Tuesday, March 25, 2008
Persian FMs in Dushanbe
Ба ростй, хамон гуна ки Точвар мегуяд, нишасти вазирони хоричаи се кишвари порсизабон дар Душанбе як чамъи гарибест: Эрони омрикоситез, Афгонистони омрикозада ва Точикистони билотаклиф. Хамкавмони дирузу хамзабонони имруз дар сангархои мухолиф ва мутазод ва бо сангхои гуногун, ки ба сина мезананд. Аммо чизе, ки онхоро ба хам меоварад, зохиран нанг аст. Нанги хамзабонй, ки Худоро сипос, хар бор пас аз харике дубора самандарвор аз зери хокистар сар баланд мекунад. Чавви порсиситезй дар Точикистони 1993 ва 1994 хануз дар ёдхо тоза аст; замоне ки тамоми навиштахои зебои порсй аз руи дару деворхои шахр зудуда шуд, Конуни Забон ислох шуд ва номи забони расмй аз «точикй (форсй)» дубора ба сабки шуравй «точикй» унвон шуд, дари бархе аз гурфахои китобфурушии Эрон дар Точикистон тахта шуд ва кутохсухан, Точикистон бо «шахомат»-и тамом аз худихо фосилае чандинфарсангй гирифт ва ба бегонагон руи розу ниёз овард. Дигар окодемисян шодравон Мухаммади Осимй хам набуд, ки ба саросари чахон эълом кунад, ки забони Точикистон, Афгонистон ва Эрон вохид аст ва номи он форсист. Ба таври мармузе нухбагон (элита)-и фархангии точик, ки дам аз пайванди фархангии порсиён мезаданд, шодравон шуданд. Чахли мураккаб хамрох бо кахри мусаллат риштаи нозуки навтанидаи пайвандро канд ва кишварро аз хамтоёнаш бо итоб дур карду ба огуши сарди Сибрй афканд.
Замон гузашт ва зохиран боз хам «соъат чахор бор навохт». Сармои Сибрй на танхо мардумро меозурду меозорад, балки барои бархе аз сардамдорон хам газанда шуд. Албатта, давлати Путин аз огоз ба пайванди мудоми Точикистон бо Русия чашми умеди хамешагй надухта буд. Дар дунболаи матлаби тозаи tajikistanweb.com хам ба ин мавзуъ ишора хохад шуд, ки Русия хамвора наздиктарин шарики стротежикаш дар Осиёи Миёнаро як хамрохи нимарох медонист. Зеро муштаракоти Точикистон бо хамсоягони порсигуяш ба андозаест, ки дар оянда хоху нохох самтгирии Точикистонро хам порсй хохад кард. Чи Рахмон ва чи хар рахбари дигаре дар оянда кодир нахоханд буд чилави ин мавчи хурушони «чустучуи асли хеш»-ро бигирад. Низоми гаддори шуравй бо он хама пайкори бешарафона алайхи хуввияти порсй дар Осиёи Миёна, дасткорй дар забон ва кавмияти порсии минтака боз хам гирифтор монду комгор нашуд.
Ин сухбатхои шаъафолуди ман хоболуда нест. Хануз сахт бедорам ва тоза чанд дакика пеш як финчон кахваи талхи хобшикан нуши чон шуд. Чизхоеро гуфтам, ки ба назарам ногузир меояд ва шарху тафсили он дар чое дигар меояд, ки бас дароз аст. То кунун хеч холати кач дору марез дер давом наовардааст. Чи гуна метавон иддаъои хамзабонй бо Эрон кард ва дар айни хол муддаъй шуд, ки забони мо форсй нест? Чи гуна мешавад расман нишастхои хамзабонй барпо кард ва дар паи он мункир шуд, ки мо аз як тира нестем? Бо чи забоне метавон Фирдавсиро шоъири худ донист, хангоме ки у "Ачам зинда карда бад-ин порсй"?..
Конуни Ашо ё Ростй, ки бар зиндагии башарию нобашарй фармонравост, мантикро ба зур бар сари хама чизу хама кас тахмил мекунад. Ва мантик ба навбаи худ хама носуфтагихову ночурихоро мерубаду дур мерезад ва ростии нобро чойгузини он мекунад. Мисли оби руд, ки сангро ба кундй сайкал медихад ва саранчом аз носуфтагихои он гарде намемонад. Устураи чудойии мо аз хамкавмонамон дар он суи об хам, ба умеди Худо, рузе сар хохад расид. Ганчи мавъуд, ки рангчталаб аст.
Зимнан, имруз шашуми фарвардин аст. Зодрузи нахустпаёмбари яктопарастиро ба хамаи дустдоронаш шодбош мегуям.
Labels:
Afghanistan,
Iran,
Persian,
Tajikistan
Subscribe to:
Post Comments (Atom)
2 comments:
Дуруд ба Шумо устод Дориюш аз Додгустар.
Баъди мутолиаи матлаби Шумо маро андешаи жарфе пахш намуд ва ростй пешам харитаи чахонро боз намудам ва гуиё фоле мезада бошам. Бо калами сиёх пиромуни харитаи Точикистон, Афгонистон ва Ирон хатте мармуз кашидам ва вокеан як манзараи ачиберо шохид шудам. Манзарае ва аниктараш империёеро шохид шудам, ки аз дигар мамолики абаркудрат хам бузургтар буд. Ин ки ба ба зохоири табиии ин се кишвари якзабон назар кардам, маро намедонам вахме ва ё суруре пахш кард, ки ба худ гуфтам: Валлох агар ин се кишвар як империёи бузург шаванд, метавонанд на факат Русиёву Амрико, балки тамоми олами Гарбро сари зону нишонанд. Валлох ки чунин дидам, аммо сармаддорони ин се кишвар ба ин амал хеч гох даст нахоханд зад, ба вижа окои Рахмон, ки нав туи тахти шаханшохй нишастааст, хич гах розй нахохад шуд, ки чанбари (руль) салтанатро аз даст дихад.
Шод бошед.
Дуруд бар Додгустари фарзона,
Замоне буд, ки на калами хиёл балки калами торих хатте фарох даври каламрави вокеъии мо кашида буд ва он ба маротиб пахнтар аз пахнаи кунунии Эрону Афгонистону Точикистон бо хам буд ва сарзаминхо дигарро хам дарбар дошт. Парокандагй ва худхохихо боъис шуд, ки порахои азиму арзишманде аз хокамонро аз даст дихем. Аммо хушбахтона, мухимтарин чизе, ки хануз хам зомини ягонагии мост (забону фарханги порсй), хануз зинда аст.
Ман хам фикр намекунам, ки ба зудй ормони Эрони Бузург вокеъй шавад, чун бо таваччух ба шароити кунунй бисёр баъид ба назар мерасад. Аммо он чи ошкор аст, хамгароии беш аз пеши се кишвари хамзабон аст, ки сарфи назар аз сиёсатхои ба куллй мутафовиташон бо шитоби бештар чараён дорад.
Post a Comment