Thursday, March 06, 2008

The Women's Question (Cyr Persian)


Чанд руз пеш (020308)дар Бритониё рузи Модар буд, ки аз айёми мазхабист ва хар сол пешу акиб мешавад. Имсол он такрибан бо 8-морс мусодиф шуд.

Давру барам азизоне нестанд, ки барояшон яке аз фароизи мардони шуравиро адо кунам. Ростй, аз Шуравй агар хич чиз хам ба ёдгор намемонд, хамин рузаш хам мояи дилдорй буд.

Дар сарзамине, ки «занро бизан; агар намурад, сахттар бизан!» (ин хам як фурмули мазхабист) ба вуфур ба гуш мерасад, дар хамин як руз муштхои гирехшуда, пеш аз ин ки бар фарки зан фуруд ояд, тааммул мекунад. Дар хиттае, ки дар васфи зан гуши замонаро пур карда ва шояд хич сарзамини дигаре ин кадр хадиси зебоиву чамоли чинси латифро нагуфтаву нашунида бошад, зан аст, ки лутфи андак мебинад. Дар кишваре, ки бори рузгораш ба души занхо уфтода, аммо ачре барояшон намерасад, ин руз бехамтост.

Як дусти хубам яке-ду руз пеш навишта буд: Бо ин ки худуди шаст дарсади чамъияти Точикистонро занон ташкил медиханд, дар Мачлиси Намояндагон танхо 18 дарсад зан хастанд ва дар Мачлиси Миллй 12 дарсад. Ин омор дар Точикистон камтар маънй медихад. Хатто агар дар хар ду мачлис хам 60 дарсадй занон хузур доштанд, боз хам авзоъ бехтар аз ин намешуд. Чун вазъияти зан маълули фарханги мардсолори мост, ки дар вучуди так-таки мо, чи марду чи зан фазои фарохеро ишгол кардааст.

Худи занон дар мавориде бештар аз мардон мураввичи ин фарханги галатанд ва худро кехтар аз чинси музаккар мебинанд ва ситами мардро як чизи табиъй ва хатто зарурй медонанд. Бо ин ки бори рузгор хам ба душашон уфтодааст, хануз муътакиданд, ки факат шонахои мард аст, ки метавонад бурдбор бошад. Дар холе ки солиёни ахир иктидори занро ба намоиш гузошт ва дидем, ки зан хам дар хадди мард ва хатто бархе бехтар аз мард тавони анчоми корхоеро доранд, ки мо мекунем. Мантикан дигар бояд решаи он фарханг бихушкад. Вале зохиран хануз хам фурсаташ фаро нарасида ва ломасаб чонсахт аст.

Бархе аз навиштахои расонахо ва пажухандахои Гарб дар бораи занро мурур мекардам, аз солиёни пеш, то бибинам ру ба рохем ё ру ба чох. Дар соли 2000 як пажухишгар навишта: «Шумори физояндаи занон, ба вижа берун аз шахрхои умдаи Точикистон, хичоби исломиро риъоят мекунанд, харчанд дидани зане, ки комилан мастур бошад, як амри нодир аст. Хамчунин ба таври рузафзун мушохида мешавад, ки мардон дидгоххои худ дар мавриди мавозини исломро бар занон тахмил мекунанд. Шуморе аз занони чавон дар Душанбе хам акнун русарй доранд, чун аз хушунати мардони чавон бим доранд. Занон акнун осебпазиртаранд, ба ду иллат. Нахуст ин ки химояти давлат аз онхо заъифтар шуда ва дуввум ин ки дар бисёре аз маворид худи занхо аз хукукашон дар шариъати исломй огох нестанд ва наметавонанд бар мабнои усули ислом аз хукуки худ дифоъ кунанд.» (Women and Gender Relations in Tajikistan, Jane Falkingham, April 2000).

Дар ин хашт сол чизе тагйир карда? Оре. Бадтар шуда. Дар холе ки дар Чумхурии Исломии Эрон бо вучуди султаи даступогири мазхабй шумори занони донишчу дар донишгоххо 65 дарсад шудааст. Пеш аз инкилоб ин ракам давру бари 35 дарсад буд. Яъне огохии физояндаи занон ин оморро дуруст воруна кардааст, ба суди занхо. Тавре ки макомоти давлатй нигарон шудаанд ва аз Ахмадинажод хостаанд, ки чорае биандешад ва чилави вуруди фаваронии занхо ба донишгоххоро бигирад. Таъаччуб нахохам кард, агар фардо (фардои фарзй) хатто рахбари Эрон хам зан шавад. Чун аксарияти бузурге аз занони Эрон бандхои зехнии худро шикастаанд ва талош мекунанд аз зулму ситам ба куллй рахо шаванд.

Холо бибинем расонахо дар бораи вазъияти зан дар солхои наздиктар ба мо чи навиштаанд:

«Хушунати хонаводагй дар Точикистон бедод мекунад. Мизони худкушй афзоиш меёбад. Шахноза, яке аз донишчуёни точик мегуяд: «Далели он инзивои беш аз хадди занхост. Агар занеро дар хона кутак бизананд (лату куб кунанд), у касеро надорад, ки бо у дарди дил кунад. Ачаб нест, ки занхо навмеду афсурда мешаванд ва дар бархе маворид касди худкушй мекунанд.» Мутарчими мо Таня бо ин суханон мувофикат карду гуфт: «Зан дар Точикистон эхтироме надорад. Ману хохарам бо фарзандонамон дар охири хафта рафта будем пикник ва як гурух мардон ба мо хамла карданд. Одамони атроф факат истода буданду тамошо мекарданд. Хохари ман баъд аз он ходиса ду мох дар бемористон буд.»
(Tough Life for Tajik Women, Rachel Ellison, BBC, Tajikistan, 23 July 2005).

Мумкин аст ин гузориш ба 33 забони Би-Би-Си баргардон ва барои даххо кишвари чахон пахш шуда бошад ва барои садхо хазор тан аз фарханги мо чунин тасвиреро ба даст дода бошад. На, 33-то холост. Он хамон Би-Би-Си 43 бахши забонй дошт.

Агар барои хич касу хич чизе хакки такаддус коил набошем, шояд боз хам Модар мустасно бошад. Яъне мукаддастарин мавчуди руи Замин дар Точикистони мо инчунин хол дорад. Зане, ки номи у бо «зиндагй» хамреша аст (дар холе ки «мард» аз «мурдан» меояд ва ба маънои «миро»-ст. Албатта, дар гузашта «мард» ба маънои «инсон» буда ва хар инсоне мирост. Дар забонхои бостонии эронй барои маънои мард аз вожаи «нара» кор мегирифтанд. Аммо пайванди миёни «женщина» ва «жизнь»-и русй ва «мард»-и мову «смерть»-и русй ва «marido»-ву «morir»-и испониёйи ба маънои «шавхар» ва «мурдан» хам кобили мулохиза аст).

Пас дар остонаи Рузи Зан ва Модар таманное дорам, ки завлонахои зехнии так-таки зояндагони миллат бишканад ва хама гом бар пайрохаи талошу мучохидат бигзоранд. Сарнавишти миллат то андозаи зиёде банди хамин монеъ аст. Тамоми кишвархои Фаранг танхо замоне ба холати кунунии худ расиданд, ки занон дар инкилоби санъатй далерона вориди майдони омузишу кор шуданд ва дар баробари мардон карор гирифтанд. Нируи тавлидоти зехниву чисмии Фарангистон якбора ду баробар шуд ва ин кишвархоро ба осмони тараккй савк дод. Занхо то хадди зиёде мухтори сарнавишти худ шуданд. Дар авоили садаи бист хич як аз ин кишвархо хам ба занон хакки раъй намедоданд. Холо занонашон ба болотарин макомхои рахбарй мерасанд (мисли Тотчеру Меркел; Омрико хануз вопасмонда аст). Наметавон иддаъо кард, ки занони фарангй дигар мушкиле надоранд. Аммо тафовути чойгохи занони ин чо ва занони Точикистон аз замин то ба Парвин аст. Ва агар фикр мекунед «одобу русуми динию миллиро бояд хифз кард», метавон аз занони Эрон дарси ибрат гирифт, ки бо хамон одобу русум калби охундхоро ба ларза афкандаанд. Сари ин мавзуъ борхо метавон баргашт. Пас ба умеди дидор.

Пайнавишт: Талош кардам наворхои видеуйии ин хафта хам хатталимкон вижаи занон бошад.

10 comments:

Anonymous said...

Бо ичозаи Шумо ба чанд нуктаи харфхои Шумо эрод бигирам.

1) занро бизан; агар намурад, сахттар бизан! Бо такя ба чи мегуед, ки ин формулаи мазхабист? Ман боре хам во нахурдаам ки дар Куръони Карим ва е аходиси набави ва е харфхои уламои исломи чунин гуфтахое бошанд. Он макомеро ки имруз бвар кунед зан хатто дар хамон Гарб хам надорад, ба бовари ман Ислом хануз дар карни 6 дода буд. Хамон бихиштро хам Пайгамбар зери кадами модарон гуфтааст. Зан дар Ислом баробари мард хакки тахсил ва кор дорад, ва хак дорад хар маблаге ки меебад ба худаш масраф бикунад ва хол он ки Ислом мардро муваззаф кардааст то сарфи назар аз он ки хамсааш пулдор аст е на уро ва тамомии оиларо бухронад бипушонад ва дигар ниезхову хостахояшонро барвоарда созад.

Аз ин ру, мушкиле ки имруз занхо мувочехаш хастанд, иллаташ на Ислом аст, балки хурофот ва дуненигарии танги мост, моем, ки чойи занхоро паси дегу дар кухни кардаем, на Ислом! Моем, ки агар ба хини секс духтар охе бикашад, бадрохааш мепиндорем ва хол он ки агар у конеъ нашавад шаръан чурмаш бар души мост. Метавон дар ин бора соатхо харф зад аммо дар мачмуъ назарам хамин буд ки баен кардам нисбат ба як андешаи шумо.

2) Дигар дар мавриди сатр. Ое бад аст, ки зан сатр бипушад? Ман хазорон бор шохид шудаам, ки духтар агар хар чи пушидатар бошад хамон андоза аз атрофиен ва чавонписарон эхтиром мебинад. Ва аммо агар китфу дасту рону синаи худро ба намоиш бигзорад, ое шахвати мардхоро ба андешаатон набармеангезад? Хатман, ки шояд хатто мавриди тачовуз хам карор бигирад. Чойе хонда будам, ки ба андешаи макомоти интизоми ва хукуи дар бештарин мавориди тачовуз ба нмоус худи чабрдида гунахгор аст зеро барангезандаи шахват будааст. Шахват ки барангехта шуд, сулси акли мард кохиш меебад.

Бидуни ин хам, ое кадом марде мехохад, ки хохараш, модараш е хамсараш мисли Клаудия Шиффер ва е Наоми Кемпел ва е хамон обрусевшийхои Душанбе либос бипушад? Шахсан ман хеч кабул надорам, ки узве аз аъзои хамсарам ва е модарам ва е хохарам дар маърази чашмхои мардони бегона бошад

Озодии чинсие, ки Гарб дорад сараш дод мезанад, чомеаро гирифтори балохое бадтар мегардонад. Амризи зухрави, намунаи борзаш хамон СПИД низ аст, ки чи кадар аклхо ва долархоро имруз печидаи худ кардааст. Чойе хонда будам, ки дар Бритоние бонги хатар задаанд, ки шумори беш аз нисфи тинейҷерҳои имруза дигар кобили бордор будан нестанд зеро дар синни хеле кех искот кардаву имкони бордор шуданро аз даст додаанд ва вакте навбати ин духтархо мерасад ки насли навро руи дуне оварад, Бритоние гирифтори мушкили демографи хохад буд. Аз ин ру дар макотиби миенаи Бритоние хамон чо хонда будам ки тасмим гирифтаанд то ба мактаббачахо анал ва орал секс биемузонанд, то вагинал секс накунанду хомиладор нашаванду искоти хамл накунанд. Як чавонаки шиносам ки доничушуи донишгохи тиббисту гинеколог шуда хам кор мекнуад оби дахон мерехт ки чи кадар духтархои чавонаки чавон зуд зуд меоянд то пардаи бакораташонро бидузанд. Магар боз хам хамон Ислом нест ки аз муоширатхои чинсии гайриникохи мардумро эхзор медихад? Шахсан ман ин гуна озодии чинсиро кабул надорам! Барои бехбуди ва нафъи чомеа бояд аз ин гуна озодихо чилавгири кард. Агар хак хакки интихоби инфироди бошад, чаро хамин гуна хакро ба касе ки хохиши одамкуши дорад, надод?

3) Дар мавриди шумори занхо барои масалан дар хамон порлумон низ. Чаро хатман бояд ин шуморро сунъи афзоиш бидихем? Чаро барои мисол хатман дар коргохе аз руи фоизи баробар зану мардро кор бигирем? Чаро фаркияти чиси бигзорем? Дар мавриди кор ва тахсил набояд ин гуна фаркиятхо дод ба андешаи ман, балки бояд ба махорат дониш ва хунар таваччух дод. Дар ин бора навиштае хам дошта будам ки барандаи як озмуни байналмилали гардида буд ва маро Итолиеву дидри хонум Ширин Ибоди бурда буд, дар интернет варианти англисии он ва дар блоги ман варианти русии онро мешавад пайдо намуд. Вожакалидаш Abdulfattoh Shafiyev, ETF.

Ба занхо идашонро табри мегуям.

D said...

Беноми гиромй,

Сипос аз паём. Мутаассифона, дучори суитафохумхое шудаед, ки бархе беандоза фохиш аст. Ман имшаб сари фурсат ба так-таки нукоти шумо посух хохам гуфт, ки голибан аз дарки иштибох бармеояд. Пузиш.

D said...

Бо дуруди дубора, Беноми гиромй.

Посух ба пурсиши нахусти шумо шояд эхсосоти бархе азизонро чарехадор кунад, аммо чун рох дар чахон якест ва он рохи ростист, умедворам шаккокии каминро бо бузургворитон бибахшед.

Аз тафсиру талкин худдорй мекунам ва оётеро аз сураи Нисои Куръон шохид меоварам, то чойгохи зан дар китоби мукаддаси ислом бароямон равшантар шавад:

«Агар метарсед, ки дар бораи ятимон ба адолат рафтор накунед, бо заноне, ки барои шумо поку дилхохатон хастанд, издивоч кунед. Бо дуто ва сето ва чахорто. Агар метарсед, ки беъадолатй кунед, ба як зан ё ба канизакон иктифо кунед. Ин кор барои ин ки зулм накунед, бехтар аст. (3)
Худо дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад, ки писар ду баробари сахми духтарро дорад.
Агар хама духтар ва беш аз дуто буданд, ду севуми ирс мутаъаллик ба онхост ва агар факат як духтар буд, нисфи ирс ба у мерасад.
Афроде аз занони шумо, ки муртакиби кори зиште шаванд, чахор шохид бар хатои онхо бигиред. Агар шаходат доданд, онхоро то вакти марг дар хона нигах доред ё ин ки Худо рохе барои онхо карор дихад. (15)
Ду марде аз шуморо, ки муртакиби кори зишт мешаванд (хамчинсбозй), бо азияту озор мучозот кунед. Агар тавба карданду корашонро ислох карданд, аз онхо сарфи назар кунед. Чун Худо тавбапазири мехрубон аст. (16)
Модаронатон ва духтаронатон ва хохаронатон ва аммахоятон ва холахоятон ва духтари бародарон ва духтари хохаронатон ва модархои разоъии шумо, ки ба шумо шир додаанд ва хохархои ширии шумо ва модарзанхоятон, ки дар хонаи шумо хастанд, дар сурате ки бо модари онхо хамбистар шудаед, бар шумо харом хастанд. Магар ин ки факат акд карда бошед ва хамхобагй анчом нагирифта бошад, чун дар ин сурат ишколе бар шумо нест.

Ба хотири ин ки баъзеро бар баъзе бартарй додаем ва ба хотири харче, ки мекунанд, мардон бар занон бартаранд (аз занон мурокибат мекунанд). Бино бар ин, занони солехи фармонбардор дар гиёби шавхаронашон хофизи он чи Худо барои онон хифз карда хастанд.
Занонеро, ки аз нашуз (нофармонй)-и онхо метарсед, аввал онхоро насихат кунед, дар рахтхоб аз онхо канорачуйи кунед ва онхоро бизанед. Агар аз шумо итоъат карданд, дунболи рохе бар алайхи онхо нагардед. Чун Худо баландмартаба ва бузург аст. (34)»

Хулоса: Сураи «Нисо» (Зан) хам танхо хитоб ба мардон гуфта шудааст. Мучозоти зан дар сурати хамчинсбозй марг аст, дар холе ки мучозоти мард барои хамин чурм лату куб, тавба ва ислох шудан. Хакки ирси зан нисфи хакки мард аст. Зан бояд фармонбардор бошад ва агар набуд, бояд уро зад.

Сураи «Ахзоб»
«Эй Пайгамбар, мо занонатро, ки махрияи онхоро додайи ва канизонатро низ ки Худо насибат карда ва духтаръаму ва духтаръамма ва духтардойи ва духтархолае, ки бо ту мухочират кардаанд, барои ту халол кардем. Ва зани муъминеро, ки худашро бидуни махрия ба Пайгамбар бибахшад, дар сурате ки Пайгамбар бихохад бо у издивоч кунад. Ин хукми охир факат ба ту ихтисос дорад, на ба муъминин. Мо медонем, барои муъминин дар мавриди хамсарон ва канизонашон чи дастуре додаем, то бар ту ишколе набошад. Мусалламан, Худо омурзанда ва мехрубон аст. (50)»

Хулоса: Эътои ин хакки бе хадду хаср ба як мард, бигзор Паёмбар хам ки бошад, макоми занро дар хадди як доройи, як шайъи кобили тасохуб поин овардааст.
Дар «Аходис»-и Имом Бухорй (vol. Iv, p.91) накли кавле аз Мухаммад хаст, ки гуфтааст, дар шаби баъсат ба малакут “мутаваччех шудааст, ки сокинони дузах бештар аз зумраи занон хастанд”.

Аз ин далоил фаровон аст ва зикри бисёре аз онхо хонандагони мусалмони торнигорро хашмгин хохад кард ва чи басо то холо карда бошад. Бархе ба ин назаранд, ки ислом барои занони араб рохи растагорй буд, чун пеш аз он вазъи занхо бад будааст ва духтарони навзодро зиндабагур мекарданд. Иддае дигар бо ишора ба занони сармоядори пеш аз ислом ба монанди Хадича мегуянд, ки дар он давра занон аз хукуки молии бештар бархурдор будаанд.

Аммо ин достонхо ба худуди 1400 сол пеш бармегардад. Сухбати мо дар бораи зани точик марбут ба садаи 21 мелодист. Зохиран, чархи рузгори занони мо худуди 1400 сол пеш гир кардааст. Шакке нест, ки хурофот хам дар он даст дошта, аммо аз намунахои боло метавон дарёфт, ки ин ойин аз зани густох метарсад ва бо у ситеза мекунад. Дар холе ки густохй ва ситами мардон ташвик мешавад.

Барои чилавгирй аз итолаи матлаб посух ба пурсишхои дигарро чудогона мефиристам.

D said...
This comment has been removed by the author.
D said...

2) Мавзуъи сатр ё хичобро дар ду сураи Куръон мебинем: сураи “Ахзоб” ва бо тафсили бештар дар сураи “Нур”:

و َقُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيوبِهِنَّ وَلَا يبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاء بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاء بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِى إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِى أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيرِ أُوْلِى الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاء وَلَا يضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيعْلَمَ مَا يخْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

Ва ба занони боимон бигу дидагони худро фуру банданд ва покдоманй варзанд ва зевархои худро ошкор нагардонанд, магар он чи табъан аз он пайдост. Ва бояд русарии худро бар гардани хеш андозанд ва зевархояшонро чуз барои шавхаронашон ё падаронашон ё занони худ ё канизонашон ё хидматикорони мард, ки (аз зан) бениёзанд ё кудаконе, ки бар авратхои занон вукуф хосил накардаанд, ошкор накунанд ва похои худро накубанд, то он чи аз зинатхошон нухуфта доранд, маълум гардад. Эй муъминон! Хамагй ба даргохи Худо тавба кунед. Умед, ки растагор шавед.

وَ الْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاء اللَّاتِى لَا يرْجُونَ نِكَاحًا فَلَيسَ عَلَيهِنَّ جُنَاحٌ أَن يضَعْنَ ثِيابَهُنَّ غَيرَ مُتَبَرِّجَات بِزِينَة وَ أَن يسْتَعْفِفْنَ خَيرٌ لَّهُنَّ وَ اللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Ва бар занони азкоруфтодае, ки (дигар) умеди заношуйи надоранд, гунохе нест, ки пушиши худро канор ниханд, (ба шарте, ки) зинатеро ошкор накунанд ва иффат варзидан барои онхо бехтар аст ва Худо шунавои доност.”

Холо бибинем, ки шаъни нузули ояи 30-и сураи “Нур” чи будааст. Ба истинод ба Имом Бокир дар ин бора омадааст:

“Чавоне аз чамоъати Ансор дар шахри Мадина бо зане рубару шуд. Дар он замон занон пушиши сари худро пушти гушхои худ меандохтанд (дар натича, баногуш ва гардани эшон ҳувайдо буд). Вакте зан аз канори вай гузашт, чавон сарро ба акиб баргардонд ва хамчунон ки рох мерафт, вайро назора мекард ва вориди кучае шуд ва дар холе ки ба пушти сари худ нигох мекард, ба рохи худ идома дод, ки сураташ ба устухон ё тиккаи шишае, ки аз девор берун зада буд, бархурд кард ва шикаст. Вакте он зан аз назараш махв шуд, нигох кард ва дид, ки бадан ва либосаш хунин шуд. Ва гуфт: Ба Худо савганд, хидмати Расули Худо мерасам ва уро аз ин масъала хабардор мекунам. Пас хидмати Расули Худо шарафёб шуд. Паёмбар аз холи вай чуё шуд ва у чараёнро ба иттилоъи он чаноб расонд. Пас Чабраил нозил шуд ва ин ояро овард».


Ин хам калофи дарозест, ки метавон соъатхо дар борааш гуфту навишт. Вале шаъни нузули он чолиб аст. Нахваи бастани русарй миёни занони чохилия дар ин тафсир ба нахваи ороиши сари бештари бонувони точик шабохат дорад, ки русариро аз пушти сар мебанданд. Ман то кунун касеро надидаам, ки бо дидани зане инчунин сари худро хуншор карда бошад. Чун мо ба ин навъи пушиш ху гирифтаем. Ва агар касе бо гузори хар зане ба ин шакл шахваташ барангехта шавад, бояд хатман дар мавриди саломати равонаш тардид кунад.

Холо дар Фарангистон. Мардхои фарангиро наметавон ба номардй муттахам кард, албатта, ки бо дидани зане зебо ба у дубора назар накунанд. Вале андак мавридеро метавон дид, ки пушиши зане касеро ба маталак гуфтан ба он зан водорад. Озодии зан дар мавриди пушиш як амри пазируфташуда ва табиъист. Мутмаиннан, сохтори магзашон аз мо мутафовит нест, аммо дидгоххои фархангишон табакабандии хоссе дорад ва медонанд, ки масалан, катор бошгохи шабона нест, ки бо духтарон лос бизанй. Тахарруки чинсй дар кучаву хиёбонхои Фаранг замоне рух медихад, ки тараф аз кишвари бастае омада бошад ё ба истилохи мардумй, нодида бошад. Ин як пахлуи мавзуъ аст.

Аммо он чи марбут ба суъитафохум мешавад, ин аст, ки эътирози ман ба эъмоли дидгоххои мардон бар занон буд ва кафасй кардани иродаи занон. Занхо, ки бузургтарин вазифаи башариро анчом медиханд, ба андозаи мардхо хиради онро доранд, ки чи гуна рафтор кунанду чи гуна либос бипушанд. Чаро мо бояд ба ин пиндори галат бошем, ки мардхо бояд ин чомеъаро кунтрул кунанд? Чаро фикри баробарй бо зан моро битарсонад? Чаро хамзистии шоиста ва боэхтиром бо занон муяссар набошад? Агар зан бо иродаи худ тарчех медихад хичоб бипушад, чаро монеъи у шавем? Ва агар боз хам у хост хичобашро канор бигзорад, чаро уро ба беъиффатй муттахам кунем? Ба ёди достони Эрач Мирзо уфтодам дар бораи зани мухаччабае, ки бо ин ки дар паскучае бо як мард амали чинсй анчом дод, боз хам хушхол буд, ки хичобашро хифз кардааст. Чи басо занони бехичобе, ки аз иффати бештар бархурдоранд ва чи басо мухаччабахое, ки аъмоли мармузи чинсй барояшон фикри музохим (навязчивая идея) ва укда шуда ва зиндагиашонро махдуш кардааст. Кутохи калом, хадаф аз он нуктаи бахусуси ман эътои хакки интихоби пушиш ба худи занон буд. Мард метавонад ба хамсари худ дар бораи пушишаш назар бидихад, хамон тавре ки зан мекунад. Аммо хакки маънавии тахмили як пушиши вижа бар занро наметавонад дошта бошад.

D said...

3) Аммо дар мавриди пурсиши севвум комилан бо ту мувофикам. Ва дар навиштаи дишаб хамин мавзуъро матрах кардам ва гуфтам «Хатто агар дар хар ду мачлис хам 60 дарсадй занон хузур доштанд, боз хам авзоъ бехтар аз ин намешуд.» Вокеъан, ин бозии оморй окибате нахохад дошт. Ва то замоне ки мо ба занони худ озодии иродаву интихобу кору тахсил надихем, мачлиси сад дарсад занона низ мушкили занонро хал нахохад кард. Решаи он дар фарханги занситези мост. Ва хатто лутфе, ки баъзан мардхо фикр мекунанд дар хакки занон кардаанд, бештар аз ин дидгох бармеояд, ки зан хакир аст ва сазовори тараххум, на хамтову хамнавъи у. Пас то ин дидгох хоким аст, як дасти азими кишвари мо мафлуч ва бекор мемонад.
Пируз бошй.

D said...

Хумоюни гиромй. Сари кор бо шитоб паёматро хонда будам ва мутмаин набудам, ки худатй. Холо ки ба тахи матлаб расидам, имонам комил шуд. Бибахш, ки аз аввал Беномат хитоб кардам, чун фиристанда Anonymous буд. Сипос, ки имшаб фикри моро тахрик кардй. Поянда бош.

Anonymous said...

Бо як чахон ташаккур аз он ки бо вучуди тангвакти ин хама чустучухо кардаед. Дар боло як комменте дидам, ки баъдан тоза шуда буд. Хуб, аммо агар ичоза бошад бахс тамом нашудааст ва агар ичоза бошад линки ин матлабро ба афроде дихам ки аз Ислом бештар бархурдоранд ва посуххои бехтар дода метавонанд.
Бо итминони комил, ки Ислом бехтарин макомеро бароизан раво додааст,

D said...

Шахриёри гиромй. Лутф дорй. Чустучуи чандоне хам набуд, чун ин масоил равшану мубархан аст. Хурсанд хохам шуд агар назархои мухолифе бар мабнои далоили мувассак ва шинохти комил аз ислом матрах шавад.

D said...

Он comment-и покшудаи боло, ки таваччухатро чалб кардааст, дар вокеъ, назари худи банда буд, ки ба иштибох такроран мунташир шуда буд. Барои сарфачуйи аз замони хонандагон такрори он хазф шуд.