Бо ин ки кирми хабарчуйи харгиз оромам намегузорад, нудратан ба торнамои President.tj сар мезанам, ки мантикан бояд аз манобеъи умдаи хабарй бошад. Далоили он фаровон аст ва имруз тасмим гирифтам ба таври сатхй бо хам чанд сафхаи сар-торнамои Точикистонро варак занем ва далоили ин бемайлиро равшан кунем.
Бурунмоя
Пешбарг ё сафхаи нахусти он «таджикский» аст. Яъне расман дар сарбарги торнамо навишта: «Таджикский». Дар канори он вожаи «Русский» боз хам бештар моро аз киву чй буданамон огох мекунад. Онбартар «English» су-су мезанад, ки вожаи мавриди назари такрибан хамаи афроди берун аз хитаи нуфузи Русия аст. Ва дар вокеъ, ойинаи сарзамини мо барои бегонагон аст.
Ман хам «English»-ро фишор додаму мутаваччех шудам, ки бо вучуди суръати баланди интернетам бояд дастикам як дакика мунтазир бимонам, ки аксхои чурвочуру рангоранги сарвари кишварамон пиёда шавад. Хушхол шудам, ки бар бойгонии аксхои чадидам аз сарвари кишварамон хохам афзуд. Аммо дарег.
Бештари ин аксхо аз хотироти хуши сарвари кишварамон аст: хамон раёсати баёдмонданиаш дар нишасти Мачмаъи Умумии Созмони Милал (1999), хамон акси нахустинаш бо Чурч Буши Дуввум, дар холе ки дасти Буш ба таври ночуре самти похои сарвари кишварамон ёзидааст (2002), ва албатта, даст додани бовикораш ба Володя Путин дар Сочи – макони тасмимгирихои сарнавиштсоз (2004)... Ин яке кй буд? Охо... Ёдат ба хайр, Куфй Аннони азиз! Хушо ба холат, ки ту хам бо сарвари кишварамон даст дода будиву аксатро ин чо мебинем ва фаромушамон намешавй (2005). Ин окои чашмкашидаро намешиносам, чун хама зохиран мисли хаманд. Бояд номашро бихонам: Ху Чинтао, раисичумхурии Чин (2007). Дар ин чо хам сарвари кишварамон мурокиби обруву эътибори сарзаминамон будааст, чун дасташро тибки маъмул аз шикамаш онбартар набурда ва баръакс, Ху Чинтао мачбур шудааст самти у дароз шавад.
Аз аксхои чадидаш яке бо Махмуди Ахмадинажод аст. Хамон окои кучулуе, ки дунёро бо садои зераш ба ларза афканда ва Омрико чуръати шунидани садояшро надорад. Аммо дар баробари сарвари кишварамон Ахмадинажод шабехи он марди сурхмуи сугдии руи деворнигорахои гури Дориюш аст, ки ба дастбуси Шаханшох омадааст: раисичумхурии Эрон такрибан бо ду даст бо Рахмон дуруд мегуяд ва лабонаш аз вусъати лабханд то баногуш расидаанд, вале сарвари кишварамон сахт андешаманд аст, ба дурихои дур чашм духта, то ояндаи моро дурандешона пешбинй кунад лобуд. Ва лабаш хам хавсалаи лабхандро надорад. Сахт машгули фикре мухимтар аст.
Хулоса, ин чизхоест, ки як хоричй руи торнамои сабзи рангпаридаву номуназзаму бесарутахи сарвари кишварамон хохад дид: аксхое, ки метавонад гуёи гуруру ифтихори як навчавон бошад, аз ин ки масалан, Андй ё Мансур ё Гугушро дидаасту бо у акс гирифтааст. Ва хатман он акс руи дару девораш ва олбуми хотироташ насб хохад шуд. Бо ин ки то кунун изофавазн шамоилашро ба таври ношинохтанй тагйир додааст. Манзурам он навчавони фарзист, на сарвари кишварамон.
Дарунмоя
Хуб, гузашта аз ин диданихо, мусалламан, торнамо дорои хонданихо хам хаст, ки намедонам то кучо метавонад барои як инглисизабон хонданй бошад. Мавзуъот, мусалламан, хама рочеъ ба диду боздидхои салтанатист, ки метавонад барои бархе чолиб бошад... Агар мутаваччех шавад, ки манзур чист. Дар яке аз унвонхо мехонем:
The speech massage of the President of Republic of Tajikistan to the Government of the Republic of Tajikistan
Бимонад, ки дар ин чумла сарфу нахв рафта паи кораш. Агар бихохем баргардонаш кунем, чизе мисли ин хохад шуд: «Мосожи шифохии раисичумхурии Точикистон ба хукумати Чумхурии Точикистон». Як хоричии ноогох хатман барояш чолиб хохад буд, ки рахбари як кишвар аъзои хукуматашро муштумол кунад, он хам каломй. Аслан муъчиза аст. Вале манзур аз massage дар ин чумла лобуд message (паём) буда, ки боз хам мавкеъияти он ба дунболи speech гичкунанда аст.
Хуб, холо дигар ин кадр хурда нагирем ва даруни яке аз ин матолиб биравем:
«On February 9-10 Emomali Rakhmon, President of Tajikistan, paid his official visit to Iran. Having kindred languages and similar cultures Tajikistan and Iran are connected with ancient friendly ties and reciprocal cooperation. Therefore, the main points of discussion were implementation of the Sangtuda-2 project and solving current problems related to the lack of electricity in Tajikistan.»
Боз хам бимонад, ки дар ин чумлахо бар сари сарфу нахв (громер) чи балое овардаанд. Мо факат талош мекунем аз онхо ба нахве маънй дарбиёрем, агар метавонем. Нахуст, бароям чолиб буд, ки торнамои сарвари кишварамон уро ба шеваи русй Rakhmon мехонад, на Rahmon. Сониян, бароям чолибтар буд, ки «Точикистон ва Эрон забонхои хешованд ва фархангхои мушобех доранд ва равобити бостонй ва хамкорихои дутарафа онхоро ба хам пайванд медихад. Аз ин ру, мухимтарин нукоти бахс ичрои тархи Сангтуда-2 ва халли мушкилоти чории набуди барк дар Точикистон буд.»
Пайванди мантикии ин чумла шохкори ноб аст. Нахуст мо тоза мутаваччех мешавем, ки Точикистону Эрон ба як забони порсй на, балки ба «забонхои хешованд» такаллум мекардаанд ва бо хам «равобити бостонй» доштаанд. Гуё, масалан, 2000 сол пеш хам кишваре бо номи «Точикистон» буда, ки бо «Эрон» равобити диплумотик доштааст. Ва чун ин равобитро доштаем («аз ин ру»), мавзуъи Сангтуда-2 ва бадбахтии бебаркй бо Ахмадинажод матрах шудааст.
Дар хамин матлаб мехонем:
Thus, memorandum on cooperation between Tajik and Iranian ministries of power engineering was affirmed by the heads of the departments – Gul Sherali and Parviz Fattokh accordingly.
Билохира нафахмидам, ин око Гули Шеръалист ё Шеръалии Гул! Кумак, лутфан!
Ин унвон, ки одамро комилан дар барахут карор медихад:
The President of Tajikistan Emomali Rahmonov reassumed an office
«Рахмонов як макомро дубора ба ухда гирифт.» Ворид нашудам, ки бибинам мавзуъ аз чи карор аст. Шояд манзураш Rahmon Reassumes (His) Office буда бошад. Пас бехтар аст ба дарунаш хам нигохе биандозам:
A ceremony of assumption of office by the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmonov who was reelected to this post by universal suffrage on November 6, 2006 was held in «Somon» Palace located at the Residence of the Government of the Republic of Tajikistan on November 18.
Ин чумла мегуяд, ки Рахмон «бо хакки раъйи саросарй» (universal suffrage) ба макоми раёсати чумхурй дубора интихоб шудааст. Манзураш шояд a landslide victory бошад ё чизи дигар, вале бехтар аст бо идомаи матлаб худамонро гич накунем.
Дар гузоришхо хама чо вожаи «тарафхо» (the sides) ба маънии ду раисичумхурй "interlocutors" тарчума шудааст, ки як истилохи хосси сиёсист ва мартабаи хар ду раисичумхуриро ба шиддат кохиш медихад. Interlocutor касест, ки ба таври гайрирасмй дидгоххои як давлатро барои намояндаи давлате дигар тавзех медихад ва бештар пушти сахнаи сиёсист, то руи он. Руасои чумхури кишвархо дар як нишасти расмй interlocutor нестанд.
Бештар аз ин намегуям. Бехтар аст аслан рочеъ ба он ба касе чизе нагуем, то хамин обруе хам ки надорем, наравад. Пас лутфан ин гап факат байни худамон бимонад, чун вокеъан, хичолат хам хуб чизест.
5 comments:
Аз хамон чо: "The Russian Government Residence housed informal summit meeting of the CIS member-countries heads."
ха!-ха!-ха!
Ташаккур Дориюшчон, муддатхост, ки ин кадар нахандида будам!
Беноми гиромй,
Аз бахти бад, такрибан хамаи чумлахои он ба нахве хандадор ва дар айни хол гамафзост, чун хатто дар сатхи давлатй моро ба ин шакл ба намоиш гузоштаанд. Тарси ман он аст, ки фардо яке аз телевизюнхои омрикойи Равшан ва Чумшудро барои худашон баргардон накунанд.
Бояд Равшан ва Чумшуди русиро махкум кард, аммо дар Точикистон Равшан ва Чумшуд, ё бехтараш Рахмон ва Махмади худамонро рох андохт, то холи худро бубинанд то кучо расида.
Вокеан хам ташаккур Дориюш, дар ин рузхои серташвиш ва серкори ки асабхоро тазйик медиханд, хеле хушхолам намди. Бисер оличаноб мебуд аар дар оянда низ ин гуна танзхо дар блоги худ нашр намои
Шахриёри гиромй,
Курбонат. Дар лобалои торикии хоким чизхоеро метавон дид, ки дар айни фочеъабор будан метавонад асбоби шухии моро хам фарохам кунад. Чашм. Талош мекунам айнаки танзамро бештар ба кор бибарам. Аз рохи хашму гиря ки ба чизе даст наёфтем, шояд аз рохи ханда ба чизе даст ёбем.
Post a Comment