Аз авзоъи кунунй арзёбии дурусте фармудед. Мо тоза дар холи тай кардани рохе хастем, ки Эрони кунунй такрибан 50 сол пеш огоз карда буд ва ба чое расид, ки акнун мебинем. Иброхими Яздй аз хушбахтон аст. Бадбахтоне мисли Мехдии Бозаргон ва Шопури Бахтиёр буданд, ки бо вучуди мухолифаташон бо Подшох сарбанест шуданд ё ба монанди Банй Садр барои хамеша аз дидор бо диёри модарй махрум шуданд. Дар поёнхои дахаи 1980 ва огози 1990 мо рохи дурустеро месипардем ва чойгохи ислом ба андозаи худаш буд. Аммо чанги хонагй ва паёмадхои он моро ба садахои миёна кашонд ва дирояту биниш кидир ё тира шуд. Орзухои гандидаи вопасгароёна ё иртичоъй дар калбхои пусида нумув карданд. Ва кишвархои вопасгарое ба монанди Арабистону Покистон руи мазореъи тухй ва кобили кишти зехнхои хуфтаи мо хар чи хостанд киштанд.
Давлат имруз мегуяд, ки аз салафиён зиёне хосил нест, гофил аз ин ки нахустин хоки гурашро дар сурати бурузи нооромй хамин гурух хохад пошид. Рахмон мехохад бад-ин гуна исломихои миёнарави пайрави Нурй ва Кабириро тазъиф кунад. Аммо чун хамеша фаротар аз зери бинии худро намебинад.
Дар китобфурушихои хиёбонии Точикистон чизе ба чуз хурофот ба фуруш намеравад. Касе хам садо дар намеорад, ангор хама махви хурофот шудаанд. Давлат хам намебинад, ки дашнаи тез аз кадом суи пайкараш меояд. Адабиёт сифр аст, синемо мурда ва дари синемохо баста аст, мусикиву тарона ришханд ба хунар аст, теотр дар лахазоти сакарот аст… хурофот авч мегирад. Бароянди онро метавон ба осонй хадс зад.
Вале мо чи бихохему чи нахохем, Точикистон обистани тахаввули бузургест. Бузургй вижаи чанбахои мусбати тахаввул нест, метавонад манфй хам бошад. Шурбахтона, равшанфикрй ба рахмати парвардигор пайваста ва таку тук афроде, ки садои хирадро баланд мекунанд, берун аз хоки диёранд. Обе нест, ки чашмхоро бишуянду чури дигар бибинанд. Дуди иртичоъ дидахоро баста. Тасвире махуфу мудхиш, аммо ростин.
Ман муддатхо буд, ки афзун бар Точикистон гирифтори умури кишвархои дигар будам, дар заминаи рузноманигорй, мусалламан. Аммо хисси як такони торихии пешоруи сарзамини худи ман маро водошт, ки хамаро рахо кунам ва барои он хоки азиз бисузам. Намедонам, ин сухтан сохтан хам хохад дошт ё на. Аммо хузури фарзонагоне чун шумо тавонафзост. Аз хар навъи мумкин бояд паёми равшанойи дод, то торикй чира нашавад. Хурофот дар айни навмедй реша медавонад. Аз хар рох паёми умед дихем, то решахои он бихушкад. Шумо дар ин рох кушоед ва сазовори арч.
No comments:
Post a Comment