Friday, March 07, 2008

Women in Islam (Cyr Persian)

Хушдор: Агар тоби шунидани суханони як шаккокро надоред, лутфан ин матлабро нахонед, чун бароятон ба гирифтории зехнии алиме табдил хохад шуд.

Шояд ин навиштахо эхсосоти бархе азизонро чарехадор кунад, аммо чун рох дар чахон якест ва он рохи ростист, умедворам накли далоилеро бар камин бо бузургворитон бибахшед.

Дар огоз аз тафсиру талкин худдорй мекунам ва оётеро аз сураи "Нисо" (Зан)-и Куръон шохид меоварам, то чойгохи зан дар китоби мукаддаси ислом бароямон равшантар шавад:

«Агар метарсед, ки дар бораи ятимон ба адолат рафтор накунед, бо заноне, ки барои шумо поку дилхохатон хастанд, издивоч кунед. Бо дуто ва сето ва чахорто. Агар метарсед, ки беъадолатй кунед, ба як зан ё ба канизакон иктифо кунед. Ин кор барои ин ки зулм накунед, бехтар аст. (3)»

«Худо дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад, ки писар ду баробари сахми духтарро дорад

«Агар хама духтар ва беш аз дуто буданд, ду севуми ирс мутаъаллик ба онхост ва агар факат як духтар буд, нисфи ирс ба у мерасад."

Афроде аз занони шумо, ки муртакиби кори зиште шаванд, чахор шохид бар хатои онхо бигиред. Агар шаходат доданд, онхоро то вакти марг дар хона нигах доред ё ин ки Худо рохе барои онхо карор дихад. (15)»

«Ду марде аз шуморо, ки муртакиби кори зишт мешаванд (хамчинсбозй), бо азияту озор мучозот кунед. Агар тавба карданду корашонро ислох карданд, аз онхо сарфи назар кунед. Чун Худо тавбапазири мехрубон аст. (16)»

«Модаронатон ва духтаронатон ва хохаронатон ва аммахоятон ва холахоятон ва духтари бародарон ва духтари хохаронатон ва модархои разоъии шумо, ки ба шумо шир додаанд ва хохархои ширии шумо ва модарзанхоятон, ки дар хонаи шумо хастанд, дар сурате ки бо модари онхо хамбистар шудаед, бар шумо харом хастанд. Магар ин ки факат акд карда бошед ва хамхобагй анчом нагирифта бошад, чун дар ин сурат ишколе бар шумо нест.»

«Ба хотири ин ки баъзеро бар баъзе бартарй додаем ва ба хотири харче, ки мекунанд, мардон бар занон бартаранд (аз занон мурокибат мекунанд). Бино бар ин, занони солехи фармонбардор дар гиёби шавхаронашон хофизи он чи Худо барои онон хифз карда хастанд. Занонеро, ки аз нашуз (нофармонй)-и онхо метарсед, аввал онхоро насихат кунед, дар рахтхоб аз онхо канорачуйи кунед ва онхоро бизанед. Агар аз шумо итоъат карданд, дунболи рохе бар алайхи онхо нагардед. Чун Худо баландмартаба ва бузург аст. (34)»

Сураи «Ахзоб»

«Эй Пайгамбар, мо занонатро, ки махрияи онхоро додайи ва канизонатро низ ки Худо насибат карда ва духтаръаму ва духтаръамма ва духтардойи ва духтархолае, ки бо ту мухочират кардаанд, барои ту халол кардем. Ва зани муъминеро, ки худашро бидуни махрия ба Пайгамбар бибахшад, дар сурате ки Пайгамбар бихохад бо у издивоч кунад. Ин хукми охир факат ба ту ихтисос дорад, на ба муъминин. Мо медонем, барои муъминин дар мавриди хамсарон ва канизонашон чи дастуре додаем, то бар ту ишколе набошад. Мусалламан, Худо омурзанда ва мехрубон аст. (50)»

Дар «Аходис»-и Имом Бухорй (vol. Iv, p.91) накли кавле аз Мухаммад хаст, ки гуфтааст, дар шаби баъсат ба малакут “мутаваччех шудааст, ки сокинони дузах бештар аз зумраи занон хастанд”.


Мавзуъи сатр ё хичобро дар ду сураи Куръон мебинем: сураи “Ахзоб” ва бо тафсили бештар дар сураи “Нур”:

و َقُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيوبِهِنَّ وَلَا يبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاء بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاء بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِى إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِى أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيرِ أُوْلِى الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاء وَلَا يضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيعْلَمَ مَا يخْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

«Ва ба занони боимон бигу дидагони худро фуру банданд ва покдоманй варзанд ва зевархои худро ошкор нагардонанд, магар он чи табъан аз он пайдост. Ва бояд русарии худро бар гардани хеш андозанд ва зевархояшонро чуз барои шавхаронашон ё падаронашон ё занони худ ё канизонашон ё хидматикорони мард, ки (аз зан) бениёзанд ё кудаконе, ки бар авратхои занон вукуф хосил накардаанд, ошкор накунанд ва похои худро накубанд, то он чи аз зинатхошон нухуфта доранд, маълум гардад. Эй муъминон! Хамагй ба даргохи Худо тавба кунед. Умед, ки растагор шавед.»

وَ الْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاء اللَّاتِى لَا يرْجُونَ نِكَاحًا فَلَيسَ عَلَيهِنَّ جُنَاحٌ أَن يضَعْنَ ثِيابَهُنَّ غَيرَ مُتَبَرِّجَات بِزِينَة وَ أَن يسْتَعْفِفْنَ خَيرٌ لَّهُنَّ وَ اللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

«Ва бар занони азкоруфтодае, ки (дигар) умеди заношуйи надоранд, гунохе нест, ки пушиши худро канор ниханд, (ба шарте, ки) зинатеро ошкор накунанд ва иффат варзидан барои онхо бехтар аст ва Худо шунавои доност.”

Холо бибинем, ки шаъни нузули ояи 30-и сураи “Нур” чи будааст. Ба истинод ба Имом Бокир дар ин бора омадааст:

“Чавоне аз чамоъати Ансор дар шахри Мадина бо зане рубару шуд. Дар он замон занон пушиши сари худро пушти гушхои худ меандохтанд (дар натича, баногуш ва гардани эшон ҳувайдо буд). Вакте зан аз канори вай гузашт, чавон сарро ба акиб баргардонд ва хамчунон ки рох мерафт, вайро назора мекард ва вориди кучае шуд ва дар холе ки ба пушти сари худ нигох мекард, ба рохи худ идома дод, ки сураташ ба устухон ё тиккаи шишае, ки аз девор берун зада буд, бархурд кард ва шикаст. Вакте он зан аз назараш махв шуд, нигох кард ва дид, ки бадан ва либосаш хунин шуд. Ва гуфт: Ба Худо савганд, хидмати Расули Худо мерасам ва уро аз ин масъала хабардор мекунам. Пас хидмати Расули Худо шарафёб шуд. Паёмбар аз холи вай чуё шуд ва у чараёнро ба иттилоъи он чаноб расонд. Пас Чабраил нозил шуд ва ин ояро овард».

Ин хам калофи дарозест, ки метавон соъатхо дар борааш гуфту навишт. Вале шаъни нузули он чолиб аст. Нахваи бастани русарй миёни занони чохилия дар ин тафсир ба нахваи ороиши сари бештари бонувони точик шабохат дорад, ки русариро аз пушти сар мебанданд. Ман то кунун касеро надидаам, ки бо дидани зане инчунин сари худро хуншор карда бошад. Чун мо ба ин навъи пушиш ху гирифтаем. Ва агар касе бо гузори хар зане ба ин шакл шахваташ барангехта шавад, бояд хатман дар мавриди саломати равонаш тардид кунад.

Холо дар Фарангистон. Мардхои фарангиро наметавон ба номардй муттахам кард, албатта, ки бо дидани зане зебо ба у дубора назар накунанд. Вале андак мавридеро метавон дид, ки пушиши зане касеро ба маталак гуфтан ба он зан водорад. Озодии зан дар мавриди пушиш як амри пазируфташуда ва табиъист. Мутмаиннан, сохтори магзашон аз мо мутафовит нест, аммо дидгоххои фархангишон табакабандии хоссе дорад ва медонанд, ки масалан, катор бошгохи шабона нест, ки бо духтарон лос бизанй. Тахарруки чинсй дар кучаву хиёбонхои Фаранг замоне рух медихад, ки тараф аз кишвари бастае омада бошад ё ба истилохи мардумй, нодида бошад. Ин як пахлуи мавзуъ аст.

Аммо эътирози ман ба эъмоли дидгоххои мардон бар занон аст ва кафасй кардани иродаи занон. Занхо, ки бузургтарин вазифаи башариро анчом медиханд, ба андозаи мардхо хиради онро доранд, ки чи гуна рафтор кунанду чи гуна либос бипушанд. Чаро мо бояд ба ин пиндори галат бошем, ки мардхо бояд ин чомеъаро кунтрул кунанд? Чаро фикри баробарй бо зан моро битарсонад? Чаро хамзистии шоиста ва боэхтиром бо занон муяссар набошад? Агар зан бо иродаи худ тарчех медихад хичоб бипушад, чаро монеъи у шавем? Ва агар боз хам у хост хичобашро канор бигзорад, чаро уро ба беъиффатй муттахам кунем? Ба ёди достони Эрач Мирзо уфтодам дар бораи зани мухаччабае, ки бо ин ки дар паскучае бо як мард амали чинсй анчом дод, боз хам хушхол буд, ки хичобашро хифз кардааст. Чи басо занони бехичобе, ки аз иффати бештар бархурдоранд ва чи басо мухаччабахое, ки аъмоли мармузи чинсй барояшон фикри музохим (навязчивая идея) ва укда шуда ва зиндагиашонро махдуш кардааст.

Кутохи калом, мард метавонад ба хамсари худ дар бораи пушишаш назар бидихад, хамон тавре ки зан мекунад. Аммо хакки маънавии тахмили як пушиши вижа бар занро наметавонад дошта бошад.

45 comments:

Каюмарси Ато said...

Дориюшчон,

Аслан кабул надорам, ки барои зан тахмил бикунем, то ин либосро бипушад ё либоси дигарро. Намехохам, ки ба зан таъкид кунем, то ин корро бикунад ва ё ин корро. Чи, магар зан дар баробари мард як Инсон нест? Магар зан акл надорад? Мавзуъи бахси пушиши хичоб ва русираи дар Точикистон тули бештар аз як сол мавзуъи раками аввал буд. Мо хамаги таассуф мехурдем, ки чаро як хичобпушро ба донишгох рах намедиханд. Аммо чаро доду фарёд назадем, ки садхо камбизоати боакл ба донишгоххои Точикистон рох намеёбанд? Барои мо як хичобпуш аз сад баакли точик пеш меистад. Чунки мо дар болоки таассуби дини гутидаем. Мо ба гапи муллохо бештар аз хама бовар мекунем, хох сухани онхо бар заминаи фармудахои аходису Куръон бошад, хох бар асоси бофтахои эшон. Хамаи мо нафс дорем. Хох хичоб пушаду хох миниюбка хатман ба зан хадди акалл як бор нигох меандузем. Худо гуфтан даркор, ки инсоф дихад. Вагарна, ин хама кушишхои мо бенатича аст. Валоху аълам!

Каюмарс

D said...

Каюмарси гиромй, лубби матлабро худат гуфтй. Ба далели нафси шахвонии мард чаро бояд зан азият бикашад? Заъфи мард, ки кодир ба кунтрули нафсаш нест, чаро бояд мучиби гирфторихои зан шавад? Ё вокеъан мо дар куруни вусто гир кардаем, ки шахват бояд риволи зиндагии моро таъйин кунад ва сухбатхо хама аз зери камар бошад ва зери камар тафаккури моро шакл дихад ва дар хамаи чизи зиндагии мо эъмоли нуфуз кунад? Аслан ононе, ки таъкид бар мухаччаба будани зан доранд, бояд хичолат бикашанд, чун ба таври талвехй ба зери камар ишора мекунанд. Сар ва андаруни он аз ёд рафта ва чизе, ки бештар чомеъаро машгул медорад, аврату нишемангох аст. Шармбортар аз ин мочарое нест.

Каюмарси Ато said...

Оре, Дориюши азиз

Хичоб маънии исломи комилро надорад. Ва мизони мусулмони хам бо хичобу ришу сарпуш баркашида намешавад. Хамаи адён хадафи яксон доранд, аз чумла Ислом хам. Мубориза бо бади ва дарёфти кувваи неки аз талоши пайравони хамаи адён мебошад. Дориюши азиз, биё, бо ин мавзуъ сари худро гич намекунем. Бехтараш пайи мавзуъи дигар меравем. Мавзуъе, ки ба зиндагии имрузу ояндаи мо дахл дорад. Пешниход мекунам, мавзуъи бахси минбаъдаи мо ин бошад, бехтар аст: пайдо шудани Рустам Рахмонов дар баробари падараш Эмоали Рахмон дар нишасту бархостхо аз чи шаходат медихад? Агар ин мавзуъ писанди ту нест пешниходи худро бинавис.

Каюмарс

D said...

Каюмарси гиромй,

Ин нукта хам, ки Рустам дар пахлуи падар дар махфилхо хозир мешавад, мутаассифона, боз хам ба хории зан дар Точикистон ишора мекунад. Вагарна касе, ки хафт духтар дорад ва хамагй бузургтар аз Рустаманд, чаро як духтарашро пахлуи худаш наменишонад? Ва аслан тавчехи таваллуди Рустам, худ достони чолибест. Рахмон мехоста писар дошта бошад ва хар чи зоид, духтар буд, то саранчом Рустам ба дунё омад. Рахмон хушхол шуд, ки холо фасли писарзойиаш фаро расида ва боз хам талош кард, боз хам писар шуд. Ва холо мегуйи чаро Рустам канораш нишаста. Магар намедонем, ки Рахмон чаро муддати раёсаташро амалан то 2020 тамдид кард? Бо умеди ин ки Рустамчон вориси падар гардад.

D said...

Дигар ин ки мавзуъи хукуки занро бояд бисёр чиддй гирифт ва факат яке-ду руз на, балки гаштаву баргашта бояд дар ин бора гуфту навишт. Чун ин яке аз оризахои бузурги чомеъа аст, ки боъиси вопасмондагии мо шудааст.

Anonymous said...

Нигохи ислом ба зан як нигохи комилан сексисти (ниг. википедия-сексизм) аст ва ин дин ба зан на ба як инсон, балки ба як пора гушт ё шайъи шахватбарангез менигарад. Хамаи онхое хам ки таблиг мекунанд, ки зан бояд пушиши исломи дошта бошад, худашон дакикан бо харфхошон нишон медиханд, ки онхо дар зан як пора шахватро мебинанд, то як инсони дигарро. Ва ин тарзи нигариш албатта навъе бемории равонист. Худи ислом мегуяд, ки зан аврат аст, аврат маълум ки хамон шайъи мавриди шахват аст, яъне хамон зери камар. Ин афрод занро саропо иборат аз "зери камар" мебинанд, на як инсон, ва ба хамин далел аз дидани руйу муйи зан хамон хушашон намеояд. Тарбияти ин афрод, ки дин онхоро манкурт кардааст, бисёр душвор аст.

Anonymous said...

Вижагии дигари афроди сексист ин аст, ки онхо гумон мекунанд ё тасаввур мекунанд, ки занон мол ё коло хастанд ва онхо сохиби ин коло ё мол. Ва дидани руйи зан аз суйи дигаронро навъе тачовуз ба моли худ медонанд. Харчанд як зан бар тан ва чисми худ хакки комил дорад ва сохиби чисм ва рухи худ аст ва бояд худ дар мавриди ишк ва хамхобаги ва издивоч тасмим бигирад, вале афоди сексист тасаввур мекунанд, ки номусашон дар зери камари занонашон ё хохаронашон аст ва онхо худ нигахбон ва посбони он хастанд. Ба ин далел агар духтаре ё зане дур аз чашми онхо ишкварзи кунад, гумон мекунанд, ки номуси мардони хонаводаро барбод додааст ва ба ин тартиб рузи ин зан ё духтарро сиёх мекунанд. Таблиготи пушиши сатр дакикан аз хамин биниш сарчашма мегирад ва бархоста аз даврони чахолати араб аст, яъне замоне ки зан дарвокеъ мол ё коло буд ва дар бозор фурухта мешуд, навмусалмонхои араб ин чахолатро хама чо роич карданд.

Anonymous said...

Ташаккур ба чаноби Беном, барои он ки садхо миллион марди мусалмонро маризи равони ва сексуално озабоченний меномад!!!

Агар барои шумо тану чисми занону хохаронатон арзише надорад ва номуси шумо нест, ихтиер доред, вале лутфан ба зану хохарони дигархо сару кор надошта бошед.

Онхо хам ихтиер доранд, ки аз иффати зану хохаронашон химоя бикнуанд, ва шумо хам албатта ихтиер доред, ки ба зан ва е хохаратон бигуед ки кори худаш аст бо касе агар хоб меравад ва е хоб намеравад....

Anonymous said...

Ба Шахриёр,

Барои шумо тану чисми занону хохаронатон шояд арзиши бештаре аз шахсияти инсонии онхо дорад, вале аз нигохи ман озоди ва асолати инсонии онон мухиммтар ва гаронмоятар аст.

Шояд хамин арзишгузории шумо ба чисму тани занон аст, ки онхоро ба унвони коло дар ивази махрия ё чизхои дигар ба фуруш мегузоред?

Хамчунин шояд бахонаи хифзи иффати онон аст, ки бо чабран ба шавхар додани онхо дар тачовуз ба номусашон хамдасти мекунед?

Медонед, ки ба шавхари нохоста додани духтарон хам бар асоси мавозини хукуки "тачовуз" махсуб мешавад?

Дар як чомеъаи мутамаддин, зан молики нафси худ аст ва ихтиёр дорад хар мардеро дуст дорад ё ба шавхари интихоб кунад. Зеро зан хам баробари мард сохиби акл ва тавони тасмимгирии дуруст аст, ва медонад чиро\киро интихоб кунад ва чи\киро накунад.

Албатта дар чунин чомеъае зан ба рагми ончи дар мабонии исломи омадаст, нокисулъакл махсуб намешавад.

Ба хамин далел, дар чунин чомеъае ниёз ба хифзи иффат нест, зеро дар ин чо дарандагон зиндаги намекунанд ва тачовузе ба номус сурат намегирад.

Аммо дар чавомеъи кабилаиву ашоирии исломи, ки мардум маъмулан дарандаху хастанд, мардонаш дар холе ки номуси худро наметавонанд хифз кунанд, ба хифзи иффати занон лоф мезананд ва чи басо ки занонро курбонии васвасахои шайтонии худ месозанд ва худ хам беномусу беобру мемиранд.

Аз як зани русарипуш дар Омрико пурсиданд, чаро русари мепуши, бо ишора ба кутуби исломи гуфт, ки мехохад худашро аз дигарон ва дигаронро аз худаш хифз кунад.

Бубинед, агар як зан худро бо русари аз дигарон хифз кунад (зеро дигарон шояд вампир хастанд), ва дигаронро аз худаш (шояд худам хам хаминтур)пас давлат чи кор мекунад ва низом кучост ва конун барои чист? Ин дарвокеъ нишон медихад, ки чомеъаи исломи чигуна чомеъа аст!

D said...

Беноми гиромй,

Бехтар аст барои чилавгирй аз суитафохум номеро барои худ баргузинед, то аз "беном"-они дигар кобили тамйиз бошад.

Ин хакикат, ки бахси мо ба нохудогох ба хохару модар кашида шуд, дар холе ки зохиран касе аз чинси латиф дар он ширкат надорад, намунаи тасохуби зан тавассути мард аст. Мо худро сохибони хар чи зане дар хонавода хаст, медонем, ки ба назари ман, озурдани рухи вожаи "зан" аст. Ва аз суи дигар баёнгари хакикати дигарест, ки занони мо ба хадде саркуб шудаанд, ки нудратан ба васоиле чун Интернет дастрасй доранд ва агар доранд, ёрои тарху баррасии ин мавзуъро надоранд. Ба эхтимоли севум, дар ин маврид бетафовутанд ва рухияи чарехадори онхо тавони ламси мавзуъро гум кардааст.

Дар холе ки сухбат бар сари пушиши зан аст, танхо мардхо мехоханд ба чои онхо тасмим бигиранд, ки галати бузургест.

Ман таъкид мекунам, ки хаводори хич навъ пушиши хоссе нестам ва ихтиёр бояд ба таври сад дарсад бо худи занон бошад, бидуни кучактарин мудохила аз суи мард. Мард метавонад танхо дар сурате назар бидихад, ки аз у пурсида шавад. Хар касе бояд харими шахси худашро бишносад.

D said...

There is an interesting lecture by a Saudi Doctor how to beat your wife:

http://www.youtube.com/watch?v=Mg3LO4VYTxw

Anonymous said...

Беном!

Ое дар Куръон хондед е дар аходиси Пайгамбари Ислом, ки Ислом занхоро чабран ба шавхар медихад?

Кабл аз он ки динеро ки беш аз як миллирад пайрав дорад ба чуини иттихомоте ярлик задан аввалан онро бихонед, чигуна чизеро надониста мегуеду тухмат мекнуед? Е дар он чомеаи мутамаддини шумо тухмату ихонату тахкир кори оддист ва хакки инфиродист?

Ба самъи шумо бирасонам, ки Ислом хеч гуна муоширати чинсии марду занро кабул надорад илло дар доираи Никох. Никох бо розигии ХАРДУ тараф баста мешавад. Махр хамон кадаре дода мешавад ки зан хостагор бошад ва агар зан хохад онро мебахшад ва МАХР ин нишони хакки бештари зан дар ислом аз мард аст, зер зан бо он махри худ ва баъдан бо хар маблаге ки худ кор мекнуаду ба даст меорад хак дорад барои танхову танхо худаш сарф бикнуад ва хол он ки ин гуна хакро мардн адорад.

Дар Ислом хеч касе ичоза надорад касеро чабран ба шавхар бидихад,

Аммо ое дар он чомеаи мутамаддини Шумо кам тачовуз мешавад? Як бор аз окои Гугл рейп бипурсед, ку бубинед ки кучое бештар тачовуз мешавад.

Арзиши инфиродии инсон набояд мугойир ба арзишхои чомеа бошед, илло пас бигзоред нафаре ки хуйи куштор дорад бикшуад зеро ки хам хакки инфиродиро дорост ку? Пас ичоза бидихед хар касе хост херойин истеъмол бикунад, бо касе хост хуфтухоб бикунад ва хачойеву хар маконе ки хост.

Хамин гуна озодихоро хохонед, чаноби Беном?

Кабл аз навиштан, чаноб, сари худро зери оби хунук каме бигзоред то асабхоятон ором бигиранд, неврние клекти не восстанавливаются!

Anonymous said...

Доля женщин среди выпускников-ученых (в процентах):
Бахрейн 74
Бангладеш 24
Бруней 49
Киргизстан 64
Ливан 47
Катар 71
Турция 44

Для сравнения:
США 43
Япония 25

Одна из ученых-мусульманок Рехаб Иман, имеющая степень бакалавра в области архитектурного инжиниринга, а также степень магистра в области Шариата, утверждает, что именно исламские ценности дали ей побудительный мотив к достижениям в научной сфере. Причем те мужчины-мусульмане, которые находились рядом с Рехаб, не только не отговаривали ее от обучения, но и поощряли в стремлении к знаниям. «Моими лекторами были мужчины, моими помощниками были мужчины, моими спонсорами были мужчины. Все они верили в мой талант», - рассказывает Рехаб.

Если же мы обратимся к истории, то обнаружим, что мусульманки получили доступ к занятиям наукой гораздо раньше, чем женщины на Западе. Поэтому неудивительно, что в ряде стран их процент среди выпускников учебных заведений столь высок.

Однако, к сожалению, надо признать, что женщины в мусульманских странах сегодня все еще часто сталкиваются со сложностями на пути к образованию, которые, впрочем, не отличаются от тех препятствий, которые стоят перед представителями и представительницами других конфессий. В первую очередь, это бедность, политическая нестабильность, авторитаризм и зависимость от иностранных держав.

D said...

Шахриёри гиромй,

Намедонам аркоме, ки овардайи, аз кучост. Аммо, агар таваччух кардй, хич як аз он кишвархо исломй нест, бо ин ки аксарияти мардумашон бино ба омори расмй мусалмонанд. Бехтар аст ба кишвархое назар биандозй, ки ислом шеваи зиндагишонро дикта мекунад.

Pakistan:
By 1992, among people older than fifteen years of age, 22 percent of women were literate. (22 дарсади занони болои 15 сол бесаводанд, яъне хондану навиштан балад нестанд, чи бирасад ба тахсилоти олй).
http://countrystudies.us/pakistan/42.htm

Saudi Arabia is easy to criticize. Women cannot drive, work with men or travel without a man’s permission, and the religious police, though less assertive than they used to be, still harass women if they see the slightest bit of hair, arm or ankle. (Занон ичозаи ронандагй, кор бо мардон, сафар бидуни ичозаи мард… ро надоранд, то чанде пеш хам шиноснома надоштанд ва чузъи одамони он кишвар махсуб намешуданд).
http://www.saudi-us-relations.org/articles/2008/ioi/080109-fowler-oped.html

Далоил фаровон аст, агар бихохй ба дур аз пешдоварй нигох кунй.

Шаҳриёристон said...

Мухим низоми исломи ва е гайриисломи нест, Дориюш.

Масалан ба ман ба маротиб низоми ичтимоии Шурави писанд аст, зеро дар он такрибан кулли хамон ормонхои ичтимоии исломиро медидам.

Ба маротиб мухимтар он аст, ки зиндагии мардум мушкил набошад, хар кас на танхо хакк балки хамчунин имкони тахсил дошта бошад, агар мариз шуд аз харочоташ нахаросида назди табиб биравад, агар хамсояи кабирулмасабаш тахкираш кард тавониста бошад аз шарафи худ дар додгох химоя кунад, хавфи азияту шиканча дар пулис тахдидаш накунад, озодона агар русари хост таовниста бошад ки бипушад ва агар намоз хондан хост тавонад ки салот бигзорад,

Мутаассифона, дар кишвархои зиеде ва на танхо кишвархои исломи аз руи акоиди асрхои пеш колабгирифтаи худ кор мебаранд, ва дар кишвархои исломи хамин гуна хурофотро барои манофеъи худ истифода бурда ва исломро ба гунаи худ ва номатлуб ташрех мдеиханд.

D said...

Ин мавзуъ мустакиман бо низоми кишвар ва низоми ичтимоъи он марбур аст, Шахриёр. Вокеъияти дурусту пустканда ин аст, ки ислом занро камтар аз мард медонад ва барои зан хакки камтар коил аст. Дар ин кучактарин шакке нест ва сухбатхои охундхои саъудй, ки хама чо кобили дарёфт аст, ин иддаъоро ба нахви тарсноке таъйид мекунад.

Пас мазхаб дасташро бояд аз домони сиёсат пок бикашад канор. Ва хар кас мехохад русарй дошта бошад, бифармояд. Ва хар зане хам намехохад мастур бошад, у хам бифармояд. Андешаи вохид, агар хоким шуд, нахуст худашро табох мекунад, сипас чомеъаро. Хамон тавре ки кумунизм дар Шуравй ва ислом дар Эрон ин корро карданд. Шумори намозхонон, ки пеш аз инкилоб фаровон буд, акнун бисёр андак аст ва охундхо шикоят мекунанд, ки камтар аз 3 дарсади мусалмонони кишвар дар намозхои чумъа хозир мешаванд.

Як чомеъаро наметавонед дар як чорчуби акидатй тасаввур кунед ва фикри газофест. Озодии акидатй ин мушкилотро комилан хал хохад кард.

D said...

Зимнан, дар баргардони оморе, ки овардам, иштибохе сурат гирифта: дар вокеъ, танхо 22 дарсади занони Покистон босавод будаанд ва мобакй бесавод.

Anonymous said...

Ба Шахриёр:

Порахое аз оёти Куръон далолат бар ин мекунанд, ки зан гуломи халкабаргуши мард аст ва марди хона аст ки дар бораи сарнавишти занону духтарон тасмим мегирад.

Масалан Куръон ба мардон мегуяд, ки бо занони буараст издивоч накунед (2:221), ё бо заноне издивоч кунед, ки хубанд (4:3) вале дар мавриди занон намегуяд, ки бо мардони бутпараст издивоч накунед ё бо мардони хуб издивоч кунед, зеро шахсе ки издивоч мекунад, яъне барои издивоч тасмим мегирад, аз дидгохи Куръон ва ислом мард аст, на зан.

Дар порахое аз оёти дигар дар бораи занон гуфта мешавад, ки онхо бояд ФАРМОНБАРДОРИ шавхарон бошанд ва дар чунин сурате ба бихишт хоханд рафт, илло ба дузах сарнагун хоханд шуд.

Бехтар аст кабл аз касеро ба тухмат муттахам сохтан Куръонро бештар бихонед, аммо куркурона, дар хар хатти он бояд таъаммул кард.

Дуруст аст, ки ризояти зан барои никох гирифта мешавад, вале хар ойина уро ба шавхар медиханд (на ин ки худаш шавхар мекунад!) ва у хакки мухолифат надорад, зеро ба касе пушида нест, ки дарёфти ризояти зан барои никох дар ислом танхо формалность аст, на беш аз он. Дар никох албатта ризояти васи ё авлиёи зан хатмист, яъне зан бо ризояти дигарон ба шавхар дода мешавад, ва ин нишон медихад ки ки сарнавишти уро ракам мезанад. Занони нофармон албата хам азоби ин дунё ва хам азоби ун дунёро мекашанд, магар чунин нест?

Ба зан махрия барои он медиханд, ки уро коло мехисобанд ва киматашро мепардозанд. Хамин, дигаргуна тавзехи он, монанди гуё хакки бештар доштани зан аз мард, бемантик ва бемаъни аст.

Барои огохии бештар дар бораи зан ва ислом ба ин сойт таваччух кунед:

http://www.light-of-life.com/eng/reveal/

Anonymous said...

http://www.youtube.com/watch?v=L_o7QnKAmUs

Anonymous said...

Хеч гох тарчумаи Куръон ва хадисхоро барои ширкат дар чунин бахсхо аз бар накардам. Лозим намедонистам. Хануз хам лозим намедонам. Барои ман хамин ки чандзани аз руи ин китоб маъкул аст, кофист ки дигар пайи тавчехи одил набудани он нагардам. Дориюш ва беноми гироми низ дар боло далоили зиёд дар ин замина овардаанд.

Як, ду се ё чахорто зан бигир. (теъдоди занони паёмбарро нашумур, у хакки истиснои дорад!)

Як зан баробари ниме мард аст. (шояд манзурашон вазни ману Шварцнегер бошад?)

Хакки мероси мард ду баробари зан аст. (Бубахшед, ёдам рафт, мард будан чандум степень инвалидности хаст, ки имтиёз доранд?)

Зани «шахватпараст» бояд то марг дар хона махбус бимонад (Чаро якбора намекушедаш? Оо, ха! мани беакл! Чи тархи борикбин - Зани шахватпараст аст охир, он хам хамеша дар хона !!!)

Занхо заъифанд ва дар тахияи тархе очизанд (Дакикан, ин гуна тарххоро танхо мардхо метавонанд тахия кунанд!)

Назди занхо ва ё канизонат, ки моли туанд фурутан набош. (Фурутани ба чи даре мехурад, магар ин ки «тархе» дошта боши на?)

Занхои мусалмон ба мисли занони дигар нестанд, онхо набояд аз хона берун раванд. (Масалан...одамхуранд? куру кару гунгу нокис-ул-акланд ва ё мардхошон то хадде бегайратанд, ки онхо дар оташи шахват ба мардхои куча хамла мекунанд ва тачовузашон мекунанд?)

Марде ки гунох кардааст, дар дузах сарнагун мешавад ба хамрохи занонхои худ (Яъне чи, чаро? Какая разница, ки занхояш мукасири нестанд?! Раз сказали, значит так надо!)

Афроди боимон вориди боги ирами Оллох хоханд шуд, ки пур аз бокирахои чашмкалон аст. (Барои занхо чи? Сурприз-Сурприз!!!) - Дилам токат намекунад нагуям - ки хам дар ислом ва хам дар масехият ин кадар аз бокирахо таъкид ва таъриф мешавад, ки мусалламан хар ки он харфхоро навиштааст васвоси равонии бокирахоро доштааст.

Хамон хохар ва ё модаре хастам, ки фикр мекунед ниёз дорам аз иффати ман шумо посбони кунед. На хайр. Ташаккур. Агар дар миёни оборигенхо зиндаги мекардем ва хифозати чисмони бароям зарур мебуд, то маро тачовуз накунанд онгох ба шумоёни Шахриёр ва хамфикронаш мегуфтам, кори шумо мантикист. Аммо холо ман ва шумо дар асри 21 карор дорем. Мардхои мо харчанд хануз хам зиёданд, онхое, ки дар тахаюлашон хар руз то чанд занро тачовуз мекунанд, аммо дар кучахо ба хар сурат сирати одамиашонро пушида мегарданд. Дар хар сурат ман мувозиби худам хастам, ва агар зарур шуд барои ин масоил конун ва додгоххо вучуд доранд. Ман баробари шумо тахсил мекунам, кор мекунам, ноновар хастам ва бла-бла-бла, ки дар гузаштаи начандон дур, хакки мухтаси мардон буда. Умедворам, фаъолияти селлулхои магзи сари ман мавзуъи бахс набошад ё шояд сари компутар нишаставу ба дарсхои ибтидоии анатомия ниёз дорем? Надорем? Хеле хуб! Холо – фикр карда метавонам, эхсос мекунам, эхе чи чолиб нафс хам дорам! Дар хафта ду маротиба ба мардам бирасам барои саломати чисмони ва равониям иноят аст. Вагарна, зехнамро бо кор, чисмамро бо машк ва диламро бо шеъру охангхо машгул медорам ва эхсоси куни ((бубахшед)) касеро дар куча пучидан ба ман даст намедихад. Аклам ба мисли шумоён гохе нафсамро саришта мекунад, гохе не, агар гунох кардам, бародаронам обруяшонро дар багалам нагузоштаанд, ки резонам. Ва дакикан бародарам ва ё шавхарам аз паси ман равонаи дузах нахохад шуд. Не, ман мард барин худам танхо чавоб медихам. Ба касе тачовуз намекунам, ва хар марде хушкадду комат нафсамро бедор намекунад. Агар бедор хам кард «астагфуриллох!» хаст. Табиъист. (фикр накунед ман хурофоти нестам, хамаи мо парвардаи як сарзаминем). Аммо мушкили ман ин аст, ки мардхо то андозае заъиф хастанд, нафси худро контрол кунанд, ки хатто ин корро барояшон занхо бояд анчом диханд. Дар ин аст бартарии шумо? Танхо мушкили занон ин аст, ки мардхои шахватпараст намехоханд контроли фаъолияти бархе аз аъзои бадани худро ба даст гиранд? Бечорахо. Танхо фарки ман аз шумо ин аст, ки ман метавонам инсон ба дунё оварам, ки шумо аз ман зоида шавед. Аз хамон чое ки муштокаш хастед, ва хамзамон харомаш медонед. «Зан мукаддас аст, зеро ки модар аст»! Аз барои савоб бигзоред ин харфро!! То кай ба гуши ман мехохед ин сафсатаро бихонед? Пас чаро коидаи ман, бароятон харом будааст? Хамон коидае ки раванди таваллуди шумо ва ояндаи инсониятро фарохам мекунад? «Коидаи зан беморист, дар ин холат бо у хамхобаги накун, харом мешави!» Зан вакти коидааш харом аст! Бале, ёдат наравад пас аз хондани ин нома рафтаву дасту руятонро бишуред, зеро хамин алъон ман коида дорам ва шояд ин харфхзои ман бароятон харом бошад. Маро мукаддас надонед. Факат маро ба холам гузоред, ки нафас кашам, хар чое ки ба мисли шумоён бароям муносиб медонам. Мадраса, донишгох, масчид, диско, дузах! хамин кадараш кофист. Ман мукаддас нестам, ба мисли шумо нафс дорам. Коре ки ба шумо халоват мебахшад барои хар зане камтар халоватбахш нест, ба шароите. Аммо чаро инсонияти худро аз даст намедихад? Чаро зиндагиаш зери султаи ончи поин аз камараш хаст намегузарад? Инсон аз хайвон бо чи фарк мекунад? Агар бо нафси худ мисли фарзанди инсон бархурд карда наметавонед, пас хайвонед? Пас ки бартар аст мард ё зан? Хамон фохиша хам агар бозор надошта бошад, магар чаро баданашро ба фуруш гузорад? Чаро мардхоро дар кучахо намебинем, ки мини брук пушида занхоро тахрик кунанд? (упс ёдам рафт! агар карор бошад тахрик кунанд бехтараш сатр пушанд!) Занхо агар ин имконро дошта бошанд хам намехоханд бо марде бегона бихобанд, барои чанд соъат бадани мардро бихаранд! Зеро барои бештари занхо ончи чанд вачаб аз багал болост мухим аст. Инсон. Пас мебарояд, инсонияти зан болотар аст? Ва барои бештари мардхо баръакс... гуё эхсос надорад, зехн барояш мухим нест... Хайвон хам эхсос надорад, зехн надорад факат нафс дорад. Холо шумо хам хамон манзараро пеши чашм доред, ки ман дорам? Пас чаро як мард нисфи як зан будааст? Чаро хакки мерос барои зан нисфе аз он аст, ки барои фарзанди писар аст? Мехохед укдаи худро аз ин рох бароред, нокифоятии худро компенсация кунед? Ва аслан мехохам билохира гуям, ки бо вучуди камоли эхтиром барои эхсосоти мазхабии хамагон мутмаъинам, ки мазхабхои мухталиф дар замони худ рисолати худро доштанд ва анчом доданд, аммо Бачахо мо дар карни 21 зиндаги мекунем!!! Бо кадом тафаккур интизор доред, як зане ки худро эхтиром мекунад, шеваи зиндагиро, усул ва рафтору кирдорашро хубу бадашро бар мабнои навиштахои як мард, ва он хам бо тафаккури карни 6, ва хамоне ки худ истиснои 14 зан дошт (ё бештар?) месозад? Ба кадом далели маъкул? Ягон кас ба ин савол чавоб дихад бахош 5 !
Имони ман ин аст, ки Худо яктост ва будани ману шумо далели будани уст, на китобхое ки дар замонхое мухталиф мардхо зиракона аз номи у нигоштаанд. Каломи худованд инсофи ман хаст, на укдахои мардхо аз куруни вусто.

Як лахза, агар то инчо хондаву эхсоси норохати, шояд нафрат ва газаб шуморо фаро гирифтааст, барои саломати зарар дорад. Тирезаро боз кунед ва каме аз хавои карни бисту як нафас кашед, бояд кумак кунад. Накунад бароятон мутаасифам. Аммо бояд мураххас шавам.

Ташаккур Дориюш, барои фарохам кардани ин бахс, мардхои мо хануз ниёз доранд укдахояшонро матрах кунанд, гуянд. Ин укдахо ким-кай дар кишвархои пешрафта гуфта шуда ва касеро ба изтироб намеорад. Дар ин чо ин дониши ибтидоиро, ки гиряи мард аз дард ва охи зан аз лаззат табиъист, кудакон хам доранд.

D said...

Сипос аз номахо,

Беномони гиромй. Мусиррона хохиш мекунам аз рохи мехр барои худ номеро баргузинед ва хатто агар ба унвони Беном матлаб мегузоред, зери он нома имзое/тахаллусе бигзоред, то дучори суитафохум нашавем.

Беноми 2-гиромй. Пас аз хондани матлабатон хатман барои изхори назар боз хохам гашт.

D said...

Беноми охир, ки дарёфтам бонуи далере хастед. Сипос аз изхори назари бебокона. Ин дарвеш хидматкори озодагон аст.

abuanas said...

Салом ба ҳамаӣ дустон
Бародарони азиз ман баъд аз хондани номаҳоӣ шумо , хоҳиш мекунам ба ман иҷозат диҳед то каме таъқлиқоти худро дар ҳавли мавзуъ иброз кунам .
Пеш аз ҳама аз бародароне ки дар бораӣ ҳуқуқи зан ва ҳиҷоби у фикрҳоӣ худро менависанд хоҳиш мекунам ки аввал ба қурону суннати паӣғамбари ислом нигоҳ кунанд ки дар ин бора чи мегуянд сипас фикрҳоӣ худро баён кунанд чун ки баъзе бародарон суханҳое гуфтаанд ки агар дидаву дониста бошанд имони онҳо дар хатар аст .
Бародарони азиз ! ҳиҷобро мо мардон ба гардани занон маҷбури наовардаем ки, ҳарвақто ки дидем онҳоро аз ҳиҷоб хуш наомад аз кори кардаамон баргардему онҳоро иҷозат диҳем ки сари лучу тан бараҳна кунанд , балки ҳиҷоб мисли дигар ибодатҳо аз ҷониби Худованд ба сари занон фарз шудааст ,ҳамон Худое ки намозу рузаву ҳаҷу закоту дигар ибодатҳоро ба гардани бандаҳояш фарз гардонд, ана ҳамон Худо ҳиҷобро бароӣ занҳо фарз гардонд, ва занҳоро амр кард ки ҳиҷоб пушанд , бародарони азиз агар ҳар касе аз шумо ба Худо имон дошта бошед нагуед ки " ҳеҷ кас ҳақ надорад ки занро маҷбур кунад ки ҳиҷоб пушад " балки бояд бигуед ки ҳеҷ кас ҳақ надорад ки занро маҷбур кунад ки ҳиҷоб напушад ,чун ки ин эълони ҷанг бар зидди Худо мебошад чи хел инсон ва бо кадом ҷуръат амри Худоро рад мекунад ,
Аммо нисбат ба он занҳое ки мегуед дар зери ҳиҷоб ҷиноятҳо мекунанд , ин кор ба ҳиҷоб ҳеҷ рабте надорад ин гуна зан ба хотири ҷинояташ гуноҳ мегирад локин ба хотири ҳиҷобаш савоб хоҳад гирифт аммо зане ки ҳам ҳиҷоб намепушаду ва боз ҷиноятҳам мекунад ду гуноҳ мегирад аввал ба хотири бе ҳиҷоби дувум бароӣ ҷинояташ ,ва вақто ки инсон ҳиҷоб пушид ё ҳаҷ кард ё намоз хонд ин он маъноро надорад ки у набояд дигар дучори гуноҳ шавад эътиқоди мо мусалмонон инаст ки дучор шудани инсон ба ҳар гуноҳ мумкин аст ,аммо фарқи гунаҳкор аз дигар гунаҳкор дар ин аст ки кадоми аз онҳо аз гуноҳаш тавба мекунад .
Ва ин чунин бародар шумо шароити зиндагиро марбути ҳиҷоб кардаед ,ман ҳаӣронам ҳиҷоб ба шароит чи дахл дорад оё агар зан ҳиҷоб напушад ризқу рузияш зиёд мешавад? Баракс ҳар кас агар хоҳад ризқу рузияш зиёд шаваду зиндагияш саодатмандона гузарад бояд аз амри ризқ диҳанда руӣ нагардонад.

abuanas said...

Бародар агар ту заррае имон дошта боши бароӣ суханҳоӣ гуфтагият назди Худо тавба кун , чун ки ин суханҳоӣ ту соҳибашро аз миллати ислом берун мекунад .
Ту бо ин суханҳоят аввал таъна дар зоти Худованд мезани чун ки Худованд аст ки ҳиҷобро фарз гардонидааст на мардон. дувум дар шахсяти Паӣғамбар св чунки аввалин шахсе ки занҳояшро амри ба ҳиҷоб пуши кард у буд, пас ба гуфти ту у аз ҷумлаӣ касонест ки ту онҳоро суст камар мегуӣ, ин сухан куфр аст (ба Худо паноҳ мебарам аз ин сухан ) сеюм ба ҳар як шахсе ки мегуяд ман мусалмонаму номуси исломи дорам.
Чуноне ки шумо фикри шахсиятонро гуфтед, фикри шахсии ман инаст ки баракс инсони сусткамару бе номус касест ки наметавонад пеши роҳи занашро аз бараҳнаги дар пеши мардони бегона бигирад, бовар кунед ман аз нангу номуси чунин ҷавонмард ҳаӣронам чи гуна номуси мардии у мебардорад ки зан ё хоҳару модараш сари лучу ним бараҳнаӣ у ба шаҳру бозор рафта дигар мардон аз дидани нозукиҳоӣ у лаззат мебаранд, пас маълум мешавад ин зан сад фоӣз аз у набудааст шояд шаст ҳафтод фоӣзаш аз у бошаду боқи мондааш аз мардум

abuanas said...

Бародар мо мусалмонон занҳоямонро фақат ба хотири ин амр ба ҳиҷоб пуши мекунем ки Худованд ба ин амр кардааст, вақте ки шумо мегуед аз руӣ бе эътимоди занҳоро амр ба ҳиҷоб пуши мекунем пас оё вақто ки паӣғамбар св занҳояш ва занҳоӣ тамоми уматонашро амр ба ҳиҷоб пуши кард оё сабабаш ин буд ки аз занҳояш бовари надошт?бароӣ чи вақто ки Худованд амр ба ҳиҷоб пушидани занҳо кард нагуфт ки агар бовари надошта бошед онҳоро амр ба ҳиҷоб пуши кунед ва агар бовари дошта бошед ишколе надорад монед чихеле мехоҳанд либос пушидан гиранд. Бародар ту медони чи гуфта истодаӣ ,ин таънаӣ ту дар номуси паӣғамбару тамоми солиҳон аст.
Шумо бубинед 99 дар сади мушкилотҳову нобовариҳое ки дар муҷтамаъи мо руӣ медиҳад аз хонаводаҳое сар мезанад ки на қонуни ҳиҷобро муроот мекунанду на дигар қавонини шариъатро ,оё дар кучае ё павароте дидаед ки ҳиҷобдоре мошинҳоро манъ карда танфуруши кунад , ман намегуям ки зане ки ҳиҷоб пушид у аз тамоми гуноҳ пок шуда дигар дучори гуноҳ намешавад, балки шояд ҳиҷобдоре ёфт шавад ки ҷиноят кунад локин дар баробарии бе ҳиҷобоне ки ҷомеаӣ мо 97 фисадаӣ мусалмонро фасод карда истодаанд , як дар садро дар бар намегирад.

abuanas said...

Бародар мо мусалмонон занҳоямонро фақат ба хотири ин амр ба ҳиҷоб пуши мекунем ки Худованд ба ин амр кардааст, вақте ки шумо мегуед аз руӣ бе эътимоди занҳоро амр ба ҳиҷоб пуши мекунем пас оё вақто ки паӣғамбар св занҳояш ва занҳоӣ тамоми уматонашро амр ба ҳиҷоб пуши кард оё сабабаш ин буд ки аз занҳояш бовари надошт?бароӣ чи вақто ки Худованд амр ба ҳиҷоб пушидани занҳо кард нагуфт ки агар бовари надошта бошед онҳоро амр ба ҳиҷоб пуши кунед ва агар бовари дошта бошед ишколе надорад монед чихеле мехоҳанд либос пушидан гиранд. Бародар ту медони чи гуфта истодаӣ ,ин таънаӣ ту дар номуси паӣғамбару тамоми солиҳон аст.
Шумо бубинед 99 дар сади мушкилотҳову нобовариҳое ки дар муҷтамаъи мо руӣ медиҳад аз хонаводаҳое сар мезанад ки на қонуни ҳиҷобро муроот мекунанду на дигар қавонини шариъатро ,оё дар кучае ё павароте дидаед ки ҳиҷобдоре мошинҳоро манъ карда танфуруши кунад , ман намегуям ки зане ки ҳиҷоб пушид у аз тамоми гуноҳ пок шуда дигар дучори гуноҳ намешавад, балки шояд ҳиҷобдоре ёфт шавад ки ҷиноят кунад локин дар баробарии бе ҳиҷобоне ки ҷомеаӣ мо 97 фисадаӣ мусалмонро фасод карда истодаанд , як дар садро дар бар намегирад.

abuanas said...

Бародари азиз шумо истилоҳҳоӣ “мударози аклкутох” ва ё “дарахти макри зан сад реша дорад” ин суханҳоро ба ислом нисбат надиҳед, мақому манзилате ки ислом бароӣ зан таъин кардааст, зан аз аввали паӣдоишаш то зуҳури ислом чунин мақому манзилатро надида буд, мо мусалмонон хело далилҳоӣ зиёде дорем ки ровиёнашон занҳо мебошанд , аз ҷумла ҳазрати Оӣша яке аз устодоне буд ки аз таги дасташ чандин уламоҳо мутахариҷ шудаанд .
Бародари азиз баробар кардани занро бо мард ин як бузург тарин зулмест дар ҳақи зан, чигуна ту як ҷинси латиферо баробар ба як ҷинси боқувват мекуни , вақто ки зану мардро баробар карди пас бояд чигунае ки мард аз паӣ ризқу рузи мешавад ва таҳамули корҳоӣ сахтро мекунад ба хотири ин ки як луқма нон паӣдо карда дар даҳони зану фарзандонаш монад ,ана ҳамин хел бояд зан аз паӣ ризқу рузи шавад ва хароҷоти зиндагиро бояд ду тақсим кунанд, ин чунин вақто ки мард аз кор баргашт бояд зан ба кор равад , чун ки онҳо наметавонанд ҳарду дар як вақт кор кунанд ба хотири ин ки бояд фарзандонро бо навбат нигоҳубин кунанд ку , ин чунин агар мехоҳед зану мардро баробар кунед пас занҳам бояд мисли мард ду сол хидмати аскари кунад , бояд зан мисли мард гаӣ шуда шабу руз дар пост мисли мардҳо истад ,мисли мард бояд ба ҷанг равад ,мисли мард бояд ба Расия кор куни равад, мисли мард бояд аробакаш шавад, ин чунин мард бояд мисли зан тифли ширхораашро сина дода шир диҳад,
Пас кадом вақт зану мард ҳамдигарро медида бошанд , пас кадом вақт мард аз дасти занаш таоми гарм мехурда бошад . мисолҳо дар ин бора хело зиёд аст .
Бародари азиз оё чунин қонуни баробари бо ақли ту мувофиқ меоянд?.
Аммо дар муқобил бубинед исломи азиз чи мегуяд , зан ,аз рузи тавалудаш то ба шавҳар баромаданаш кафолату нафақаӣ у ба гардани падару бародаронаш мебошад ва ба гардани падару бародаронаш воҷиб аст ки уро бихуронанду бипушонанду нигоҳу бин кунанд ва падару бародаронаш ҳақ надоранд ки аз пулу моле ки ин зан дорад бигиранд ва зан ҳақ дорад ки аз пулу моли бародаронаш истифода барад,ва дар ихтиёр кардани шавҳараш ҳақи комил дорад касеро интихоб кунад , ва вақто ки ба хонаӣ шавҳараш меояд тамоми нафақаву хурду хуроку пушоку хонаву дараш дар гардани шавҳар мегардад ва ҳатто ислом иҷозат медиҳад ки зан ҳақ дорад ки аз шир додану нигоҳу бин кардани фарзандаш аз шавҳараш маош гирад ва ислом бароӣ мард ҷоӣз намедонад ки чизе аз пулу моли занашро бигирад магар бо иҷозаташ локин ба зан иҷозат медиҳад ки аз пулу моли шавҳараш истифода кунад , ислом ба зан чунин ҳуқуқ додааст агар панҷ вақт намозашро хонад рузаашро гирад пули зиёд дошта бошад закоташро диҳад зураш расад ҳаҷ кунад ва шавҳарашро рози созад метавонад 24 соъат бихураду хоб кунад ,ва дар охират чунин занро аз ҳашт дари биҳишт садо мекунанд ки биё аз ин дари биҳишт бидаро.
Бародарони азиз оё дар ягон дин ё равияе дидаед ки бароӣ зан чунин ҳуқуқро қоӣл бошад?

abuanas said...

анонумовс ту оё медони ки аз куҷо паӣдо шудаӣ? оё медони ки рузе аз рузҳо ҷоят куҷо мешавад?
паӣдоиши ту ва ҳамчунин мо аз як оби палид аст, ва ҷоӣ мо фардо зери хокест ки хуроки кирмҳо мешавем аз буӣ ҷасади мо хок фосид мешавад ту бо кадом қадру қимату манзилатат ба қурон китоби Худо масхара карда истодаӣ?

D said...

Абуанноси гиромй,

Сипос, ки ба худат захмат додй ва дар мавзуъи зан назар додй. Вале эй кош ту як зан будй ва мо аз ту мехостем, ки аз тачрубиётат бигуйи ва аз дидгохат дар бораи худат дифоъ кунй.

Дар миёни мубохисони ин бахс як бону назарашро ба таври лухту пустканда дар миён гузошт, ки хар гуше тоби шуниданашро надорад. Лубби гуфтахои у ин аст, ки «зан хам инсон аст». Агар ба ин хакикат бовар дорй, бояд ба суханони у арч бигзорй.

Кулли бахс бар мабнои Куръону аходис сурат гирифтааст ва бепоя нест. Метавонй ба намунахое, ки дастикам аз суи ду мубохис аз Куръону аходис омадааст, таваччух кунй.

Тафовути тафаккури ту бо мо ин аст, ки ту талош мекунй танхо аз манзари танги як мазхаб ба ин мавзуъ бингарй ва бар мабнои он занро ба монанди хар шайъе моли мард медонй. Зан аз диди ту як чизи кобили хариду фуруш ва нигахдорист. Чахони имрузй ин диди туро вопасмонда ва омили вопасмондагй медонад.

Намедонам, хабар дорй ё на, ки 80 олими исломи Туркия дакикан барои халли хамин масоили зидду накиз тадорук мебинанд бархе аз усули ислом ва аходисро ислох кунанд. Ба бовари онхо, бархе аз аходисе, ки марбут ба зан аст, ба 14 сада пеш бармегардад ва бо чахони имруз созгор нест ва бояд мансух шавад. Чаро ки дунё мутаассифона ё хушбахтона дар як нукта намемонад ва хай дар холи чархидан аст ва вокеъиятхои он наметавонад бо вокеъиятхои 14 сада пеш хамсон бимонад. Вагарна хабаре аз пешрафт нахохад буд. Пас ичбору пофишорй дар риъояти хичоб дигар кори ману ту нест. Ихтиёр комилан бо занон аст. Зан дакикан мисли ту як инсон аст ва эхтимолан намехохад бандии фармудахои шумо бошад ва ба асри торикй баргардад. Хамон тавре ки гуфта шуд, зан хам дар хадди ту, ки худро бартар аз у медонй, аз аклу фаросати кофй бархурдор аст ва то кунун шохиде надорем, ки бигуем, агар зан аз дасти мард даррафт, хатман лухту барахна мешавад. Чунин нашудааст. Боз хам ба такрор мегуям: Хеч кас хакки тахмили хичоб бар занро надорад ва хеч кас хакки тахмили либоси фарангиро хам бар у надорад. Хохарону модаронро ин кадр озор надихед ва мардона даст аз сарашон бардоред. Бино ба арзишхои башарй, азияти зан, ки мегуйи нотавону камкувваттар аз мард аст, кори палидтарини номардон аст, ки бо зан зурозмойи мекунад.

Абуанноси гиромй. Лутфан ба унвони фиристодаи Худованд хукм нафармо ва сухбатхоятро бар мабнои хакоику далоили санчидашуда бигу. Мегуйи, заноне, ки зери хичобанд, саъодатманданд. Бароям баршумор, ки Афгонистони ахди Толибон чанд занро саъодатманд кард? Бигу, ки дар Арабистони Саъудй кадом зан худро саъодатманд медонад ва то чи хад? Ту оё мехохй чунин як зиндагй бар сари модарону хохарони мо тахмил шавад? Бино бар арзишхои башарй, ин тарзи тафаккур чиноят ва гунохи азим аст. Кучактарин хакке барои ин кор надорй, хатто дар хонаи худат. Ва агар ин корро мекунй, бидон, ки дорй табахкорй мекунй. Бо ин андеша ху бигир, ки зане, ки туро ба дунё оварда, моли падарат набуда, балки модари туст. Зане, ки зиндагиашро бо ту кисмат мекунад, моли ту нест, балки хамсари туст ва ба хамон андоза ту хамсари у хастй. Ва хохаронат замоне ба химоятат ниёз доранд, ки озор бибинанд. Агар шавхараш хохаратро зад, бояд дасти шавхарашро бишканй ва фикр накунй, ки чун хохарат МОЛи у шуда, дигар хакке ба изхори назар дар бораи зиндагии уро надорй. Аз ин рох мардонагиатро нишон бидех. Чодар андохтан ба сари зане, ки таслими иродаи ту шуда ва ниёзманди туст, кори сахте нест ва мардонагй намехохад. Нахуст бояд аз худи у бипурсй, ки чи мехохад. Аз хохару модарат мардонавор дифоъ кун.

Барои чи ту хамеша бояд аз дасти хамсарат гизои гарм бихурй? У хамсарат аст ё канизат? Чаро у аз дасти ту харгиз гизои гарм нахурад? Таксимоти вазифае, ки байни зану мард анчом додайи, моли чавомеъи ибтидойист. Лутфан ба атроф ва фаротар аз атрофат нигох кун ва бибин, дар дунё чи мегузарад. Кадом кишвар имруз харфи аввалро мезанад ва чаро? Оё ин бахсхои ибтидойи оё он чо хам сурат мегирад ё пушти сар шуда?

Ва саранчом, ба унвони як инсони муъмин аз ту самимона мехохам, ки боваратро барои худат нигах дорй ва садои истибдодро баланд накунй. Тасаввурат хам ин набошад, ки хама бояд мисли ту биандешанд. Чун харгиз чунин набуда ва нахохад буд. Ва аслан мантике дар ин нахваи биниш намебинам.

Anonymous said...

Абу Анаси гироми.

Хеле муташаккирам аз ту ки ба ин бахс омади ва вакт ва неруи худро сарфи кори савоб мекуни.

Аммо лутфан хини бахс мардумро аз азоби киемату Худо тарс мадех, зеро хатми нест, ки хамаи ширкатдорони ин бахс мусалмон бошанд ва ба Куръони Карим бовар дошта бошанд. Бояд инро бипазирем, ки ин хакки онхост ки чи динеро пайрави бикунанд.

Ману ту ва дигар бародарон бояд ин чо талош бикнуем то нишон бидихем ки тасаввури мардум ки Ислом хеч хаккеро барои зан коил нест, иштибох аст. Мо бояд талош бикунем то нишон бидихем, ки Ислом барои зан сабукихое овардааст.

Толибон наметавонанд мисоли Ислом бишаванд, чаро мо ба Миср нанигарем? Дар Миср будам ва медидам ки бештар аз нисфи мошинхоро дар чодахо занхо меронданд, ба истилохи навчавонони Душанбе мошинхои "девонашай" яъне зебову гаронбахо ва бад аст ки он занхо муйхои сари худро ба намоиш намегузоранд? Бубинед, агар он зани ронанда зебогии худро ба намоши бигзорад метавонад боиси парешонии мардони ронанда ва садамахо бигардад хамин тавр нест магар?

Гуфтед, мо аз нигохи мардон сухбат мекнуем, бонувони чавони хеле зиедеро медонам дар хамин Душанбе ки дар хорич хам тахсил кардаанд ва холо дар Душанбе хичоб ба сар мекнуанд.

Чавонони зиеди точикро дидаам ки дар Амрикову Аврупо солхо зиндаги карда ва пас аз бозгашт ба ватан барои издивоч зани мухаччаба хостаанд.

Наход онхо ва садхо миллион марди мусалмони дигар ки тарчех медиханд то хамсарашу хохараш хичоб пушанд, сусткамаранд?

Вокеан, аз хамаги иштирокдорони ин бахс хохиш дорам, ки як саре зананд ба блоги банда ва он чо к слайдшоу дар мавзуъи матрахро бубинанд.

Anonymous said...

Вокеан, на мо мардхо хичобро бар занон тахмил кардаем. Балки ихтиери худи онхост.

Шахсан ман танхо назарамро гуфтам ки дуст медорам зан агар мухаччаба бошад. Ва дигар ихтиери зан аст ки чи либосеро ба бар ва сар кунад.

Ва аммо намегузорам ки агар он зан хичобро ихтиер кард, касе уро тангназар ва акибмонда ва амсоли ин бигуяд. Хакки зан ба хичобро арч бигзоред, лутфан!

Anonymous said...

Бо ичозаи Шумо 1-2 харфи дигар изофа бикунам.

Мегуед, Ислом ва назари мусалмонона занро мол карор дода. Аммо ое фикр намекунед, ки зан имруз дар Гарб бештарба коло табдил ефта? Занхоро чи гуна дар борделхо мефурушанд садхову садхоро, дар рекламахо, ТВ ва мачаллахо аз зебогии у истифоад мебаранд ое ин хам нишони суиистифода аз латофати зан нест?

Чаро дар хамон Гарб хам аксаран занхоро чун секретарша ба кор мгеиранд ва ба ишкварзи водор кардани секретаршахо латоифи зиедеро хам ба дуне овардааст?

Ое касе дуст хохад дошт, ки писарбачаи хамсояяш шом дараш бикубад ва бигуяд ки мехохад духтари 14-15 солаашро ба дискотека бибарад ва шаб дер хоханд омад? Магар бад аст агар духтари тинейчератро нагзори ки шабхо бо чавонписари бегона сайругашт бикунад?

Anonymous said...

В Нидерландах официально разрешили заниматься сексом в парках

http://newsru.com/world/11mar2008/makelove.html

Венерологи опасаются за здоровье молодых американок

http://news.bbc.co.uk/hi/russian/international/newsid_7291000/7291157.stm

D said...

Окоён, зохиран шумо мутаваччех набудед, ки дар ин миён як бонуи точик изхори назар кард, боз хам мегуям. Лухту пустканда. Чаро руи сухбати хич яки шумо бо у нест? Ба назари ман, у ба пурсишхои шумо посуххои обдор ва кубандае дод. Агар занро хамтои худ медонед, лутфан ба эътирози у гуш ва посух дихед.



Шахриёри гиромй. Миср Чумхурии Исломй нест. Чумхурии Миср аст ва шариъати исломй дар он кишвар хоким нест. Аз ин ру касе онро ба унвони як кишвари исломй намуна намеоварад. Он ба монанди Точикистон як кишвари умдатан мусалмон аст, андаке пуррангтар, албатта.

Толибон буд, ки бо номи Аморати исломй муддаъй буд, ки исломи ноби мухаммадиро пиёда кардааст ва тамоми тасмимхои худро бар мабнои оёти Куръон ва аходис тавчех мекард. Дар холи хозир Арабистони Саъудй бехтарин намунаи як кишвари исломист, ки шариъат бар зиндагии якояки мардуми он хоким аст. Агар намуна меоварй, лутфан аз ин кишвар биёр, ки бибинем, авзоъ аз чи карор аст. Зан дар он кишвар такрибан чузъи навъи башар нест.

Бо бонувони зиёде, ки аз хорич омадаанду бо ихтиёри худ хичобй шудаанд (агар вокеъан ин тавр аст), харфе надорам. Такрор зохиран ногузир аст: ихтиёр бо худи онхост, чун бадан аз онхост. Вале ман то кунун худи онхоро надидаам, ки назарашонро бишнавам ва бибинам хакикат аз чи карор аст.
Чавонон (агар манзурат мардони чавонанд)-ро Гарб тагйир намедихад. Басо касо, ки даххо сол дар Фаранг зиндагй мекунанд, аммо хар руз сарусадову даъвову бизан бикубаш бо хамсарашро мешунавй. Чун фархангашро бо худаш дар кулбор овардаву дар кишваре дигар пахн карда. Аммо дар Фаранг давлат бо ин навъ афрод ба унвони чинояткор ё дастикам мучрим бархурд мекунад. Покистонихои зиёде хастанд, ки дар Ландан ба катли номусии духтаронашон муттахам ва зиндонй шудаанд. Ин мардхо бо тасаввури ин ки духтар МОЛи онхост, ба хотири ишки духтаронашон ба мардони бегона онхоро куштаанд. Худо, ки мехрубон аст, наметавонад аз ин навъ номардон дифоъ кунад.

Ман бо Беноми нахуст мувофикам, ки мардоне, ки занонашонро биличбор мухаччаба мекунанд, сусткамаранд ва тарсу. Магар ин ки худи зан онро интихоб карда бошад. Танхо мавриди дуввумро марбут ба бовари он хонум медонам ва ба он эхтиром мегузорам, аммо истибдоди мардро наметавон ба хукми бовари шахсии у гузошт. Чун он зани мавриди ситам шахси худи у нест. Он як инсони дигар аст, бо хамон хукуки башарие, ки он мард барои худ коил аст.

Албатта, ту комилан мухторй, ки духтари мухаччабаро биписандй. Ин зоикаи туст. Ба хусус агар худат дар тахмили он даст надошта бошй. Аммо хар навъ накзи хукуки зан ва ичбору дахолат дар тарзи пушиши у накухида аст. То кунун ман хатто дар як маврид занони мухаччабаро тангназар наномидаам. Тангназар мардоне хастанд, ки онхоро ба ин хол овардаанд.

Он чи аз Гарб ва ишратхонахои ин чо мегуйи, чизи истиснойи ва мухтасси Гарб нест. Танфурушй аз кадим-ул-айём по ба пои навъи башарият то ба даврони мо расида ва мо хич кишвареро дар чахон наметавонем намуна биоварем, ки кадимитарин хирфаро надошта бошад. Чаро ин кадр дур биравему аз Гарб сухбат кунем? Бештари занону духтарони точик магар ба Гарб кочок мешаванд? На. Ба кишвари багалдастй – Амороти Муттахидаи Араб, ки иттифокан як кишвари мусалмон аст. Дубай аз марокизи чахонии санъати секс ва танфурушист. Пас ин амр вижаи Бохтарзамин нест. Кутохии мухолифони озодй дар ситеза бо Гарб боъис шуда, ки ин мавридро барчаста кунанд. Ва худи Гарб низ ки нисбатан бозтар аз кишвархои Шарк аст, ин мавзуъро пинхон намедорад ва пайваста дар борааш мегуяду менависад. Дар холе ки Шарк харгиз бидуни ишратхона набудааст ва нахустин харамсарохо ба маънии дакики калима дар коххои шохони мусалмон шакл гирифтанд. Ва вожаи арабии «харам» бад ин гуна вориди забонхои фарангй шуд. Ва хатто дар Чумхурии Исломии Эрон ишратхонахои расмй вучуд дорад, бо номи «Хонахои ифоф» (хонахои покй). Аммо то кучо ин мавзуъ пушиши хабарй дорад? Хич.
Ба хар хол, кавонини пешрафтаи чахонй ба касе ичоза намедихад, ки бо инсоне дигар ба унвони коло бархурд кунад, дар холе ки дар фарханги мо ин навъ бархурд бо зан роич аст.
Дар мавриди мисоле, ки овардайи. Духтари 14-15 сола бино ба кавонини башарй хануз ба синни балогати расмй нарасидааст. Аз ин ру наметавон ичоза дод у то дервакти шаб дар диску ё чое дигар бошад. Яъне конун шуморо мачбур мекунад, ки уро то синни булуг парвариш дихед ва дар ташаккули шахсияти у накш дошта бошед. Бар хилофи духтароне, ки аз садри ислом то кунун дар даврони кудакй ба мардхои ба маротиб бузургтар аз худ дода шуданду мешаванд. Чун духтар аз нахустин рузи таваллудаш барои онхо ба унвони мошини айшу ишрату тавлиди мисл ва канизак матрах аст, на хамнавъи худи онхо.

Ба умеди озодии занон аз зулму ситам, ки заминасози пешрафти миллат хохад шуд.

АбуАнас said...

Бародарони азиз ман бароӣ шумо чанд намунае аз ҳуқуқи зан пеш аз ислом ва баъд аз ислом меорам,
1: Иғриқиҳо пеш аз ислом чунин ақида доштанд ки ,зан мисли як дарахти малъунест, ва яке аз палидиҳоӣ шаӣтон аст, мисли дигар матоъҳо харидаву фурухта мешавад .
2: Румиҳо мегуфтанд:зан аслан руҳ надорад,ва яке аз тариқаҳоӣ азоб доданаш, инаст ки дар сараш равғани ҷушондаги бирезанд ? ва бо аспҳо то мурданаш лагаткуб кунанд.
3 : ва Хитоӣҳо гуфтанд ки зан мисли оби палиде ҳаст ки саодатро мешуяд ва бароӣ Хитоӣ ҳақ дода буданд ки занашро зинда ба гур кунад , ва агар шавҳараш мурд хонаводаӣ шавҳар метавонад занашро мирос баранд.
4 :ҳиндуҳо мегуфтанд зан дар бади аз маргу дузахту заҳру оташ ҳеҷ ками надорад, ва баъд аз мурдани шавҳар зан ҳақи зиндагиро надорад,ва бояд бо шавҳараш оташ зада шавад.
5: ва дар назди Форс иҷозат буд ки мард бо хоҳар ё апа ё модари худ ё духтари худ шавҳари кунад,ва бароӣ форсизабон иҷозат буд ки занашро ба марг ҳукм кунад .
6: ва Яҳудиҳо мегуянд зан лаънатаст чун ки мардро фирефтаӣ худ мекунад,ва у дар ҳолати ҳаӣзаш наҷас аст ва набояд ба у наздик шуд,ва бароӣ падараш иҷозат аст ки уро бифурушад .
7: ва дар назди Араб занро то дараҷаӣ марг бад медиданд ки уро зинда ба зинда гур мекарданд.
Аммо вақто ки нури ислом паӣдо шуд бароӣ зан чи ҳуқуқ дод.
Ислом омаду гуфт : чихеле ки Худованд мефармояд: "وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوف".. [البقرة : 228]
Яъне : барои занон ҳуқуқе шоиста аст, ҳамонанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост
Ислом омаду гуфт:
"وَعَاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ َإِن كَرِهْتُمُوهُنَّ فَعَسَى أَن تَكْرَهُواْ شَيْئاً وَيَجْعَلَ اللّهُ فِيهِ خَيْراً كَثِيراً [النساء : 19] "
яъне : Ва бо онон ба некӯӣ рафтор кунед. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизҳо, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад.
Ислом омаду гуфт:
"وَمَتِّعُوهُنَّ عَلَى الْمُوسِعِ قَدَرُهُ وَعَلَى الْمُقْتِرِ قَدَرُهُ مَتَاعاً بِالْمَعْرُوفِ حَقّاً عَلَى الْمُحْسِنِينَ [البقرة : 236] "
Яъне онҳоро ба чизе баҳраманд созед: тавонгар ба қадри тавонаш ва дарвеш ба қадри тавонаш. Ин корест шоистаи некӯкорон.
Ислом омаду гуфт
((ٍ وَعَاشِــــــــــــــــرُوهُــنَّ بِالْمَعْــــــــــــــــــــرُوفِ))
Яъне бо занҳо муоширати нек кунед
Ислом омаду гуфт
تُضَــــــــارُّوهُنَّ لِتُضـــــَيِّقُــوا عَلَيْهِــــــــــــنّ وَلا
Яъне ба занҳо зараре нарасонед ба хотири маҷбур кардани онҳо ба чизе.
Ислом омаду гуфт
وَآتُوهُـــــمْ مِنْ مَالِ اللَّهِ الَّذِي آتَاكُــــــــــــــــــم
Яъне аз моле ки Худо бароӣ шумо додааст ба занҳо бидиҳед.
Ислом омаду гуфт:
"وَلِلنِّسَاءِ نَصِيبٌ مِمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالأَقْرَبُونَ".. [النساء : 7]
яъне аз он чӣ падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, чӣ андак ва чӣ бисёр занонро низ насибест
Ислом омаду гуфт: бубинед дустон ҳатто дар талоқ додан исломи азиз чи ҳукми зебое кардааст.
Худованд мегуяд:
حتى في الطلاق جاء الإسلام ليقول " الطَّلاَقُ مَرَّتَانِ فَإِمْسَاكٌ بِمَعْرُوفٍ أَوْ تَسْرِيحٌ بِإِحْسَانٍ وَلاَ يَحِلُّ لَكُمْ أَن تَأْخُذُواْ مِمَّا آتَيْتُمُوهُنَّ شَيْئاً ".. [البقرة : 229]
Яъне талоқ ду бор аст ва аз он пас ё ба некӯ тарзе нигаҳ доштани ӯст ё ба некӯ тарзе раҳо сохтанаш. Ва ҳалол нест, ки аз он чӣ ба занон додаед, чизе бозситонед,
Ин чунин ислом ба онҳое ки занҳоро тумат мекунанд 80 дурра уқубат додааст чихеле ки Худованд мефармояд:
وَالَّذِينَ يَرْمُونَ الْمُحْصَنَاتِ ثُمَّ لَمْ يَأْتُوا بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ فَاجْلِدُوهُمْ ثَمَانِينَ جَلْدَة ً
Акнун бародарони азиз ин баъе оятҳое ки дар бораӣ манзилати зан буданд ,биёед бубинем ки паӣғамбари ислом св дар ин бора чи мегуяд : аз паӣғамбар св пурсиданд , аз ҳама дар дунё киро зиёд дуст медори ? дар ҷавоб гуфт Оӣшаро (занашро).
Дар дигар ҳадисаш мегуяд : занҳову мардҳо аз як падару модаранд .
Дар дигар ҳадисаш мегуяд ман аз ин дунё аз ҳама зиёд зану хушбуӣро дуст медорам.
Дар дигар ҳадисаш мегуяд:беҳтарини шумо касест ки бо занаш рафтори хуб кунад ва ман бо занам рафтори хуб мекунам.
Дар дигар ҳадисаш мегуяд :бароӣ шумо воҷиб аст ки занҳоятонро бихуронеду бипушонед .
Дар дигар ҳадисаш магуяд:беҳтарин пул ҳамон пуле аст ки дар оӣлаат сарфаш мекуни.
Дар дигар ҳадисаш мегуяд :беҳтарини саодатманди фарзанди Одам касест ки зани солиҳа дошта бошад.
Дар дигар ҳадисаш мегуяд :ҷоӣз нест занеро ба зани гирифтан магар ин ки у рози бошад.
дар дигар ҳадис омадааст ки аз паӣғамбар св ҷавоне пурсид ки эӣ расули Худо ман беҳтарин муомилаамро бо ки кунам ? дар ҷавоб гуфт бо модарат, ҷавон боз пурсид, боз бо ки кунам, паӣғамбар св боз гуфт бо модарат, ҷавон боз пурсид боз бо ки кунам, паӣғамбар св гуфт боз бо модарат, ҷавон боз пурсид боз бо ки кунам паӣғамбар св ин дафъа гуфт бо падарат.
дар дигар ҳадис паӣғамбар св мегуяд: ҷаннат зири поӣ модарон аст.

АбуАнас said...

Акнун бародарони азиз биёед бубинем занҳое ки баъзе бародарон даъво доранд ки онҳо озоданд мисли занҳоӣ Ғарб чи ҳол доранд , ба фикри ман онҳо озод неву аз озоди озоданд ,
Зани Ғарби аз рузе ки ба балоғат мерасад аз хона пеш карда мешавад ва ба аввалин чизе ки рупару мешавад инаст ки ба номусаш таҷовуз мекунанд дувум ин ки худаш бояд аз паӣ зиндагияш шавад ва чи коре ки намекунад бояд рузашро гузаронад .
Колеҷи (зан) диросоти баӣни давлати ки мақарраш дар Испаня дар шаҳри Мадрид мебошад дар борӣ ҳолати зани Ғарби чанд сол пеш тақрире пешкаш кардааст дар он тақрир ҳоли зани Ғарбиро хоссатан Амрикову Испаняро диросат гузаронидаанд ки дар тақрирашон чунин омадааст.
Якум Испаня.
Соли 1990 м аз 130 ҳазор зан шикоят шудааст ки ба номуси онҳо таҷовуз кардаанд ва онҳоро то дараҷаӣ қариби мурдан лату куб карданд .
Дар соли 1997м адади шикоятҳоӣ эътидоӣ ҷинси ба 540 ҳазор шикоят расид.
Дувум Америка
Соли 1995 м адади ҷиноятҳоӣ таҷовуз ба номус ба 82 ҳазор ҷарима расид , 80% ин ҷаримаҳо миёни дустону оӣлаҳо буд ,аммо пулис мегуяд ки рақами ҳақиқи 35 баробар зиёд аст .
Соли 1997м ҷамъиятҳоӣ ҳуқуқи зан эълон карданд ки дар ҳар як ШАШ соня як занро дар амрико таҷовуз мекунанд , ва ин чунин дар ҳамин сол 6 милён зан аз муомилаӣ бади мардон шикоят карданд ,70% занон аз лату куб кардани шадиди мардон шикоят карданд ,4 ҳазор зан дар як сол аз сабаби лату куб мемиранд ,
Фақат дар соли 1995м даромади публични домҳо (қанчуқ хонаҳо) ба 2500 милён доллар расида буд.
Бародарони азиз бовар кунед дар назди ман хело тақрирҳоӣ зиёде ҳаст ки ҳоли занҳоӣ ғарбро баён мекунад локин ба сабаби зиёд тулони нашудани сухан ман онҳоро зикр накардам , хулосаӣ гап тамоми ин мушкилотҳое ки ба сари занон меояд ба сабаби бе ҳиҷоби аст ,худи шумо бубинед бародарон дар куҷо духтари ҳиҷобпуш ба таҷовуз ру бару шудааст ,шояд якто нимто бошад локин 99% таҷовуз шудагон духтарони беҳиҷобанд .

АбуАнас said...

Ман аз баъзе бародарон ҳаӣронам ки мегуянд дини ислом бароӣ тоҷикон дини бегона аст ва бо ин далилашон мехоҳанд мардуми тоҷикро аз динашон ба дини аҷдодонашон дини зардуштии маҷуси баргардонанд яъне ба дине ки зану шавҳариро бо апаву хоҳару духтару модар иҷозат медиҳад ва мардро иҷозати қатли занашро додааст.
Ман ҳаӣронам ки чаро Русҳо ва Амрикоӣҳо ва дигар мардуми ҷаҳон ки насрони ҳастанд ин даъворо намекунанд оё онҳо низ аз аввали паӣдоӣшашон насрони буданд ё ин ки мудати чанд соле пеш насрони шуданд бароӣ чи русҳо намегуянд ки мо бояд ба дини аҷдодонамон гардему имруз ду тоҷики нимбараҳна даъвоӣ дини зардуштиро дорад.
Мо аз динамон сад фоӣз рози ҳастем ва ба тамоми он қонунҳоӣ ки бароӣ мо овардааст қабулашон дорем ва бо ин динамон мо худро ҳам зану ҳам мард аз хушбахтарин мардум меҳисобем.
Дини ислом аз Арабҳо нест балки дини касест ки у ин динро паӣрави мекунад фарқ надорад хоҳ рус бошад хоҳ тоҷику амрикоӣ , агар ислом дини танҳо арабҳо мешуд ҳеҷвақт Салмони форсию Билоли ҳабашиву Суҳаӣби Румиро аз Ғуломи ба озодиву роҳбари намерасонду Абуҷаҳлу Абулаҳаб ки ҳам аз роҳбарони Макка буданд ва ҳам Абулаҳаб амаки паӣғамбар св буд ба зери хок мебурд , дини ислом динест ҳуқуқи тамоми башариятро бо адлона додааст ва касеро зулм накардааст на мусалмононро ва на кофиронро ва ҳато на ҳаӣвонҳову на ҷамодотро.
Мегуед дини ислом бо шамшер пируз шудааст, шумо бигуед ки ба Индонезия бузургтарин давлати мусулмон нишин ва Малаӣзия ва Филипин ва Хитоӣ ва Японя ва Америка ва дигар давлатҳо кадом шамшер бадаст рафта онҳоро мусалмон кардааст, тамоми ин давлатҳо дини исломро қаноъат мандона бо даъвати тоҷирони мусалмон қабул кардаанд .
Шамшер фақат дар ҷое истифода бурда шуд ки пеш аз истифода барияш ба онҳо шарту шурутҳое мегузоштан агар қабул намекарданд сипас ноилоҷ шамшер мекашиданд , ин ҳам як чизи табиист ,чи ғаӣри мусалмонон кам одам куштанд ? фақат дар ҷанги Германяву мухолифинаш аз 10 то 20 милён одам куштанд.

АбуАнас said...

Ман пеш аз ин ки суҳбатамро сар кунам аз бародарон хоҳиш карда будам ки ,пеш аз ин ки дар бораӣ ҳуқуқи зан дар ислом сухан бигуед китобҳоӣ исломиро муроҷиъат кунед сипас муноқаша кунед .
Бародарони азиз он чи ки дар давлатҳо ё ҳаракатҳову гуруҳҳоӣ исломи руӣ медиҳад ин маъноро надорад киислом ҳамон аст мо динамонро аз Толибони Афғонистон ё Ирон ё Арабистон нагирифтаем ки шумо корҳоӣ онҳоро бароӣ мо далил биёред .мо динамонро аз қурону суннати паӣғамбар св гирифтаем .
Ту бародар бароӣ чи туҳмат мекуни ки ман занро моли мард гуфтаам балки ин даъвоӣ шумост ки мехоҳед занро ба хотири шаҳватҳоятон танбараҳна карда ба куча бароред ҳатото дар бизнесҳоятон низ занҳоро истифода мебаред аз ҳаминҷо маълум мешавад ки зан дар назди шумо чи қадар қадру қимат дорад, ҳиҷоб пушидан пеши роҳи кадом занро гирифтааст дар куҷо ислом занро аз таълим манъ кардааст паӣғамбари ислом св мегуяд : талаби илм бар ҳар мусулмон зану мард фарз аст ҳиҷоб дар куҷо пеши роҳи хонданро ё кор карданро гирифтааст зан метавонад бо ҳиҷобаш кор кунад агар зарурат дошта бошад метавонад бо ҳиҷобаш дарс хонад локин шумо ҳастед ки занҳоро маҷбур мекунед ки бояд сари лучу бараҳна бошанд .
Ту бародар оё арабистонро дидаӣ ? ман ҳозир дар Арабистонам ман медонам ки дар ин ҷо чиқадар мардум саодатманданд ,ба Худо қасам мехурам ки мисли зани Аараби сауди дар ҷаҳон зани хушбахт нест шароӣте ки занҳоӣ араб дар инҷо доранд на Амрикоӣву на Ҷопонву на дигару дигараш чунин шароӣтро надоранд дар куҷое як университет ё инистут ё чи мактабе набошад дар муқобилаш хос бароӣ занҳо ҳаминхел балки хубтар университет ё инистут ё мактабе ҳаст ҳатто ҳар як банк шохаӣ хоси занона дорад шифохонаҳо шохаҳоӣ хоси занона доранд дар куҷое як идора ё як муасисае бошад ҳатман бароӣ занҳо фаръи хоси худро дорад ҳар як зан бароӣ худ мошин дорад шафёр дорад аз зиндагияшон заррае шикоят надоранд.
Мушкили дар инаст ки мақсади шумо ягона нимбараҳна кардани зани мусалмон аст дигар чизе нест вагарна дар инҷо тамоми ҳамон корҳое ки хоҳ ҳукумати бошад ё хоҳ муалими ё дигар корҳоеро ки духтарони нимбараҳнаӣ шумо мекунанд дар ин ҷо духтарону занони муҳаҷаба карда истодаанд ва ҳиҷоб пеши роҳи онҳоро нагирифтааст.
Ва дигар мушкили инаст ки шумо он корҳое ки миёни мардуми омма сар мезанад дар сари ислом мезанед агар ислом занро моли мард қарор медод дар ихтиёри шавҳар занро иҷозати ихтиёр намедод ва дар ҳолати маъқул набудани шавҳар ба зан иҷозат намедод ки худро аз шавҳараш ҷудо кунад ва ба у ҳақи мерос намедод.
Ин суханҳоӣ шумо ҳамааш дар ҳақи ислом ифтиро мебошанд.
Шумо баъзе давлатҳоро мисол овардаед ки гуё сабаби паст равии дониш дар онҷо ислом бошад .
Пас он давлатҳое ки насрони ҳастанд мисли давлатҳоӣ Африкоӣ насроние ки дар онҷо дониш таҳти сифр аст дар ин чи мегуед .
Балки он давлатҳоеки шумо зикр кардаед агарчи мардумашон мусалмон бошанд локин роҳбарон ҳама ҳамон пиркомунистону либералҳо мебошанд ва сабаби паст равии дониш онҳо мебошанд на исломиҳо чуноне ки ҳозир дар ҷумҳурии мо имруз шуда истодааст.
Аммо дар бораӣхоҳарону занону модаронамон ,
Бародар чуноне ки он бародар ба шумо гуфта буд ман ҳам боз мегуям шумо агар мехоҳед марҳамат ин аз номуси шумо вобастаги мекунад бароред занону хоҳарону бародаронатонро сари лучу нимбараҳна аммо ба хоҳарону модарни мо кордор набошед мо мусулмонон мехоҳем занҳоямон моли мо неву фақат бароӣ мо бошанд на 50% аз мову 50%аз мардум ва мехоҳем ки модаронамон аз падарҳоямон бошанд на аз мардум ва мехоҳем хоҳарҳоямон аз шавҳарҳояшон бошанд на аз мардум , мо онқадар модару хоҳару зани сари роҳу арзоне надорем ки мисли дигарон бароварда виставка кунем ва бубинем ки ба мардум куҷоӣ занҳоӣ мо маъқул мешавад.

D said...

Хонуми арчманде, ки каблан изхори назар кардед. Зохиран суханони шумо мавриди пазириши тамомии дустон карор гирифтааст. Сипос аз ширкати созандаатон дар ин бахс

Anonymous said...

Бори дигар ташаккур Дориюш,

Вебблогат вокеъан хушам омад! Чи бахси дискои!!! 

Ба Шахриёр:

Толибон дакикан метаовнанд, намунае аз Ислом бошанд. Магар режими онхо бар мабнои Конституцияи Кубо сохта шуд, ё Ведахои Хинд? Не, хамаш аз Куръон далоил пеш меоранд. Агар мавзуъ сари интерпритация ё ташрехи сурахои Куръон аст, пас боз хам мавзуъ бармегардад ба ин, ки китоб низ мушкиле дорад, гайр аз тафаккури он идда мардхо. Созгор нест бо замона! Эхтиолан ба мисли Конуни Асосии мо, ки мегуяд, Кози таъин мешавад ё интихоб мешавад. Яъне чи? Таъини судья асбоби автократия ва интихоби у асбоби демократияро фарохам мекунад! Бояд хамааш дакик бошад. Ё ин ё он. Зан метавонад обистан бошад ё набошад, наметавонад нимобистан бошад. Аммо бо китобе, ки мантикаш ба мафхум зани нимобистан мемонад, дар карни 21 чиро метавонед исбот кунед? Аммо агар росташро мехохед донед, ман аслан намефахмам, ки чаро имруз инсон, ки илми у аз каъри замин то ба сураёро омухтаву тахлил кардаву бештар аз он кодир аст, барои фарки хуб аз бад ба китоб ниёз дошта бошад? ё ба ин бовар бошад, ки як вачаб фосила дар вакти гусл метавонад омили таъинкунанда дар расидан ва ё нарасидани нидои у ба Худованд бошад.

«Занхо аз хорича бармегарданд, хичобро ихтиёр мекунанд.» Натанхо онхо, духтароне, ки хорича намераванд хам, аз ин «ихтиёрот»и худ истифода мекунанд. Мутмаъинам, ки барои «интихоб»и худ онхо далоили мухталиф доранд. Чомеъашиносони мо ба ин мавзуъ пардохтаанд - Бештари далелхои ин «интихоб»хо бешакк бармегардад ба мардсолор будани чомеъаи мо. Онхо мегуянд, ки чавононписарони точик то рафт исломитар шуда истодаанд, тахти таъсири вазъгуёни масочид карор мегиранд ва (В ЛУЧШЕМ СЛУЧАЕ) ба мисли Шахриёр мегуянд, «ба дигархо кор надорам, аммо мехохам хамсари ман мухаччаба бошад». Холо агар он духтар мехохад хонадор шавад (МУТМАЪИН БОШЕД У МЕХОХАД ХОНАДОР ШАВАД! Ин хохиши у хам як киёмат далели ноодилона дорад) ва бештарини мардхо ба мисли шумо, Шахриёри гироми дустдори хичоб хастанд, пас вай «ихтиёр» дорад, ё мухаччаба шавад ва шавхар пайдо кунад ва ё бехичоб гардаду шояд хеч гох шавхар накунад. Ин аст интихоби у. Байни чигунагии либос не, байни русари надоштанд ё хонадор шудан интихоб мекунад.


Чавононе, ки аз Урупо баргаштаанд ва дунболи занхои мухаччаба мегарданд ба эхтимоли зиёд ба Урупо бо тасаввури галати худ рафтаанд, ки ончо макони шахватпарастист ва хисоби бо заноне, ки ихтиёр доштанд худашон хол кунанд, гаштаанд ва сипас боз хам бо хамон тафаккур баргаштанд сари чошон. Мутмаъинам хеч зани дурустхисобии бехичоб бо онхо муъомилае надоштааст, чун сексизми ин идда мардхо дар сару сураташон ва сухбатхояшон «курба ассо карда мондаги!» Он занхо хатто бо инхо гап намезананд. Тахаммулашонро надоранд.

Аммо гипотеза дар бораи ин, ки тасодуфхо дар рох аз барои занхо рух медихад хеле хандаовар аст бароям. Шахриёрчон, пас дар Душанбе, ки шахри кучаки «ду ба чор» аст, дар руз 25 садама аз барои чи рух медихад? Магар мо занхои ронанда зиёд дорем? Ва агар фарз кунем, ки мард зани бехичобро диду хуш аз сараш парад ва ин боиси афзудани тасодуфхо шуд, боз хам бармегардем ба мушкили зери камар ва тафаккури сексистии он идда мардхо, ки мутмаъинан бояд ба равоншинос мурочеъат кунад.
Ба кадом далел мехохед масъулияти мушкили як идда аз мардхои «сустирода»ро, ки занро диданду зерпушашон тар шуд, (давайте называть вещи своими именами) бар ухдаи занхо гузоред? Мехохед, гайр аз таваллуди фарзандони шумо ва парвариши онхо, ва ба хотири ин пушти по задан ба рушди худ ва шонсхое, ки барои ба даст овардани истиклолияти комил аз мардро ба у медихад ва албатта пухту пазу шустушую рубучину хазору як хадамоти дигаре, ки ба мардаки точик фарохам мекунад, ин мушкилро низ барои хал ба у вогузор кунед? Ба назари шумо у кам гам дорад ва болои хамаи беадолати бояд мисли чинояткор ва дузд худро аз чашмони шумо пинхон нигох дорад, ки хуш аз сари шумо напаррад??? (железная логика, здесь уж ни чего не скажешь!)

Anonymous said...

Хеле хуб мебуд, агар чанобон е хонумони Беном хам ягон исме акаллан Беном 1, 2 е дигар барои худ мегузиданд, то фахмем ки кадом андеша давоми андешаи кадом аст.

Ман ронандахоро танхо барои мисол овардам, агар хандаатон хам гирфит, аз тасаввури зане бо синахои урен сарчашма гирифт. Шумо мегуед марде ки бо дидани зан тар мекнуад, бояд ба равоншинос мурочиат биунад. Бубинед, шахват як хисси табиист дар хамаи инсон чи марду чи зан. Ва хамон андоза табиист ки агар рони пойро бубини он таваччухатро чалб кунад. Гайритабии мебуд агар он чалб накунад, дар он срат бояд ба психологу сексопатолог мурочиат кунад.

АбуАнаси гироми бо мисолхои хеле мушаххас, бо харфхои хеле мантики тамомии масъаларо хеле оли нишон додааст. Ташаккур ба у. АбуАнас, бародар, агар зид набоши харфхоятро ман копи бикунам ва бо номи муаллифии ту дар блоги худам бигзорам?

Anonymous said...

Ба Абуанас.
Холо ба ин саволхо чавоб бидех:
1. Оё хануз румихо занашонро берух медонанд ва оби чушидагй ба сараш мерезанд ва зери лагадхои асб мекушандаш? (Не).
2. Оё хануз чинихо занро оби палиде медонанд, ки саъодатро мешуяд ва хак доранд занашонро зиндабагур кунанд? (Не).
3. Оё агар фардо Абишек Баччан мурад, Айшварияи нозанинро хам дар канори у зинда ба зинда месузонанд? (Не).
4. Оё он чи дар бораи гузаштагони худат (эхтимолан) – эрониён мегуйи, чизест, ки як араб навиштааст ё як эронии пеш аз ислом? (Араб. Худи арабхо бо модарону духтаронашон мехобиданд. Зайнаб кй буд?).
Инхо хамашон тагйир карданду ислох шуданд. Чаро мо бояд дар 1386 сол пеш зиндагй кунем?
5. Оё дар ислом хам ба монанди яхудихои ибтидойи зане, ки коъидагй дошта бошад, начас нест? Яхудият, масехият ва ислом хамашон динхои сомй хастанду як реша доранд.
6. Оё нафрати мардхои араб аз зан то холо дар ислом эхсос намешавад, ки мегуянд, зан бояд фармонбардори мард бошад ва дар хар холате, ки мард хост, ба бистараш хозир шавад?

7. Оё харгиз аз худат напурсидй, ки чаро Куръон факат барои мардхо гуфта шудааст? Ба намунахои овардаи худат нигох кун:
«Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад… Онҳоро ба чизе баҳраманд созед… Бо занҳо муоширати нек кунед…» Ин дастуроти банданавозй ба кй дода шудааст? «Шумо» яъне кй? Барои чи зан хам ки ба андозаи мард махлуки Худост, дар ин чо мухотаб нест?
Ё ин: «Аз он чи падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, чӣ андак ва чӣ бисёр занонро низ насибест.» Худи ин чумла ба дарачаи дуввум будани зан ишора мекунад, ки «хатто занон низ насибе доранд». Барои чи он насиб бояд нисфи насиби мард бошад?
Мегуи «ислом ба онҳое ки занҳоро тумат мекунанд 80 дурра уқубат додааст». Садхо зан хар руз тухмат мешунаванд ва шавхаронашон хар вакт хостанд, бидуни майли онхо ба занон тачовуз мекунанд. Кадомашро то холо як дурра задаанд?
Мегуи Мухаммад гуфтааст, ки дар дунё бештар аз хама Ойишаро дуст медоштааст. Он бечора чандин зани дигараш чй? Медонистй, ки Ойиша аз занхои норозии Мухаммад буд ва дар ин бора дар хамин Интернет хам чандин матлаб хаст. Як кудак буд, ки Мухаммад бо у издивоч кард. Хамин аст эхтиром ба зан? Он кудак зиндагиро чи медонист? Ва оё метонист интихоб кунад, ки чи мехохаду чи намехохад?

Мегуи дар дигар ҳадисаш гуфтааст: «занҳову мардҳо аз як падару модаранд.» Ин тахкир ба зан аст, ки хатто зан хам бо мард аз як падару модар аст.
Гуфтааст: «беҳтарини саодатманди фарзанди Одам касест ки зани солиҳа дошта бошад.» Пас барои чи дар ин чо фарзанди Одам факат мард шуд боз? Зан ки наметавонад зан дошта бошад. Пас манзури Мухаммад аз фарзанди Одам факат мард будааст.
Хулоса, ин мисолхое, ки овардй, нишон медихад, ки ислом бояд ислох шавад.

D said...

Вокеъият аз ин карор аст, ки тамоми ин бахс бар мабнои Куръон будааст ва аксари ононе, ки назар додаанд, аз он то хадде огоханд ва тайи 1400 сол чомеъаи мо онро борхо руи пусти худ тачруба кардааст. Як бор аз чоят баланд шав, нафаси жарф бигир, саратро сахт такон бидех ва ба атроф нигар, ки дар чи дунёе зиндагй мекунй. Мутаассифам, ки дар Арабистони Саъудй хастй ва зехнат сахт арабй шудааст. Вале вакте аз манзари инсонй нигох мекунй, мефахмй, ки ин харфхои ту ташвики чиноят алайхи башарият аст.

Ва боз тухмат кардй. Намуна биовар, ки ман хостори барахнагии ту ё занат шуда бошам ва нагузошта бошам, ки ту ё занат либос ба дилхохи худатон бипушед. Он чи ман мегуям, ин аст, ки ту як мустабиддй ва либосро мехохй барои дигарон таъйин кунй. Хак надорй ва бештар аз ин ёвасаройи накун ва ба модарат, ки туро парварда, эхтиром гузор, агар соири занон бароят арче надоранд. Агар Худо туро зан офарида буд, чи мегуфтй?

Ту бо чи хакке 70% кишвархои чахонро харпараст меномй, дар холе ки нахваи тафаккурат дар хамон сатх аст? Ин як чурми нобахшудании дигар аст. Кайду банде, ки хамтоёни ту чорй кардаанд, монеъ аз рушди тафаккур ва парвози хиёл шудааст. Дар натича, ту натавонистй бароям охирин мудели роёна (компютер)-и Арабистони Саъудй ва охирин фазонаварди он кишварро намуна биёрй. Торихро варак бизан ва бибин, ки бузургони гузаштаи мо чун Пури Синои бузургвор, ки номашро овардй, чи кадр аз дасти хамтоёни ту зачру азият кашидаанд ва хамеша афроде мисли ту барои онхо монеъ тарошидаанд, ки мегуяд:

Дар дахр чу ман якеву он хам кофар,
Пас дар хама дахр як мусалмон набувад.

Ё Хайёми бузургвор, ки гуфта буд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз чахл, ки донои чахон эшонанд.
Хар бош, ки ин чамоъат аз фарти харй
Хар к-у на хар аст, кофараш мехонанд.

Пас лутфан хукми такфиратро дар чайбат бигзор, то ба он чамоъат таъаллук нагирй. Эътикоди ту барои худат асту бас.

Аз Молезй мегуйи. Оё он кишвари исломист? На. Як кишвари умдатан мусалмон аст, на исломй, ба дур аз шариъати исломй. Рахойи аз бандхои кушандае, ки ту таблиг мекунй, боъис шудааст, ки онхо дастовардхое дошта бошанд.

Курбони маълумоти нафтит, бародар. Ту руи сарвате нишастайи, ки истикбори чахониро таъмин мекунад. Арабистони Саъудй аз манфуртарин давлатхои таъминкунандаи зулму ситами Омрико ва Гарб аст, ки ин хама азашон нафрат дорй. Хичолат ба туву хамтоёнат даст намедихад? Ва хамон давлатест, ки комилан тобеъи шариъати исломист.

Мегуйи занхои Арабистон дар тамоми мансабхо хастанд? Кадом вазиру кабирашон зан аст? Чаро ин кадр дуруг мепароканй? Дуруг гуфтан бароят гунохи зиште ба шумор намеояд? Танхо тафовути он бечорахо хичоб нест. Он тафовути зохирист. Зан дар Арабистон канизе беш нест ва он тавре ки худат хам як бор гуфтй, факат муваззаф аст руи кафи шавхараш гизои гарм бигузорад ва хар чи шавхар аз у хост, анчом медихад. Ин таваххушро лутфан бо худат вориди Точикистон накун, ки садхо бор бартару сартар аз Арабистон аст.

Таъассуби ту бар сари акидаи худат, вайронгар аст. Вайронгартар аз он талоши ту барои тахмили акоиди мухаррибат бар дигарон аст. Бо ин музахрафоте, ки пошидй, мутмаин бош Худо хам аз дасти ту шокй хохад буд, чун Парвардигор чуёи таъаддй нест. Даст аз сари занону духтарон бардор ва дарс бихон. Фаротар аз манзари тангат нигох кун ва ба ин пурсишхои ман, ки каблан хам матрах шуд, посух бидех:

Ту мехохй Точикистон кишваре чун Арабистон бошад ё низоми толибониро барояш ба армугон меоварй?

Гайр аз як мушт чарандиёт, ки сад пор нушхор кардй ва хама зохиран сарчашмаи ахриманй дорад, ту чи медонй? Чи хондайи? Чи хохй сохт? Кй хохй шуд? Пулиси ахлок ё фаротар аз он?

Оё духтаре, ки тахти ситами мард хичоб ба сар мекунад, бозичаи дасти мард аст ё духтаре, ки бо такя бар иродаи худаш либос мепушад?

Оё ту занро як инсони баробари худ медонй ё у барои ту молест, ки савдо мекунй, махрия мебандй, тачовуз мекунй ва хар вакт хостй, аз хона берун меандозиаш?

Зимнан, аз такрори чумлахои мансухат худдорй кун ва талош кун харфи тозае бигуйи.

Бо арч

Anonymous said...

Ба Анас:

Бо музахрафотат ин сафхаро пур карди ва ба ошгол табдил карди!

Аввалан дар хеч китоби хиндухову чинихову румихову дигару дигарон ончи ту мегуйи ба унвони конун ё шариъат мукаррар нашудааст.

Ва чун ба унвони конун мукаррар нашуда, дар зиндаги ба ичро хам дарнаёмада ва харчанд шояд мавориде аз онхо иттифок уфтода, вале монанди сангсорхои занон дар ислом милюнхо анфар курбонии ингуна хушунатхо нашудаанд.

Инхо голибан баргирифта аз кутуби бадеъи хастанд, ки назираш дар миёни мусалмонон садхо хаст, масалан Синдбоднома, ки саропо аз хикоёте нафратомез нисбат ба зан пур аст.

Дар ислом ва шариъати исломи ингуна бадбахтихо ба масобаи конун аст ва милюнхо зан азоби онро кашидаанд. Ва агар бар асоси мавозини байналмилали таърифи "тачовуз"-ро дакикан ба назар бигирем, Куръон худ таблиггари тачовуз аст ва тачовуз бахше аз фарханги хонаводагии мусалмонон махсуб мешавад, чи расад ба гузориш кардан ва омор гирифтан дар бораи он. Дарвокеъ шояд худат хам махсули яке аз мавориди тачовуз боши!

Ба ин далел умумигуйи ё куллигуйи дар мавриди румихо ва хиндихо ва эрони ва мисрихо ва дигару дигарон бемантик аст. Масалан чинихо аслан дин ва шариъат надоштанд, ки онро бар мардум тахмил кунанд. Дар Эрони бостон хар подшохе меомад, конуни худро вазъ мекард ва ба ин далел шариъате хам даркор набуд. Конунхои Эрон конунхои дуняви буданд ва хар замон ки ба дард намехурд, лагв мекарданд. Мисоли ин хукм бар харом будани май ва боз хукм бар халол будани май дар замони подшохии Бахроми Гур аст, ки дар Шохнома мебинем.

Дар мавриди ин ки эронихои пеш аз ислом, гуё бо модарону хохаронашон хамхоба мешуданд, ин албатта дуруг аст ва хеч манбаъи муътамаде дар ин бора нест, ба чуз чанд навиштаи дуруг ва бадбинона ва таблиготии ду-се нависандаи мусалмон, юнони ва масехи, ки хамашон алайхи Эрон душмани доштанд ва маълум аст, ки душмни бегараз намешавад.

Ба ин далел ончи аз руйи душмани гуфтанд, хануз вокеъияти таърихи нест, он таблиготе барои афсона ва киссахои пучу бемагзонаи худашон аст. Аз ин гуна таблиготи дуругин ва чаъли аходис ва кисас дар Ислом зиёд аст, бахши аъзаме аз кутуби динии исломи низ чаъли аст, дар ин тардиде нест.

Дар мавриди оморе, ки аз испаниёву дигару дигар кишвархои урупои дар бораи тачовуз овардаи, аввалан ин кишвархо системхои кавии пулису додгоху додситони доранд ва мушаххасоти дурусту дакике дар бораи "тачовуз" дар кавонини онхо зикр шудаат.

Бар асоси ин кавонин мардумаш хам, ки озода ва шучоъ хастанд, аз хар мавриди ин гуна хаводис гузориш мекунанд ва ба додгоххо шикоят мебаранд. Ва инхо хама сабту тахкик мешаванд ва омораш хам ба амин далел аст.

Вале тасаввур кун, ки дар кишвархои бесару сомони исломи, на ин ки аз ин гуна хаводис касе гузориш намекунад ва сабту тахкик намешаванд, хатто мавориде хаст, ки занонро тачовуз мекунанд ва барои тачовуз зани бечораро мукассир медонанд ва уро ба дор меовезанд.

Масалан як зани часур дар Эрон ду нафарро, ки ба у тачовуз мехостанд кунанд, кушт, вале додгохи Эрон, ки додгохи фошистии исломи буд, занро ба дор овехт, танхо ба ин хотир, ки ин зан аз номуси худаш дифоъ кардааст.

Дар миёни кабоили араб ва паштун ва покистонихо мавориде будааст, ки ду кабила ба хам дармеуфтанд ва занону духтарони хамдигарро тачовуз мекунанд, вале мардони хамон кабила ба чойи хамла ба тачовузгар ё интиком аз у духтарону занони тачовузшударо мекушанд, ба ин бахона, ки номуси падарону бародаронашонро олуда кардааст.

Магар ин хамон зиндагур кардани исломии духтарону занон нест?

D said...

Бо ичозаи дустони гиромй, имкони паём гузоштани беномро лагв мекунам, то ба гуфтаи Шахриёр, равшан шавад, ки як назар идомаи кадом фикр аст. Ин ба мубохиса сару сомони бештаре хохад дод. Шумо метавонед бо гузиниши хар номе назари худро ба хамин рохатй мунташир кунед.

Сипосгузорам.