Мачлиси Намояндагони Точикистон рузи чахоршанбе (27 феврийе) конунеро дар бораи «мудофеъи хукуки башар дар Чумхурии Точикистон» ба иттифоки оро тасвиб кард. Зариф Ализода (пайравй аз раисичумхур дар заминаи тагйири номи хонаводагй чашмгир аст), мушовири давлатии Рахмон дар умури сиёсати хукукй ва намояндаи Рахмон дар мачлис гуфт, ки ин мудофеъи давлатии хукуки башар тавассути раисичумхурй барои панч сол мансуб мешавад ва номзадии уро Мачлиси Намояндагон таъйид мекунад (ки хатман хохад кард). Сипас ин око (ба эхтимоли зиёд око хохад буд) дар хузури намояндагони мачлиси суфло савганд ёд мекунад.
Чашму гуши давлат дар заминаи хукуки башар бояд бештар аз 35 сол ва тахсилоти олии хукукй дошта бошад. Тибки конун, як нафар ичоза нахохад дошт беш аз ду бори пайихам ба ин маком баргумошта шавад. Вале оё конуне барои болоихо хаст, ки кобили тахаттй набошад?
Ализода макомоти давлатро бо ин суханон тарсонд, ки «намояндаи давлат дар умури хукуки башар аз ихтиёроти васеъе бархурдор хохад буд ва кормандони давлат сарфи назар аз макоме, ки доранд, муваззафанд дар сурати дархости у билофосила уро ба хузур бипазиранд.»
Худи раисичумхурй шомили «кормандони давлат» намешавад, мешавад?
Танхо Мухйиддини Кабирй буд, ки назми мабхуткунандаи мачлисро андаке ба хам зад ва пешниход кард, ки ин маком интихобй бошад, на интисобй. Дигар намояндагони мачлис ба Кабирй чап-чап нигох карданду бо фишори мухкаму котеъона руи дугмаи «мухолиф» пешниходашро рад карданд.
Кабирй хам ночор шуд ба тарафдорй аз тархе, ки хостори ислохаш буд, раъй дихад. Ба таъбири точикй, дар шахри якчашма як чашмашро мухкам баст. Дар натича, тархи пешниходй бо хамаи 60 раъйи намояндагони хозир пазируфта шуд.
Кадом як аз атрофиёни рахбар бекурсй монда буд? Хуб, сипос мар Худойро, барои у хам як курсй сохта шуд. Нарму гарм бо замонати дах сол бурдбории хамли чуссае бузург.
Ачаб нест, агар фардо мо, веблогистонихо, тавассути хамин макоми чадид ба накзи хукуки рахбари муъаззам ва озору азияти хамрохони сарсупурдаи у муттахам шавем. Охир, давлат хам сипар мехохад.
No comments:
Post a Comment