Дар гузашта намедонистам, ки манзур аз таъбири обшустаи «сухан аз баёнаш очиз аст» дакикан чй хаст. Акнун хар боре, ки мехохам дар бораи имрузу фардои сомони нобасомонамон Точикистон чизе бинависам, дар мемонам ва маънии дакики он сухани куханро бо чон дармеёбаму дар равонам мехурушам, аммо боз хам хомуш мемонам. Чун дар вокеъ, чи бигуям, ки нагуфтанаш бех. Ва чи дарде аз ин дардистон дармон мешавад?
Кишварро то ба марзи гадойи горат мекунанд, даххо милюн дулори он нисори додрасони бритониёйи мешавад, даромади корхонаи арзиз дар сарзамине бегона анбошта мешавад (дар холе ки миллат дар садаи 21 хамчунон хезум мешиканад), сари муассисахои молии бонуфузи чахон кулох меравад ва хамрохи он кулох обруе хам ки надорем, барои дахсолахо меравад; оби мо хамчунон мустакиман аз корхонаи номавчуди кахвасозии Варзоб чакка мекунад, табари нажодпарастони вахмгарои рус руи гардани чавонони мо дакка мехурад, чиноятхои аъзои хонадони хокими кишвар пушти парда мемонад... ва мо суруди ситоиш мехонем. Ситоиши Балохат. Ситоиши Хамокат. Ситоиши Гумрохй. Ситоиши Табохй. Аз танаффур лабрез мешавам ва ганди танаффур забонамро мебандад. Чи бигуям, ки нафрат чорасози мушкил нест.
Аз ситоиши ахриманй гуфтам ва ба ёди иттифоке уфтодам, ки хамин чанд руз пеш бо ман уфтод.
Як ширкати бонуфузи тарчума (яъне дор-ут-тарчума) бо ман тамос гирифт. Мехостанд матни рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистонро барояшон бихонаму забт кунам. Амири Катар, ки шояд равшантарин араби мавчуд руи курраи Замин аст ва хамонест, ки бунияи молии ширкати телевизюнии Алчазираро фарохам карда, мехохад ба кишвари Точикистон армугоне бидихад. Он армугон як рохнамои шунидорй барои осорхонаи миллии мост. Ба монанди рохнамохое, ки дар музехои кишвархои фародаст ё пешрафта вучуд дорад. Ва чи хуб аст, ки кишвари фурудаст ё вопасмондае чун Точикистон хам як чунин рохнамо дошта бошад. Муаллифи рохнамои музеи мо инглисист ва навиштаи хаму ба забони порсии точикй тарчума шудааст.
Албатта, мачбур будам дар тарчумаи ачак-вачакии он то хадди зиёде дасткорй кунам. Матн дар кул бадак набуд. Аммо як бахши он бароям бисёр гариб буд. Бахше, ки ба раисичумхурй марбут мешуд. Дар он мехонем:
«У иштирокчии фаъоли муборизаи Точикистон барои истиклолият аз Иттиходи Шўравй буд... Пешравии мансаби у дар хукумат хусусияти неруи пешбарро ба худ касб кард ва 16 ноябри соли 1994 Эмомалй Рахмон Президенти Чумхурии Точикистон интихоб гардид.»
Ба хама «бале», ба мо хам «бале»? Мо, ки аз хуртуми фил науфтодем ва шохиди айнии руйдодхои дахаи 1990 будем ва медонем, ки чи касе мувофик ва кй мухолифи Иттиходи Шуравй буд.
Мехоханд торихро бознависй кунанд ва хофизаи моро бизудоянд. Акнун сурхтарин хаводори Иттиходи Шуравй сархсахттарини мухолифони он шудааст.
Бо кадом забон метавон ин бешармонатарин дуругро хонд? Хатто бо хамон забони ачак-вачакй ин кор муяссар нест.
Ба ширкати тарчума баёни хол кардам ва гуфтам, ки ин сатрхо дуруги махз аст ва шояд хеч точики нажодаро натавон ёфт, ки онро барояшон бихонад. Ширкат хохиш кард, ки ба махзи озмоиш аз як точики дигар бихохам, ки он пораи нолатифро бихонад. Аз як дустам пурсидам, ки оё хозир аст ин корро дар изои пули хубе анчом дихад. Хушбахтона, гуфт «на!».
Бад-ин гуна, сеноруюи инглисихо тагйир кард ва он тиккае, ки марбут ба «сарвари кишварамон» мешуд, аз калам уфтод. Яъне дар рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистон он суханони козиб садо нахохад дод. Магар ин ки фарди ноогохе гирашон биуфтад. Вале аз он дуруг то кунун магзам сут (хушток) мезанад.
Аз ин ру факат мурур мекунам. Ба навиштахои бегонагон зул мезанам, то бибинам, ки оё ин танхо хисси мани точик аст ё дигарон хам чунин мебинанд, ки ман мебинам. Гузориши мусавваре, ки имшаб пеш аз ин матлаб мунташир кардам, аз Райхон аст. Духтаре узбак, ки чанд сол пеш бо хам муъоиширате мухтасар доштем. Дарег, ки нахваи диди у ба кишвари ман хамон аст, ки ман мебинам. Русвоии мо бармало шудааст ва ба чашми хар фарди дорои басират мерасад. Шарм душмани чонам мешавад ва аз фарти озарм боз хомуш мемонам ва дунболи сурохе мегардам, ки сари афкандаамро дар он нопадид кунам.
2 comments:
Ташаккур аз ин навиштахои пурсуз,медонам ки дили хассосе доред ва орзуи ворастагии ин миллат. Аммо чи метавон кард бо кавме, ки талоши рахо шудан надорад,хама гуна тахкирро тахаммул мекунад ва шахомати бахшидани душманонашро дорад то хадде, ки худро фаромуш мекунад. Хатто Фирдавси бо Шохномааш натавонист онро ба рустами бирасонад ва аз сухробкуши начот бидихад. Намедонам шумо муваффак хохед шуд ё не. Аммо дилам мехохад барои шумо тавфик бихохам.
Мусофири гиромй. Аз паёми пурмехратон бисёр сипосгузорам. Шаби Ялдоро хам бароятон шодбош мегуям, ки дарозтарин шаби сол асту хамин дишаб ба сар расид. Ва мутмаиннам, ки шаби ялдои сарнавишти кишвари мо хам рузе ба фарчом хохад расид.
Post a Comment