Wednesday, February 13, 2008

A Melodic Sad Call (Cyrillic Persian)

Занги дусти дерине аз Маскав. Навои хузнангези Шашмаком ва хик-хики андух...

Эй фалак, дод аз чафоят, дар чи холам кардайи,
Рост будам чун алиф, монанди долам кардайи...
Зери пои бешуъурон поймолам кардайи.

"Дориюшчон, агар ман мурдам, часади манро ба Точикистон бирасон. Рузи марги ман факат Шашмаком садо дихад.." Ва буги пайваста.

Кори торнамо (сайт)-ро гузоштаму пои торнигор (веблог) нишастам, то фаварони гусса аз киссаи кутохи дусти дурдастро ин чо бирезам.

Шашмакомро дар Точикистон гуш намедодам, вале акнун кучактарин навои он ба монанди нутхои фалаку соири мусикии мардумимон, ки пештар ба калби ман рох намеёфтанд, манро ошуфта мекунад. Суллулхои андухро дар сина мунфачир мекунад ва чехраи захири миханро пеши чашмонам меорад, ки ин рузхо замхариристу сапедпуш аст. Ба монанди сугворе хинду, ки сартопо сапедпуш аст ва дар сукуте, ки бори як чахон гамро дар худ нухуфта, метапад.

Ин дусти ман чи мехост бигуяд? Чаро сухбати сиёх мекард, вакте хама чо сапедпуш аст? Шояд ин наздиктарин пайванди миёни рангхои сапеду сиёх бошад.

Шонздах соли умедворй, шонздах соли интизор бар тани хиёли у хам чомаи суги сапед андохта.

Мо так-так, хар кадом дар хилвати худ ин чомаи сугро ба тан мекунему метапем. Ва чомадаре нест, ки ин каборо бар тани мо пора кунад. Ангуштхои худамон хар кадом барои худ мароме доранду мушт намешаванд, ки ба сина бикубанду гамро бадар кунанд. Мо танхо ба танхо месузем ва рузхо мегузаранд, бидуни армугоне аз хоки азиз, ки саропардаи моро дар равшанойи биполояд.

No comments: