Monday, March 03, 2008

Tajiks Feeding Russian Fascism (Cyr Persian)


Навиштаи имрузи Точвар боз хам андешабарангез буд. Юрий Лужков – шахрдори Маскав хам парда аз танаффури кавмиаш бардошта ва ошкоро ба точикон тавхин раво дидааст. Ба гуфта у, Маскав бояд махалли бехтаринхо бошад, на танхо точикон. «Точикон» дар ин чумла дар баробари «бехтаринхо» ба маънии «бадтаринхо» ба кор рафтааст.

Замоне буд, ки узбакхо бахонае намеёфтанд, то точикхоро кахрамони музхики латифахошон бикунанд ва товони латифахои точикиро биситонанд. Акнун аз бори «кахрамонй» душхои мо уфтодааст. Ба вижа вакте ки дар бозорхои Маскав бор мекашем.

Бегумон, Точвар дуруст мефармояд, ки микдори зиёде аз хисси точикситезй дар Русия аз суханони давлатмардони он кишвар сарчашма мегирад. Вале ичоза бидихед ин бор мавзуъро воруна матрах кунем.

Фарзро бар ин бигзоред, ки Русия даргири ошубхои сиёсию ичтимоъии шадиде шавад ва ба далели «пайвандхои ногусастанй»-и Точикистон бо абаркудрати мудоми мо селе аз панохчуёни бечораву бекори он кишвар ба сарзамини мо сарозер шаванд. Занхои худро дар рустохояшон рахо кунанд ва бо занони точик издивоч кунанд. Авзоъ дар Русия тадричан одитар шавад. Русхои фирорй андак-андак ба кишварашон сар бизананду дубора ба таври мавсимй сари хонаву зиндагии точикишон баргарданд. Фурсатхои шуглиро ба рохатй аз точикон бигиранд. Ва мутмаин бошед, чои онхо дар бозор нахохад буд. Чун дар Точикистони бегонапарвар бо забони русй, ки хамчунон роичтарин забони расмист, метавонанд умури Рахмонро низ бигардонанд. Оё дар Точикистон хисси русситезй авч нахохад гирифт? Ё боз хам мо муваффак мешавем мехмондории устурайимонро хифз кунем ва русхоро сари чой-чаппотимон бихонему зиёфаташон кунем?

Агар муваффак шавем, пас мо гурури миллй надорем. Яъне агар ичоза бидихем рус дубора дар дору надори мо ба таври физикй даст дошта бошад, пас мо аз ирки миллй бебахраем. Агар карор аст русситезй авч бигирад, пас дар тагйири маънои точик дар Русия боз хам мачбурем худамонро гунахкор бидонем.

Вакте киштй гарк мешавад, тамоми ганду гарди он якбора ба хаво мехезад. Пас мо то чи андоза гардолуд будаем, ки ин хама гандро ба намоиш гузоштем! То чи андоза бемоя будаем, ки бопоягии хуввиятамонро ошкор кардаем. Афродеро дар фурудгохи Маскав мебинем, ки навиштахои дару деворро намефахманд ва дунболи як одами «басаводи калладор» мегарданд (ангор каллаи худашон кучо рафта), то барояшон эъломияи гумрукро хонапурй кунад. Дуруст аст, ки русй забони бегона аст ва набояд аз хамаи точикон интизор дошт, ки онро бидонанд. Вале точике, ки бо касди кору зиндагй ба Русия сафар мекунад, то кай мехохад суроги «басаводи калладор»-ро бигирад, чои ин ки бибинад каллаи худаш кучо гуму гур шуда?

Як чеги вахшиёнаи хонуми гумрук тудаи азиме аз точикони низорро ба сукут вомедорад ва хама мисли кудакони дабистонй ба пич-пич меуфтанд. Як бор, ки шохиди ин холат будам ва баландтар аз хонуми гумрукй фарёд кашидаму доду бедод рох андохтам, нахуст, гумкури Русия дигар бо мо ситеза накард, сониян, точикони худамон гумон карданд, ки ман русам ва ба русии шикаста-баста ба ман сипос гуфтанд. Ангор дифоъ аз хукуки хаккаи башарй корест, ки танхо як рус аз паси он бармеояд.

Вакте аз Душанбе чори ориёйи мезананд ва дар Маскав «точик» дуруст мутазодд (антоним)-и «ориёйи»-ст, чаро русхо бо мо рударвосй ё хотирбинй кунанд? Маънои вожаи «ориёйи» бонангу ору нажода аст. Оё бо нидои «эй таджик!» сар поин андохтану ба хидмат давидан нишонаи нангу ор аст?

Танхо точикон набуданд, ки киштишон гарк шуд ва талош мекунанд акнун коике бисозанд. Гурчихо, арманихо ва озарихо хам буданд. Чаро чехраи ин аквом дар Русия махдуш нашуд? Чаро эхтироми русхо ба нангу ори гурчихо тагйир накард? Ин факат дар сатхи тудахо нест. Гурчистону Арманистону Озарбойчон хар кадом барои Русия ададе махсуб мешавад ва аз онхо хисоб мебарад. Чаро? Чун сарватманданд ва аз ин ру мухтор? Вале Гурчистони факиру бечора, ки ахруми гозаш хам дар дасти Русия аст, солхост сар фуруд намеоварад. Русия кимати гози содиротиашро ду баробар кард, воридоти обу шаробашро мамнуъ кард, шахрвандони гурчиро савори хавопаймохои домкаш карду бозпас ба Тифлис фиристод… Саакашвили аз аспи гайраташ пиёда шуд? Нашуд. Пас чи гуна русхо ба як чунин миллате арч нагзоранд?

Вакте русхо дар рестурони бошукухи «Шиш-Беш» дар калби Маскав менишинанд ва аз калёнхои дарозаш дуд дармекашанду ба перомун нигохе меандозанд, бо хавас сар такон медиханду мегуянд: «Вот народ! Молодцы, гардаши! У Азербайджана очень высокая культура!» Хамон фарханги эроние, ки они мо хам буд ва дар зулмати сарнавиштамон пинхон шуд.

Вакте арманихо номхои хонаводагии эронии «-иён»-ро вориди сахнаи синемову теотр ва сафхаи телевизюн мекунанд, русхо чаро онхоро дар хадди «точик» поин биёранд? Вакте ки катли як донишчуи арманй дар Маскав боъис мешавад чамъияти арманихои пойтахти Русия мустакиман ба дидори Лужков бираванд ва рузи 19 феврийе муваффак ба дидор бо у ва дастёронаш шаванд, чи гуна Лужков чуръат кунад, ки номи онхоро бо беэхтиромй ба забон биёрад? (Gazeta.ru)

Садхо точики мо дар Маскав ва шахрхои дигари Русияи фошистй кушта мешаванд. Вокуниши давлати фохираи Рахмон барои хамагон, аз чумла котилон, ки авбош унвон мешаванд, равшану мубархан аст: сукути бардавор. Гузашта аз он, оё чамъияти азим, аммо парешони точикони Маскав як бор икдоми мушобехи ибтикори арманихоро анчом додаанд? Оё агар Лужков хамин суханонро дар бораи арманихо гуфта буд, онхо мисли точикхо хомуш мемонданд?

Дар натича назархое ба монанди дидгохи Катя аз корбарони mail.ru ривоч пайдо мекунад, ки нусхаи бепардатари суханони Юрий Лужков аст:

"Эх, армяне и грузины - это цивилизованный народ, интеллигентные, а главное православные! Я под "хачьём" подразумевала чучмеков из туркменистана и прочих чуркестановских стран, именно они заполоняют своим многочисленным поголовьем всё свободное пространство городской среды. Это просто возмутительно, я говорю на полном серьёзе, они так сильно наводнили наш город, что соберись они все против нас (а они могут) - они повырезают всех православных!" (mail.ru)

Ночорй метавонад хар касеро ба водии эхтиёч бикашонад. Аммо агар руху гурури миллй дар синахо мурда бошад, ба рузе мерасем, ки имруз дар Маскав расидаем. Пас далели аслии ин ки сиёсатмадорони фошисти рус ба таври рузафзун танаффури худ аз точиконро баён мекунанд, хамин мурдагии рухи ориёйи дар синахои холии мост. Далели дигар бесаводии тудахоест, ки бидуни кучактарин омодагй ба Русия мераванд ва пасттарин корхои кобили тасаввур ва пасттар аз онро анчом медиханд. Ва далели севвум хисси худкехтарбинй ё укдаи хакорат дар баробари рус ва милали гайр аст, ки хатто ба гузи як майхораи хиёбонии Маскав хам гох лаббайк мефиристанд.

4 comments:

Anonymous said...

Дориюши азиз,

Саре ба торнигорат задам ва навиштаатро бо камоли майл хондам. Дар бисёр маврид бо ту хамназарам, аммо одат дорам, масъаларо ба тикахо таксим кунам, то дарки он осонтарам шавад.

Мехвари андешаи ман ин аст, ки чаро вакте хукуматдорони Точикистон бо рахбарони рус дустию хамнишинй мекунанд, хатто оилаву кудак-чудаки худ, наметавонанд, дар ин мансабдорони рус як хисси мусбатеро нисбат ба мардуми хеш ангезиш диханд.

Чаро вакте ки Убайдуллоеву Рахмон задаву куфта мардумро мачбур мекунанд, меваю сабзавот харида, ба Русия фиристанд, то ба нархи сечанд камтар русхо харидорй кунанд, таъсире ба хаёти мухочирони мо намекунад.

Чаро вакте ришваю пора медиханд, низ наметавонанд, холати бехтареро ба вучуд оранд? Наход дар хамин хирфаи дустдоштаи худ низ бехунару бекифоят бошанд?

Оё вакте ин бор бо Лужков менишинанд, худро тахкиршуда хис нахоханд кард?

Чаро Вазорати корхои хоричии Точикистон ба чунин баёнияхо посух намедихад?

Чаро чунин давлатмардони рус барои Точикистон “персона нон грата” эълон намешаванд?

Хуллас, пурсишхои зиёд ва беохир. Ва бечавоб.

Аз суи дигар бо ту хамназарам, ки агар эхтироми точикон дар Русия аз байн рафтааст, пеш аз хама чурми худи точикон аст. Вакте ки худи онхо розй мешаванд, ки дигарон хайвонашон бишмуранд, чои эътироз нест.

Аммо чаро ман ва фарзандони ман бояд ин доги лаънати онхоро бар чабин бигирем? Агар ингуна идома кунад, одамон мумкин аст, аз точик будани худ шармашон ояд ва онгуна ки имруз дини хешро ба дини судмандтаре иваз мекунанд, миллати худро низ иваз кунанд.

Суоли асосй ин аст, ки гунахкори ин хама холати риккатбори миллй кист?

Мебинй, ки агар ман туро ба посухи дароз тахрик додам, ту хам кам наёвардй. Сухбат бокй.

D said...

Точвари гиромй,

Хамин пурсишхост, ки дар хилоли посухи ман мавч мезанад ва се далели онро баршумурдам:

1. Набуди ирки миллй. Шиъорхои “ориёйи” сипари сиёсие беш нест. Ин пеш аз хама шомили давлат ва сипас точикони Русия мешавад.

2. Бесаводии фарогир. Давлат хам “калладор” нест.

3. Худкехтарбинй (комплекс неполноценностй) ва тарси омехта бо эхтиром ба русу соири бегонагони фарангй. Давлат дар ин замина шохкор аст.

Anonymous said...

Эхсосе, ки бо хондан ва фикррони перомуни ин вокеъиятхо касро фаро мегирад, аз дарднок будан хам гузашта... ранчбор? аламовар? газабангез? На... навмеди?... он хам не...рихват, рихвати талху торик...

Вакте, солхои 90 ум ба баъд Душанбе пур аз сокинони манотики рустои шуд (аксаран бесавод – босаводхош дар шахру навохии худ монда буданд) душанбегихо магар пас аз чанде ба газаб наомаданд? Душанберо магар кишлоки бузург намехонем? Магар то хануз мо тавонистем хамон фарханги шахреро ки каблан доштем баргардонем? Мо нолидем ва менолем, ки фарханги шахрро ба хам задааст. Хол-он ки ин мардуми худи мост, холо аз русхо чи интизор дошта бошем? Охир магар гунохи русхост, ки точикон то андозае халлоият ва бовари дар худро гум кардаанд, худро гум кардаанд, ки ба Маскав рафтаву ба корхои камарзиштарин машгул мешаванд, хол-он ки дар Точикистон мардуми узбак омадаву кор пайдо мекунанд, бозорашон гарм аст. Таксистхои душанбе хама узбаканд! Ургутихо дар худи Помир рафтаву ресторани баобрутарин боз кардаанд, ракиб надорад, точикон не. Мохи гузашта хатто ресторани хиндии Дехли Дарбор дар Хоруг ресторани худро ифтитох кард! Чаро ин корро точикони худмон намекунанд аз барои савоб!? Фикр намекунанд, ки зиёд не, аммо хамон пулеро ки дар Маскав кор мекунанд, Агар каме зираки ва халлокият ба харч диханд дар Точикистон хам метавон бетамаъ хамон пули андакро дарёфт кард, бетамаъ, охир дар хамон русия хам зиёд кор намекунанд, магаринки корашон ордфуруши боашд. – Барояшон одди шудааст, ки хамеша тахкир шунаванд. То андозае саркуб ва манкурт шудаанд, ки вакте ба сари яке аз онхо дар хавопаймо дод гуфтам, сарашро зуд поин карду хомуш монд, дар холе, ки ман интизор будам як мушти оби ба сарам биёд – магар точикони мо дар Точикистон хамин тавр хастанд? Хомуш мемонанд? Ба хусус агар зан боши? Хеч гох, мушт мехурдам агар ин кор дар Душанбе рух медод. Бале, аммо ин яки тоза пас аз процедураи точикситези ба хона бармегашт, ва тахкиру хакорати корфармон ва садои занчири тоссархои рус хануз дар зехнаш тоза буд...

... Гуфтед чаро точикон наметавонанд бо Лужков вохури кунанд. Каромат Шарипов, раиси созмони мухочирони точик касд дорад ин корро кунад. Хеле олй ! Мисли инки ба Лужков барои дархости ичозаи баргузории гирдихамойи нома фиристодаанд. Аммо як нукта... на ба хотири эътироз бар зидди нажодпарастони рус, балки алайхи сиёсатхои давлати Точикистон, алайхи Рахмон. Мехоханд ба русхо аз Эмомали Рахмон шикоят кунанд? ... Охир мехоханд русхо чи кор кунанд? Русхо уро сари кудрат оварданд, барои он ки ба онхо лозим буд, мардуми точик коре накард, холо мехохем гуем, ки илтимос уро бигиред, касе дигарро дар чояш шинонед? Кори бехуда, хандаовар. Мегуяд, Эмомали Рахмон точикони русияро ба ду гурух таксим кардааст - Точикони диаспора ва созмони мухочирон. Хамон рохпаймои агар вокеъан баргузор шавад магар хамаашон ширкат намекунанд. Он хуб нест? Алайхи тахкири миллаташон садо баланд кунанд! Гуянд, ки Наша-Раша-ро бардоред! Созмонхои хукуки башарро хитоб карор бидиханд? Аз ин кор метавонад натичае ба даст ояд. Андак хам бошад, аммо натича. Хадди акал тачруби гирдихамоиро пайдо хоханд кард. Эхсоси танхо набуданд, эхсоси ин ки онхо зиёданд, эхсоси иттиход, ки дар вакти рохпаймои даст медихад - ин хеле зиёд аст! Аз зинаи аввал ба дахум чаро мепаранд? Алайхи давлати Рахмон мехоханд рохпаймои кунанд...
Ё шояд ман кам мефахмам?

D said...

Беноми гиромй,

Сипос аз изхори назари самимй.

Дар мавриди барномаи шиквоияи Каромат Шарифов алайхи Рахмон хабаре надорам. Агар матлабе дар ин бора хаст, лутфан пайвандашро бидихед. Ва агар дар вокеъ карор аст ин корро бикунанд, барояшон мутаассифам. Чун ин мавзуъ хам ба худкехтарбинии точикон ва дармондагии хоркунандаи мо ишора мекунад. Магар карор аст Лужков ба Рахмон дикта кунад? Ин калофи сардаргум намедонам то ба кучо хохад рафт.