтисодии шумори зиёде аз мардум аст, ки дар бештари маворид ҳосили чандин сол муҳоҷирати кории онҳо дар Русия ва кишварҳои атроф маҳсуб мешавад.

Ба назар меояд, ки омадушуди мошинҳо, ба вижа дар хиёбонҳои марказии шаҳр, сомонмандтар шудааст ва, масалан, бастани камарбанди эминӣ барои ронанда ва сарнишини сандалии ҷилав (пеш) илзомист; чизе, ки яке-ду сол пеш маъмул набуд. Ва аммо тараддуд (рафтуомад)-и мақомоти баландпоя дар хиёбонҳои марказӣ, дуруст ба монанди чанд сол пеш, ҳарҷу марҷи васеъе меофаринад: ҷоддаҳои аслӣ масдуд мешавад ва мардум барои расидан ба мақсад роҳе намеёбанд ва суфуфи бепоёни мошинҳо барои соъатҳо дар интизор буқ (сигнал) мезананд.

Танҳо пушти фармони мошин нест, ки эъмоли кунтрули мақомот беш аз пеш эҳсос мешавад. Акнун давлат муроқибат аз ҳазинаҳои мардумро ҳам вазифаи худ медонад ва, барои намуна, даъвати беш аз 150 тан меҳмон ба базмҳои арӯсиро мамнӯъ кардааст. Бино ба муқаррароти ҷадид, ки дар Тоҷикистон бо номи “танзимот” шинохта мешавад, теъдоди худравҳои корвони арӯсӣ набояд бештар аз ҷаҳор адад бошад ва муддати баргузории базм фақат се соъат аст. Давлат, ки қодир нест ба атбоъаш дастмузди муносиб бипардозад, зоҳиран талош мекунад бо эъмоли “танзимот” аз ҳазинаҳои мардум – ва мутаъоқибан аз мизони нохушнудии онҳо – бикоҳад.

Яке дигар аз дигаргуниҳои чашмгир дар пойтахти Тоҷикистон издиёд (зиёдӣ)-и гардишгарони хориҷӣ дар хиёбонҳои шаҳр аст. Дигар шунидани гӯиши теҳронӣ дар хиёбонҳои Душанбе як амри одист ва гӯши мардуми пойтахт бо ин гӯиш хӯ гирифтааст. Эрониён маъмулан барои тиҷорат ё саёҳат ё таҳсил вориди Душанбе мешаванд. Иддае ҳам шабҳошонро дар кобореҳо ва дискуҳои шику мудерни Душанбе рӯз мекунанд. Дискуҳои шаҳр, ки зоҳири батамом ғарбӣ доранд, дар изои ҳудуди чаҳор дулор сервиси хубе арза мекунанд ва бо тозатарин оҳангҳои ғарбӣ, тоҷикӣ ва эронӣ муштариёнро саргарм мекунанд.

Ҳузури бозаргонони эронӣ дар бозорҳо маҳсус аст. Бархе аз растаҳо сирфан колои эронӣ мефурӯшанд. Вале аҷноси ғолибан бадкайфият, ки бо қимати арзон харидорӣ ва ворид шуда, барои бозаргонони эронӣ ному эътиборе насохтааст. Бо вуҷуди ин, огаҳиҳои бозаргонии ширкатҳои муштараки тоҷикӣ ва эронӣ дар сатҳи шаҳр бафаровонӣ ба чашм мехурад.

Вале маҳбубияти овозхонони эронӣ дар шаҳри Душанбе ранг набохтааст. Акнун ситораҳои попи эронии муқими Лус Онҷелес беш аз пеш меҳмони Душанбе мешаванд. Чанде пеш Душанбе мизбони Муъини Исфаҳонӣ ва Афшин буд ва интизор меравад моҳи морси оянда Гугуш ба дидори ҳаводорони бешумораш дар Тоҷикистон биравад, ки бегумон, пас аз ин ҳама интизори ошиқона як рӯйдоди муҳим хоҳад буд.

Чеҳраи тозаи Душанберо метавонед дар гузориши мусаввари ҳозир бибинед.

Гузориши тасвириро бо суръати баланд метавонед дар инҷо бибинед.

Tuesday, December 29, 2009

Not Our New Year

Соли Нави мо акнун нест

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ

Хеле дӯст доштам, ки дар “Ногуфтаниҳо”-и ин ҳафта каломе чанд аз соли гузашта мегуфтам, ки шояд бо гуфтаниҳои ин ҳафта дар ҳафтаномаҳои Тоҷикистон ҳамгун мебуд. Аммо инро мегузорем барои Наврӯз, ки соли нави табиъӣ ва ростини мост.

Намедонам чаро бо ҷабри рӯзгор ёдамон рафтааст, ки Соли Нави мо ҳанӯз фаро нарасидааст. Беш аз се моҳи дигар қарор аст чашмбароҳ бимонем, то таҳаввулоте рух бидиҳад ва дар “Ногуфтаниҳо”-и наврӯзӣ ба канкошаш бинишинем.

Шигифтии ман худ шигифтангез нест. Мантиқи он ин ҷост: мо ба унвони насли башари кунунӣ чаро бояд пайрави одобу русуми бегонагон бошем ва аз ойини худ парҳез кунем? Кӣ гуфтааст, ки сол акнун тағйир мекунад? Инҳо ки ҳама шартист!

Мутмаиннан азизоне садо баланд хоҳанд кард, ки “бегона кадом аст?! Мо ки солҳост бо ҳамин Соли Нав ва ҳамин солшуморӣ сар кардаем!” Аммо посухи росихи ман мудом ин буда, ки торихи миллат ва сарзамини ман солмандтар аз воқеъиятҳои гузарои имрӯзист. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки миллати тоҷики ориёӣ бо дарки комил аз пешинааш Наврӯзро сароғози гоҳшумориаш қарор хоҳад дод.

Он рӯз акнун ҳам фаро нарасидааст. Ҳукумати кунуниро афкори дигаре андармон (машғул)-и худ кардааст. Аммо бегумон, ҳукумате, ки Наврӯзро сароғози расмии солшумории Тоҷикистон эълом кунад, сабти торих хоҳад шуд.

Бигзарем аз он ки соли нави масеҳӣ ҳам пайванди танготанге бо пешинаи мо дорад. Дар воқеъ, 25 декабр – рӯзи зоиши Митро ё Меҳри эронист, ки пайравони навини масеҳиятро ба он водошт, то якуми январро оғози соли нав эълом кунанд. Вагарна на замон бо оғози сол созгор асту на устураҳои бозмонда аз пешиниён.

Ҳатто худи фарангиҳо (урупоиён) пеш аз пазириши масеҳият соли навро дар ҳаволии рӯзи 21 март (Наврӯз) ҷашн мегирифтанд. Беҳтарин далели он номи моҳҳои фарангист: “сентябр” ба забони лотинӣ ба маънои “ҳафтум” аст. Ба ҳамин тартиб, “октябр” – “ҳаштум”, “ноябр” – “нуҳум” ва “декабр” – “даҳум” маъно медиҳад. Бо ин васф “январ” ва “феврал” моҳҳои ёздаҳум ва дувоздаҳуми соланд. Бо ин радёбии забоншинохтӣ метавон дарёфт, ки оғози сол бо моҳи “март” мусодиф мешавад. Ҳамон моҳе, ки Наврӯзи мо барои худ баргузидааст. Ҷолиб ин ҷост, ки дар созмонҳои ҳавошиносии кишварҳои фарангӣ 21 март оғози баҳор маҳсуб мешавад ва марзи зимистон дар ҳамин рӯз ба сар мерасад.

Қазия аз ин қарор аст, ки дар садаҳои пешин мардуми Фарангистон (Урупо) пайрави дини эронии меҳрпарастӣ буданд ва дар рӯзи 25 декабр зоиши дубораи Меҳр (Хуршед)-ро ҷашн мегирифтанд. Пас аз пазириши масеҳият ҳам ин одати мардум побарҷо монд ва сарони калисо тасмим гирифтанд ин рӯзро ба ҷои “рӯзи мелоди Меҳр” “рӯзи мелоди Масеҳ” унвон кунанд ва бад-ин гуна аз асароти дини куҳан бикоҳанд. Аммо бо гузашти замон ва бо афзоиши дониши башарият моҳият ва ҳақиқати тасмими калисо ошкор шуд.

Мо акнун 1 январро расман оғози соли нави худ медонем, чун аз ҷумлаи миллатҳои мағлубем, ки ба иродаи “миллатҳои ғолиб” тан додаанд. Мо танҳо нестем. Миллатҳои мағлуб бешуморанд. Аммо андак касе дар ин миён ин пурсишро аз худ мекунад, ки “чаро бояд аз ойини бегонагон пайравӣ бикунам?” Ва андак миллате дар баробари “якуми январ” гузиниши дигаре дорад.

Мо дар зумраи он миллатҳои хушиқболем, ки дар баробари “якуми январ” Наврӯзро дорем. Наврӯзеро, ки ҳам бо сиришти табиъат созгор аст ва ҳам дар пешинаи мо (то ҳамин ҳаштод сол пеш) нақш доштааст. Намедонам чӣ монеъе вуҷуд дорад, ки ба солшумории худӣ баргардем. Ба қавли Саъдии Шерозӣ:

Куҳан ҷомаи хеш перостан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.

Тоҷикон аз ворисони қавмеанд, ки дақиқтарин солшумории торихи ҷаҳонро поя ниҳодааст. Ин воқеъияти ноб аст. Пас метавон бо такя ба ҳамон солшуморӣ, ки имрӯз ҳам дар ақсо нуқоти ҷаҳон муътабар аст, Наврӯзро оғози соли нави тоҷикон эълом кунем ва дар остонаи Наврӯз ба натиҷагирӣ аз соли гузашта бинишинем. Эйдун бод!

Wednesday, December 23, 2009

The Green Death of Khomeni's "Fruit of Life"

Марги сабзи “меваи умр”-и Хумайнӣ

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)


Эрон хаёли оромиш надорад. То мустабиддони режим мехоҳанд ба хоби харгӯшӣ бираванд, дигарбора наъраи эътирози мардум гӯши фалакро пур мекунад. Ин бор даргузашти яке аз поягузорони режим, ки бо гузашти замон ба сарсахттарин мунтақиди он табдил шуд, баҳонаи эътирозотро фароҳам кардааст.

Оятуллоҳ Ҳусейналии Мунтазирӣ сайид набуд ва дастори сиёҳ ба сар надошт. Ҳаштоду ҳафт сол пеш дар хонаводаи кишоварзе дар шаҳри Наҷафободи устони Исфаҳон ба дунё омад, ба ҳавзаи илмияи Қум рафт ва шогирди Оятуллоҳ Хумайнӣ шуд. Ба муддати чаҳор сол заҷри зиндони вопасин шоҳи Паҳлавиро кашид ва соли 1978 озод шуд, то назарияи “вилояти фақеҳ”-ро ниҳодина кунад ва заминаи Ҷумҳурии Исломиро бичинад.

Инояти Хумайнӣ ба Мунтазирӣ то ба андозае буд, ки раҳбари Инқилоби Исломӣ ӯро “меваи зиндагӣ”-и худаш хитоб мекард. Дар соли 1983 тасмим бар ин шуд, ки дар паи марги Хумайнӣ шогирди барӯманди ӯ Мунтазирӣ раҳбарии Ҷумҳурии Исломиро ба дӯш бигирад. Аммо дар соли 1989, дуруст се моҳ пеш аз даргузашти раҳбари инқилоб, “меваи зиндагӣ” дар коми Хумайнӣ таъми талхе ба ҷо гузошт ва мавриди бемеҳрии ӯ воқеъ шуд.

Оятулоҳ Мунтазирӣ бо ин дидгоҳи Хумайнӣ мувофиқ набуд, ки “валии фақеҳ” ё раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ҳамакораи кишвар аст, ихтиёроти беҳадду ҳасре дорад ва дар ҳар заминае метавонад эъмоли нуфуз кунад. Бино ба дидгоҳи Мунтазирӣ, раҳбари рӯҳонӣ метавонист танҳо дар мақоми мушовир ба ниҳодҳое, ки аз сӯи мардум интихоб шудаанд, машварат диҳад.

Ихтилофи умдаи дигари ӯ бар сари силсилаи эъдом (қатл)-ҳое буд, ки дар соли 1988 ба авҷи худ расид. Ҳар касе, ки бо кӯчактарин иттиҳоми мухолифат бо режим боздошт мешуд, бидуни муҳокима кушта мешуд. Ҳаммоми хуни Ҷумҳурии Исломӣ боъиси ошуфтагии виждони Мунтазирӣ - дардошнои зиндониён шуда буд ва ӯ дар ниҳояти асабоният хитоб ба Имом Хумайнӣ гуфта буд, ки рафтори Ҷумҳурии Исломӣ бо боздоштшудагон бадтар аз рафтори маъмурони шоҳ аст ва худи ӯ бадтар аз худи шоҳ аст.

Ҳамин басанда буд, ки Мунтазириро аз чашми Хумайнӣ биандозад. Се моҳ монда ба маргаш, Хумайнӣ шогирдашро аз мақоми ҷонишинии раҳбар барканор кард ва пас аз даргузашти ӯ Алии Хоманаӣ бар тахти вилоят нишаст, ки аз тахти подшоҳӣ тафовути андаке дорад.

Аммо ишколи кор дар он буд, ки Хоманаӣ “оятуллоҳ” ё “марҷаъи тақлид” набуд. Яъне ба мақоми иҷтиҳод ва раъйдиҳӣ дар умури мазҳабӣ нарасида буд. Барои ин кор бояд дастикам 20 сол дар яке аз беҳтарин мадрасаҳои исломӣ дарс мехонд, ки нахонда буд. Барои нишастани Хоманаӣ бар маснади раҳбарӣ ин аслро тағйир доданд, то дастгоҳи сиёсӣ ба муродаш бирасад. Яъне мақоми фиқҳии раҳбар аз ҷойгоҳи Мунтазирӣ ва чандин марҷаъи дигари шиъа бамаротиб поинтар буд ва усулан, намешуд вазифаи раҳбарии маънавии миллатро ба ӯ вогузор кард. Аммо чун ин амр муқтазои сиёсат буд, пазируфта шуд, ҳарчанд афроде чун Мунтазирӣ ҳаргиз ин амрро напазируфтанд.

Оятуллоҳ Мунтазирӣ аз он зумра инсонҳои нобе буд, ки ҳаргиз ба ҳарфи зӯр сари итоъат фуруд намеоваранд. Ӯ ҳаргиз минбари интиқод аз режими исломиро тарк накард. Давлати Хоманаӣ, ки дар баробари интиқодҳои кӯбандаи Мунтазирӣ бечора монда буд, ӯро барои шаш сол (1997-2003) ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Аммо Оятуллоҳ Мунтазирӣ ин ҳисорро ҳам шикаст. Дар тӯли муддати маҳкумияташ ӯ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет роҳ ёфт ва хотироташро барои ҷаҳониён мунташир кард. Ба ростӣ, ӯ нахустин марҷаъи тақлиди мусалмонон буд, ки ба фазои маҷозӣ (Интернет) роҳ ёфт ва аз он баҳра бурд. Навиштаҳову гуфтаҳои интернетии ӯ асбоби шармандагии режим буд, аммо бо таваҷҷуҳ ба мақоми мазҳабии Мунтазирӣ давлат дар анҷоми коре алайҳи ӯ бечора буд. Дар Эрон марҷаъи тақлид дорои ҳаводорони бешуморест ва азияту озори ӯ метавонад нохушнудиҳои густардаеро дар миёни мардум барангезад.

Порае аз ин нохушнудиҳоро дар рӯзҳои ахир дидем. Мардум аз саросари Эрон ба шаҳри Қум – маҳалли зиндагӣ ва марги Мунтазирӣ гирди ҳам омаданд. Шумори сӯгворон то ҳадде буд, ки ҳатто хабаргузориҳои расмии Эрон онҳоро “садҳо ҳазор нафар” тавсиф карданд. Агар маҳдудиятҳои эъмолшудаи Ҷумҳурии Исломӣ набуд, шояд саҳнаҳои шигифтангези дафни пайкари Хумайнӣ такрор мешуд. Шиъорҳое, ки дар таҷаммуъоти анбӯҳи мардумӣ садо дод, табли расвоии давлатдоронро навохт.

Аммо шукӯҳи шахсияти Мунтазирӣ ба андозае буд, ки ҳатто душмани шумораи яки ӯ (Хоманаӣ) бо интишори паёми таслияте (ҳарчанд кинатӯзона) ба ҷойгоҳи ӯ арҷ гузошт.

Мунтазирӣ аз он даст одамонест, ки арзиши торихиашон пас аз маргашон ошкор мешавад. Шояд пас аз солҳо аз ӯ ба унвони Гондӣ ё Монделлои Эрон ёд шавад; шояд бо ин тафовут, ки хостаҳои ӯ пас аз маргаш бароварда хоҳад шуд. Ӯ касе буд, ки ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи башар ба болотарин мақоми давлат пушти по зад ва умреро дар азияту уқубат гузаронд, то шояд рӯзе партави озодӣ бар фарози кишвари ӯ ҳам битобад. Ӯ метавонист подшоҳи исломии он сарзамини паҳновар бошад, дуруст ба монанди Хоманаӣ. Аммо чашми серу қалби башарпарваре дошт ва атои раҳбариро ба лиқояш бахшид ва шуғли ҳимояту дифоъ аз ситамдидагонро бар шуғли раҳбарии кишвар ва карию кӯрӣ бар гилояҳо тарҷеҳ дод.

Акнун, ки ӯ даргузаштааст, тоза оғози маҳбубияти фарогираш дар Эрон аст ва бегумон, фардо, ки Эрон роҳи тозаеро ихтиёр хоҳад кард, аз ӯ ба унвони яке аз роҳгушоёни андешаи интиқодӣ дар фазои хафақонии Ҷумҳурии Исломӣ ёд хоҳад шуд. Дар воқеъ, Оятуллоҳ Мунтазирӣ ҳатто бо даргузашти худ нафаси тозаеро бар рамақи Ҷунбиши Сабзи Эрон дамид.










Амвочи хурушони хашмро худ бибинеду бишнавед:

Wednesday, December 16, 2009

Media Discrimination in Tajikistan

Табъизи расонаҳо дар Тоҷикистон

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)

Дар оғози пайдоиши рӯзноманигорӣ дар Эрони садаи 19 ба ин ҳирфаи навин “воқеъанигорӣ” мегуфтанд. Чун вазифаи як рӯзноманигор танҳо баёни воқеъаҳову воқеъиятҳо буд.

Баъдан, ки забони порсӣ гирифтори балои тарҷумазадагӣ шуд, ин вожаро аз фаронсавӣ баргардон карданд. Вожаи фаронсавии “journaliste” баргирифта аз “jour” ба маънои “рӯз” аст ва маънои дақиқи “journal” “рӯзнома” аст. Бад-ин гуна, “рӯзноманигор” ҳам тарҷумаи дақиқи “journaliste”-и фаронсавӣ аст.

Бо тағйири номи “рӯзноманигорӣ” вазифаи он ҳам то ҳадди зиёде тағйир кард. Давлат, ки аз тавони фавқулъодаи воқеъанигорон ва таъсири навиштаҳои онҳо бар афкори умумӣ огоҳ шуда буд, талош кард ин ҳирфаро барои пешбурди ҳадафҳо ва таблиғи дидгоҳҳои худаш дар инҳисораш дарорад. Бад-ин минвол дар кишварҳои истибдодзада, ки дар он замон сифати ҳамаи кишварҳои ҷаҳон буд, рӯзноманигорӣ ба хидмати мошинҳои давлатӣ даромад ва аз мардум фосила гирифт.

Бо зуҳури рӯзноманигории мустақилли “зеризаминӣ”, ки ба вазифаи ибтидоии ин ҳирфа содиқ буд ва чизе ҷуз баёни воқеъиятҳо намегуфт, пояҳои истибдод дар бисёре аз кишварҳо мутазалзил шуд. Кишварҳои озоду мардумсолоре шакл гирифтанд, ки дар онҳо мафҳуми “рӯзноманигории расмӣ” ё “давлатӣ” бемаъно шуд. Рӯзноманигорӣ аз давлат фосила гирифту якпорча шуд ва миёни тӯдаҳо баргашт ва қудрати белаҷоми давлатҳоро маҳор кард, то на дар хидмати худ, балки дар хидмати миллате бошанд, ки пули байтулмолро мепардозад.

Аммо дар Тоҷикистон, мусалламан, ин иттифоқ ҳанӯз науфтодааст. Дар кишвари “ҳуқуқбунёду демукротик”-и мо ҳамчунон “матбуъоти расмӣ” дорем ва “матбуъоти мустақил” ва миёни ин ду урдугоҳ пайкори ошкору ниҳоне пайваста дар ҷараён будааст. Давлат ҳамвора ба матбуъоти расмӣ иноят карда ва бо матбуъоти мустақил ситезида ё кӯшидааст бо тарфандҳое мустақилҳоро ҳам давлатӣ кунад. Аммо ба ҳар рӯй ҳар ду, бо вуҷуди тафовутҳо, “худӣ” ба шумор меоянд.

Гузашта аз ин ду урдугоҳи рӯзноманигорӣ, гурӯҳи дигаре аз хабарнигорони тоҷик ҳастанд, ки бакуллӣ аз марҳамати давлат бебаҳраанд ва ҳатто гоҳ аз сӯи давлат лаккаи хиёнат бар онҳо зада мешавад: рӯзноманигороне, ки барои расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд. Ин хабарнигорон, ҳарчанд аксаран тоҷиканд, аз чашми давлат хабарчинони бегонае беш нестанд, ки ҳаргиз ба суди миллат каломе бар забон нарондаанд. Ишколи кор дар он аст, ки давлатиҳо маъмулан миёни мафҳумҳои “давлат” ва “миллат” тафовуте намебинанд. Аммо басо давлатҳое, ки бар сари миллатҳо балоёи фаровоне овардаанд ва рӯи душманро сафед кардаанд.

Аз ин рӯ, метавон натиҷагирӣ кард, ки дар Тоҷикистон мо ду навъ рӯзноманигор дорем: “худӣ”, ки шомили расонаҳои расмию нимамустақиллу мустақил мешавад ва “бегона”, ки барои расонаҳои хориҷию байнулмилалӣ кор мекунад. Давлат миёни ин ду гурӯҳи умдаи хабарнигорон марзи мушаххасе кашидааст ва гурӯҳи дувумро ба унвони “хабарнигорони номаҳрам” ба бархе аз нишастҳои худ фаро намехонад.

Нишасти маҳрамонаи раисиҷумҳур Раҳмон бо хабарнигорони “худӣ”, ки рӯзи 8 декабр анҷом гирифт, аз намунаҳои боризи табъиз миёни дастандаркорони расонаҳо дар Тоҷикистон аст. Дар натиҷа изҳороте аз он нишаст ба берун аз маҳалли дидор ва ҳатто ба Маскаву Тошканд дарз кард, ки мизони воқеъияташон норавшан аст ва боъиси бигӯ-магӯҳои фаровони байнулмилалӣ шуда ва хоҳад шуд. Боризтарини онҳо суханони раисиҷумҳур дар бораи бозпас гирифтани Самарқанду Бухоро аз Узбакистон буд, ки ғавғои матбуъотӣ роҳ андохтааст. Суханоне, ки ба ростӣ, баёнгари орзуи бисёре аз тоҷикон ва дар кул, порсигӯён аст, аммо ҳаргиз тасаввур намерафт, ки бад-ин шева (аз сӯи раҳбари давлат) ва бо ин манзур (водоштани мардум ба харидории саҳоми нерӯгоҳи Роғун) баён шавад.

Ин изҳорот касро ба ёди мақоли мардумии “Пеш аз пода гард баланд накун!” меандозад. Давлати Тоҷикистон, ки акнун барои анҷоми як тарҳи энержӣ рӯи ниёз ба мардум овардааст ва ҳаҷми даромади нохолиси саронааш дар поинтарин пояи ҷадвали кишварҳои Шӯравии пешин қарор дорад, дар ҳадде нест, ки иддаъоҳои арзиашро ба ин шева баён кунад. Дар “Ногуфтаниҳо”-е дигар муфассалан ба ин мавзӯъ хоҳем пардохт ва хоҳем санҷид, ки чи гуна метавон ба он орзуи дерин, бо гомҳои сиёсию иҷтимоъии бихрадона, расид.

Дар ҳоли ҳозир дар бораи изҳороти раисиҷумҳур дар он нишасти маҳрамона барои “матбуъоти худӣ” метавон танҳо бо ҳадсу гумон ва бо такя ба шунидаҳои таъйиднашуда сухан гуфт. Аммо агар ба изҳори назари Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати хориҷа таваҷҷуҳ кунем, ки мегӯяд, мақолоти мунташира дар Маскав дар бораи суханони Раҳмон бофтаи тахайюли нависандааш будааст, пурсиш ин аст, ки чаро ин “шоеъа” офарида шуда? То набошад чизаке, мардум нагӯянд чизҳо.

Шоеъа ё овоза замоне падид меояд, ки иттилоъ андак бошад. Ва иттилоъ замоне андак мешавад, ки манбаъ аз пахши он худдорӣ кунад. Агар дар нишасти 8 декабр рӯзноманигорон ба “худӣ”-ю “бегона” тақсим намешуданд, мақоми аввали давлат ҳам бо эҳсоси масъулияти бештар сухан мегуфт. Ва дар воқеъ, як сиёсатмадор ҳамеша бояд он масъулиятро мадди назар дошта бошад. Ба вижа агар бо рӯзноманигорон тараф аст.

Рӯзноманигор “худӣ”-ю “бегона” надорад. Рисолати рӯзноманигори ростин пахши воқеъиятҳост. “Ман рӯзноманигорам. Пас рост мегӯям” шиъори рӯзноманигорони ростин аст. Ва мутмаиннан, дар миёни афроде, ки давлат ба унвони намояндагони “матбуъоти худӣ” мешиносад, бисёранд касоне, ки рисолати ростини рӯзноманигорӣ мароми зиндагишон аст.

Tuesday, December 08, 2009

Forced charity is theft, not charity

Накӯкорӣ иҷборӣ намешавад

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)

Дар кишварҳои мустабид ҳар коре аз роҳи зӯру таъаддию иҷбор анҷом мегирад. Ҳатто корҳои хайру савоб. Гӯё ба гумони бархе, ки зимоми умурро дар даст доранд, мардум забони дигарро намефаҳманд ва зӯру фишор танҳо василаи баёну такаллум бо онҳост. Дар кишварҳои пешрафта ҳатто кӯдакро ба анҷоми коре - ҳатто агар савоб бошад - водор намекунанд, балки мекӯшанд аз роҳи тафҳиму тавзеҳи мантиқӣ ӯро ба анҷоми он кори накӯ мутақоъид кунанд. Чун водоштани кӯдак аз роҳи зӯру фишор ҷурм маҳсуб мешавад.

Дар Тоҷикистон саранҷом тасмим гирифтаанд нерӯгоҳи обии Роғунро бо сармояи худӣ бисозанд. Ба ростӣ, бунёди ин нерӯгоҳ ба рағми ҳасодату рақобати ҳамсоягони норафиқ гиреҳи мушкилоти фаровонеро барои мардуми кишвар боз хоҳад кард. Афзун бар равшанию гармии хонаҳо дар чаҳор фасли сол, барқ ба сармояи умдаи кишвар табдил хоҳад шуд ва судури он хизонаи давлатро пур хоҳад кард ва дар сурати истифодаи беҳина аз даромади он кишварро аз хоки фақру бенавоӣ ба маснади дороӣ хоҳад нишонд. Аммо наҳваи тақозои мақомот аз мардум барои мушорикат дар анҷоми ин тарҳ носавоб аст.

Барои анҷоми марҳилаи нахусти сохтмони ин нерӯгоҳи ғулосо мақомот мехоҳанд аз мардум 600 милюн дулор бирӯёнанд. Торнамо (сайт)-и раёсати ҷумҳурӣ зимни эъломи ин хабар навишт: "Ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ғайр аз оилаҳои камбизоъат, бояд бо маблағи на камтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кунад." Вожаи “бояд” дар таркиби ҷумлаи боло танҳо дар кишварҳои мустабид ба кор меравад. Вагарна, агар қарор аст мардум кори хайре анҷом диҳанд, иҷоза бифармоед, ки маблағи он садақаро худашон таъйин кунанд. Ва эъломи як чунин тақозо дар кишваре, ки бино ба омори расмӣ, 53 дарсади ҷамъияташ фақир ба шумор меоянд, чизе ҷуз зулму ситами фоҳиш нест. Ва агар қарор нест мардум ба пардохти он маблағ водор шаванд, маблағи мавриди назар ҳосил нахоҳад шуд.

Раисҷумҳур Раҳмон ҳам ҷумлаи мушобеҳеро дар ҷараёни дидораш аз устони Суғд ба забон ронд ва афзуд, ки “соҳибкорону сарватмандони кишвар бояд бо маблағҳои калон саҳмия харанд.” Дар кишваре, ки миёнгини даромади сарвари хонавода чизе ҳудуди 260 сомонӣ аст, интизори дарёфти 3000 сомонӣ таваққуъи газофест. Ба вижа ин ки шояд он сарвари хонавода соли 1996 ҳам водор ба хариди саҳоми Сангтӯда-1 шуда буд ва акнун бо гузашти 13 сол аз сарнавишти саҳомаш хабаре надорад. Дар чунин корҳо эътимодсозӣ нақши умдаро дорад, ки зоҳиран нодида гирифта шудааст.

Албатта, дар нишасти Шӯрои Ҷамъиятӣ, ки рӯзи 4 декабр баргузор шуд, Э. Раҳмон тасреҳ кард, ки харидории саҳоми нерӯгоҳи Роғун иҷборӣ нест. Аммо дар ҳамон нишаст ҳам ӯ ибрози умедворӣ кард, ки ба таври миёнгин (мутавассит) ҳудуди як милюн хонавода саҳоми нерӯгоҳро бо арзиши 5000 сомонӣ хоҳанд харид. Раисиҷумҳур зимни таъкид ба ин нукта, ки харидории саҳом “довталабона” аст, ҳатто шумори ононеро таъйин кард, ки метавонанд ин саҳомро нахаранд: 300 ҳазор хонавода. Намешавад ҳам ба наъл кӯбиду ҳам ба мех. Агар ин иқдом “довталабона” аст, таъйини теъдоди хонаводаҳое, ки аз харидории саҳом маъофанд, маънӣ надорад. Он ҳам дар кишваре, ки “умедворӣ”-и раҳбари он ҳамеша фармон ё дастури ӯ талаққӣ мешавад ва маъмурони иҷрои он бедиранг дастбакор мешаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин бахш аз суханони раисиҷумҳур, ки “соҳибкорону сарватмандони кишвар бояд бо маблағҳои калон саҳмия бихаранд”, бисёре чашм ба ахбор дӯхтаанд, то бибинанд, ки аз ҷайби сарватмандони ростин чи пуле ба сандуқи Роғун ворез хоҳад шуд. Барои ҳама ҷолиб аст бидонанд, ки масалан, худи Э. Раҳмон ва хонаводаи сарватмандаш чанд дарсад аз дороиашонро ба ҳисоби нерӯгоҳи Роғун мунтақил хоҳанд кард ва барои дигарон намунаи ибрат хоҳанд шуд. Пешгомӣ дар амри хайр савоби бештаре дорад.

Тамоми ин гуфтаҳо дар “Ногуфтаниҳо” ба маънои мунсариф кардани мардум аз мушорикат дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун нест. Сохтмони ин нерӯгоҳ барои сарзамини мо аҳамияти ҳаётӣ дорад ва саҳм гирифтан дар он вазифаи виждонии фарзандони ин обу хок аст. Аммо ҳеч коре набояд аз роҳи тавҳин ба шуъури миллат ва барда пиндоштани он сурат бигирад. Кори хайр, агар довталабона аст, бигзоред довталабона бимонад.

Мо, иддае аз порсигӯёни бурунмарзй ҳам дар ҳоли ҷамъоварии кумак барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳастем. Ҳеч кадом саҳоме намехоҳем ва танҳо хостаи мо бениёзии мардуми Тоҷикистон дар арсаи энержист. Аммо ин иқдоми мо на бо даъвати давлати Тоҷикистон, балки ба нишони ҳамраъйӣ бо мардуми он сурат мегирад, ки ба барқи Роғун ниёзи мубрам доранд. Роғун акнун чун як ормони миллӣ тоҷиконро перомуни худ фаро овардааст. Бегумон ҳар фарзанди ин сарзамин, ки аз ранҷҳои он огоҳ аст, дар ҳадди тавони худ дар сохтмони нерӯгоҳ саҳм хоҳад гирифт. Агар раҳбарони кишвар ҳам ҳадди тавони худро бисанҷанд, бегумон ин нерӯгоҳ сохта хоҳад шуд. Магар нагуфтаанд, ки “дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора нест”?

Thursday, December 03, 2009

Help Tajikistan!

An appeal by the Vararoud Charitable Trust

Tajikistan is bracing itself for yet another harsh winter as the country still suffers from energy and financial crises.

The most impoverished nation of Central Asia has had great human losses during recent social catastrophes caused by severe winter conditions. Throughout the cold months millions of people across the country had been left without heat, electricity and running water; children had had to stay at home helping their parents to cope with the cold; food shortages had turned into a real disaster with shops poorly stocked; many newborn infants had died because of the cold and power shortages at hospitals and maternity wards. A harsh winter in Tajikistan means overwhelming pestilence and hunger for its people.

Ironically, Tajikistan has one of the biggest hydropower potentials in the world. Yet it suffers power blackouts more than any other country in the region. Eventually, the government is seriously considering the perspectives of accomplishing the unfinished project of the Raghun Dam on the Vakhsh River.

This project commenced in 1976 has been on ice since the collapse of the Soviet Union. Russia’s pledge to complete the dam did not turn into action as Uzbekistan, a strong opponent of the project, dissuaded Moscow. Uzbekistan is reluctant to lose its exceptional status in the region’s power distribution patchwork.

The station’s design includes the building of 6 hydroelectric generating units with the capacity to produce 3,600 megawatts of electricity. The completed Raghun dam project will mean the end of people’s sufferings in winter conditions.

The Vararoud Charitable Trust in London appeals to all philanthropists and friends of Tajikistan to help Tajiks complete the project on their own by donating to the account below:

Vararoud Charitable Trust
Bank: Natwest
Bank Address : Maida Vale,
Elgin Avenue Branch
289 Elgin Avenue
London
W9 1JT

Current Account Number : 64770249
Sort code: 60-13-34

The Vararoud Charitable Trust will push for an independent commission to oversee spending of the fund so that it could meet the purpose of the action.

One of the registered objectives of the Vararoud Trust is to relieve the poverty and distress amongst Tajik people in the world. Please help us to make a change that would eradicate poverty in the beautiful country of Tajikistan.

***

Фарохони Бунёди хайрияи Варорӯд

Тоҷикистон дар остонаи як зимистони сахти дигар қарор дорад, дар ҳоле ки кишвар ҳамчунон даргири буҳронҳои молӣ ва энержист.

Фақиртарин кишвари Осиёи Миёна дар зарфи зимистонҳои гузашта талафоти ҷонии фаровонеро мутаҳаммил шуд. Тайи моҳҳои сарди зимистон милюнҳо тан дар саросари кишвар аз гармӣ, барқ ва оби ошомиданӣ маҳрум буданд; кӯдакон маҷбур буданд дар хонаҳояшон бимонанд ва барои муқобила бо сармо ба падару модаронашон кумак кунанд; камбуди хурокӣ ба мусибате бузург табдил шуда буд ва мағозаҳо маводди ғизоии кофӣ дар бисоташон надоштанд; бисёре аз кӯдакони навзод ба далели сармо ва набуди барқ дар бемористонҳову зоишгоҳҳо ҷон доданд. Зимистони сахт дар Тоҷикистон ба маънои густариши бемориҳову гуруснагӣ миёни мардуми он кишвар аст.

Ҷолиб ин ҷост, ки Тоҷикистон дорои яке аз бузургтарин зарфиятҳои нерӯи обӣ дар ҷаҳон аст, аммо бештар аз ҳар кишвари дигар дар минтақа дучори камбуди барқ мешавад. Саранҷом давлати ин кишвар тасмим гирифтааст мавзӯъи итмоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун канори рӯди Вахшро ҷиддӣ бигирад.

Ин тарҳ, ки соли 1976 оғоз шуда буд, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мунҷамид шуд. Ваъдаи Русия дар мавриди такмили садди Роғун ба вуқӯъ напайваст, зеро Узбакистон, мухолифи сарсахти тарҳ, Маскавро мунсариф кард. Узбакистон роғиб нест, ки мавқеъияти истисноии худро дар сомонаи тавзеъи нерӯи минтақа аз даст бидиҳад.

Тарҳи нерӯгоҳи Роғун шомили эҳдоси 6 дастгоҳи тавлиди барқи обӣ мешавад, ки дорои зарфияти тавлиди 3600 меговотт барқ ҳастанд. Такмили сохтмони садди Роғун ба масобеҳи поёни ранҷҳои зимистонии мардум хоҳад буд.

Бунёди хайрияи Варорӯд дар Ландан аз ҳамаи башардӯстон ва ёрони Тоҷикистон мехоҳад, ки бо пардохти маблағ ба ҳисоби бонкии зерин ба тоҷикон кумак кунанд, то тарҳи Роғунро худашон ба анҷом бирасонанд:

Vararoud Charitable Trust
Bank: Natwest
Bank Address : Maida Vale,
Elgin Avenue Branch
289 Elgin Avenue
London
W9 1JT

Current Account Number : 64770249
Sort code: 60-13-34

Бунёди хайрияи Варорӯд талош хоҳад кард, ки як кумисюни мустақил бар истифодаи ҳадафманду дақиқ аз манобеъи молии ҷамъоваришуда назорат кунад.

Яке аз ҳадафҳои сабтшудаи Бунёди Варорӯд кумак ба раҳоии мардуми тоҷик дар саросари ҷаҳон аз фақру дармондагист. Лутфан ба решакан кардани фақру бенавоӣ дар кишвари зебои Тоҷикистон кумак кунед.

Гузориши Би-Би-Си аз фарохони Бунёди Вароруд

Гузориши родю Озодй аз фарохони Бунёди Вароруд

Гузориши родюии Замона аз фарохони Бунёди Вароруд

***

فراخوان بنياد خيريۀ ورارود

تاجيکستان در آستانۀ يک زمستان سخت ديگر قرار دارد، در حالی که کشور همچنان درگير بحران‌های مالی و انرژی ‌است.

فقيرترين کشور آسيای ميانه در ظرف زمستان‌های گذشته تلفات جانی فراوانی را متحمل شد. طی ماه‌های سرد زمستان ميليون‌ها تن در سراسر کشور از گرمی، برق و آب آشاميدنی محروم بودند؛ کودکان مجبور بودند در خانه‌هاشان بمانند و برای مقابله با سرما به پدر و مادرانشان کمک کنند؛ کمبود خوراکی به مصيبتی بزرگ تبديل شده بود و مغازه‌ها مواد غذايی کافی در بساطشان نداشتند؛ بسياری از کودکان نوزاد به دليل سرما و نبود برق در بيمارستان‌ها و زايشگاه‌ها جان دادند. زمستان سخت در تاجيکستان به معنای گسترش بیماری‌ها و گرسنگی ميان مردم آن کشور است.

جالب اين جاست که تاجيکستان دارای يکی از بزرگ‌ترين ظرفيت‌های نيروی آبی در جهان است، اما بيشتر از هر کشور ديگر منطقه دچار کمبود برق می‌شود. سرانجام دولت اين کشور تصميم گرفته‌است موضوع اتمام ساختمان نيروگاه راغون کنار رود وخش را جدی بگيرد.

اين طرح که سال 1976 آغاز شده بود، با فروپاشی شوروی منجمد شد. وعدۀ روسيه در مورد تکميل سد راغون به وقوع نپيوست، زيرا ازبکستان، مخالف سرسخت طرح، مسکو را منصرف کرد. ازبکستان راغب نيست که موقعيت استثنايی خود را در سامانۀ توزيع نيروی منطقه از دست بدهد.

طرح نيروگاه راغون شامل احداث شش دستگاه توليد برق آبی می‌شود که دارای ظرفيت توليد 3600 مگاوات برق هستند. تکميل ساختمان سد راغون به مثابه پايان رنج‌های زمستانی مردم خواهد بود.

بنياد خيريۀ ورارود در لندن از همۀ بشردوستان و ياران تاجيکستان می‌خواهد که با پرداخت مبلغ به حساب بانکی زيرين به تاجيکان کمک کنند، تا طرح راغون را خودشان به انجام برسانند:

Vararoud Charitable Trust
Bank: Natwest
Bank Address : Maida Vale,
Elgin Avenue Branch
289 Elgin Avenue
London
W9 1JT

Current Account Number : 64770249
Sort code: 60-13-34

بنياد خيريۀ ورارود تلاش خواهد کرد که يک کميسيون مستقل بر استفادۀ هدفمند و دقيق از منابع مالی جمعاوری‌شده نظارت کند.

يکی از هدف‌های ثبت‌شدۀ بنياد ورارود کمک به رهايی مردم تاجيک در سراسر جهان از فقر و درماندگی است. لطفاً به ريشه‌کن کردن فقر و بينوايی در کشور زيبای تاجيکستان کمک کنيد.

گزارش تارنمای بی بی سی از فراخوان بنياد ورارود

گزارش خبرگزاری ايرنا از فراخوان بنياد ورارود

گزارش راديو زمانه از فرواخوان بنياد ورارود

Wednesday, December 02, 2009

Irregular Regularities on Information Fee

Тартиботи бетартиби иттилоъоти пулӣ

(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)

Бисёре аз қонуну мусаввабаҳои Тоҷикистон касро ба ёди достони марде меандозанд, ки аз бас бадхатту баднавишт буда, маҷбур будааст номаҳояшро худаш барои мухотабонаш бихонад. Тозатарин мусаввабаи давлат беҳтарин намунаи он аст, ки ҳатто унвони онро наметавон ба дурустӣ дарёфт: “Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст.” Ҷуброни хароҷоти кӣ? Оё мақомот иттилоотро пешниҳод (предлогать) мекунанд ё ироа (предоставлять)? Оё хароҷот ба мақомоту ташкилот “алоқаманд” аст ё иттилоъот? Ва аслан чаро “алоқаманд” (заинтересованный)? Шуморо ба Худо, ин ҷумларо барои ман баргардон кунед, ки нафаҳмидам.

Пас аз ошноӣ бо муҳтавои ин мусавваба (ки шояд луғати “ошноӣ” дар ин маврид муносиб набошад) шигифтии хонанда дучандон мешавад. Натиҷаи онро дар матбуъоти ҳафтаи гузашта мушоҳида кардем. Ҳар кас аз ин мусавваба қироату бардошти худро дошт. Шуморе бонги изтироб сар доданд, ки давлат мехоҳад дар баробари ҳар ҷумлае, ки ба хабарнигорони ғайридавлатӣ мегӯяд, пул биситонад. Мақомот дилдорӣ доданд, ки “танҳо барои маводди калонҳаҷми таҳлилӣ ва ҳуҷҷату санадҳое, ки барои кофтуков ва тайёр намудани онҳо маблағ сарф мешавад”, пул пардохт хоҳад шуд ва қарор нест, ки расонаҳо барои пӯшиши рӯйдодҳои рӯзмарра ба мақомот пул бидиҳанд (Сайидалӣ Сиддиқов, аз дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ). Аммо ҳанӯз касе сад дарсад мутмаин нест, ки манзур аз тасвиби ин мусавваба дақиқан чӣ будааст.

Қонун ё мусавваба маъмулан барои равшан кардани қазияҳои печида навишта мешавад, то битавон бо руҷӯъ ба моддаҳои он гиреҳи он муъаммоҳоро гушуд. Аммо мусаввабаҳои мо ба монанди рисолаҳои фалсафию мазҳабӣ тафсирталабанд ва муфассирони он ҳам ҳарфи ҳисоб надоранд. Охир чи қонуне навиштаед, ки ба ҷои ҳалли муъаммо бар печидагии масъала меафзояд?

Агар ба тафсири Сайидалӣ Сиддиқов ва Маҳмудҷон Сараев аз бахши таҳлилии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Иброҳим Усмонов аз Донишгоҳи Миллӣ такя кунем, талоши давлат ин будааст, ки ҳамгом бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ироаи иттилоъоте вижа аз шаҳрвандон пул биситонад. Ин иддаъоро ба осонӣ метавон санҷид.

Ба ростӣ, дар кишварҳои пешрафтае чун Амрико ва Бритониё чунин муқаррароте зери унвони “Қонуни озодии иттилоъот” вуҷуд дорад. Дар Амрико ин қонун соли 1966 ба тасвиб расид ва ҳамчунон муътабар аст. Аммо дар ин қонун мушаххасан тасреҳ шудааст, ки барои дастрасӣ ба иттилоъоти рӯзмарра ниёзе ба пардохти ҳеч маблағе нест. Пул барои иттилоъоте пардохт мешавад, ки дар бойгонии вазоратхонаҳо мавҷуд аст ва дар дастраси умум қарор надорад. Қонуни марбутаи Амрико сареҳан барои хабарнигорон имтиёзоте қоил шудааст. Ба гунае, ки хабарнигор метавонад то 100 сафҳа аз иттилоъоти дархостиашро ройгон дарёфт кунад. Чунин имтиёзе барои хабарнигорони Тоҷикистон дар назар гирифта нашудааст. Пас ташбеҳи мусаввабаи ахир бо қонунҳои мушобеҳи кишварҳои пешрафта бемавриду беҷост.

Дар “Қонуни озодии иттилоъот”-и Бритониё аз соли 2000 ҳам мехонем, ки ҳазинаи иттилоъот танҳо дар мавриде пардохт мешавад, ки он бештар аз 10 пунд (фунт) қимат дошта бошад. Нархи чопи ҳар сафҳа иттилоъ фақат 10 пенс аст. Яъне маблағ танҳо замоне пардохт мешавад, ки шумо бештар аз 100 сафҳа иттилоъ дархост кунед, ки нудратан иттифоқ меуфтад. Ин бад-он маънист, ки дар бештари маворид дарёфти иттилоъ дар ин ду кишвари пешрафта ройгон аст.

Ва ҳатто агар бихоҳем маҳаки санҷишамонро андаке поинтар биёрему ба кишваре чун Ҳиндустон сар бизанем, мебинем, ки дар он ҷо ҳам қонун муқаррароти дақиқтару демукротиктаре дорад. Дар он кишвар як соъат мурури иттилоъот ройгон аст. Ҳеч пуле намепардозед. Ва танҳо пас аз як соъат аст, ки барои ҳар 15 дақиқаи баъдӣ маблағи ночизи 5 рупия (ҳудуди 10 сенти амрикоӣ) аз ҳисобатон каср мешавад. Пас чи гуна метавон мусаввабаи ахири Тоҷикистонро дар канори қонунҳои мушобеҳи кишварҳои дигар гузошт?

Ҳатто профессор Иброҳим Усмонов, мудири курсии рӯзноманигории ДМТ дар шумораи пешини “Нигоҳ” мегӯяд, ки “баъзан мешавад, ки аз ин [мусаввабаи давлат] сӯиистифода ҳам мекунанд, вале бояд сари вақт аз ин бохабар шуду пеши роҳи онро гирифт.” Ба гумони ман, “сари вақт” замоне буд, ки ин мусаввабаро тадвин мекарданд. Устоди рӯзноманигорон шояд бояд дар ҳамон оғози соли равон, ки порлумон дар садади тасвиби ин муқаррарот баромада буд, бохабар мешуданду тақозо мекарданд, ки ҳамаи норавшаниҳои мусавваба равшан шавад, то дар оянда аз он сӯиистифода сурат нагирад. Акнун, ки мусаввабаи “Тартиби ҷуброн...” бо ин муҳтавои ноқису ғалатандоз касби эътибор кардааст, аҷаб нест, ки сӯиистифодаҳои фаровоне аз норавшаниҳои он сурат бигирад.

Вале бо таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат, ки “Тартиби ҷуброн...” бо Қонуни Асосӣ, Қонуни иттилоъот ва Қонуни матбуъоти Тоҷикистон мунофот дорад, боиста аст, ки давлатмардон ба бознигарии он бинишинанд ва ин мусаввабаро бо муқаррароти ҷомеъаҳои пешрафтаи демукротик созгор кунанд.

Thursday, November 26, 2009

Long Live My Town!

Зинда бод шаҳри ман!

(вижаи хафтаномаи Нигох)

Бӯи хоки ин шаҳрро ҳеч шаҳри дигаре надорад. Ранги дарахтони ин шаҳр чашмнавозтар аст ва садои оби ҷӯйборонаш хушояндтар. Ин шаҳр қасидаи ишқест, ки Худованд ба ҳангоми офаридани мо ба гӯши азал сурудааст ва хоки моро бо меҳр ба ин шаҳр сириштааст.

Сахт дилтанги Душанбе будам ва пас аз ҳудуди се сол дубора ба дидораш расидам. Ҳоло ки азми бозгашт ба Ғарбро дорам, таъми гас (нофорам)-и ғурбат дубора ба комам бармегардад ва медонам, ки рӯзҳои нахусти дурӣ аз зодбум бар ман сахт хоҳад гузашт.

Албатта, Душанбе хеле дигаргун шуда ва дигар он шаҳре нест, ки замоне бо исёни қалбҳои ҷавони мо месохт ва маркази худро бакуллӣ дар ихтиёри шӯри ҷавононаи мо гузошта буд; зери соябони рестурони “Сириус”-аш потуқ (нишастгоҳ)-и мо буд, дар Хонаи синемои он ба мо дарси худшиносӣ медоданд, дар Иттиҳодияи синемогарони он ба таври муназзам бо чеҳраҳои барҷастаи адабу ҳунар ба гуфтугӯ менишастем... Дигар аз ҳеч кадом хабаре нест ва ҳама танҳо дар хотироти мост, ки зиндаанд. Акнун Душанбе барои насли ҷавонтари худ хотира меофаринад; бо сурату сирате дигар.

Перояи нави пойтахт марказро то ҳадди зиёде дигаргун карда: бар рӯи сохтмонҳо ҷомаҳои шишаии тоза кашидаанд ё ба ҷои он сохтмонҳои тоза сохтаанд, ки сад дареғ, ҷавҳари асолаташон пайдо нест ва ғолибан аз зеҳнҳои муқаллид (тақлидкор) берун таровидаанд. Ҳарчанд дар мавориде андак метавон тарҳҳоеро ҳам дид, ки намоёнгари умқи диди меъмори он ҳастанд.

Аммо тағйирот дар сатҳи шаҳр сатҳист ва ба умқ нарасидааст. Чанд сохтмони тозаро мебинем, вале зербино ҳамон аст, ки буд. Дар байни роҳҳо чоҳҳое даҳон гушудаанд, ки заҳмати убур аз онҳо ба ҳафт хони Рустам мемонад. Набуди хутути роҳ, ки ҳадду марзи борикаҳо ё наворҳоро мушаххас кунад, сафар дар ин ҷоддаҳоро хатарноктар ва саҳмгинтар ҷилва медиҳад. Набуди чароғи роҳнамо дар чаҳорроҳҳо қазияро ҷиддитар мекунад. Ва дар он ҷо ҳам ки чароғ мавҷуд аст, вуҷудаш нодида гирифта мешавад ва ҳарҷу марҷи густардаи роҳҳо мусофирону роҳгузарҳоро таҳти фишори асабӣ нигоҳ медорад. Номи Худо пайваста бар сари забонҳои ронандагону сарнишинон ҷорист, то раҳмат бифармояду онҳоро басаломат то ба мақсаду манзилашон бирасонад.

Зоҳиран шароити зиндагии мардум беҳбуд ёфтааст: антенҳои моҳвораии фаровоне аз дару девору боми хонаҳо сар кашидаанд ва мошинҳои гаронқимати хориҷии бештаре дар хиёбонҳо ба чапу рост мешитобанд (ҳарчанд акнун ҳамаи мошинҳо барои кишвари мо хориҷӣ ба шумор меоянд). Аз соҳибони антенҳову мошинҳо мепурсам, ки чи гуна ба беҳбуди вазъи зиндагишон даст ёфтаанд. Рӯ ба самти Русия меоваранду дуруде мефиристанд, ки бозори кори он асбоби маъишаташонро муҳайё кардааст. Пас беҳбуди рӯзгор барои бисёре танҳо бар асари пазируфтани заҳмату хории муҳоҷират муяссар шудааст.

Дар базми арӯсии дӯсте аз муқаррароти тозаи мавсум ба “танзимот” огоҳ мешавам. Домод ба ҷои ин ки аз оҳангҳои маросим лаззат бибарад, машғули шумурдани теъдоди оҳангҳост, то мабодо аз шумори муқаррар фаротар биравад. Нигарон аст, ки шумори мошинҳои корвони арӯсӣ шояд бештар аз чаҳор адад бошад. “Танзим” инро ҳам мамнӯъ кардааст. “Танзим” ба ҳадде таваҷҷуҳамро ба худ ҷалб мекунад, ки мехоҳам онро бештар биомӯзам ва баъдан сари фурсат мулоҳизотамро дар бораи он дар миён бигзорам.

Дӯстони хабарнигорам аз расонаҳои мустақил мегӯянд, ки дигар қарор нест ахбори расмӣ ройгон бошад ва барои дарёфти хабар бояд ба мақомоти мавриди пурсиш маблағи андаке бипардозанд ва мунтазири анҷоми муқаррароти пардохту дарёфт бимонанд, ки боиси деркард (таъхир) дар пахши хабар хоҳад шуд. Ангушти тааҷҷуб ба даҳон ба худ меандешам, ки оё ҷои дигареро дар ҷаҳон суроғ дорем, ки чунин муқаррароти гӯшношунидро пиёда карда бошад? Ба ин мавзӯъ ҳам сари ҳавсалаву фурсат метавон баргашт.

Дубора барқ рафт. Пас ҳамчунон дар Душанбеи азиз ҳастам ва ин сатрҳоро ҳамин ҷо менависам. Барои набуди барқ дигар чӣ баҳонаҳои тоза кашф шудаанд? Оё ҳанӯз панҷ сол ҷанги дохилиро танҳо сабаби ин гирифториҳо медонанд? Ҷанги шумеро, ки аз поёнаш 12 сол гузаштааст, аммо гӯё паёмадҳои он ҳаргиз даст аз сари мо бар нахоҳад дошт. Ё ҳастанд афроде, ки мудирияти бадро далели камбуд ё набуди барқ мешуморанд?

Оре, акнун ҳастанд касоне, ки на танҳо воқеиятҳоро мебинанд, балки ҷуръати баёни он воқеиятҳоро низ дар худ пайдо кардаанд. Дубора нури умед дар чашми ҷавононе сӯ-сӯ мезанад (медурахшад), ки мепиндоранд бо шикастани қолибҳои бешумор барои худу ояндагон зиндагии беҳтареро фароҳам хоҳанд кард. Нуре заиф, аммо қобили дидан. Садое зариф, аммо қобили шунидан. Бозгашти шуълаи умедро ба ин чашмони ҷавон шодбош мегӯям.

Friday, November 20, 2009

Bazar's Lost Tajikistan

Точикистони гумшудаи Бозор

(вижаи хафтаномаи Нигох)

Чорч Орвелл, нависандаи инглисии ќарни 20 дар соли 1948 китобе навишт бо номи «1984», ки дар он тасаввури худро аз як чомеаи мустабид дар оянда баён карда буд. Вай дар хамон солхо ихтироъи чизе ба монанди Интернет ва насби дурбинхои мадорбаста дар сатхи шахрхои як кишвари истибдодиро вахшурона пешгуй карда буд. Имруза на танхо дар кишвархои мустабид, балки дар пешрафтатарин ва гуё озодтарин кишвархои чахон, аз чумла дар Бритониёи Орвелл, аз Интернет ва дурбинхои мадорбаста ба унвони абзори эъмоли контрол истифода мешавад.

Дар Точикистон аз ин даст пешгуихои вахшурона андак доштем ва маъруфтарини он шеъри «Пас аз мо»-и Бозор Сорбир аст, ки дар дахаи 1970, дар авчи чахонгирии импротурии сурх, суќуту хиффату хории он ва пешвоёни он дар ояндаи наздикро пешгуй карда буд.

Аммо касе наметавонист пешгуй кунад, ки худи Бозор Собир рузе-рузгоре ба пешвоёни импротурии сурх руи иноят хохад овард, мухолифони ононро нафрин хохад кард ва бо надомату пушаймонй аз хусумати пешини худ алайхи саромадони режими коммунистй ба ёду равони онон дуруд хохад фиристод.

Имруз, ки марди часури шеъри точик 71-сола мешавад, дубора бисёре ба ин пурсиш баргаштаанд, ки чи гуна метавон бевафоии аќидатии устодро тавчех кард. Кадом сухани у ќобили эътимодтар буд? Безории у аз истибдоди шуравй ё дилтангии у ба низоми ленинй?

Бо муруре бар суханони дирузу имрузи Бозор Собир метавон итминон хосил кард, ки хам безорй ва хам дилтангии у самимонаву ростинанд. У дар гузашта ба хамон андоза аз Ленин безор буд, ки имруз дилтанги уст. Мисли як шогирди шуху бозигуши мактаб, ки аз омузгори сахтгири худ дили хуше надорад, аммо то мактабро тарк мекунаду ба чойгохе мерасад, забон ба сипосгузорй аз омузгори сахтгираш мегушояд. Бозор Собир шогириди бозигушу дилтанги мактаби шуравист.

Солхо зиндагй дар гурбат ва ламси воќеъиятхои дурушти гурбати Гарб устодро озурдаву ошуфта кардааст. Дар воќеъ, зиндагй дар Гарб то хадди бисёр зиёде далели навишта шудани «Сармоя»-и Марксро ташреху тавчех мекунад: дар он чо аз омузишу дармони ройгон хабаре нест ва ихтилофи табаќотй бедод мекунад. Ба вижа барои як мухочир аз «чахони севвум» ин ихтилоф махсустару малмустар аст ва зиндагй чаббортар. Шояд бархурди устоди мухочир бо ин сахтихо буд, ки уро ба бандаи шокиру сипосгузори Ленин табдил кард. На дубора, балки барои нахустин бор. На ба зур, балки ихтиёран. Аммо бо чандин сол таъхир.

Аммо чаро хатто он сахтихо боис намешавад, ки Бозор Собир ба кишвари худ баргардад? Оё ба ростй устод ба ин сухан имон надорад, ки «хоки Ватан аз тахти Сулаймон бехтар?»

Бозор Собир тайи ин солхо борхо ба зодбумаш омад, аммо мондагор нашуд. Шояд омада буд, ки бимонад, аммо худро дар хонаи худ наёфт. Дигар Точикистон он кишваре набуд, ки Бозор Собир онро тарк карда буд. Сурату сирати шахраш иваз шуда буд ва огуши бози он беминнат набуд. Бозор Собир Точикистонашро гум кард ва Точикистон Бозорашро. Шояд устод худро дар ватани хеш гарибтар ёфту мухочиратро бедагдагатар. Аммо ба хар руй у тарчех дод ба мухочирати хоркунанда тан дихаду ху бигирад ва Точикистонро ба сохибони наваш бибахшад.

Бозор Собир, ки аз ростгутарину содиќтарини суханварони ахди худ аст, эхсоси барахнае дорад; хисси иштиёќи у ба андозаи хисси инзичор (безорй)-и у табиию ростин аст. Дар яке аз сухбатхои телефонй бо устод то сухан аз Точикистон ба миён овардам, гуфт, сухбаташро накун, ки намефорад. Озурдагии Бозор Собир аз мардуму зодбумаш бепирояву урён чорй буд. Дили устод танги Точикистон хаст, аммо у пазмони Точикистон худ аст. Точикистоне, ки бо хамаи дуруштихояш тудахои пуёву бедоре дошт ё дастикам умеди бедорй дошт. Точикистоне, ки дар айни тангдастй обистани шукуфой буд. Точикистоне, ки Бозорро бо тамоми бетахаммулихояш тахаммул мекард. Точикистоне, ки партави офтоби фардояш аз равзанаи кучакаш метобид. Бозор он Точикистонро гум кардааст ва дилаш барои он Точикистон танги танг аст. Шахри Бозор хатто пушти «пардаи оханин» равзанае дошт. Аммо акнун гуй деворхои ин шахр баландтар шудаанд ва садо дар миёни ин деворхо фурухуфтатар аз пеш шудааст. «Пас аз мо»-и Бозор ба вуќуъ пайваст, аммо ба бадтарин шеваи мумкин ба вуќуъ пайваст ва худи уро гурезон кард.

Шояд, агар умеду умедворй ба ќалби шоири мухочири мо баргардад, «Пас аз мо»-и вахшуронаи дигаре аз ќалами у битаровад ва Точикистони пур аз шури умеду озодии уро дубора дар зехнхои хастаи имрузиён зинда кунад.

Thursday, November 12, 2009

The Closest Far Away

Наздиктарини дур

Роёна (компютер)-и ман ҳар бор бо байте тоза аз Хоҷа Ҳофиз боз мешавад, ки дар бисёре аз маворид гӯӣ ҳукми фоли вахшуронаеро дорад. Имшаб Хоҷа ба ман гуфт:

Рӯзгорест, ки дил чеҳраи мақсуд надид,
Соқиё, он қадаҳи ойинакирдор биёр.

Гӯӣ бузургвор медонист дар сару дил чи барномае дорам ва фардо қарор аст чи кор бикунам. Гӯё медонист, ки фардо ба сӯи чеҳраи мақсуд мешитобам, ки фарсангҳо аз ҳам дури дур уфтодаем ва аз ранҷи дурии он танӯр ба ҷои дил дар сина дорам.

Ончунон он диёри азиз ба ман наздик аст, ки дуртар аз он дигар диёре нест. Ба ҳар сарзамине бебаҳонаву бетаваққуъ мераваму бармегардам, ки гӯӣ хонаи аммаи худобиёмурзам бошад. Аммо ба он диёри дури нозанин ҳамеша бо баҳона ва бо таваққуъ рафтаам; чунон ошиқе, ки ба дидори маъшуқаш меравад. Ва ҳамон ҷост, ки бештар аз ҳар ҷои дигар мувозиби рафтору гуфторам ҳастам, ки мабодо чашму гӯши азизи он диёрро биёзорам. Он сарзамин бо ҳама дӯзахиҳояш биҳишти баринест, ки модари маро дар худ гунҷондааст ва мардуми маро дар оғӯши худ парвардааст. Он сарзамин модари мост ва модар ҳамеша беҳтарину зеботарин аст.

Дӯстонам ба шӯхию бо ҷиддият ҳушдор медоданд, ки фардо ҳам одина аст ва ҳам 13-уми моҳ, ки тақоруни ин ду гӯё наҳосат дорад. Афзудам, парвозам ҳам ҳаволии соъати 13 аст. Оҳу воҳу ваҳшати дӯстонам фазоро пур кард. Аммо ман медонам, ки зарурати дидори ман бо сарзаминам ҳар навъ хурофаро ботил хоҳад кард ва маро ба хоки нози он хоҳад нишонд.

Тоҷикистонам, мебинамат.

Let's Become an Ocean!

Бас аст ҷазира будан! Кай уқёнус мешавем?

(вижаи сутуни "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)

Дар “Ногуфтаниҳо”-и ҳафтаи гузашта аз хонаводае ҳикоят кардам, ки солҳост дар Бритониё ба сар мебаранд ва дар густариши фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвар ва дар паҳнаи маҷозии Интернет санги тамом гузоштаанд. Ба ҳадде дар ин замина хидмат кардаанд, ки гумон аст ҳеч сафорати Тоҷикистон дар ҳеҷ гӯша аз ҷаҳон карда бошад. Хонаводаи Ориё, тоҷикони зодаи кишваре, ки зарфи беш аз 200 соли ахир бо номи “Афғонистон” шинохта мешавад ва тайи ҳафт даҳаи ахир ҳамаи шаҳрвандони он расман “афғон” ном гирифтаанд.

Аммо хонаводаи Ориё ва ҳазорон тоҷики афғонистонии дигар номи кишвари худро бо икроҳ ба забон меоваранд ва ҳаргиз ҳам худро “афғон” муъаррифӣ намекунанд. Оқибати ҳувияти таҳмилӣ наметавонист чизе ҷуз ин бошад. Ҳарчанд бар сари мо кӯбиданд, шӯравӣ аз мо сохта нашуд. Ҳарчанд ҳамқавмони моро дар он сӯи об водоштанд, “афғон” нашуданд. Чаро? Чун “афғон” мутародиф (синоним)-и “паштун” аст ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки аз замони ҷудоии ин пора аз хоки Хуросон аз баданаи Эрон (1747) то кунун ғолибан афғонҳо, яъне паштунҳо бар он ҳукумат кардаанд, кишвар “Афғонистон” ном гирифт. Сипас ба тақлид аз кишварҳое чун Эрону Омрико саъй карданд ҳувияти “афғонӣ”-ро ба ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар бичаспонанд.

Аммо сардамдорони сиёсати “афғонсозӣ” ин мавриди зарифро фаромӯш карда буданд, ки миёни ҳувиятҳои “эронӣ”-ю “омрикоӣ” ва “афғонӣ” тафовути асосие ҳаст. Дуи аввал аз номи кишварҳо бармеоянд (Эрон ва Омрико), на номи қавм. Яъне мо қавме бо номи “эрон” ё “омрико” надорем. Аз ин рӯ касоне, ки дар он кишварҳо ба дунё меоянд, ба худии худ бо гирифтани пасванди нисбати “-ӣ” “эронӣ” ва “омрикоӣ” унвон мешаванд.

Аммо ин маврид дар бораи Афғонистон сидқ намекунад. “Афғон” номи кишвар нест, балки мутародифи номи қавми паштун аст. Аз ин рӯ таҳмили номи “афғон” бар ҳамаи оҳоди миллат чизе ба ҷуз фошизми қавмӣ ё шовинизм нест. Ин ба он мемонад, ки ҳукумати мо аз фардо эълом кунад, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон “тоҷик”-анд. Шабеҳи коре, ки давлатҳои шовинисти узбак дар тӯли солҳои шӯравӣ ва пас аз он анҷом доданд ва шумори зиёде аз тоҷикҳо ва намояндагони қавмҳои дигарро “узбак” номнавис карданд.

Аз ин рӯ тоҷикони нажодае чун хонаводаи Ориё, ки дигар ҳозир нестанд ҳувияти таҳмилиро таҳаммул кунанд, тарҷеҳ медиҳанд худро аҳли Хуросон ё Тоҷикистон муъаррифӣ кунанд. Он идда аз ғайрипаштунҳое, ки бо истилоҳи “Афғонистон” мушкиле надоранд, маъмулан худро ба унвони “афғонистонӣ” мешиносонанд. Дар натиҷа корбурди истилоҳи “афғон” ба маънои “афғонистонӣ” рӯ ба коҳиш аст ва шояд дар оянда ин гароиш ва худшиносии қавмии ғайрипаштунҳо боъиси ҳазфи банди “афғонияти мардуми Афғонистон” аз Қонуни Асосии он кишвар шавад.

Беҳзоди Ориё, ки ҳафтаи гузашта батафсил дар борааш навишта будам, мегӯяд:

“Ман хеле аз мардуми Афғонистонро мешиносам, ки ҳамагӣ ошиқи Тоҷикистон ҳастанд. Тасаввури ман аз мардуми Тоҷикистон ва худамон ин аст, ки ҳарчанд мо ду чашм ҳастем, аммо дар рӯи як чеҳра ҳастем. Мо яке ҳастем. Ҳеч фарқе миёни Тоҷикистону Афғонистону Эрон намебинам.”

Мегӯяд, борҳо дар Тоҷикистон буда ва хушнуд аст, ки дар он ҷо ҳам ҳамандешоне дорад, ки миёни худ ва ӯ тафовуте қоил нестанд. Танҳо нохушнудии ӯ масъалаи дур мондани мардуми Тоҷикистон аз хатти порсист, ки ба бовари Беҳзод, калиди дари ганҷинаи порсист ва бидуни он роҳи дарозеро дар водии порсӣ наметавон паймуд.

Ба акси Эмомалии Раҳмон дар утоқи нишемани Беҳзод дар Ландан ишора мекунаму мегӯям, ки тағйири хат ва бозгашти тоҷикон ба ҳувияти порсии ростини хеш ба иродаи ин оқо вобаста аст. Бино ба тозатарин суханрониҳои марбутаи раисиҷумҳур, ӯ чандон моил ба бозгашт ба хатти порсӣ нест. Беҳзод бо эҳтиром ба портреи раисиҷумҳур нигоҳ мекунаду мегӯяд, мутмаин аст, ки рӯзе Эмомалии Раҳмон ин хидмати бузургро барои мардуми кишвараш анҷом хоҳад дод ва роҳи донишу боландагиро ба рӯи Тоҷикистон хоҳад гушуд.

Мегӯяд, хатти порсӣ Тоҷикистонро аз гирифториҳои фаровоне наҷот хоҳад дод ва танҳо бо пайвастан ба ҳарими порсист, ки ҳувияти тоҷикӣ қавому истеҳком хоҳад ёфт. Ҷазирае кӯчак дар дили уқёнусе паҳновар дер намепояд. Пас бояд бузург шуд. Пайвастан ба хатти порсӣ ба монанди табдили як ҷазираи кӯчак ба уқёнусе паҳновар аст, ки дигар хатари нобудӣ таҳдидаш намекунад.

Ёддошт: Дар ин навиштор, ки имруз дар хафтаномаи "Нигох" мунташир шуд, вожаи "узбак" ба шакли галати "узбек" чоп шудааст. Як Дарвеш ба хафтаномаи мазбур маротиби озурдагии худ аз вукуъи ин галатро иброз мекунад.



Дар аксхо: Бехзоди Ориё ва утоки нишеманаш бо пуртреи Рахмон.

Thursday, November 05, 2009

Tajikistan's Honorable Citizens in London

Шахрвандони ифтихории Точикистон дар Ландан

(вижаи "Ногуфтанихо"-и хафтаномаи Нигох)

Се-чахор сол пеш буд. Барои дуруфтодагоне чун ман дидани намоханг (клип)-хои точикй дар Youtube! дигар амри махоле набуд. Бо таронахои дилошуби точикй барои лахазоте чанд дар огуши мачозию пиндории Точикистон мегунудем. Мехостам касонеро, ки ин лахзахои азизро барои мо фарохам карда буданд, пайдо кунам ва шахсан ба онхо сипос бигуям.

Бештари таронахоро касе бо номи рамзии “Behzad70” дар торнамо (вебсайт) чосозй карда буд. Ба Бехзод паёме фиристодаму пас аз чанд дакика посухе дарёфт кардам. Аз казо хар ду дар Ландане ба ин бузургй, ки барои паймудани фосилаи чануб то шимолаш бояд пагохро бегох кунед, дар як минтака зиндагй мекардем. Фосилаи Бехзод аз ман факат чанд куча болотар буд.

Он замон аз сафорати Точикистон дар Ландан хабаре набуд. Пас аз ошнойи бо Бехзоду хонаводаи бузургаш ба худ андешидам: агар вазифаи сафоратро танхо умури фархангй фарз кунем, ба сафорат ниёзе хам нест. Ва акнун хам ки сафоратдор шудаем, бар ин боварам, ки хонаводаи Ориё дар накши вобастаи фархангии Точикистон дар Бритониё ба маротиб бехтару пуррангтар медурахшад.

Бародарон Бехзод, Каюмарс ва Исфандиёри Ориё бо кровот (галстук)-хое бо нишони давлатии Точикистон ба пешвози мо омаданд, дар холе ки дигар аъзои хонавода либосхои варзишй бо тархи парчами Точикистон ба тан доштанд. Утоки нишемани Бехзод барои хар точике такондиханда буд: ба махзи вуруд портреи бузурги Ахмадшохи Масъуд дар самти рости девор чалби таваччух мекард ва рубаруи у портреи Эмомалии Рахмон (шояд танхо портреи раисичумхур дар Ландан пеш аз гушоиши сафоратхона) бар фарози тандисак (пайкарача)-хои хахоманишй дида мешуд. Дар гушае дигар табаки бузурги точикй бо тасвири Исмоили Сомонй овезон буд. Зери он нишони Точу Хафтахтарони парчам худнамойи мекард ва чои ситорахои перомуни точро тасвири бузургмардони порсигу гирифта буд. Ва албатта, се ранги парчами Точикистон дар чой-чойи уток ба чашм мехурд ва кучактарин хисси гурбатро аз синаи точикони гариб мезудуд.

Далели шигифтии ман чй буд? Охир чаро як чунин рафтори механдустонаеро аз як хонаводаи точик дар Ландан интизор надошта бошем? Корест бас табиъй, ки точикон дар саросари чахон бо намодхову нишонхои кишвари худ бинозанду биболанд. Аммо шигифтии ман баромада аз ин хакикат буд, ки хонаводаи Ориё аз точикони Афгонистонанд ва чунин ишки пуршуреро ба сарзамини чудоуфтодае (бино ба накшаи сиёсй) ба намоиш гузоштаанд.

Ба ростй, хеч точики точикистониро бо ин хама иштиёку дилшудагй ба Точикистон надида будам. Хамаи зиштихои мо барои ин хонадони дилбохта зебойи махсуб мешуд. Хамаи заъфи моро бузургворона нуктаи куввати мо таъбир мекарданд. Аммо аз хилоли суханонашон мешуд дарёфт, ки дили якоякашон ба шароити кунунии Точикистон месузад ва талош мекунанд ба хар навъе, ки шуда, ба Точикистону фарханги низораш кумак кунанд. Бо итминон метавон гуфт, ки бидуни талошхои пайгиронаи хонаводаи Ориё дар Ландан андак касе дар Бохтарзамин аз хунармандоне чун Шабнами Сурайёву Чонибеки Муроду гайра шинохте хосил мекард. Бехзоду Каюмарсу Исфандиёр бо Youtube! иктифо намекунанд, балки афзун бар торнамохои ичтимоъии дигар торнигор ё веблогхои вижае барои пахши мусикии точикй рохандозй кардаанд.

Фарзандони хурдсоли Бехзод, аз Бежани 7-сола гирифта то Авестои 14-сола, дар хамаи махфилхои фархангии Ландан ба намояндагй аз точикон хузур меёбанд ва бо алхони зебое ашъори фаровонеро аз Фирдавсию Мавлавию Саноию Икбол аз бар мехонанд ва ин хакикатро ошкор мекунанд, ки хазорон фарсанг дуртар аз зодбуми порсй хам метавон забони порсиро пос дошту ба хубй фаро гирифт.

Ин падидаи фархангии шигарф ба кумаки хатти порсй муяссар шуда ва мусалламан, бо хатти сириллик дар водии фарханги порсй (он хам дар диёри гурбат) рохи чандонеро наметавон тай кард.

Агар хонаводаи Ориё хам аз Точикистон буданду аз хатту адабиёти порсй огохй надоштанд, ба хеч руй ишк ба механ (ки ба таъбири онхо, «Хуросони бузург» аст ва Точикистонро хам дарбар дорад) дар замири онхо шукуфабор намешуд; на махфиле бо садои гарму ширини фарзандонашон шодоб мешуд, на точике аз мушохидаи алокаашон ба Точикистон дилшод мешуд ва на акси Эмомалии Рахмон ба хонаашон рох меёфт.

Огохии онхо аз пешинаи торихй ва адабии каламрави пахновари фарханги эронй ва эътикод ба якпорчагии руху равони Хуросони Бузург ва саранчом, ишки онхо ба Точикистони кунунй ва хатто давлатмардони он, хама ва хама аз тасаллуташон бар хатти порсй бармеояд. Вагарна кучост сирилликхоне, ки чунин ишку алокаро ба дур аз зодбум ва бе зури зуроварон ба рухи хайрони мо кашад?

Гуйи бо рафтани хатти порсй аз бисоти фархангии мо руху равони точикии ростин хам аз канори мо рахт барбастааст ва онро метавон танхо чое сурог дошт, ки руди порсй дар он руи бистари худаш чорй бошад, на бистари бегона.

Барои исботи ин иддаъо дар «Ногуфтанихо»-е дигар накли кавлхоеро аз худи Бехзоди Ориё меоварем, ки худашро пайваста «шахрванди Точикистон» муъаррифй мекунад. Ба назари ман, бояд у ва хонаводаашро бо сарбаландй «Шахрвандони ифтихории Точикистон» унвон кард.

ПС: Аксхои ин хонаводаи нажода дар сурати касби ичоза аз эшон мунташир хохад шуд.