Saturday, March 15, 2008
'Putin Assassination Attempt by Tajik Sniper Foiled'
Имруз аксари нашрияхои чопи Ландан ва хабаргузорихои хоричй ба иттифоки хам гузориш додаанд, ки тархи суикасди як точик ба чони Владимир Путин – раисичумхурии Русия ноком мондааст. Хабаргузорихо ва рузномахо бо истинод ба гузориши рузномаи «Твой День»-и Русия ин гузоришро додаанд.
Хулосаи ин гузоришхо ин аст, ки шомгохи дуввуми морс (март), рузи интихоботи раёсати чумхурй Путин бо Медведев (раисичумхурии мунтахаб) аз дарвозахои Кремлин берун омаданд, то дар кунсерте дар канори Майдони Сурх хузур ёбанд. Рузномаи Твой День иддоъа мекунад, ки дар хамон он Шохвалад Усмонов, як шахрванди 24-солаи Точикистон касд доштааст аз опортумони мушриф бар майдон хар ду раисичумхурии феълй ва мунтахабро бикушад. Усмонов бо як кабза тирандоз (снайпер)-и хоричй ва як туфанги худкори Калашников ва мухиммоти чангй мусаллах будааст. "Твой День" акси "Усмонов"-ро низ мунташир кардааст. Ба иддаъои ин рузнома, як суханчин чанд руз пеш аз интихобот ба ФСБ (Хадамоти Федероли Амниятии Русия) хабар дода буд, ки накшаи суикасд ба чони Путин дар дасти ичрост.
Хафтаи гузашта Николай Патрушев, раиси ФСБ гуфта буд, ки дар чараёни корзори интихоботй «хамалоти теруристй»-ро хунсо кардаанд, аммо чузъиёти онро надода буд.
Рузномаи Telegraph-и чопи Ландан дар шумораи имрузи худ афзуда, ки опортумони Шохвалад Усмонов дар наздикии хутели панчситораи Кемпинский карор дорад, ки аз икоматгохи расмии сафири Бритониё дар Маскав ва сохтмони пешини сафорати ин кишвар фосилаи чандоне надорад.
Аммо имлои номи «шахрванди Точикистон» точикй ба назар намерасад: Шахвелад Османов, ба чои Шохвалад Усмонов. Ба хусус мавкеъе, ки мебинем русхо имлои точикии дигар номхои точикиро саъй мекунанд риъоят кунанд ва ба Рахмон «Рахман» намегуянд. Пас ин мавзуъ то андозае шаккбарангез аст ва точик будани он фардро зери суол мебарад.
Агар бихохем теурии тавтеаро тавсеъа дихем, метавон чунин фикр кард, ки хадамоти чосусии Русия дар рузи интихоботи он кишвар яке аз вазоифи умдаи раисичумхурии чадидро таъйин кардаанд: саркуб ва ихрочи точикон ва дигар мухочирони корй, ки Русия аз шиддати нафрат ба онхо дорад девона мешавад. Бо дониши андакашон аз точику Точикистон мумкин аст онхо як номи мусалмониро бо талаффузи озарй руи шиносномае навишта бошанд, бо ин хиёл, ки имлои точикй хам хамон аст. Вале хадаф метавонад додани ин паём ба раисичумхурии мунтахаб Медведев бошад, ки ба махзи расидан ба кудрат кавоъиди мухочиратро сахтгиронатар кунад ва мухочирони корй, ба вижа точиконро ба хонахояшон бозпас бифиристад.
Як нуктаи кобили таваччухи дигар ин аст, ки дар мохи уктубри 2007 низ кабл аз сафари Путин ба Техрон шоеъае пахш карда буданд, ки карор аст Путинро дар Техрон "теруристхо" бикушанд. Путин пофишорй кард, ки сарфи назар аз гузоришхое, ки дар ин бора дарёфт карда, сафараш ба Техронро анчом хохад дод ва дод. Хелехо онро як навъ найранг барои чалби таваччух хонда буданд.
Ин яке чй метавонад буда бошад? Кадом инсони карни 21 бовар хохад кард, ки Рахмон мехоста Путинро бикушад? Дар гайри ин сурат, он точик мутаъаллик ба чи гурухе метавонад бошад? Оё он гурух точикист? Ё дар вокеъ, ин хам як бозии амниятихои Русия буд? Бозие, ки метавонад барои точикон паёмадхои бисёр шум дошта бошад.
Labels:
espionage,
Putin,
Russia,
Shakhvelad Osmanov,
Tajikistan,
terrorism
Subscribe to:
Post Comments (Atom)
6 comments:
Чи тур шуда, ки як тирандози точик саропо мусаллах дар хонае чо мешавад, ва нерухои амниятии Русия, ки натавонистаанд то ин замон уро боздошт кунанд, дар хамин хол, ки амалиёт сар мешавад, уро тавре боздошт мекунанд, ки вай хеч муковимате намекунад? Чи тур шуд, ки агар Усмонов мусаллах буд як тир хам ба чониби нерухои давлати наушод ва аслан хеч даргирие хам нашуд? Ба ин далел ин хабар сад дарсад сохта ва дуругин аст ва нишон медихад КГБ то чи хадд ахмак ва бемантик аст, ки амалиёти сохтааш хамаги мазхака аз об дармеояд! Хадаф аз сохтани ин хабари дуругин ва мазхакабор нишон додани ин ки Путин хам душман дорад ва замина фарохам кардан барои саркуби "душманон" яъне гайри-русхо! Ин замина барои эчоди на танхо сиёсати сахтгирона нисбат ба мухочирони хоричи, балки махдуд сохтани бештару бештари озодии баён ва фаъолияти созмонхои мадани дар Русияи путинисти аст. Аз суйи дигар замина аст барои таъмин кардани чонбонхо ё телохранителхо барои Путин пас аз рафтани у аз кудрат, зеро у дарвокеъ душмани зиёд дорад, чун хуни хазорон нафар бар гарданаш аст. Мисоли он, амалиёти сохтаи Беслан, Нордост ва мунфачир кардани хонахо дар бархе аз шахрхои Русия, ки хамаги ба дасти КГБ анчом шуда ва хадаф аз онхо тасарруфи дубораи Чеченистон ва тасаллути Русия бар чумхурихои истиклолталаби ин имперотурии ситам аст. Путин хамчунин барои казияи плутониюм албатта чавобгу хаст ва ин ва чизхои дигар мучиб шудааст, ки у худро дар сояи КГБ дубора пинхон кунад.
Вокеъан ин руйдод бисёр машкук ба назар мерасад. Агар он рузи 2 морс иттифок уфтода, чаро бо ин хама таъхир эълом шуд? Оё бо давлати Точикистон дар ин замина тамос гирифтаанд? Душанбе чй мегуяд? Пурсишхо бешумор аст ва бо итминони комил наметавон чизе гуфт. Тахкики муфассал мехохад.
Хабари тоза ин аст, ки сервисхои чосусии Русия хабари "Твой День"-ро такзиб карданд ва гуфтанд, карор набудааст хич навъ суъикасде ба чони Путин дар рузи 2 морс сурат бигирад. Аммо пурсишхо хамчунон бокист: пас Шохвалад Усмонов кист, ки Твой День аксашро чоп кардааст? Ва чаро уро шахрванди Точикистон номиданд? Аксхо аз кучо меояд? Оё ин иддаъо ва такзиби билофосилаи он барои шурондани фошистхои рус алайхи точикхо барномарезй нашуда буд? Товон ва гаромати ин тухматро кй хохад дод? Оё Твой День барои дуругпароканиаш мучозот хохад шуд?
Сафорати Точикистон дар Маскав дар як икдоми нодир ба нашрияи дуругпарокани Твой День эътироз кардааст:
http://www.tajikistan.ru/press/1205787690/
Холо бояд дид, ки ин рузномаи шоеъот ба сафорати як кишвар эхтиром хохад гузошт ва раддия чоп хохад кард.
please, delete ditaur's comment - its a virus!
Post a Comment