Порае аз матлаби Носирчони Маъмурзода
родю Озодй
Вазирбек Азизов, бародари Салохиддини кушташуда, мегуяд, дар рохи интиколи турбати бародараш аз Русия ба Точикистон бо мушкилоти зиёд рубару шудааст. Вай гуфт, ба дархостхои батакрораш барои расонидани кумак дар тахвили часади Салохиддин дар сафоратхонаи Точикистон дар Маскав хеч расидагй нашудааст:
«Ман дах маротиба ба сафорати Точикистон дар Маскав мурочиъат кардам, хар руз 1500 рубли русй сарф мекардам, то ба сафорат равам, дар холе ки дар як руз хамагй 500 рубл кор мекардам. Аммо дар даромадгоҳи сафорат духтараке нишаста ва хар бор ба ман ичозат намедод, ки бо сафир ё масъулон сухбат кунам, харчанд вазъиятамро мефахмондам. Намедонистам часади бародарамро чигуна ба Точикистон биёрам. Танхо баъд аз он ки аз Точикистон ба сафорат занг заданд, масъулон аз казияи мо огох шуданд. Ба мо хатто ширкатхои русй кумаки молй карданд, аммо дар сафорат ягон ёрии вокеъй накарданд. Мисле ки мо, шаҳрвандони Точикистон, хеч курбе барояшон надорем! Бо сарфи маблагҳои зиёд часади бародарамро ба ватан баргардондам. Танхо барои интиколи тобут аз ман пул нагирифтанд, дигар хама харочот аз худи ман буд…»
1 comment:
Ман ин авохир дар ин фикрам, ки ин Точикистон ва точикон хакки истиклоли кишвари ва мавчудияти миллиро дигар аз даст додаанд ва набояд дошта ошанд. Шахрванди барои мисол Киргизистон будан шояд дигар бештар муфидтар бошад барои ин мардуми бечора, хадди акалл ба он хотир ки Киргизистон аз хукукашон каму беш дифоъ хохад кард, хадди акалл ба он хотир ки киргизхои хунгарм ин гуна сарвариро бардошт нахоханд кард.
Post a Comment