Monday, March 10, 2008

Letters to President (Cyr Persian)

Пузиш, ёрон. Яке-ду шаб пеш, ки аз хусну уббухати торнамои сарвари кишварамон менавиштам, пок ёдам рафта буд, ки ба сафхаи «таджикский»-и он хам нигохе биандозам.

Сафха махшар аст ва мунаккаш бо фармудахои малакутй ба монанди «Чавонон бояд аз дастовардхои илму фарханги чахонй бархурдор бошанд. Э.Ш. Рахмонов» (Рахмонов?) ё «Фарханг хастии миллат аст. Эмомалй Рахмон» (ин чо дуруст шуд). Бо хондани ин дурри хакимона одам беихтиёр ба шавк меояду мехохад чег занад, ки вокеъан «хиёр (бодиринг) сабз аст ва шир сафед» ё хатто «то чашмонатро боз накунй, чизе нахохй дид» ё мухимтар аз он «дегт чушидестай, занак! Аловша бкш!».

Аслан мехостам соъатхо бинишинаму сафахоти сапеду сабзро бигардонам ва аз ин хикматхо биандузам. Вале вакте ба ин фармуда расидам, чанд дакика хушкидам: «Лафзи модарй мукаддас аст, онро азизу гиромй бояд дошт. Эмомалй Рахмон». Ва ба худ андешидам, ки мо бандагони носипос чаро аз чалолатмаъоб сабак намегирем ва он гуна ки у дар торнамои худ фармуда, ба забони «таджикский», ки зохиран забони модарии мост, арчи лозимро намегузорем. Хай номи «порсй»-ро васат меорем ва айши сарвари кишварамонро талх мекунем. Охир дар ин торнамо «курба асо карда мондагй», ки номи забони очаимон «таджикский» будааст.

Дигар хабархоро мурур намекунем, чун хама ба хадди кофй хабарзада шудаем. Якрост рафтам суроги чолибтарин бахши торнамо: «Нома ба Президент»! Чизе, ки худ ба худ шуморо ба ин сафха меандозад, ин эъломи гушношунид аст:

Ҳар як хоҳишманд метавонад бо суроғаи зерин тавассути почтаи электронӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нома бифиристад
mail@president.tj

Хуб аст, ки сарвари кишварамон дар торнамои худаш хам «мухтарам» аст. Аммо бигзарем.

Ин бахш бисёр бузург аст. Агар сад сол хам бишинеду дугмаи «Гузариш ба сахифаи баъдй»-ро бизанед, ба нихояти он нахохед расид. (Ин хадси ман аст, ба хар хол, чун тахаммулам ба сад сол кад надод). Дастикам дах сафхае, ки мурур кардам, ба эхтимоли зиёд, хобхои шабамро бо номи чаноби олй чалолатмаъоб сарвари кишварамон мухтарам... пур хохад кард. «Исломуддини Рачабзод, раиси созмони миллй-мадании точикони вилояти Челябинск (-и кучо? Мо оё вилояте бо ин ном дорем? Ё Русияро хам ишгол кардаему хабар надорем? Дар имзои нома зикре аз номи кишвар намеравад) бо эхтироми хоссаву фарзандй» менависад:

«Имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистони офтобрӯя таёри ба санаи
таърихии 15- умин солгарди Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод баргузор гардида буд тайёрӣ мебинанд. (Такрибан фахмидам). Ин санаи таърихӣ бо фаъолияти сиёсии шумо Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Оғози музокироти сулҳ солҳои 1992-1997 дар Душанбею Маскав дар Кобулу Теҳрон ва дар охир 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия ба "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" иқдоми некхоҳонаи шумо буд. (Боз хам такрибан). Ободонии Тоҷикистон, бунёди неругоҳҳои барқӣ сохтумони роҳҳои дараҷаи байналмиллалӣ, заводу фабрикаҳо. Муносибати хориҷаи Тоҷикистон бо давлатҳои мутараққии дунё аз омилҳои хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи шумо ба ҳисоб меравад...»

Хамон «роххои дарачаи байналмилалй ва заводу фабрикахо»-ш манро кушта. Як гурух фарзандони нохалафи ин падари мухтарам намебинанд, ки кишварро чи тавр тори роххои «дарачаи байналмилалй» дарнавардида ва фигони «заводу фабрикахо»-ш гуши фалакро кар карда ва ба жонри хунарии «фалаки индустриалй» огоз ниходааст.

Файзиддин Ниёзов, сокини шахри Душанбе ба сарвари кишварамон менависад:

«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Баргузории Саммити Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро дар Тоҷикистон боз як марҳилаи нави шиносоии Тоҷикистон ба ҷаҳон мешуморем ва онро чун дастоварди бузурги сиёсати давлати тоҷикон пазироӣ мекунем. Бо шарафи баргузории чунин маъракаҳои муҳимми сиёсӣ Тоҷикистон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон бори дигар номбардор мешавад.»

Пас бояд ба хамзабононамон дар Техрон бигуем, ки ин кадар гуссаи Техрон-1943-ро нахуранд, ки мачбур буданд мизбони Столину Черчиллу Рузвелт бошанд. Он нишонаи «боз як мархилаи шиносоии Эрон ба чахон» будааст.

Ва аммо омузгорони «мактаби тахсилоти миёнаи умумии раками 16 ба номи А. Саматови нохияи Ч. Расулов» таъкид мекунанд, ки номаашонро ба сарвари кишварамон «бо эхтироми комил» навиштаанд:

«Мӯҳтарам сарвари оқилу доно, кордону ғамхори давлату миллат, давомдиҳандаи корҳои неки Исмоили Сомонӣ баҳри рушди давлат ва некӯаҳволии халқ Эмомалӣ Раҳмон! (Тамоми ин се сатр унвони як нафар буд, нигарон набошед). Мо аҳли омӯзгорон ва кулли хонандагони мактаби 16 ба номи А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Шумо сипосгузорем, ки баҳри мактабу маориф, илму фарҳанг таваҷҷӯҳи хосса мебахшед. Шумои азизро (инро аз Чурабеки Мурод дуздидаанд!) бо самимияти афзун бо рӯзи мавлудатон табрику таҳният намуда, ба Шумо умри бардавом ва ба бахти оилаатон сиҳату саломат монданатонро хоҳонем.»

Баъд аз ин дигар мавсими табрикоти мелоди хазрат аст ва хар чи номае боз мекунед, саршор аз курбону садака ба хазрати олй бобати мавлуди муборакашон аст. Ва ба хамон нахве, ки сарвари кишварамон худро «мухтарам» медонад, мардуми номанигор низ худро «мехнатдуст» медонанд:

«Аз яздони пок хоҳиши онро дорем, ки дар корҳои пурмашаққататон баҳри ривоҷу равнақи давлат ва ояндаи дурахшони мардуми меҳнатдӯст бурдбориҳо таманно дорем.»

Зимнан, «мехнат» дар забони модарии мо ба маънии кори маъмулй нест, захмат хам нест, балки кори шокка ва пур аз озору осебу машаккат аст. Мехнат, яъне бегорй ва азият. Пас хуб аст, ки мардуми мехнаткаши мо хам аз вокеъиятхо мегуянд.

Аз номаи Фирдавс Бохиров аз Душанбе дарёфтам, ки сарвари кишварамон чандсола будааст:

«Мӯҳтарам, Ҷаноби олӣ - Эмомалӣ Раҳмон! Ман Шуморо хамчун Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳам фарзанди Ватан ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯзи таваллудатон, қадами мубораки Шуморо ба синни 55 солагӣ, табрику таҳният мегӯям. Ба Шумо, ҳамчунин дар шахси Шумо ба аҳли оилаатон сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва бурдбориҳо хоҳонам.»

Худо падару модари дастури забони форсй (бибахшед, «таджикский»)-ро биомурзад, ки дар ин чумлабандихо хазорон бало ба сарашон омада, аммо максуд равшан аст: чаноби олй, чокаратем! Аммо иртиботи он бо "ахли оила" ва момону бобои сарвари кишварамон бароям норавшан монд.

«Маъмурияти Литсейи 1-и шахри Кулоб» барои дилдории сарвари кишварамон, ки дар фасли хазон ба дунё омадааст, дурфишонй кардаанд:

«Мо омӯзгорони Литсейи 1 ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб зодрӯзи мубораки Шуморо, ки ба чунин рӯзҳои файзбору босаховати айёми тирамоҳи заррин ва моҳи мубораки Рамазон рост омадааст, аз самими дил табрику шодбош гуфта, ба Шумо тансиҳатию осудагии рӯзгор ва шукуфоии имрӯзу фардои ҳаёти мардуми кишварро таманно дорем.»

Вале рамазон, ки хамон як чо намемонад. Хай ин вару он вар мешавад. Баъдан чи далеле барои дилдорй хохед ёфт?

Гаштугузори мо дар «Нома ба Президент» метавонад барои хамеша ба дарозо бикашад. Мо хамеша шунидаем, ки дарди дили мардум зиёд аст. Ва дар ин чо бо чашми сар мебинед, ки он чи кадр зиёд аст. Пас дарди дили мардум арзи табрикоту эътирофи гуломии худ бар аълохазрат будааст. Ин танхо хулосаест, ки метавон аз ин сафхаи пурдабдабаву миёнтихй хосил кард. Намедонед чи шеърхои гаронвазне дар васфи сарвари кишварамон гуфтаанд. Барои намуна ин якеро меорам, ки Назири Назирзод аз нохияи Масчох пас аз соъатхо тааммулу тафаккур таваллуд кардааст:
Зодрӯзат муборак - зодаи Раҳмон,
Тоҷ бар сарат, тоҷбардори Оли Сомон.
Зи гурат сабза медамад, Сомон,
Қадрдонат Эмомалии Раҳмон.
Дарвешаму лутфи шоҳа ман шоҳнома мекунам,
Дар хоби шабам фарёд ба Фирдавсӣ мезанам.
Эй сарнависи аҳли Ҷам, аз рӯҳи покатам,
Ромишгарон бигӯ навозанд, Эмомалира ҷо кунам, (чи кор кунй?)
Чу ҳафт хон Рустам гузашт, бозгӯ!
Ки Исфандиёр шуд руинтан дар ӯ.
Накардаст дигар пилтане орзу!
Валинеъматаш Эмомалӣ аст, бигӯ !

Инхо хама хазён нест. Вокеъият аст. Дар сарторнамои кишвари офтобруяи сохибистиклолу демократию хукукбунёду озоду ободамон Точикистон - prezident.tj бар чаридаи торих сабт шудааст.

5 comments:

JoJosho said...

See Here

Шахриер said...

Агар хамин навиштахоятонро бо хамон имейл ба Президенти Мухтаракм, Чаноби Оли, Идомадихандаи Кори Пурсамари Исмоили Сомони бирфистед, чи оли мебуд.

Зеро ин аз руи адола ва инсоф нахохад буд, ки танхо мо бихандем, бигзор Чаноби Оли низ каме таъашон хуш бишавад, хамин хел не?

D said...

Шахриёри гиромй,

Бедиранг фиристода шуда, аммо номахои мехнаткашон ба эшон мачол намедихад, ки номаи нокобили моро бибинанд.

Anonymous said...

Бо хамин лахне,ки марворид радда кардаи сафхае дар боби навиштачоти руидарии идороту фурушгоххои пойтахт низ бинавис!

D said...

Беноми гиромй,

Садафхоро бидех, ки бисоямашон. Муддатхост чашмам ба он навиштахо науфтодааст.