"Андеша"-и имруз ба андешаам кашонд ва зери матлаби сузноки "Президент чаро хомуш аст?" ин сатрхоро навиштам:
"Банди охири навиштаатро хондаму баданам мур-мур кард. Тасвири шиканчабор, аммо ростин. Вале ин рахбару рахбарй харгиз ба мо дили хуш надодааст. На ба хангоми бо ду дасти боз бозвор раксиданаш ва на ба хангоми фирор аз чашми дардбори мардуми ранчуру ситамдидааш.
Худо дуруггуям накунад: у борхо ин талошро кардааст. Ба хангоми нишастхои тарсноки давлатй гурриши садои у ба тасаввури худи у ва як мушт фиребхурда гуё садои мардум аст, ки ангушти тахдидро самти макомот такон медихаду мегуяд: "Ман медонам, ки шумохо чи кор карда гаштед! Хамашро медонам!"
Агар намедонист, ин ситаму машаккатро ба хисоби афроди перомунаш мегузоштем. Вале чун медонад ва чуз ангушт дигар чизеро такон намедихад, нафрини ситамдидагон нисораш бод.
Хатто дар ин сармои кахратун хамдардию дилсузии бегонагон араки шармро бар рухсор чорй мекунад. Вале аз рухсори рахбар, ба таъбири точикй, хун мечакад. Боз хам мачбурем аз худамон домангир шавем, ки ин гунахои хунчакон хосили биниши сиёсии мост. Ва хатто марги фарзандонамон дар нахустин сонияхои зиндагй ба мо чигару чуръат намедихад, ки садои "Хошо!" сар дихем. Шояд хамонхо хушбахт буданд, ки бидуни кашидани зачри рузгор дар бозори Черкиз моро рахо карданд, рахбарамонро хам... ва рафтанд."
Ба ростй, мо кучои кофилаем? Ё комилан аз кофила парт шудаему хабар надорем? Соъати замона чанд аст? Ба ростй, оё метавонем бо чуръат бигуем, ки соъати замонаи Точикистон низ "садаи 21" аст? Ба ростй, оё мешавад карни 21-ро дар берун аз кишвари накбатзада бо зарабони тунди калби бечорае (7 милюн бечорае) пеш аз соъати 10-и шаб тасаввур кард? Лахзашуморихои пурилтихоб. Сарусадои дегу косаву кошук. Нигохи харисонаи як кудак ба сафхаи телевизюн, ки медонад то дакоике дигар хомуш хохад шуд. Ба хам хурдани дандонхо аз шиддати сармо, бо ин ки дар чахор лоя пату (курпа) печидааст. Шитоби калам ба руи дафтари як донишомуз, ки мехохад фардои равшане дошта бошад, аммо ин орзуро метавонад то соъати дах дар сар бипарварад... Баъд аз он торикй... Баъд аз он Точикистон. Баъд аз он дидор аз сарзамини гузаштахои дурамон, ки ба нури "илйичй" одат надоштанд ва орзуи равшане хам хонаи зехнашонро мунаввар намекард. Баъд аз он бозгашт ва поёни пешрафт.
Барои виждонхои бедор - баъд аз он сарзаниш, надомат, пушаймонй, маломат ва бечорагй. Барои виждонхои хобида - баъд аз он тасалло, ки "хамин мардак моро аз чанг начот дод, ношукрй накунем", ларзахои беморгуна зери пату, сурфахои силгуна ва хурру пуф (хуррок)-и гуспандона. У хам ашк мерезад ва ашкхояш ба рухсораш мехушкаду ях мезанад. Мисли ашкхои гови мехрубони модарбузургам, ки хамеша ба руяш хушкида буд. Вале чун безабон буд, мо, сохибонаш хам намедонистeм чи мехохад. Шояд у хам равшанойи мехост ва чашмони зебои махмураш дар торикй озор медид. Вале у хатто як бор ба нахве моро мутаваччехи манзураш накард. Бо хамон ашкхои хушкида чашмони мехрборашро барбасту рафт.
No comments:
Post a Comment