Our prolonged discussion with Tojvar is reaching essential points. First we tried to fathom out what was going on and where we stood with listing all our failures. Then we tried to find their root causes. And now the wise man is directing us towards finding out possible solutions for our most basic calamitious problems. Below is my latest comment:
Чашмбарохи дидгоххои азизон будам, то вокеъан сазовори иттихоми пургуйи нашавам. Аммо бо чуръате, ки аз даъвати шумо ба бахс ёфтам, дубора ба зери навишта баргаштам.
Бузургтарин ормоне, ки хар фарди дилсузу равшани чомеъа ин рузхо дорад, шояд хамбудй ва якпорчагии мо бошад. Моро хар мушту лагаде, ки аз пасу пеш мерасад, ба далели занчираи азхамгусехтаи миллист. Дар навиштаи пешин хам ба ин ишора доштам, ки пахновартарин густараи манофеъи мо голибан нохияи мост.
Хелехо шояд хабар надошта бошанд, ки шумори зиёде аз хамкавмони мо дар он суи об бо дидаи умед ба мо нигох мекунанд. Лахазоте пеш як дусти точикам, ки 17 сол аст бисоташро аз Афгонистон чамъ кардаву дар Лус-Ончелес густарда, ба ман гуфт: “Даст ёфтани Точикистон ба Хироту Кобулу Мазор шояд содатар аз пас гирифтани Самарканду Бухоро бошад.” Ман парвози мурги хиёли уро сутудам, ки мо дар чи мархилае гир кардаему у ба чи меандешад. Шояд кафтори тамаъ чашми моро ба самти Самарканду Бухоро мекашад. Вагарна хамин чанд тикка кухсор хам, ки ба мо расида, канори хам намегунчанд. Хай доранд ба хам месоянд, то барои худ фазои фарохтаре боз кунанд ва тарафро ба тангнои тангтаре биронанд. Вале то сухбат аз Самарканду Бухоро мешавад, бо як садо фарёд дармеорем, ки “Самаркарду Бухоро, ба Худо, моли ман аст!”
Агар Самарканду Бухоро, ба Худо, моли шумост, чаро Гарм набошад, чаро Кулобу Хучанд на, чаро Ванчу Масчох на, чаро Мургобу Файзобод на?.. Чаро он чиро, ки дорем, ба чашми кам мебинем? “Чашми кам” таъбири нарму беозоре буд аз хусумате, ки каблан дар размгох, сипас дар базмгох ва акнун дар хазмгох ба намоиш гузоштему мегузорем. Хазми хакку хукуки мардум, ки аз бас бо шитоб балъидем, ба сахтй гувориш мешавад.
Магар замонате хаст, ки пас аз даст ёфтан ба нигинхои рабудашуда (С, Б) онхоро хам ракиби худ надонем ва ба чони онхо низ дар науфтем? Чи бирасад ба хамкавмони дуруфтодаамон дар Балху Кобулу Хирот, ки ин рузхо мачбуранд хории итоъат ба диктаи чанд бегонаи девсиратро тахаммул кунанд. Онхо барои мо “афгон” шудаанд, дар холе ки дар вучуди бисёре аз онхо дурахши фарри порсию эронй, яъне точикиро бештар мебинам.
Пас мархилаи нахуст, истехкоми миллат аст ва дарки ин мухим, ки миллати мо факат 7 милюни хоки кучаки мо нест. Ба маротиб фаротар аз он. Манзур ин нест, ки бедиранг марзхои сиёсиро бо белу куланг дур афканем. Балки бояд он марзхоро дар зехни худ бизудоем. Нахуст марзхои зехнии миёни Кулобу Хучанду Бадахшону Зарафшону Раштонро, сипас марзхои сиёсии миёни мову дигар хамкавмонамонро дар зехнхо пок бишуему бизудоем. Чои саркуби истеъдодхо дасти так-таки онхоро бигирему ба курсй бинишонем. Шоистасолориро асли хукуматамон кунем. Бо такя бар забони нируманди порсй садоямонро ба фазои бозтаре бирасонем. Дар омузиши пешрафтхои чахони имруз ва забонхои фоики он бикушем…
Ормони бузург дар зехнхои кучак намегунчад. Аз ин ру бо илкои ин андешаи созанда, ки мо БОЯД ба монанди як мушт гирех шавем, вагарна ангуштхоямон як-як хохад шикаст, зехнхоямонро бигустарем.
Бахси дарозест, ки ба он пайваста метавон пардохт.
Бо арч
Дориюш
No comments:
Post a Comment