Saturday, March 22, 2008
Rahman's Nowruzi Commandments
Суханронии наврузии Рахмон шуморе аз дустонро хурсанд кард ва хатто иддае ба ин фикр буданд, ки бахсхои торнигори «Андеша» ва дигар назаргоххои озод шохи Точикистонро ба баёни чизхое водошта, ки рузи 19 морс (март) гуфт.
Диди ман ба ин мавзуъ тибки маъмул хамрох бо шакку тардид аст. Шохи мо ба андозае саргарми иштиёкоти рузмарраи худ хаст, ки фурсате барои гаштугузор дар тористони мо надорад. Аз суи дигар, чизхое, ки у ба забон овард, аслану абадан баёнгари нигаронихои мо набуд.
Аз як су, Рахмон икрор кард, ки расонахои давлатй ланганд ва хабархои расонахои русиро нушхору такрор мекунанд. Вале аз ин сухани худ натичагирии дурусте накард, ки бечорахо мачбуранд ин корро бикунанд. Чун аз пахши ахбор харос доранд. Кучактарин хабар бояд ба таъйиди «бузургтарон» бирасад, то ба гуши «кучактарон» бирасад. Ин расми хар кишвари бечораву бадбахт аст, аз чумла Точикистон.
Аз суи дигар, Рахмон бар истиклоли рузноманигорон турктозй кард. Бо ин ки мегуфт сахми точикон дар Интернет андак аст, аз рузноманигорон такозо мекард, ки ба иззати нафси макомот нарасанд. Ин як дастури пардапуш барои таквияти сонсури давлатист. Охир он «нафс»-е, ки сухбаташро мекунем, ба андозае саросари кишварро дарнавардида, ки намешавад ба он нарасид. Саропои сомони мо нафсистони макомот шудааст. Агар ба санги сари рохат эрод бигирй, мумкин аст фардо гушмолат бидиханд, чун он «сангак» мутаъаллик ба кадомин «кулухак»-и дарбор будааст.
Руи ин хисоб, метавон гуфт, ки Рахмон расман аз макомот хост, ки дар сурати густохии рузноманигорон онхоро танбех кунанд. Яъне ташдиди сонсур. Ва бо таваччух ба вафодории гайриинсонии бархе, метавон хадс зад, ки ба зудй ичрои ин дастур фаротар аз интизороти шох хохад буд.
Бад-ин гуна, армугони наврузии Рахмон ба мардуми кишвари ситамдидааш ситами бештар буду дигар хеч.
Labels:
journalism,
Nowruz,
President,
Rahman
Subscribe to:
Post Comments (Atom)
2 comments:
Салом! Хеле хуб навиштаед, ба маврид ва вокеъбинона! Ба хусус оиди ерод гирифтан хатто ба "санг". Дар хакикат холо ба касе чизе гуфта намешавад.
Оре, чунин аст. Агар макомоти мо бо хирад оштй мекарданд, мутаваччех мешуданд, ки хеч чизе якдасту якранг нест. Хамин чарог хам ки равшан аст, ба хотири мавчудияти нируи манфй дар канори нируи мусбат равшан аст. Ва агар хар ду мусбат ё хар ду манфй буд, чарог хомуш мемонд, хамон гуна ки чароги сарои точикон акнун хомуш аст. Давлати солим бояд замоне нигарони вазъи худ шавад, ки мухолифе надошта бошад. Доштани мухолифон аз нишонахои умдаи як давлати солим аст. Руи ин хисоб, мо бо як давлати бемор сарукор дорем, ки дар холи кандани чохе барои худ аст.
Post a Comment