Monday, March 24, 2008

A Letter from a Friend

Ин бор Як Дарвешро ба дусти гиромиам Мунаввари Мунавварзод месупорам, ки дар суги шодравон Имомназари Холназар матлаби сузноке навиштааст. Бо сипос аз Мунаввар ва бо ниёиш барои осудагии равони бихиштии устод Имомназар.

СЎГВОРӢ
Бародари ба чон баробар

(чанд сухани парешон дар сўги шодравон Имомназари Холназар)
Мунаввари МУНАВВАРЗОД

Хобашро ханўз чихил рўз пеш дида будам. Нисфи шаб бо гиря бедор шудам – болишти зери сарам намнок буд. Занам ва бачагони ханўз тифлам каторак дар хоб буданд. Аввал хурсанд шудам, ки, хайрийят, хоб будааст. Вале баъд ба ташвиш афтодаму хоб аз сарам парид – то сахар дигар хобам набурд: намедонам барои чи, то дамидани субх факат дар бораи ў фикр кардам, гохе хам хаёлй хамрохаш сухбат кардам…

Хамон рўз ба махалли кори дўсти наздиктаринаш Назруллохи Латиф рафтам – ростй, хурбае накардам, ки ба хонаи худи Имомназар равам. «Як хоби безебаш дидам, ака, – гуфтам ба ў. – Ку як ба хонааш телефон кун – тинчй бошад?..» Дар хашм шуд: «Ту чи, хоб дидй, ки …?! Зиндааст, саломатаст – дина бегох телефонй хамрохаш гап задам...»

***

Субхи рўзи нахустини сол Наврўз дар гўристони Гулбўта сари манзили модари рахматиам хамрохи Толибшох фотиха хондему баъд пиёда-пиёда хонаи ў рафтем. Аз телефони ў ба ину он дўсту рафикам сим зада бо ид табрикашон кардам. Чун тасмим гирифта будам, ки ба аёдати Имомназар фардо меравам, лозим донистам, ки алхол, хеч набошад, телефонй бо иди Наврўз (ягона иде, ки ў кабул дошту дўст) табрикаш кунам. Шумораи шиноси телефонашро гирифтам. Гўширо келинаш бардошт. Хохиш кардам, ки акои Имомназарро даъват кунад. Мазааш нест, омада наметавонад, гуфт. «Хуб, акаллан, гўширо бурда ба дасташ дихед, – илтимос кардам ман, – мехохам бо ид табрикаш…» Овозе, ки дар кадом як нихонхонааш гиря нишаста буд чун барк ба гўшам расид: «Мазааш нест, ака. Мефахмед, охир, мазааш…»

Ва дар он тарафи сим гўширо гузоштанд.

Зуд ба Хабибуллох-ака, хамкори Назруллох, телефон кардам, ки дараки Назруллохро ёбаду аз номи ман хохиш кунад, ки хатман хамин хозир Имомназарро як хабар гирад. Баъди соъате занги телефон изтиробангез садо дод. Гўширо Толибшох бардошту баъд хомўшона онро ба ман дароз кард. «Хезу биё, – гуфтанд дар гўшй ва мухтасар илова карданд, – бандагй кард…»
Ба Толибшох нигаристам. «Тайёр шав, пагох хонаи акаи Имомназар меравем (ў чанд вакт боз маро хохиш мекард, ки хамрох ба аёдаташ равем). Лекин ба чанозааш…»

Наврўзамон хамон кадар шуд. Ин Наврўз дилсўз омад.

Аз хонаи Толиб баромада бо токсй ба шахр омадам. Баъд худро то варзишгохи марказй расонидам ва аз ончо – пиёда (роххо банд буданд) ба хонаи чозибадори ў.

Ба тангкўчаашон, ки тоб хўрдам, онро мотамзада дарёфтам: одамхо, мошинхо… Хавлй хам пури одам. Ва боз одамон меомаданду меомаданд. Лахзае баъд Назруллохи гирён аз дарвоза даромаду аз кафояш – либоси мотамй бар тан Абўбакр.

Кампири нахифе болои сари Имомназари манахбаста навха мекашид: «Имомназаре, бачаме!.. И чўрахот хама пеши ту наврӯзй умадиян – ту, бачам, чува намехезй, охир..?» Ман дигар токат накардаму ба берун баромадам.

***

Солхои баъди чанг хар шиносу ношиноси дар рохмондаи точик дар Олма-ато хатман пеши Имомназари Холназар мерафт. Хар онкасе, ки одраси ўро ба эшон медод, итминони инро хам медод, ки хатман ёрдамашон хохад кард. Хатто барои тичорат ба корафтодагон ба кадри тавони молиаш пул карз медод.
Баъди дувоздах сол нафаре, ки дар Казокистон аз ў се хазор дуллор карз гирифтаву хаминтавр барнагардонида буд, баъди даргузашти киблагохи Имомназар фотихахонй ба хонаи ў меояд. Вакти рафтанаш узр мепурсад, ки дигар хеч имкон дасташ надод хамон карзро баргардонад. Имомназар бо хамон хандаи худодаш мегўяд, ки мехмон метавонад дигар дар бораи он пул фикр накунад: «Ман он пулро ба ту кайхо бахшида будаму хамин хозир хам барои дилпуриат мегўям, ки, ли-л-Лох, бахшидам». Ва даст ба дуъо мебардораду омин мекунад.

***

«Як хафтаи дароз мунтазир мешавиву баъд дар байни инхама когазхои сиёхшуда, аслан, чизе намеёбй, ки бихонй!..» Хафтаномаи навбатиро тах карда рўи бораи хафтаномахои дигар мепартояд ў ва махзунона ба ман менигарад: «Хама маколахо бехудаву беарзишанд. Намефахмам, ки инхама сафсата ба кй лозим бошад?»

Солхои 90-уми асри гузашта «Адолат»-и ўро бесаброна интизор мешудему хамин, ки ба дастамон мерасид, якто намонда, тамоми матолиби онро мехондем. Баъд онро нафари дигар – хамонгуна бесаброна – аз дастамон кашида мегирифту рўзномаи «Адолат» тамоми хафта дехаро давр мезад. Баъди хондани он боз шумораи навбатиашро интизор мешудем. Ана он рўзнома буд! Бовар кунед, хатто як бўи азизи хоссае хам дошт он «Адолат» (вале газетахои зардтаваллудшудаи хозира аслан ягон хел бў надоранд) . Вокиъан, шумораи нахустини он дар Вилнюси дур – дар Литва – чоп шуда буд ва Имомназар мочарои ба Душанбе овардани онро (тавассути Киргизистон) боре бароям кисса карда буд, ки мавзўъи алохида аст.

***

Тобистонхо, ки ба диданаш меомадем, моро – ману Абўбакру Назруллоху Хусейнро – намегузошт, ки акаллан хамон шаб ба хонахоямон баргардем. Гирди дастурхони пурнозунеъматаш то нисфи шаб менишастем ва мегуфтему мегуфтем, механдидему механдидем.

«Ду латифаи нав дорум – ба Худо, ки нашуниде – хамунхоро мегўмтун, – мегуфту айёрона бо кафи даст лабонашро мемолид. – Гуш кунед…» Ў ханўз ба латифааш огоз набахшида, ман як бор баланд механдидам – чун якинан медонистам, ки хатман намакину хандаовар хохад буд. Ва хато хам намекардам: баъди лахзае чанд инфичори хандаи мо ба фазои сокити шаб мепечид. Худаш хам баробари мо механдид. Вале ман бо кадом як эхсоси шашумам дар хандааш як шамма дарди ноаёнро эхсос мекардам.

Латифа даврагардон мешуд. Хар кадомамон ба навбат латифа мегуфтему механдидем. Ў аз хама баландтар механдид. Лекин бедарду бегаш – аз тахти дил.

Бахс хам мекардем – аз сиёсат, аз ичтимоъ, аз варзиш… Вактеки бахсхои ман ба дили Назруллоху Абўбакр мезаду онхо бо зўрй маро хомўш карданй мешуданд, Имомназар бо симои чиддй ба химояти мани танхо мегузашт: «Монед гап занад – охир, мардак гапи гуфтанй дорад!» Вале баъди онки бахсхои тўлонии ман ба фарт мекашид, кафи дасташро ба дахонам мерасонду мегуфт: «Мунаввар, дар инчо худат танхо нестй – ба дигарон хам навбат бидех, охир…»

Баъди посе аз шаб рўи хамон кати болои нахр чогахи хоб мепартофтем. Аввал Хусейнро хоб мебурд. Бе ў сухбатамонро идома медодем. Баъд – ду каси дигарро, ва мемондем ману ў. Чи нашъае дошт насими дарёбод! Дарёбоди тавъам бо сухбати дўстон.

Баъд мо хам, «Акнун – хоб!» гуфта, кўрпахоро ба сар мекашидем. Замонеки хоб маро хам дармерабуд, аз садои нафаскашиаш мефахмидам, ки ба ин зудихо хобаш намебарад…

***

Латифаву хачву мутоъибаро дўст медошт ва хамчунин – суханхои намакинро. Як рўз сари кадам ба дидорбиниаш даромадам: «Хамагй дах дакика вакт дорам, ака». Махзунона гуфт: «Э шумо, дўстхо, кай вакт доштед?!» ва ба рўи кати зери хавозаи ток муроъотам кард. Саргарми сухбат нафахмида мондам, ки «дах дакика»-и ман дуруст се соъат шудааст. Гузашта аз ин, дидам, ки хеле хаста шудааст (хамон замонхо шиддати бемории канд дар ў зиёд шуда буд). Аз чой хестаму бо катъийят гуфтам: «Бо ичозати шумо, ака, ман меравам – кори зарур дорам».

Аз оринчам гирифта, бахри гуселам то кўча баромад. Баъд аз дили соф гуфт: «Ман, ба Худо, хеле хурсанд шудам, ки омадй…» Ман хамон лахза мулоимхунукона як «шўхй»-аш кардам: «Холй бест, ака, ман бурам, боз бисёртар хурсанд мешай!» «Ху, сагерае! – пухас хандид вай. – Аз хушгапи-т маълум шуд, ки хаккатан хам додари акот будай!» Вале хандаашро зуд катъ карду ба китфонам тап-тап зада гуфт: «Шўхии зўр кардй, Мунавварчон, лекин ман аз рафтанат харгиз хурсанд намешам. Вакт, ки ёфтй, омадан гир – ман хурсанд мешавам…»

***

Додочон аз Маскав телефон кардаасту хостааст, ки бо Наврўз муборакбодаш гўяд. Чун аз казийя огох шудааст, гиристааст дар телефон. Хамаи аламхои чандинсолаи дурй аз Ватанашро. Ба чои худ, ба чои Рахим, ба чои Шодмони дур, ба чои Бозори боз хам дуртар. Ба чои хама…

***

Чанд бор аз бидуни ичозати худаш дар ину он нашрийя чоп шудани матолиби дар китобхояш батабърасида изхори норизоят карда буд.

***

Ману додараш Ислом, ки панч сол дар донишгох хамрох тахсил кардаем, 25 соли баъди он хамдигарро надида будем. Намедонам, ягон вакти дигар медидем ё не. Вале марги бародари хардуи мо сабаб шуду дар мотамхона вохўрдем. Дафъаи аввал хамдигарро нашинохтем, вале рўзи дигар дар маросими ёдбуд яке аз шарикдарсонам аз дур ўро ба ман нишон дод. Наздикаш рафтаму ў хам ин дафъа манро шинохт ва мо баробар ба хам огўш кушодем.

***

Ханўз часадро набароварда буданд, ки аз телефон садои занги рахдур баромад. Писари калониаш Толеъи чахонпахлавон буд, ки аз он тарафи дунё – аз Амрикои дур – сим мезад (баъди дафъаи дувум кахрамони чахон шудан хангоми аз замин кандани вазни сангин хушкраги ронаш дарида буду ў мачбур дар шахри Майомй табобат мегирифт). Чун хамеша хохиш кард, ки гўширо аввал ба падараш диханд. Харчанд, ину он гуфта, бахона карданд, нашуд. Баъд гуфтанд, ки мазааш нест, вале исрор кардааст, ки, акаллан, гўшии телефонро бурда ба гўшаш часпонанд, ки харфаш дорад. Ноилоч гўширо бурда рўи болишти падараш – пахлўи гўши акнун ношунаваш – гузоштанд. Вактеки баъди як-ду дакика гўширо бардоштанд, аз гўши садои хой-хой гиристани писари акнун бепадар шунида мешуду халос – дуруст мисли мавчхои укёнуси бузурги Атлантик ба хангоми тўфон…

***

Хар вакт ки танхо ба аёдаташ меомадам, ягон чизи хонданбоберо барояш меовардам. Дафъаи дигар таъассуроташро аз он матлаб хатман изхор мекард. Дафъаи охирин, ки омадам, матлаби дархосткардаашро низ овардам. «Бовар кун, Мунавварчон, дигар хатто бо ин айнакхои хафтумам хам хонда наметавонам, – бо таъассуфи хасратбор гуфт ў, вале онро аз дастам гирифт. – Хеч гап не – янгат мехонаву ман гўш мекунам. Хамин тавр не, Зебочон?» Ва завчаи мехрубонаш апаи Зебуннисо бо аломати тасдик сар чунбонд – харчанд медонист, ки ба хеч вачх аз чизе мутаъассир шудани шавхараш мумкин набуд.

Рўзи Хафти шодравон дар давру бари махалли маърака пайдо кардани чои мошингузорй амре буд мухол. Одамонро гўй – дарё! Хатто Насибчони Амонй ҳам аз Қазоқистон расида омада буд.

Вактеки катори бародаронаш Толеъи чахонкахрамонро дидам, ростй, сарам ба осмон расид (ман ханўз хам наметавонам бифахмонам, ки барои чи). Харчанд нигохаш як каме рамхӯрда буд, вале чомаву токй дар ин лахзахо ўро ачаб мезебид!

Ман ба сарохат тасаввур мекунам, ки замони савори хавопаймо буданаш чигуна ў мехост, ки он ба суръати нур парвоз кунаду зудтар ба хонаашон расад, ва сари тобути падари бузургвораш гирифта, рўи шонахои пахлавониаш гузорад, то хамин карзи охирини фарзандиашро ба чой оварда бошад. Овах, ў чи кадар инро мехост! Ва ин барояш ифтихоре бузург буд – ифтихоре хазорхо маротиба бузургтар аз он лахзахое, ки вазнаи 340-килоиро аз замин бардошт ва рўи саккуи зафар ба гарданаш медоли тилои кахрамонй меовехтанд… Вале – чи хам, охир, мешавад кард! – замин сахту осмон баланд…

***

Аз хама фарзандонаш розй буд, хеле розй. «Марданд, – бо як калима хулоса кард писаронашро боре ў. Ман хам кўтохакак тасдик кардам: «Мисли падарашон». «Хо, мисли худам!» – бо ифтихор гуфт акаи Имомназар.

Вокиъан хам мард буд Имомназари Холназар. Ва инро хам медонист.

Мутаъассифона, имрўз дар мо чунин мардон каманд. Хеле кам.

***

Дар мазори Лучоб, ки аз рўи васийяташ ўро хамончо – дар рўбарўи хонааш – ба хок супориданд, одами хеле бисёре барои ба рохи охирин гусел карданаш чамъ шуда буд. Мирбоборо хам баъди чандин сол дар хамончо дидам: пушти айнакхои ниматорик чашмони махзунаш дида мешуд. Бо комати каме чўкида пушти сими махвита меистод – дуруст мисли пушти симхори марзи Ватан…

***

Ду рўз пеш Назруллохи Латиф икрор кард: «Бовар кун, хатто дар марги падарам инкадар нагириста будам». Баъд бо хасрат афзуд: «Бародар буд – бародари ба чон баробар…»

Барои ман хам бародар буд. Барои Абўбакр хам. Барои…

***

Фазлиддини ханўз чавон, ки Имомназари Холназарро ягон бор надида буд, акси ўро рўи сафхаи роёна дида, аз ман пурсид, ки ин мард кист. Танҳо ҳаминро гуфтам: «Як марди хубе буд, як марди хубе буд…»

***

Баъди ба хок супурданаш шаб, ки ба хона омадам, аз рафи китобхо «Сармаддех»-и Бахманёри дўсташро гирифтаму ба нийяти фол онро боз кардам. Ва беихтиёр нигохам ба чумлахои охирини хикояи маргуби «Шошо» афтид.

Хондам: «Хурду калон, пиру чавон, марду занони Сармаддех ба осмон нигаристанд ва… навха кашиданд.
Ситорае дар замин кам шуд. Ситорае дар само афзуд.»

Хамин замон, ки соъат расо дахи шаб шуда буд, чарог хомўш шуду хона – торик. Чун дилхои мо…

4 comments:

Anonymous said...

Мутаассифона, ин марди фозилро дар зиндагияш боре хам надида будам. Танхо дар чанозааш рафта будам. Вакте хатто Сухроб командирро он чо дидам, хеле хайрон шуда будам...

Он ки афроди зиеде хамеша дар бораи У менависанду мегуянд, гувохи бевоситаи он аст, ки чи кадар мехраш дар калбхои ин мардум нухуфта будааст. Ин гуна афродро, лиласаф, хеле ба нудрат метавон дарефт кард....

Ин матлаб бошад муи бадани одамро сих мезанонад ба хини хондан. Ба осони маълум аст, ки ин матлаб на бо ранги калам, балки бо хунсиришк навишта шудааст. Ба осони маълум аст, ки ин матлабро на акли муаллиф, балки эхсосоти у навиштааст. Ин гуна матолиб танхо моли Эхсос буда метавонанд.

Худои бузург чояшро дар Фирдавс таъин бикнуад, омин!

D said...

Комилан дуруст дарёфтайи. Даргузашти устод барои ман рехлати рушанфикрй аз хоки Точикистон буд. Вучуди нозанини у хама чо ва хамеша шамъи махфил буд. Аз вижагихои нобаш ин буд, ки бо вучуди садокати калом ва баёни бепардааш хама дусташ доштанд, чун бахонае барои бадгуйии аз устод вучуд надошт. Хонаводаи у кошонаи дил аст. Хамсари фарзонаву фарзандони хубаш хам аз касони камёби рузгори мо хастанд ва Худо кунод, ки хамвора комёб бошанд.

Anonymous said...

Бале, фарзандаш чахонпахлавон ва мояи фахри хамватанон аст.

Латоифи шодравон бо он ки кахрамонхояш афроди вокеиву номдоре хастанд, ба маротиб хандаовартар хастанд ва хеле латиф.

Агар касе шакли электронии он латоифро дошта бошеду дар ин чой е хар чойи дигаре дар Интернет нашр шавад, чи кори хуб мебуд.

D said...

Мутаассифона, шакли электруники латифахои устод дар ихтиёрам нест, аммо нахустин нусхаи китоби охираш насибам шуд. Талош мекунам сари фурсат гулчине аз онро ин чо чоп кунам.