Monday, September 07, 2009

The Way to Paradise

Рохи бихишт

Поулу Куэлйу (Paulo Coelho)

(аз номаи як дуст)

Марде бо аспу сагаш дар чоддае рох мерафтанд. Хангоми убур аз канори дарахти азиме соъикае фуруд омаду онхоро кушт. Аммо мард нафахмид, ки дигар ин дунёро тарк кардааст ва хамчунон бо ду чонвараш пеш рафт. Гохе муддатхо тул мекашад, то мурдахо ба шароити чадиди худашон пай бибаранд.

Пиёдарави дарозе буд. Теппаи баланде буд. Офтоби тунде буд. Арак мерехтанду ба шиддат ташна буданд. Дар як печи чодда дарвозаи тамом-мармарии азиме диданд, ки ба майдоне бо сангфарши тило боз мешуд ва дар васати он чашмае буд, ки оби зулоле аз он чорй буд. Рахгузар ру ба марди дарвозабон карду гуфт:

- Руз ба хайр. Ин чо кучост, ки ин кадр кашанг аст?

Дарвозабон:

- Руз ба хайр. Ин чо бихишт аст.

- Чи хуб, ки ба бихишт расидем. Хеле ташнаам.

Дарвозабон ба чашма ишора карду гуфт:

- Метавонед ворид шавед ва хар чи кадр дилатон мехохад, бинушед.

- Аспу сагам хам ташнаанд.

Нигахбон:

- Вокеъан мутаассифам. Вуруди хайвонот ба бихишт мамнуъ аст.

Мард хеле ноумед шуд, чун хеле ташна буд. Аммо хозир набуд танхойи об бинушад. Аз нигахбон ташаккур кард ва ба рохаш идома дод. Пас аз ин ки муддати дарозе аз теппа боло рафтанд, ба мазраъа (полиз)-е расиданд. Рохи вуруд ба ин мазраъа дарвозае кадимй буд, ки ба як чоддаи хокй бо дарахтоне дар ду тарафаш боз мешуд. Марде дар зери сояи дарахтхо дароз кашида буд ва сураташро бо кулохе пушонда буд. Эхтимолан хобида буд.

Мусофир гуфт:

- Руз ба хайр!

Мард бо сараш чавоб дод.

- Мо хеле ташнаем. Ман, аспам ва сагам.

Мард ба чое ишора карду гуфт:

- Миёни он сангхо чашмае хаст. Хар кадр ки мехохед, бинушед.

Мард, асп ва саг ба канори чашма рафтанд ва ташнагишонро фуру нишонданд.

Мусофир аз мард ташаккуо кард. Мард гуфт:

- Хар вакт ки дуст доштед, метавонед баргардед.

Мусофир пурсид:

- Факат мехохам бидонам номи ин чо чист?

- Бихишт.

- Бихишт? Аммо нигахбони дарвозаи мармарй хам гуфт, ки он чо бихишт аст!

- Он чо бихишт нест. Дузах аст.

Мусофир хайрон монд.

- Бояд чилави дигаронро бигиред, то аз номи шумо истифода накунанд! Ин иттилоъоти галат боъиси сардаргумии зиёде мешавад!

- Комилан баръакс. Дар хакикат, лутфи бузурге ба мо мекунанд. Чун тамоми онхое, ки хозиранд бехтарин дустонашонро тарк кунанд, хамон чо мемонанд...

1 comment:

Anonymous said...

Салом бародари гироми. Ман яке аз хонандахои блоги шумо хастам... тули ду мох мешавад. Бо истифода аз архив анкариб аксари навиштахоятонро хондаам. Холо мехохам, ки бидонам чаро дар мавриди истиклолияти Точикистон (агар дошта бошад) чизе нагуфтед. Харчанд медонем хеле хам гуфтаед, вале дар ин мавсим хомушед...