Saturday, March 22, 2008

Rahman in Khojand

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Наврӯз, шахри Хуҷанд

(хамрох бо ногуфтахо)

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам намояндагони мардуми сарбаланди вилояти Суғд!
Таҷлили бузургтарин ҷашни миллии аҷдодиямон- Наврӯзи Бузург бо шукӯҳу шаҳомат ва нишоту азамати идона имсол дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки яке аз гӯшаҳои ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, баргузор мегардад. (Гушахои дигарша вайрон кадем).

Дар ин лаҳзаҳо шодиву хурсандии Наврӯзӣ дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои сарзамини бостониамон низ оғоз шудаанд. (Ачоиб! Ин одамо холиям шодй мекнан-а! Э шодй накарда бмрен шмо!)

Воқеан, Наврӯз сазовориву шоистагии ҳама гуна хушҳоливу шодиро дорад (ага шумода ичоза бдам). Чунки бузургони гузаштаи мо дар ин маврид гуфтаанд: «Ҳар кас, ки талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад» (Шумо хич вакт намерасе, гамша нахрен).

Ҳоло бо камоли ифтихору шодмонӣ аз ин майдону минбари идона тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамаи ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳар кадоми шумо - ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ, яъне Наврӯзи муборакқадам ва хуҷастапай самимона табрик мегӯям. (Самимона буд? Ё разилона? Дрст гуфтум?)

Наврӯз таърихи бедор ва дар айни замон нишонаи равшани бедории таърихи миллати мо мебошад, ки аз замони Ҷамшеди Пешдодӣ шурӯъ мегардад (Э! Хаму света бкш! Чашмом алов дора хдш!).

Наврӯз – нахустин рӯзи фарвардин - моҳи аввалини солшумории шамсӣ ва аз ин сабаб сари сол ва пешонии сол буда (пешонй? Солам пешонй доштай? Намедонистм), аз қаъри ҳазорсолаҳо бо ойину суннатҳои неку писандидааш ҳамчун ёдгори ҷовидонаи ниёгони ориёиамон то рӯзгори мо расидааст (Ха-да! Мо ориёем охе!).

Зеро он дар баробари ин ки оғози эҳёи табиат, айёми эътидоли баҳорӣ, рӯзи фарорасии соли нав ва оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, инчунин масъалаҳои маърифатию фалсафӣ, ҷаҳоншиносӣ, арзишҳои волои ахлоқӣ, покиву порсоӣ, некиву накӯкорӣ ва адлу ростиро низ дарбар мегирад (Ин Шарипуфи бесавод инчада чи навистай, хичи нафахмидум).

Ҷавҳар ва ҳикмати Наврӯз илова бар арзишҳои зикршуда ҳамчунин ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллӣ, аз қабили эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастии мардуми мо мебошад. (Ватан, ватан, ватан... Хамин ватан кай мембра, ки халос шем).

Ва мо аз ҷумлаи миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мӯҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем (Фромушт кардум ай момам бпрсум, ки мероси отам барои мада чи бд. Хамира медонм, ки кошош ранги кошои Ислом-ака бд рахматира).

Ба ин маънӣ, дар миёни ҳамаи ҷашнҳои шодиву сурури халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон, ки аз замонҳои дур то ба имрӯз эътибор ва манзалати иҷтимоии худро нигоҳ доштаанд, Наврӯз шояд муҳимтарин ҷашнест, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди дар давоми асрҳо дар сари роҳи он эҷодшуда тамоми зебоиву хубиҳои он ба шарофати гузаштагони фарҳангдӯстамон то замони мо ҳифз шудаанд (Намедонум чида мара безебтарин президенти СНГ гуфтанд русои номард!).

Бояд зикр кард, ки ниёгони хирадманди мо расму оинҳои наврӯзиро, ки аз баробар шудани шабу рӯз ва эҳёи табиат оғоз меёбанд, ба хотири бузургдошти робитаи инсони созанда ва табиати зинда, инчунин арҷгузорӣ ба ғояҳои инсонпарваронаи миллӣ ва умумибашарӣ ҳифз кардаанд (И хучандиё бо мара дига хел нафаман. «Башар» одамай, «башара» нестай. Охе ино меган ку «башарат хушк шавад туя.» Хич нафахмидум хамин текстра кй навистай мада).

Масалан, бино ба қавли муаррихон «дар тахти Ҷамшед (Чамшед Каримовам тахт доштай ма ворй?) дар рӯзи эътидоли баҳорӣ, яъне оғози соли нав маросиме баргузор мешуд, ки ӯ намояндагони ҳар қавму миллатро ба ҳузур мепазируфт ва бо онҳо сӯҳбати шодиву хушҳолиро гарм медошт» (Э... И Чамшедуш хичй набдай ку. Ранги хаму Чамшуду урусоай. Охе ай хами лохо чи метарсй, ки даъватшон мекунй дарбортда?!).

Маросими баргузории ҷашни Наврӯз ва ба ҳузур пазируфтани намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар деворнигораҳо (хаму Нигораи хамсоямон?)-и Тахти Ҷамшед то имрӯз побарҷо буда, намунаи олии инсондӯстии ниёгони хирадманд ва фарҳангпарвари мо мебошад. (Ба чои хаму фарханг як гова мепарвариде то холия говдор мешде, беакло!)

Дар гузашта маросими суннатҳои Наврӯз шаш рӯз идома ёфта, аз ду қисм, яъне Наврӯзи хурдак ва Наврӯзи Бузург иборат будааст. (Чи хе нагз, ки мо хаму «хрдак»-ша дорем холй).

Дар ин бобат муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» чунин хабар медиҳад: «Рӯзи аввали фарвардин, ки расидани офтоб ба бурҷи Ҳамал аст ва ибтидои баҳор аст ва инро Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи омма ва Наврӯзи сағир (Наврузам сагра мешудай?) гӯянд ва низ шашуми фарвардинмоҳ (праизнашатш наметонум бкнм. Э да!...)-ро Наврӯзи Бузург ва Наврӯзи хоса гӯянд»...
(Тамом шид? Хамй Шарипуфда бояд я панчох долари дига бдам. Хела кор кардай бечора. Ин одамора ббин чи хе карсак задестан!)

Ташаккур!

7 comments:

Anonymous said...

Ха-ха-ха-хааа!
Дрстай. Дар хакикат вай баъзан намефахмид, ки спичрайтерхо барояш чи навиштаанд. Шумо бинед, ки дар чанд руз аз 27 китоб ном бурд, ки хар кадом хиштвориай, ин к...а кай вакт ёфт, ки хамаи ура бхона. Чанд мохи охир факат дар сафар бд.

Ин шояд ягона азоби сахти чаноби ЭР дар курсии президентист. Бояд зур зада чизхоеро ба забон орад, ки на худаш ва на хафт пушташ чи будани онхоро намедонистанд.

Офарин!

D said...

Сипос, Точвари гиромй. Баъзан чолиб аст кирмвор ба сари сарвар рох ёфту андешахои бикри уро хам хонд ва дарёфт, ки вокеъан захмати у чи андоза сутург аст:)

Anonymous said...

И точваршам ба фикрм ранги аму Шарипуфай. Фаркш и спичрайд бьдайу 27 китоб навиштай.
О мембри ами сафарои мара бнависи бо ягон чои гарма метемьт бху бьгард.

Anonymous said...

Азизон!

Маъмулан, ба лахча мардуми оддиву дехкон харф мезанад. Хамон рустоихое, ки аз субх то нисфи шаб каланд дар дастанд ва е паси гову моланд. Ва фикр накунам, ки ба суханхои эшон хандидану масхара кардан кори дуруст бошад. Ое фикр намекунед, ки ин гуна тамасхур ба лахчаи мардуми Чануб метавонад хамчун махалгарои талакки бишавад?

Вокеан. Чанд рузе кабл бо як дустам сари махалгарои бахс доштем. У мегуфт, махалгароен хамон олимону шоирону макомдорону нависандагону журналистонанд (ба истилохи Шурави "интеллигнтсия"), мардуми одди махалгаро нест. Фикр мекнуам, дуруст хам мегуфт.

Дар мавриди Э.Р. Барои Бушу Путину Каримов хам нуткхояшонро дигарон менависанд. Ин чои масхара нест. Албатта, бад аст, ки Э.Р. мисли Путин санъати суханвари надорад ва ин нишонаи камдонишии уст.

Бояд бештар аз онхое ки гила кард, ки бо чашмакзаниву гамза уро "О, великий падишах" мегуянд. Як дусти дигарам мегуфт, Э.Р-ро дар хучанд хамеша он гуна пешвоз мегиранд, ки дар хеч чои дигари ТЧК намегиранд. Ин харфаш ба фикрам галат аст. Хокзанону лагандбардорон дар хар гуша хастанд, мутаассифона.

Вокеан, дар ин наврузи Убайдуллоев, ки чанд руз пеш овозаи "табаддулоташ бо Солехови вазири ВД" баланд шуда буд, дар пахлуи Э.Р. буд ва баробар бо у кадам мезад...Шояд андешахои худро ба ин чониби масъала равон бикунем?

D said...

Шахриёри гиромй,

Мутаваччехи нигарониат хастам, ки маншаъи шарифе дорад. Аммо дар ин мавриди бахусус шояд аз суитафохум бармеояд, чун дар конуни ин танз лахчаи мардум на, балки афкори эхтимолии сари сарвар карор дорад. Ва бо таваччух ба асли реолизм талош шуда вокеъитар чилва кунад. Агар аз Окил Окилов менавиштем, хатман интухин намешуд, ё мушуд-мй? Корбурд аз лахча дар мавориде аз як навиштаро чи гуна метавон ба махалгаройи талаккй кард? Ба хар хол чизест, ки ба сари ман намеравад. Онро метавон кинояе ба махалгаройии худи сарвар арзёбй кард, албатта, ки ниёзе ба тавзеху ташрех надорад. Аз ин ру, агар дар оянда низ аз ин шева кор гирифтам, умедворам бардошти галате надошта бошй.

Нахваи пешвоз аз Рахмон дар Хучанд баёнгари нихояти хорй ва хиффати мардум буд. Мардуме, ки ёрои баёни назари ростини худро надоранд ва ситампарвариро дар нихояти камоли он ба намоиш мегузоранд.

Anonymous said...

Дуруд устод.
Харчанд шуморо тавассути торнамоятон мешиносам ва боре хам надидааам. Шукратон мекунам ва гилагузориятон нури дида, ки бароятон посухе нанавиштам. Рости дар бобати ин навиштаатон шарх навиштанй будам, аммо дастам бидуни ихтиёри ман чунин харфхоро меангорад. Вокеан сомонаи шумо хонданист ва дуоятон мекунам, ки хамеша торнамои мондагор монад.
Бо дуо шогирди нодидаву намешинохтаатон Додгустар

D said...

Додгустари гиромй,

Аз мехрубониат сипосгузорам ва сипос, ки кадам ранча фармудй. Умедворам пайванди мо мудом бошад.

Шояд нигаронии ман хам бардошти галате бошад, аммо он навиштаат барои ман андаке эчоди изтироб кард. Орзумандам решаи суитафохумхо хам бихушкад. Поянда бошй.