Wednesday, December 03, 2008

How to Checkmate a King

Матлаби зер имруз аз Душанбе дарёфт шуд. Як Дарвеш бо сипос аз нависандаи он Ромизи Шероз маколаро бидуни кучактарин вероиш чоп мекунад. Як Дарвеш масъули матолиби дигарон нест ва навиштахои дигаронро бо такя бар асли чандандешй (плюрализм) мунташир мекунад. Посух ба ин навиштахо низ бозтоб хохад ёфт.

Чи гуна як шох мот шуд

Оштии миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Ансол» бадномии президент Раҳмон ва атрофиёни ӯро дар саросари олам бештар кард.

Хабари «миравой» ва ё бо ҳам оштӣ кардани корхонаи давлатии арзизи тоҷик мавсум ба ТалКо ва ширкати Ансол,ки тайи се соли ахир дар додгоҳи салтанатии Ландан идома дошт, дар ҳоле пахш мешуд, ки телевизиони тоҷик аз корномаҳои беназири «сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ» Эмомалӣ Раҳмон ситоишро ба авҷи аъло мерасонд.Бале,дар бораи ҳамон сиёсатмадори беназир ,ки чанде қабл аз адами як юристи байналмилалӣ дар кишвараш дарди дил мекард ,то ӯву додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода-раиси Ориёнбонк) ро дар баробари «дуздон»-и ширкати Ансол дар додгоҳи Ландан ҳимоят кунад.

Вақте ҳамаи расонаҳо ва ҳатто созмонҳои ёригар ба ӯ гуфтанд ин қадар харҷу масрафоти ҳангуфт барои кишвари қашшоқе чун Тоҷикистон ҳеҷ зарурат надорад ва хуб будӣ ин ҳама барои рушди зиндагӣ масраф шавад оқои Раҳмон ва атрофиёнаш гуфтанд 140 миллион доллар чӣ 200 миллион доллар ҳам бошад харҷ мекунанд то «имиҷ»-и кишвар ва шарафи корхонаи ТалКо дар сатҳи байнулмилалӣ ҳифз шавад.

Аммо имрӯз чӣ хулоса шуд? Баъди он ҳама хароҷоти миёншикан,ки баробар ба даҳдарсади маблағи буҷаи кишвар дар соли оянда аст.Ва ин ҳам танҳо маблағи масрафшуда барои адвокатҳои ТалКо.Ва аслан чӣ шуд,ки Раҳмон 180 дараҷа тоб хӯрду ба оштӣ рӯ овард?Хуб,ин дуруст аст,ки масорифу махориҷ аз ҷайби ӯ нест ва ӯ раҳме ба пули мардум надорад.Пас чӣ боис шуд?

Манобеи наздик ва огаҳ аз асли қазия гуфтанд,ки авқоти ахир дар додгоҳи Ландан кори ширкати Ансол то ба ҳадде пешрафтааст,ки мебоист худи Эмомалӣ Раҳмон ба сифати шоҳид даъват ва таҳти бозпурсӣ қарор мегирифт.Оқои Раҳмон дуруст он саволҳоеро бояд посух медод,ки сарнавишти суратҳисобҳои пинҳонӣ ва ширкатҳои пӯшидаи коршарики ТалКо дар ҷазоири Вирҷинияро,ки худи ӯ низ аз муассисони онҳост, рӯшан мекард. Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода ва чанд тани дигар аз ин авлод аз рӯи далоили ҷамъоварикардаи додгоҳ бар сирқати маболиғи ширкати ТалКо даст дошта, даромадҳои асосии ин ширкат умдатан дар суратҳисобҳои манотиқи офшории онҳо сарозер мешудааст.

Акнун бар изофаи он 160 миллион доллари ба «юристони байнулмилалӣ» додаи Раҳмон харҷи сафари ҷониби ҳукумат дар ин се -чаҳор соли ахир ба Ланданро ҳисоб кунед,ки баробар ба даҳҳо миллион доллари дигар мешавад.

Хуб бо ин ҳама дӯғу дағдаға ва то ба пулиси байналмилал-Интерпол шикоят бурдани Раҳмон ва атрофиёнаш алайҳи Аваз Назаров ва Абдуқодир Эрматов ирӯз худи ӯ маҷбур шудааст,ки аризаи даъвогиро муқобили онҳо аз додгоҳ пас бигирад.Ва низ розӣ шудааст,ки ҳамин тавр аризааш муқобили Ансол ва Эрматовро аз Интерпол пас бигирад.

Вале ин ҳафта ҳафтае буд ки барои Раҳмон се шармандагӣ ба бор овард.Яке ин ногузир шуд ба Созмони миллали Муттаҳид иқрор кунад дар боздошт ва истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров- раиси ҲДТ ӯро Русия кӯмак кардааст,дар ҳоле ки ҳамеша мегуфт Искандаровро дар Душанбе боздошт кардаанд дуввум ин ки Русия ва мақомоти додситонии вай эълон кард,ки ба ҳеҷ ваҷҳ Додоҷони Атовулло- сардабири «Чароғи рӯз» ва раиси ҳаракати «Ватандор»-ро таслими Тоҷикистон намекунад ва ниҳоят шармандагии аз ҳама калони сеюм ин бохти ӯ дар баробари ширкати Ансол аст,ки Раҳмон дуздашон хонда буд.Вале маълум шуд,ки дузди калон худи ӯст.Ва вақте ҳам рӯ ба оштӣ овард,ки фишорро эҳсос кард,онгуна ки ибтидо оппозисиюни тоҷикро дар хунхориву ҷанг муттаҳам карда вале вақте ҳалқа барояш танг шуда буд, рӯ ба оштӣ овард

Бо ин аъмолаш вай давлат ва Тоҷикистонро дар сатҳи байнулмилал бебрӯ, бешараф ,таҳқиру сархам ва шарманда кард.Ва агар бо мантиқи худи ӯ ба ҳодиса наздик шавем ӯ дар назди миллат бояд ҷавоб диҳад, мисле ки барои таҳқири шахсияти президент дар қонун ҷазо муқаррар кардааст ӯ барои таҳқиру паст задани шаъну эътибори давлати тоҷикон ва халқи тоҷик ӯ бояд ба додгоҳ кашида шавад.

Ромизи Шероз
Душанбе

No comments: