Wednesday, June 11, 2008

Teardrops

Ашкнома

Ашки ояндагон озорам медихад. Ашки надомату хичолат, ки наводагони як мушт одами беъурза (бездарный)-анд, ки чуз мояи хасрату маломат чизе ба мерос нагзоштаанд. Ашке, ки сузи онро шабхо дар хобу рузхо дар бедорй руи гунахоям хис мекунам. Ашке, ки аз хилоли хандахои талх, аз зери пустам, дарунамро шарха-шарха мешикофаду ба дарун мечакад. Берангу бенишон. Гуссахои носуруда. Андухи махбуси фардо. Накбати торики оянда. Ва сангхои бешуморе, ки пушти хам руи гурхоямон анбошта мешаванд.

Гуфтугу бо азизони азрохрасида аз хуштарини лахзахои мо дар гурбат аст. Ва аз талхтарини онхо. Хушии дидори ёру талхии сухбати мазор. Мазори орзухои шахидамон, ки то чавона заданд, табаре ба сарвакташон расиду буриду рафт.

Аз духтараке мегуфт, ки ба бахонаи кор дар Афгонистон аз канори падару модараш рубуданд ва дар чанги як мушт номарди айшталаб андохтанд. Акнун модари писараке яксола аст ва наметавонад бидуни шиноснома ба Точикистон баргардад. Ашки берангу бенишони хамон духтару фарзандаш аз чашмонам метаровад.

Мегуфт, он чи дар гурбат аз зодбумамон мешунавй, хама дуруст аст, гамафзост; аммо вокеъият фачеътар аз ин харфхост; вокеъият кушанда аст. Ашки мардуми гирифтори хамон вокеъият ба чои хун дар шараёнам медавад.

Мегуфт, шояд хатто Офрико акнун бехзистии бехтар дошта бошад. Якинан, кишваре чун Офрикои Чанубй дах сару гардан чойгохи фарозмандтаре дорад ва хануз сари созмонхои молии чахон кулох нагзоштааст. Ашки шарму сарафкандагии милюнхо ба чои арак руи сару суратам морпеч мешаваду мехушкад.

Яке дигар аз гаронии камаршикан мегуфт ва аз ранчи котили мардум дар сукути мутлак. Мегуфт, давлате, ки на нон медихаду на ком, махкуми торих аст. Давлате, ки забону дахони мардумро баста, то на ноне бихуранду на харфе ба лаб оранд, малъуни замона аст. Ва чои он зуболадони торих аст. Ашки замонаи мост, ки аз фалак мечакад ва мо ба хиёли ин ки борон аст, худамонро дилдорй медихем.

Шуъури хобидаи имрузиён шурии рузгори фардоиёни мост. Аз шуразори хушки шуъури имрузиён чашмони мо бод кардааст ва сакфи зехни хису шури мо хамчунон чакка мекунаду мерезад.

Танхо бо хамдилй метавон ин сели ашкро боз дошт. Хамдилон, кучоед?

Чаро торнигористони точик хомуш аст?

2 comments:

Anonymous said...

Xomushiro Rustami aziz az nomi xudu Tojvari giromi imruz shikastand.
On qadar ghamginona navishtaed, ki ghubori budaro ba marotibaho ziyod namud. Shumo metavoned bigued, ki baroi behbud chi boyad kard?

D said...

Беноми гиромй, ки комат фузун бод. Барои бехбуд бояд хамдилй кард, хамандешй кард ва канда-канда на, балки пайваста гуфт, аз ростихо гуфт ва ростиро дар магзхо ниходина кард. Барои бехбуд ростиро бояд арч гузошт ва алайхи дуруг бояд шурид. Бебокона бояд шурид. Чун мо на танхо масъули имруз, балки посухгуи фардои фарзандонамон хам хастем. Хеч чизе наметавонад ин мероси хиффатбору хоркунандаро тавчех кунад. Барои бехбуд бояд фалсафаи обакии махалро канор гузошт ва бо таваччух ба доманаи забони порсй миллате бузург шуд ва наърае шерона сар дод. Аммо бо кй?