Thursday, March 13, 2008

Spy Search


Замоне буд, ки китоби торихро мехондему шигифтзада мешудем, ки чи гуна фарзандони миллати худи мо дарвозахои шахри Бухороро ба руи душман боз карданд ва дарки мафхуми хиёнат дар чавви ба шиддат сурхи мо як амри номумкине буд.

Ин окое, ки дар акс мебинед, дар холи такдими таълифоти худ ба шогирдони мадориси кишвари сурхи Чин аст. Мутмаин нестам, ки китобхо ба забони чинй бошанд ва бештар аз он шак дорам, ки дониши торихчаи равобити Точикистону Созмони Милал рузе-рузгоре оби ин шогирдакони хубруро гарм кунад.

Ин око, ки дар гузашта аз наздик мешинохтамаш, Рашид Олимов аст. Барои муддати дарозе намояндаи мо дар Созмони Милал буд ва холо сафири фавкулъодаву томулихтиёри Точикистон дар Чин аст. Акс моли мохи жонвиеи гузашта аст. Куси русвойии ин око дар матбуъоти Гарб навохта мешавад. Бароям чолиб буд бидонам, ки назари худи у дар бораи иддаъои Сергей Третйяков, чосуси пешин ва хоини кунунии Русия чист. Третяков мегуяд, Рашид Олимов дар изои як опортумон дар Маскав ва унвони пруфесурй дар як донишгохи Русия худу иттилоъоти кишварашро дар ихтиёри Русия карор додааст ва барои Маскав тачассус кардааст. Ва он хам дар макоми фиристодаи кишвараш, ки бояд зомини манофеъи он дар баробари бегонагон бошад.

Ба шумора телефуни сафорати Точикистон дар Чин занг задам. Як хонум чизхоеро ба забони худаш балгур кард, ки нафахмидам, вале мутмаиннан посухи суоли ман набуд. Шуморахо:
Tel: +86-10-65322598
Fax: +86-10-65323039

Ин око бояд аз мардуми сарзаминаш хазорон хазор зангу пурсиш дарёфт кунад ва ба ночор посухе дихад, ки дарёбем хакикат аз чи карор аст.

3 comments:

Anonymous said...

Сад дар сад дуруст аст. Хамчун точик ташаккур мегуям, ки зангаш задед. Аммо боз хам бештр муташаккир мебудам, агар дубора занг мезадед зеро ба хар хол харфи он хонумро нафахмидед ку. Аз хар нафари дигар хам ки имкон дорад занг бизанад ва посухи шунидаашро ин чо е чое дигар нашрбкиунад, хеле сипосгузор мебудам ва дигарон хам мутмаинан сипосгузор мебуданд

D said...

Поянда бошй. Лутфан худат хам агар метавонй, ин корро бикун ва аз атрофиён хам бихох, то ба натичае бирасем. Ман хамин алон дубора зангаш мезанам.

D said...

Боз хам занг задам. Ин бор як око (шояд худи Олимов) ба форсй азам хост шумораи дохилй ё раками 0-ро бигирам. Чун шумораи дохилй надоштам, 0-ро гирифтам. Пас аз чанд лахза таваккуф боз хам хамон хонуми чинй ва окои точик азам хостанд шумораи дохилй ё сифрро бигирам... Хулоса, посухгуе дар сафорат нест, магар ин ки шумораи дохилиашро гир биёрем.