Monday, June 09, 2008

London Conference Afterthoughts

Пасандешахои кунфронси Ландан

Яке аз натичахое, ки аз гирдихамоии рузноманигорону филмсозони порсизабон дар Ландан хосил шуд, вопасмондагии Точикистон дар хар ду заминаи синемо ва рузноманигорй буд.

Хатто Афгонистоне, ки то кунун такопу мекунад аз чохи чангу низоъ худашро берун бикашад, дар хар ду арса мавкеъияте бехтар аз мо дорад: худуди 500 рузномаву нашрия, садхо истгохи родюиву телевизюнй. Мусалламан, бештари ин расонахо хусусист.

Дар кунфронси Ландан бисёре аз хамзабонон бо шигифтй ва ба такрор мепурсиданд: Оё ба ростй дар Точикистон рузнома надоред?

Барои исботи гирифтории забони расонахои мо, ки ниёзе ба баргузории кунфронс набуд.

Танхо мояи ифтихори мо хузури чанд рузноманигори кушо ва як филмсози халлок буд, ки хама бо талошу пайкори худчуш барои равшан нигох доштани шамъи ру ба хомушии фарханги порсй дар Точикистон бо марги он мечанганд. Далели ин болбастагии фархангии Точикистон чист?

Яке достонест пур оби чашм. Далел хам яке нест, балки даххост. Шояд мухимтарини онхо идомаи гусастагии мо аз фархангу дабираи порсист. Далели аслии гирифторихои мо фарханги котирй ё нахчирист. Ё фарханги барзахй. На русу узбаки мутлак, на порсии тамом. Норавшании хуввият. Норавшании забон. Ё шояд набуди хуввият ва набуди забон. Набуди ин ду унсури аслй мачол намедихад, ки шумори бештари афрод худии худро дарёбанд ва бахонае барои халлокият дошта бошанд. Каблан ситами шуравй сипари бахонахои мо буд. Акнун он сипарро хам надорем ва хамаи зарбахо ба сару сурати мо фуру мерезад.

Имруз як дусти бисёр арчмандам, ки аз точикони Афгонистон аст, достони хузнангезеро бароям таъриф кард. Мегуфт, дар як мехмонхонаи Душанбе кормандони чавоне, ки пушти мизи пазиройи нишаста буданд, барои соъатхо бо хам лак-лак харф мезаданду тухмаи офтобгардон (семечки) хурд мекарданду мечавиданд ва пустахои онро бо чидду чахд руи замин туф мекарданд. Дусти мо мепурсад, ки оё кори бехтаре барои вактгузаронй надоранд? Мегуянд, масалан, чи коре? Дусти мо андарз мекунад: оё намешавад чои тухма хурдан китоб бихонед ё инглисй ёд бигиред ё хондану навиштани порсй биомузед? Посухи чавонон ба ин пурсиши мантикй се-чахор туфи сахти дигар руи замине буд, ки хамчунон бори гарони моро тахаммул мекунад.

Давлат хам дар холи хурд кардани тухмаи офтобгардон ба шеваи худ аст. Хар соли мо гуё тачлил аз як садаи тамаддуни ориёйист. Аммо чи тачлиле? Даххо деги палаву мантуву кабоб, рубобу шароб, раксу карс-карс, хаёхуву такопу ва дарёе аз пул, ки дар хилоли ин гавго нопадид мешавад.

Дар холе ки тачлили ростин аз он фарханги дурахшон бояд талош барои тадовуму пойдории он бошад. Агар хамон дарёи пул ба сахрои хушки фархангу хунари мо бирезад, оё он сабз нахохад шуд ва бузургдошти дурусттари фархангу тамаддуни ориёйи нахохад буд? Оё бехтар нест бо тавлиди колои фархангии тоза пойдории онро собит кунем?

Ин тачлилу арчгузорихо шабехи маросими бузургдошти як мурдаи хазорсола аст, ки аз у чизе чуз номи баланду корномаи некаш бокй намонда. Вале равони у шодтар нахохад шуд, агар дар идомаи кори неки у бикушем, ки навоварй ва зодани андешахои нав буд?

Нудратан дар хабархо мехонем, ки Казокистон солеро, масалан, ба Обой (Абай) ё Форобии мо ихтисос дода бошад, ки они худ медонанд. Ба чои он давлати Назарбоев тарчех медихад ба филмсозонаш пули чашнворахои фарзиро бидихад, то филме чун «Кучй» (Кочевник) бисозанд, ки дар арсаи байнулмилалй ба хубй дурахшид ва нишон дод, ки чи гуна казокхо мояи нанги пешинашон (кучигарй)-ро ба мояи ифтихор табдил кардаанд. «Кучй» вокуниши хирадгароёнаи казокхо ба масхараи Казокистон тавассути Саша Барон Кохен (Борат) буд. Солхост, ки Равшан ва Чамшуди хаёлии русхо табли русвоии точикхоро дар Русия менавозад. Аммо дар паи сукути мутлаки Точикистон дар ин бора шохиди вокуниши хирадгароёнаи он дар шакли тавлиди як филми хунарии муъаррифи фарханги точикон набудем.

Чори шукуху уббухати Сомониён гуши фалакро кар кард, аммо оё чизе фаротар аз харфи тихй доштем, ки Сомониёнро ба чахониён бишиносонад? Бо бузургдошти Зартушту Авесто рашки хамзабононамонро дар кишвархои дуру наздик барангехтем. Дар холе ки тавлиди як филми хирфайи бо хазинаи хамон чашнхо метавонист барои вачхаву эътибори байнулмилалии кишвари гумноми мо хидмати садчанд бештаре кунад. Бузургдошти бузургон савоб асту фарз. Вале мо то кунун хатто як бор натавонистаем ин кори савобу фарзро ба дурустй анчом дихем, балки дуруст баръакс, бо сиёсй кардани арзишхои фархангй шаммае аз ганди сиёсатро дар мафхумхои арзишманду поку муназзахи фархангиамон рехтаем. Арзишхои фархангй бояд дар колиби фархангй арза шавад, на дар шакли суханронихои пуртумтароки сиёсатмардоне, ки пеши бисёре бадном шудаанд ва аз он арзишхо кучактарин бахраеро набурдаанд ва голибан мутаваччех нестанд, ки харфе гундатар аз дахони худ мезананд.

Бо «халво» гуфтан, ки то кунун дахонамон ширин нашудааст. Пас бехтар нест ба фикри тахияи халвое маргубтар бошем? Бо зикри мукаррари ин харфи музахраф, ки точикон бартар аз дигар мардумони минтакаанд, то кунун чуз масхара чизе нашунидем. Пас бехтар нест бидуни сарусадо бо тавлиди кору андешаи тоза дар исботи бартариамон бикушем? Агар посух мусбат аст, бояд давлатро мутакоъид кард, ки пули чашнхои бузургдошти ину онро ба филмсозону нависандагон бидихад, то бо бехтарин имконоту тачхизот бузургии ину онро руи пардаву сафха оваранд.

No comments: