My thanks got to Tojvar that gives me an opportunity to squeeze out a couple of thoughts on his fabulous weblog in my extremely tight schedule. And all I do after is to copy and paste them here due to the significance of topics he brings up.
Точвари фарзона,
Пурхарфй аз ман буд ва пузиш хам бояд аз ман бошад. Холо мекушам аз эъчоз моя бигирам, вале мутмаин ба комгорй нестам.
Дидгохи ман дар бораи исломихо аз огоз то кунун ба андозаи як мискол дигаргун нашудааст. Ман бар он будаму хастам, ки ин нируи азим (тудахо дар мушикофй кутохдасттаранд) санги кухнаеро ба сина мезанад, ки аз бас кубиданд, ба монанди кулух турду шикананда шудаву мерезад. Саропои гетй далели ин иддаъост, ки кашидани хар навъ андешаварзй ё идеулужие ба эрикаи кудрат саранчом ба русвойи ва камзурии он андеша мунчар шудааст. Камо ин ки кумунисм дар айни кудрат накши бар об шуд ва чавонони Эрони кунунй дар айни султаи ислом дингурез шуданд. Бо як калом, ман онро худй намедонам. Харчанд аз каробати андаки он хам мункир нестам ва барояш чойгохи васеъеро дар миёни тудахо коилам.
Арчи ман ба устод Нурй, сарфи назар аз ормонхои сиёсие, ки дошт, аз шахсияти у сарчашма мегирифт. Кабириро хам ба хотири манзалати диду дарки сиёсиаш арч мегузорам. Аммо хамон парокандагихо, ки ишора кардед, ошкор кард, ки голибан ин афрод дар паи судхое буданд, ки то гирашон омад, тир шуданду чахиданду рафтанд ва аз борони мусибате, ки бар сари пайравони умедворашон фуру рехт чашм пушиданд. Рахмон як мавчуди нодир нест. Хар кадоми эшон хам агар ба он тахти оч даст ёфта буд, ачаб нест, ки кулохро хамин гуна кач мегузошту савлат мефурухт. Мушкил решаитар аз инхост ва дар умки маниши миллат хона карда. Манофеъи миллй барои аксари мо манфиъати зану бачахо, ва фаротар аз он кишлоки худамон, ва фаротар аз он нохияи худамон аст. Хануз касе бар он тахт такя назада, ки Точикистон бо хамин кучакй дар хонаи чашму андешааш бигунчад. Манзур илкои навмедй нест. Чун ин бахсхо мужда аз зухури андешаи миллй медихад. Бошад, ки чунин андешаварзе тавони кад алам кардан пайдо кунад ва дар хидояти миллат аз чох ба рох бикушад.
Боз хам хулфи ваъда шуд. Ба зохир, аз эъчоз мояе надорам:)
Бо арч
Дориюш
No comments:
Post a Comment