Thursday, October 08, 2009

Altar or Letter?

Масҷид ё мактаб?

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Чанд рӯз пеш хабаре ба чашмам уфтод, ки қарор аст Эмомалии Раҳмон намози масҷиди навсохти рустои Тӯдаи Ҳисорро имомат кунад. Тасаввури ман ин буд, ки сарвари кишварамон дар созгории комил бо номи худ (Имом Алӣ) або (ҷомаи рӯҳониён)-ро ба тан хоҳад карду рӯ ба меҳроб хоҳад овард ва ҳамаи намозгузорони ҳозир ба ӯ иқтидо хоҳанд кард.

Аммо на, бад-ин шева шигифтангез набуд. Раисиҷумҳур суханроние эрод кард, шабеҳи хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, ки гоҳ аз забони Аҳмадинажод мешунавем. Ва пешниҳод кард, ки масҷид ба номи имоми дигаре номгузорӣ шавад: Имоми Аъзам, ки 1310-сола мешавад ва бино ба омор, аксарияти ҷамъияти кишвар пайрави андешаҳои ӯянд ва агар оморро канор бигзорем ва аз мардум бипурсем, ки он андешаҳо чӣ муҳтавое дорад, шояд бояд омор тағйир кунад. Пас бояд ба ёд дошта бошем, ки на ҳамеша “имомат” ба маънои або ба тан кардан аст ва на ҳамеша омор гӯёи ҳақиқати ҳол аст.

Масҷиде, ки дар Тӯда гушоиш ёфт, мизбони даҳ ҳазор намозгузор аст. Барои кишвари пасошӯравие чун мо тасаввури ин ҳақиқат сахт аст. Замоне лагоми намозгузоронро мекашиданду акнун фазои фарохеро дар ихтиёрашон мегузоранд. Гӯё гили моро бо ифроту тафрит (две крайности) сириштаанд. Дӯсте гуфт: “Эй кош ба ҷои он як мадраса, як донишгоҳ сохта буданд.” Гуфтам: “Пул аз они мардум аст ва шояд дар ҳоли ҳозир ба меҳроб бештар ниёз доранд то ба китоб.”

Дар ҳоле ки ман талош мекардам тасаввури ҳузури даҳ ҳазор нафар дар як фазои сарбастаро ба зеҳнам биқабулонам, хабари тозае ба дастам расид. Ин бор аз хабаргузории “РИА Новости”, ки маро дар ниҳояти шигифтӣ асир кард: қарор аст то соли 2014 дар маркази шаҳри Душанбе масҷиде сохта шавад бо гунҷоиши 150 000 намозгузор. Масҷид ба андозае бузург хоҳад буд, ки хабаргузорӣ онро “яке аз бузургтарин масҷидҳои торих” унвон кардааст. Масҷиду сохтмонҳои шомили он шакли нақшаи ҷуғрофиёии Тоҷикистонро хоҳад дошт. Пас бояд ба ростӣ бисёр густардаву бузург бошад. Мегӯянд, як донишгоҳи исломӣ ҳам шомили он маҷмаъ хоҳад буд, аммо намедонам, ки то кунун донишгоҳҳои исломии муосир дар пешрафти илмҳои ҷаҳон чӣ саҳме доштаанд. Бино ба ҳамин гузориш, раисиҷумҳур рӯзи шанбеи гузашта ба Дубай рафтааст, то бо тарҳи сохтмони ин масҷиди ғулосо ошно шавад. Чаро Дубай? Чун қарор аст ин масҷид бо кумаки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар сохта шавад.

Нахустин пурсише, ки дари зеҳни маро мекӯбид, ин буд, ки чаро арабҳо дар ин тарҳи бахусус ба мо кумак мекунанд? Бо чи ҳадафе арабҳо мехоҳанд 7.5 ҳектори замини Душанберо бо нақшаи Тоҷикистон ва нақшу нигори исломӣ мунаққаш кунанд? Ва аслан Қатару Амороти Муттаҳида дар ҷаҳон чӣ ҷойгоҳе доранд? Магар ҳамон кишварҳое нестанд, ки бештарин ҳамкориро бо Омрико ва дигар қудратҳои ғарбӣ доштаанду доранд? Ва оё ин халаи идеулужик ё ақидатии Тоҷикистон нест, ки арабҳоро ба мо ҷазб кардааст?

Халаъ ё холигоҳи ақидатии Тоҷикистон аз замони фурӯпошии идеулужии кумунистӣ то кунун холӣ мондааст. Талошҳо барои пур кардани ин холигоҳ то кунун нофарҷом будааст. Дар натиҷа мардуми ин сарзамин ба маҳалле аз торихи худ бармегарданд, ки тавассути Русия аз он ҷо канда шуда буданд. Дар натиҷа савдогарони ақидаҳо бо дидани муштариёни билқувваи сардаргум дастбакор шудаанд. Вале оё тасаввури зиндагӣ дар як ҷомеъаи сарбаставу дарбастаи арабӣ барои шумо қобили қабул аст? Ва аслан, оё чархише ба ин шиддат барои ҳар ҷомеъае созанда хоҳад буд ё сӯзанда?..

Дар хилоли ҳаёҳӯи ин пурсишҳо дар зеҳни мағшушам як навори видеуӣ аз ҳузури Оқохон – пешвои исмоилиён дар Осиёи Миёнаро дидам. Саҳнаҳое васфнопазир, ки рашки раҳбари ҳар кишвареро бармеангезад: пайравони Имоми Ҳозири исмоилӣ ӯро “подшоҳ” хитоб мекарданд ва дар пешвозу гуселаш сиришки дилтангӣ мерехтанд. Баҳонаи ҳузури ӯ гушоиши бахшҳое аз Донишгоҳи Осиёи Миёна буд. Донишгоҳе, ки дар Тоҷикистону Қирғизистону Қазоқистон бахшҳое хоҳад дошт ва илмҳои ҷаҳони муосирро таълим хоҳад дод. Раиси донишгоҳ мегуфт, ки дар минтақаҳои кӯҳистонӣ тавлидоти иқтисодӣ андак аст; аз ин рӯ бояд дар тавлидоти зеҳнӣ сармоягузорӣ кард. Беҳтар аз ин наметавон ин тарҳро тавсиф кард. Бунёди Оқохон дар паи роҳҳои наҷоти кишварҳои дарбанди мо мегардад ва ҳатто роҳи наҷотеро пайдо кардааст ва моро ба сӯи он роҳнамоӣ мекунад: тавлиди дониш ва ироаи хадамот. Шояд пас аз оғози фаъолияти комил ин донишгоҳ ба арзишмандтарин муассисаи омӯзишии минтақа табдил шавад, ки баид нест.

Оё ман кадом як аз ду тарҳро бояд арҷ бигзорам? Тарҳеро, ки моро ба Аморати Бухоро роҳнамоӣ мекунад ё тарҳеро, ки дарро ба рӯи ҷаҳони имрӯзӣ мегушояд? Бо ин ки мутмаиннам садоҳои мухолиф ғулғулаосост, аммо зимни ташвиқу сипосгузорӣ аз имоми исмоилиён чашми умеди ман ба ӯст, ки шояд бо ин талошҳо битавон аз вартаи ҷаҳолати кунунӣ раҳо шуд. Ҷаҳолате, ки мисли як сиёҳчол (чёрная дыра)-и фазоӣ ҷомеаро мемакад ва ба гузаштаи торик мебарад. Дар торих аз касоне ба некӣ ёд шудааст, ки дар баробари ҷаҳолат поймардона истоданду дари фазилатро гушуданд. Ин бор ҳам торих доварӣ хоҳад кард.

5 comments:

Anonymous said...

Dear friend, I have written my comment on your valuable articel "Mosque or School?" and wanted to send it to you here. But unluckily it was not sent. So, I sent it to you in your facebook. You may check your facebook.

Mahmudjan said...

This last comment is mine. I forgot to write my name. My name is Mahmudjon Faizrahmonov and we are friend in facebook.

Anonymous said...

Дусти азизам,дуруд бар шумо бод.
Ман маколаи Шуморо хондам ва ба таври умум хело хушам амад, вале дар баъзе маворид наметавонам хамфикрат бошам, ки ин шояд як нофахми аз тарафи ман бошад. Агар дар фахми фикри шумо хато карда бошам умедворам ки фахмамро дуруст кунед. Ва агар ихтилофи назар байни ману Шумо бошад, инро як амри табиъи балки созанда ва тазйин-кунандаи зиндаги мешуморам, зеро табиат ва хаёт бо танаввуъаш хушаст.
Ман хам кабул дорам ки тасаввури мо аз Ислом дар умум тасаввури сатхи ва шакли балки нодуруст мебошад. Ва хатто ин тасаввури нокис аз Ислом моро ба сахрои чахлу бе-саводи ва акибмондаги бурдааст ва дорад мебарад. Вале Ислом дар зоти худ аз ин тасаввурот бари мебошад. Аз инру уламои равшанфикри Исломи мегуянд ки набояд холати Мусалмононро дида онро хамчун Ислом фикр кард. Аз инру, бояд байни Ислом хамчун як дин ва байни холати Мусалмонон дар як замону макони муайян фарк гузошт.
Пас, ба фикри банда, Ислом хамчун як дин ба созандаги ва нав-овари ва ояндаи дурахшон даъват мекунад, дар холе ки кирдори Мусалмонон ва хатто аъмоли баъзу Исломихохон ъакси он мебошад. Дар ин бора далел-хои кофи аз масодири аслии Ислом ва торихи Исломи дорем.
Дуввум масъала инаст, ки такя кардан ба масодири торихи мисли Куръон ва Суннат ки дар карни хафти милоди падид омадаанд хечгох маънои гаштан ба он карн бо тамоми чузъиёташ нест. Ва ин масодир ду навъ ахком (конунхо) доранд. Навъи аввал савобит (тагиир-наёбандахо)мебошанд, ки характери конунхои умуми ва кулли доранд ва ба хеч вакх кобили тагйир нестанд. Навъи дуввум мутагайирот (тагйир-ёбандахо) мебошанд, ки характери чузъиёти доранд ки хасби замону макон тагйир меёбанд. Масалан агар ба замони аввали Аббосиён бингарем (инро баъзехо ахди тиллоии Маданияти Исломи мешуморанд) мебинем ки ин замон аз замони Мухаммад (дуруди Худованд мар Уро бод) аз нигохи нав-овари ва пешрафт фарсах-хо фарк мекунад. Пас ин савобит дар Ислом мухолифи нав-овари ва пешрафт набуда, балки даъват ба созандаги ва нафрат аз акибмондаги мекунад. Вале савол ин чост, ки то чи кадар тасаввури мо аз Ислом хамчун як дин дурусаст?

Махмудчон Файзрахмонов

D said...

Дуруд бар Шумо, окои Файзрахмонови гиромй. Аз паёматон бисёр сипосгузорам.

Шакке дар ин нест, ки огохй аз динхои умда (на як дин) барои хар фарде, ки иддаъои огохй дорад, аз илзомот аст. Яъне фаро гирифтани онхо бисёр омузандаву хуб аст ва метавонад мабное бошад барои огохихои дигар. Аммо мехвар карор додани як дини бахусус ва устувор кардани хамаи огохихо бар пояи як дин тачрубаи накуе нест ва то кунун намунахои бисёр баде аз ин тачрубаро дар торих мушохида кардаем. Дар чомеъае, ки нахуст имон бар як акидаро дар калбхову зехнхо мехкуб мекунанд, то баъдан огохихо бар пояи он эътикод анбошта шаванд, дониш пешрафте нахохад дошт. Аммо холати воруна ё баръакси он хамеша созанда будааст: нахуст паймудани рохи дониш ва анбоштани дониш ва сипас шакл додани боваре бар пояи он дониш. Он бовар хам хатмй нест, ки мутаъориф бошад. Метавонад боваре тоза бошад, ки дониши касро тафсир кунад. Аммо дар Точикистон ва Ховарзамин иттифоке, ки меуфтад, холати аввалй аст: нахуст бовар, сипас санчидани бовар. Дар чахони пешрафта нахуст дониш аст, сипас санчидани дониш, ва агар зарурате буд, саранчом шакл додани бовар бар пояи он санчиш. Дар натича, донишмехварон пешрафт мекунанду уфукхои тозае аз донишро мегушоянд, дар холе ки бовармехварон садхо сол аст, ки карахт шудаанд. Поянда бошед.

A.Q said...
This comment has been removed by the author.